Низомиддин Убайди Зоконӣ яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти тоҷику форс аст. Ӯ аз тарафи муҳаққиқон ва ховаршиносон дар таърихи адабиёти ҳазорсолаи тоҷику форс бузургтарин адиби ҳаҷвнигор эътироф шудааст. Чун сухан аз ҳаҷву мутойиба равад, ҳамоно пеши назар симои ин адиби фозилу оқил, ҳамабину ҳамадон пеши назар меояд.
Убайди Зоконӣ соли 1270 дар деҳаи Зокони вилояти Қазвин (дар қисмати шимоли Эрон) дида ба ҷаҳон бикшуд. Номе, ки волидайнаш ба ӯ гузошта буданд, Убайдуллоҳ буд.
Шоир чун ба камол расид, номашро андак ихтисор (Убайд) намуда, онро тахаллуси хеш қарор дод ва бо номи Убайди Зоконӣ маъруфу машҳур гардид:
Убайди Зоконӣ дар хонадони давлатмандон ва соҳибмансабон ба дунё омад. Гузаштагонаш соҳиби вазорат буданд ва дар дарбори подшоҳон ҳамчун вазиру дабир хизмат карда буданд, ки падари нависанда ҳам аз ин файз андак бархӯрдор гардида будааст. Бинобар ин Убайд дар ин хонадони бофазлу хирад рушду камол ёфт, зинаҳои таълимро нахуст дар зодгоҳ ва пасон дар Қазвин тай кард. Ӯ илмҳои маъмули замонаашро дар назди уламои бузург омӯхт ва соҳибмаърифат гардид. Баъд ба сайру саёҳат баромад. Нахуст ба шаҳри Бағдод рафт ва бо аҳли адаб ва донишмандони маъруф вохӯрд, суҳбат орост ва боз қалбашро аз илму ирфон фурӯзонтар гардонд. Убайд дар ҷамъомаду нишастҳо бо аҳли адаб шеърҳояшро қироат мекард. Ва шуҳраташ боло гирифт. Убайди Зоконӣ ба ватан баргашт, ӯро ба дарбор даъват карданд ва лоиқи вазифаи волое гардониданд. Дар ин давра рӯзгораш хуш буду табъи болидае дошт ва аз зиндагиаш қаноатманд буд. Ба ҳамин хотир дар шеъри зерин ҳаёти пурнишоташро ёд карда чунин мегӯяд:
Пеш аз ин аз мулк ҳар соле маро
Хурдае аз ҳар каноре омадӣ.
Гаҳ-гаҳе ҳам бода ҳозир мешудӣ,
Гаҳ надиме ё нигоре омадӣ.
Вале чунин рӯзгори босаодат дер давом накард. Дасисабозиҳои дарборӣ рӯзгорашро боз нохуш намуданд, ки дар байтҳои пасини ҳамин қитъа мегӯяд:
Нест дар дастам кунун аз хушку тар,
З-он чи вақте дар каноре омадӣ.
Ғайри ман дар хонаам чизе намонд,
Ҳам намондӣ, гар ба коре омадӣ.
Убайди Зоконӣ дар як рубоии дигараш ба нодорӣ ва қашшоқии хеш ишорат карда, бо сад сӯзу гудоз вазъи рӯзгорашро чунин ба қалам додааст:
Дар хонаи ман зи неку бад чизе нест.
Ҷуз лунгию1 пораи намад чизе нест.
Аз ҳар чӣ пазанд, нест ғайр аз савдо2
В-аз ҳар чӣ хуранд, ҷуз лагад чизе нест.
Убайди Зоконӣ ба ҳамаи ин сахтию бадбахтиҳои рӯзгор тоқат карда, пеши аҳли ҷоҳ ва сарватмандон сар хам накард, нафси хешро кушт. Дар ин лаҳзаҳои душвори зиндагӣ ӯ ба ягона ҳамдами роз – дилаш муроҷиат намуда, тасаллият медиҳад, ки ғам махӯр, ҷон бидеҳу аз нокасон тамаъ маҷӯй ва нони миннатолуда махӯр, ки он қадри инсонро паст мекунад:
Эй дил, пас аз ин андуҳи беҳуда махур,
З-ин беш ғами будаву нобуда махур.
Ҷон медеҳу доди тамаъу ҳирс мадеҳ,
Ғам мехуру нони миннатолуда махур.
Убайди Зоконӣ бо умеди беҳ шудани рӯзгор боз озими шаҳри Бағдод мегардад, ки дар ин рӯзгор Абусаиди Элхонӣ (1316 – 1335) – яке аз авлоди Чингизхон салтанат дошт. Вазири Абусаид Аловуддини Муҳаммад марди фозил буд ва Убайд ҳам маҳз умед ба дастгирии ӯ дошт. Бинобар ин Убайди Зоконӣ асари нигоштаи хеш «Наводир-ул-амсол»-ро ба ҳамин вазир ҳамчу туҳфа пешкаш менамояд. Вале ба қадри сухани ӯ на вазир расиду на шоҳ. Рӯзгораш торафт рӯ ба инқироз овард ва барои гузаронидани зиндагиаш маҷбур шуд, ки ба аҳли сарват рӯ биёрад ва қарз бигирад. Нависанда қарзҳои хешро сари вақт дода натавонист, балки боз маҷбур шуд, ки аз онон қарзи дигар бигирад. Убайд маҳз ҳамин ҳолати рӯзгорашро хеле бо дард дар як ғазалаш ба қалам додааст:
1 Лунги – ҷойнамоз, рӯймоли миён
2 Савдо – орзу, хаёл, хаёли хом
Мардум ба айшу шодию ман дар балои қарз,
Ҳар як ба кору борею ман мубталои қарз.
Фарзи Худову қарзи халоиқ ба гарданам,
Оё адои фарз кунам ё адои қарз?
Шояд хонанда суол диҳад, ки сабаб чӣ буд, ки Убайди Зоконӣ ин қадар муфлису қашшоқ шуд ва ба қарзи бешумор гирифтор гардид? Ба ин суол посух додан чандон осон нест. Зеро дар ягон сарчашма ба ин масъалаҳои рӯзгори ӯ касе ишорат накардааст. Вале сари ин масъала чанд андешаро метавон тахмин кард.
Чунонки аз асарҳои Убайди Зоконӣ бармеояд, ӯ ба аҳли ҷоҳу мансаб, намояндагони ҳукумати замонаш, мисли қозию раису муфтӣ ва ҳатто надиму вазиру амир бештар назари манфӣ дошт ва ононро ошкор, бепарда мазаммату накуҳиш мекард. Ҳаҷвҳои сахти ӯ қалби ононро ба дард овард ва косаи сабрашонро лабрез намуд ва онҳо назди шоҳу вазир ва дигар соҳибмансабон арзу шикоят намуданд.
Убайди Зокониро, аз як тараф, қарзхоҳон ва аз тарафи дигар, таънаю маломатҳои аҳли дарбор, суханони нешдори аҳли ҷоҳ, шайхону уламои мутаассиб ба ҷон расонда буданд. Оҳи сард аз дили пурдард мекашид. Ӯ хешро ғарибу мусофир медонист, аз ёру диёр худро маҳруму бенасиб ҳисоб мекард. Таваҷҷуҳ намоед ба гуфтори шоир:
Манам асири парешон, зи ёри худ маҳрум,
Ғариби шаҳри касон в-аз диёри худ маҳрум.
Ба дарду ранҷ фурӯ монда в-аз даво навмед,
Нишаста дар ғаму аз ғамгусори худ маҳрум.
Зи оҳи сина бисӯзам, агар кашам нафасе
Зи сели ин мижаи селбори худ маҳрум.
Убайди Зоконӣ чу иттилоъ меёбад, ки Шоҳ Шуҷоъ (13591384) дар Форс ба сари қудрат омадааст, боз аз Бағдод ба Шероз омад. Чанд сол дар дарбори ӯ хизмат намуд. Соли 1366 Шоҳ Маҳмуд ба Шероз ҳуҷум намуда, Шоҳ Шуҷоъро шикаст дод ва Шоҳ Шуҷоъ ба Кирмон фирор намуд ва Убайди Зоконӣ ҳам ба Кирмон рафт. Вале пас аз чанд моҳ Шоҳ Шуҷоъ лашкари гарон ороста, ба Шероз омад ва Шоҳ Маҳмудро шикаст дод ва боз Убайд ба Шероз ҳамроҳи Шоҳ Шуҷоъ баргашт ва то поёни умраш дар Шероз монд. Мегӯянд, ки Убайди Зоконӣ марди суҳбаторо ва базлагӯ будааст. Дар ин гуфтор наметавон шубҳа кард, зеро эҷодиёти ӯ ва бахусус латифа ва мутойиботи адиб ба ин гувоҳанд. Нақл аст, ки Убайд пеш аз маргаш ба фарзандон васият намудааст, ки ганҷинае дорад ва пас аз марг онро бикшоянд ва дар маросимаш сарф кунанд ва бақияашро байни худ қисмат намоянд. Чун Убайд вафот кард, фарзандон хазинаро кушоданд ва дар он хазина танҳо ҳамин байтро ёфтанд:
Худой донаду ман донаму ту ҳам донӣ,
Ки як фулус надорад Убайди Зоконӣ.
Ҳамин тавр, Убайди Зоконӣ дар пиронсолӣ дар Шероз соли 1370 аз дунё гузашт. Сад сол умр дид. Убайд умри хешро ройгон нагузаронид ва аз хеш мероси гаронбаҳое ба наслҳои оянда гузошт.