Абдурраҳмони Ҷомӣ умри дарози пурбаракате дидааст, вале онро зоеъ нагузаронида, барои наслҳои оянда осори пурарзиши илмию адабӣ мерос гузоштааст. Ӯ қариб 50 соли ҳаёти худро ба офаридани асарҳои илмӣ ва сурудани ашъори дилангезу достонҳои барҷаста сарф кардааст. Шогирдон ва ҳамзамонони Ҷомӣ миқдори асарҳои ӯро аз 46 адад зиёд медонанд. Масалан, дар ин бора шогирди наздики Ҷомӣ Камолиддини Биноӣ чунин мегӯяд:
1 Аъён – бузургон, донишмандон, сардорон.
2 Ҷуббаву дастор – ҷомаву салла.
Ҷомӣ, он офтоби нуронӣ,
Он мунаввар ба нури субҳонӣ.
Буд аз чил зиёд таснифаш,1
Рӯ дар эъҷоз карда таълифаш.
Соли 1503 куллиёти Ҷомӣ аз тарафи дӯстонаш тартиб дода мешавад, ки он нусха то замони мо омада расидааст. Асарҳое, ки дар куллиёти адиб ҷамъ оварда шудаанд, илмҳои гуногун: нуҷум, фалсафа, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, тафсир, ҳадис, фиқҳ, ахлоқ, мусиқӣ ва ғайраро дар бар мегиранд. Махсусан, асарҳои илмие, ки доир ба арӯзу қофия, мусиқӣ иншо шудаанд, қимату арзиши зиёд доранд. Асари тарҷумаҳолии ӯ «Нафаҳо–тул–унс» дар бораи ҳаёту фаъолияти 616 мард ва 34 зан маълумот медиҳад, ки аксарияти онҳо уламо, шайхони бузурги асрҳои гузашта ва шоиронанд. Дар «Ал-фавоид-уззиёия» Ҷомӣ дар бораи қоидаву қонуни забони арабӣ ва услуби таълими он фикру мулоҳизаҳои судбахш баён мекунад. Ҳоло ҳам дар мадрасаву мактабҳои Афғонистон, Ироқ, Ҳиндустон, Покистон ва Эрон асари мазкур ҳамчун китоби дарсӣ барои омӯхтани забони арабӣ истифода мешавад.
Вале бояд эътироф кард, ки Абдурраҳмони Ҷомӣ дар таърихи халқи мо ҳамчун нависанда ва шоир маълуму машҳур аст. Ҳанӯз дар ҳамон замон шуҳрат ва эътибори Ҷомӣ ҳамчун шоир ба кишварҳои гуногун паҳн шуда буд. Ба ин нуқта худи Ҷомӣ ишорат карда мегӯяд:
Агар ба Форс равад корвони ашъорам,
Равони Саъдию Ҳофиз кунандаш истиқбол.
В-агар ба Ҳинд расад, Хусраву Ҳасан гӯянд,
Ки: «Эй ҷаҳони ҳунар, марҳабо, таол, таол!»2
Аз Ҷомӣ се девон, «Ҳафт авранг» (иборат аз ҳафт маснавӣ), «Баҳористон» ва «Чиҳил ҳадис» ба мо омада расидааст, ки ҳар кадоми онҳо дорои аҳаммияти калони адабиву эстетикӣ мебошанд. Абдурраҳмони Ҷомӣ фаъолияти адабии худро аз сурудани ашъори лирикӣ – ғазал, қасида, рубоӣ, қитъа ва ғайра сар кардааст ва то охири умр онҳоро давом додааст. Дар эҷодиёти шоир ғазал мавқеи асосӣ дорад. Масалан, дар девони аввал – «Фотиҳат-уш-шубоб» 1016 ғазал, дар девони дуюм – «Воситатул-иқд» 493 ва дар девони сеюм – «Хотимат-ул-ҳаёт» 296 ғазал омадааст, ки миқдори умумии онҳо 1805 ғазалро ташкил медиҳад. Ё ба тарзи дигар гӯем, агар абёти се девон 16 ҳазору 629 байтро ташкил диҳад, аз он 13 ҳазору 17 байташ ғазал аст, ки он 78 фоизи ашъорро ташкил медиҳад. Ба ҳамин маънӣ ишора карда, худи шоир чунин мегӯяд:
1 Тасниф – эҷод
2 Таол, таол – хуш омадӣ, хуш омадӣ.
Ҳаст девони шеъри ман аксар
Ғазали ошиқони шайдоӣ,
Ё фунуни насоеҳ1 асту ҳикам2,
Мунбаъис аз шуури доноӣ.
Зикри дунон наёбӣ андар вай,
К-он бувад нақди умрфарсоӣ.
Қасида дар девонҳои шоир ҷойи дувумро мегирад, ки миқдори онҳо 53-то мебошад. Қасидаҳои Ҷомӣ ҳаҷман хурд буда, аз 8 то 15 байтро ташкил медиҳанд. Мавзуъҳои асосии онҳо масъалаҳои фалсафӣ, панду ҳикмат, шарҳи ҳол ва ғайраро дар бар мегиранд. Қасидаҳои «Луҷҷат-ул-асрор», «Ҷило-ур-рух» ва «Рашҳи бол ва шарҳи ҳол» дар мавзуъҳои боло суруда шуда, қимату арзиши зиёде доранд. Чунончи, шоир дар қасидаи «Луҷҷат-ул-асрор» ба масъалаҳои тарбиявию ахлоқӣ диққат дода, таъкид менамояд, ки ҷавононро аз кӯдакӣ бояд тарбия кард, ба роҳи рост ҳидоят намуд, зеро ба ақидаи шоир, ҷавонон ҳам ба мисли дарахтони навбар ё навниҳол нозук мешаванд. Агар ин ниҳолҳо аз хурдӣ тарбият ёбанд, ҳосили аъло медиҳанд ва ҷавонон низ чун ба камол мерасанд, корҳои нек ва судбахш хоҳанд намуд:
Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал,
Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.
Баъдан Ҷомӣ дар қасида таъкид мекунад, ки агар шахс соҳиби донишу камолот бошад, ҳеҷ гоҳ гадо нест, ӯ шоҳ аст :
Гар надорад симу зар доно, манеҳ номаш гадо,
Дар бараш дил баҳри дониш, ӯ шаҳи баҳру бар аст.
1 Насоеҳ – насиҳат, панд
2 Ҳикам – ҳикмат
Дар эҷодиёти Ҷомӣ рубоӣ, қитъа, тарҷеъбанд, таркиббанд, мураббаъ, фард дида мешавад, ки онҳо аз лиҳози маънӣ ва санъати суханварӣ дар пояи баланд меистанд.Ҷомӣ дар рубоиёт ва қитъаоти худ бештар фикрҳои пандуахлоқии худро ифода кардааст. Чунончи, дар қитъаи зерин ба як масъалаи муҳимми рӯзгори хеш дахл намуда, таъкид менамояд, ки инсон бояд меҳнатдӯст бошад. Ӯ бояд омӯхтан ва меҳнат карданро барои худ ор надонад, аз пайи номи падар нашавад, балки фазлу ҳунари худро дар назди мардум нишон диҳад. Агар ин сифатҳоро надошта бошад, мисли шохи беҳосили дарахти мевадор аст, ки он чун ҳезум аст:
Ҳар писар, к-ӯ аз падар лофад, на аз фазлу ҳунар,
Филмасал гар дидаро мардум бувад, номардум аст.
Шохи бебар гарчи бошад аз дарахти мевадор,
Чун наёрад мева бор, андар шумори ҳезум аст.