Муҳаммад Авфии Бухороӣ ба наслҳои оянда осори илмию бадеии пурарзише боқӣ гузоштааст. «Лубоб-ул-албоб» асари илмӣ-адабӣ мебошад. Дувумин асари нависанда « Ҷомеъ-ул-ҳи коёт» маҳсуб меёбад ва онро метавон маҷмуи осори нависанда донист. Ва ниҳоят, асари сеюми адиб «Ал-фараҷ баъд аш-шид да» мебошад. Ин асарро қозӣ Абуалӣ Муҳассини Танухӣ (940941) ба забони арабӣ иншо карда буд ва онро Муҳаммади Авфӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума намуд. Ин китоб аз ҳикоёту ривоёт ва ҳодисоту воқеоти таърихӣ саршор аст ва Авфӣ ҳангоми тарҷума эҷодкорона рафтор намуда, ба ҳикоёту ривоёти он либоси миллӣ пӯшондааст. Инчунин, бисёр ҳикоёту ривоёти ин асар дар «Ҷо меъ-ул-ҳикоёт» низ оварда шудаанд.
«Лубоб-ул-албоб». Ҳамон тавре ки қайд кардем, «Лубоб-ул-албоб» тазкира буда, ҷанбаи адабиётшиносӣ дорад. Нависанда дар баробари аз эҷодиёти адибон овардани намунаҳо дар қисматҳои аввали асар дар бораи хусусиятҳои асарҳои назмию насрӣ маълумоти назариявӣ додааст ва фикрашро бо овардани намунаҳо аз эҷодиёти адибон қувват бахшидааст. Дигар ин ки мувофиқи фаҳмишу дониши худ ба асарҳои адибон баҳо медиҳад.
«Лубоб-ул-албоб» аз ду қисм иборат буда, боз ҳар як қисм ба бобҳою фаслҳо ҷудо шудааст.
Боби аввал – Дар фазилати шеъру шоирӣ.
Боби дувум – Дар маънии шеър аз тариқи луғат.
Боби сеюм – Дар маънии аввал, ки шеър гуфт.
Боби чорум – Дар маънии шеъри порсӣ, ҷанбаҳо ва
хусусияти он.
Боби панҷум – Дар латоифи ашъори салотин ва мулук ва
умаро (27 нафар).
Боби шашум – Дар латоифи ашъори вузаро ва судур (43
нафар).
Боби ҳафтум – Дар латоифи ашъори уламо ва фузало (60
нафар).
Боби ҳаштум – Дар латоифи ашъори шуарои Оли Тоҳир ва
Оли Лайс ба Оли Сомон (31 нафар)
Боби нуҳум – Дар табақоти шуарои Оли Носир (29 нафар)
Боби даҳум – Дар табақоти шуарои Оли Салчуқ то охири
ахди Султони Сайид (52 нафар)
Боби ёздаҳум – Дар зикри шуарои ин қарн, ки баъд аз аҳди
Санҷар буданд, то ин аҳд (53 нафар)
Боби дувоздаҳум – Дар латоифи ашъори судур ва шуаро ва
афозил, ки бад - ин ҳазрат махсуманд (4 нафар)
Дар ин ҷо барои мусаллам гардидани қимату арзиши тазкира
ба таври мухтасар танҳо як мисол меорем ва хоҳем дид, ки
Муҳаммади Авфӣ нисбат ба Рӯдакӣ чӣ мегӯяд:
«…Ва яке аз ҷуҳҳол (шоири ҷоҳил) дар назми ӯ (Рӯдакӣ) таъне
кард… Низомии Арӯзӣ ин байт дар ҳаққи ӯ иншо кард:
Эй, он ки таън кардӣ дар шеъри Рӯдакӣ!
Ин таън кардани ту зи ҷаҳл асту кӯдакист,
К-он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон
Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист.
Пас аз ин Муҳаммади Авфӣ барои тасдиқи гуфтаҳояш аз осори шоирони дигар, ки дар ситоиши Рӯдакӣ гуфтаанд, мисолҳо меорад. Илова бар ин аз эҷодиёти худи устод Рӯдакӣ намунаҳои бешумор овардааст, ки маҳз ин намунаҳо бо тавассути ҳамин тазкира то ба имрӯз омада расиданд. Аҳаммияти бузурги «Лубоб-ул-албоб», пеш аз ҳама, дар ҳамин аст. На танҳо баъзе шеърҳои устод Рӯдакӣ, балки аз дигар адибони асрҳои IX, Х, XI танҳо ба ин восита аз нобудшавӣ раҳо ёфтанд. Гузашта аз ин, «Лубоб-ул-албоб» барои омӯхтан ва таъйин намудани мақому манзалати адибон ва ҳаёти адабии асрҳои IX ва XIII ҳамчун сарчашмаи муътамад ба пажӯҳандагон ёрии калон расонд. Аз ин нигоҳ асари мазкур аҳаммияти амалӣ ва назарӣ дорад, аз лиҳози забон ва тарзи баён сода буда, барои омӯхтани таърихи забони тоҷикӣ маводди хуб дода метавонад.
«Ҷомеъ-ул-ҳикоёт». Ин асар аз маҷмуи осори баргузидаи Авфии Бухороист. Дар он ҷо-ҷо шеърҳои адиб мувофиқи мазмуни ҳикоёт ё ривоёт дода шудаанд. Маводди ин асари бузург дар тӯли солҳои зиёд (аз соли 1210 то 1233 ) гирд оварда шуда, пасон эҷод гардидааст. «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» на танҳо як асари адабист, балки дар дохили он ҳикоёту ривоёти таърихӣ доир ба хулафои араб, сулолаҳои Тоҳириён, Саффориён, Сомониён ва Салчуқиён, султонҳои Ҳинд, Ғазнавиён оварда шудааст. Дар онҳо бо тарзи бадеӣ ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии ин хонадонҳо дар зимни шахсиятҳои таърихӣ – шоҳон, ҳокимон, волиён, хулафои ислом ва ғайра ба қалам дода шудааст.
«Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» аз чаҳор қисм иборат аст ва ин қисмҳо чунин ном доранд:
1. Дар маърифати Офаридагори таоло ва зикри анбиё ва авлиё ва таворих. Муҳимаш он аст, ки Авфӣ дар баробари овардани ҳикоёту ривоёт аз рӯзгори авлиёю анбиёи ислом, инчунин дар бораи подшоҳони давраи Пешдодиён, Каёниён, Ашкониёну Сосониён ва ё сарварони аҷамтабор ҳодисоту воқеоти ибратомӯзу пурмуҳтаво овардааст. Гуфтори нависанда аз адлу доду диҳиш, дар фаросати арбоби киёсат, дар донишу хирадмандии вузарою дабирон, дар ҳунари табибон, мунаҷҷимон, латоифи дилангез аз ҳаззолон, надимон, аз зиракони ҳушманд бунёд ёфтааст. Ин мавод дар 25 боб дода шудааст.
2. Дар қисми дуюм дар баёни ахлоқи ҳамида, дар фазилати ҳаё, тавозӯъ, ҳилм, адаб, раҳмат, шафқат, саховат, лутфу карам, шуҷоат, сабру таҳаммул, шукру вафо дар амонатдорӣ, дар фоидаҳои машварат ҳикоёту ривоёти ширину рангинро ҷой додааст.
3. Қисми сеюмро адиб ба баёни масъала ва мавзуъҳои мазаммати ҳасадхӯрӣ, ҳирсу тамаъ, дурӯғу фаҳш, бахилӣ, ҷаҳлу нодонӣ, зулму тааддӣ, исрофкорӣ, хиёнату шаккокӣ, ҳикоёт аз рӯзгори дуздон, кору амали занони боақлу зирак ва поку боиффат ва амсоли ин бахшидааст.
4. Ниҳоят, дар қисми чорум дар бораи дӯстӣ ва фоидаҳои он, дар бораи хизмат дар назди амирону вазирон, ҳокимону волиён ва фоидаю хатари он, дар бораи ишқу муҳаббат ва суду зиёни он, дар бораи тасвири зебоиҳои табиат, дар бораи сохтмони қасрҳо, масоҷиду мадорис, бунёди шаҳрҳо, дар хусуси ҳайвоноти хонагӣ ва ваҳшӣ, парандаҳо ҳикоёту ривоёт оварда шудаанд, ки бисёр ҷолиб ва хушоянданд.
Дар бисёр маврид нависанда пас аз овардани ҳикоят ё ривоят андешаашро бо як порча шеър ҷамъбаст мекунад. Ҳангоме ки аз ҳаёти шоирон ҳикояте нақл мекунад, аз осори онҳо намунаҳо низ меорад. Умуман, Муҳаммади Авфӣ табъи баланди шоирӣ ҳам дошт.
Ҳамин тавр, доир ба мавзуъҳое, ки дар боло ёд шуданд, нависанда 2150 ҳикоёту ривоёт овардааст ва баъзе аз онҳо ҳаҷман бузурганд ва бархе аз онҳо кӯтоҳ, вале мазмун ва маъниҳои баланди хонданӣ доранд, ки хонанда аз онҳо панди судманде мегирад.
Акнун бармегардем ба сари таҳлили ҳикоёту ривоёти «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт». Албатта, ба тафсил таҳлил намудани онҳо аз имкон берун аст. Ба ин хотир, аз ҳар қисми асар интихобан баъзе ҳикоёту ривоётро бо ҳам аз назар хоҳем гузаронд.
Дар «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» кору амали занон хеле хуб инъикос ёфтааст. Авфӣ занро ҳамчун модари меҳрубон, зани покдоман, боиффат, дар ишқу муҳаббат устувор ва хирадманду донишманд ба қалам додааст ва андешаҳояшро бо ҳикоёти матлубу марғуб қувват додааст. Масалан, дар ҳикояи «Шин» омадааст, ки ӯ илм омӯхт ва ҷамъи илмҳо якто гардид ва қасд кард, ки то мисли худаш духтари донишманду оқила наёбад, ба касе хонадор нашавад. Солҳо сипарӣ шуданду муродаш ҳосил нагашт. Шин боре дар роҳе мерафт, ки иттифоқо марде ба ӯ хамроҳ шуд. Шинос шуданду роҳ паймуданд. Шин ба он мард гуфт: «Ту маро бармедорӣ ё ман туро бармедорам. Ҳамин тавр, чанд саволи дигар Шин ба он мард дод. Он мард ҳайрон буд ва Шинро девона пиндошт. Чун ба деҳи он мард расиданд, назди хонааш омаданд. Он мард меҳмонро ба хонааш таклиф кард. Даромаданд. Он мард духтари қадраси оқилае дошт. Ӯ чун падарро дид, аз ӯ пурсид, ки ҳамроҳи ту кӣ буд? Чӣ гуфт? Он мард ба духтар гуфт:
– Дар роҳ маро уқубате азим (ҳолати нохуб) рӯй дода буд. Чӣ марде аҳмақ ба ман хамроҳ шуд ва суханони номаълум ва пажмурда мегуфт ва суолҳои парешон медод. Аввал, ки ба ман ҳамроҳ шуд, «маро бармедорӣ ё ман туро бармедорам?». Ман худ ба ҳилат (базӯр) мерафтам, ӯро чӣ гуна бардоштаме! Дигар, ба киште расидем ва гуфт: « Чӣ гӯӣ, ки ин киштро хӯрдаанд ё не?» Савум, мурдаеро дид ва гуфт: «Чӣ гӯӣ, зинда аст ё мурда?» Чун духтар суханони падарро шунид, гуфт:
– Азим бад кардӣ, ки ҳаққи он мард нашинохтӣ. Он мард марди оқилу тавоност. Он чӣ гуфт, аз донишу ҳикмат аст. Он чӣ суоли нахуст дод, ишорат бар он аст, ки ту ҳикоят бигӯ ё ман бигӯям, то ранҷи роҳ кӯтоҳ шавад.
Дувум «Киштро хӯрдаанд ё не?» ишорат бар он аст, ки шояд соҳиби кишт қарздор бошад ва қарзхоҳон ба талаби қарз омада бошанд. Ба ин маънӣ, ки аз самар ё ҳосили кишт қарзҳоро дода бошад. Сеюм, ки гуфта: «ки ин майит мурда аст ё зинда?» ишорат бар он аст, ки ин мард фарзанд дорад ё на. Балки шогирде дорад, ки пас аз вай номбардори ӯ бошад ва ё хайре, садақае кардааст, ки зикри ӯ ба сабаби ӯ боқӣ монад. Ё худ ҷоҳиле, фосиқе будааст, ки чун вафот кард, ҳеҷ кас аз вай ёд накунад.
Муҳаммад Авфии Бухороӣ ба аҳли ҳунар ва бахусус ба адибон, ровиёну ноқилон меҳри беандоза дошт. Худи ӯ, ки аз ҳамин сарчашма об мехӯрд ва дар байни хоссу ом, шоҳону вазирон, ҳокимону волиён соҳибном, соҳибиззат гардида буд, аз намояндагони ин пеша дар асари хеш ҳикоёти дилангези бисёр овардааст.
Яке аз шоирони маъруфи асри Х-XI тоҷику форс Фаррухии Сиистонӣ ашъори марғубу дилошӯб дорад ва Муҳаммади Авфӣ, ки худ шеършинос буд, ба ин шоир меҳри зиёд дошт ва дар бораи ӯ чанд ҳикояву ривоётро дареғ надоштааст.
Муҳаммади Авфӣ дар тазкираи «Лубоб-ул-албоб» аз Шаҳиди Балхӣ ёд карда, ба эҷодиёти ӯ баҳои сазовор медиҳад. Ба хотири тақвияти фикраш аз осори шоир намунаҳои зиёд овардааст. Ӯ дар «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» ҳам аз Шаҳиди Балхӣ ёд карда, латифаи пандомезе овардааст:
«Оварданд, ки Шаҳиди шоир рӯзе нишаста буд ва китобе мехонд. Ҷоҳиле ба назди ӯ даромад ва салом карду гуфт:
– Хоҷа, танҳо нишастаӣ?
Шаҳиди Балхӣ чунин посухаш дод:
– Танҳо акнун гаштам, ки ту омадӣ. Аз он ки бо сабаби ту аз мутолиаи китоб бозмондам.
Суҳбати аблаҳон чун деги тиҳист
Андарун холиву бурун сияҳист.
Муроди нависанда аз ин ҳикоят он аст, ки аз суҳбати аблаҳ, ҷоҳил хондани китоб авлотар аст. Дар ин маврид шоир чунин ашхосро ба деги сиёҳ монанд кардааст, ки дили сиёҳ доранду аз пайи озори касон мебошанд. Боз чунин ашхос на дониш доранду на ақлу тамиз ва мисли деги холиянд.
Муҳаммади Авфӣ дар мавзуи илму ҳунаромӯзӣ андешаҳои қобили қабул гуфта, аз ҳаёти донишмандони бузург ҳикоёту ривоёти зиёд овардааст. Масалан, дар ҳикояи «Панди Аристотолис ба фарзанд» омадааст, ки чун вафоти Аристотолис наздик омад, ӯ писарашро наздаш хонд ва гуфт: «Эй писар, дар асрори улум, дақоиқи ҳикмат умри худро базл (сарф) кардам ва бисёр гиреҳҳо ба нури ҳикмат кушодам, валекин маргро ҳеҷ ҳилат натвонистам:
Агар сад кӯҳ бояд канд фӯлод,
Забун бошад ба дасти одамизод.
Чӣ чора, к-ин банӣ Одам надонад
Ба ҷуз мурдан, к-аз он бечора монад.
Пас бидон, ки давлате аз мол бувад, зуд фонӣ шавад ва нест гардад. Иззату шараф дар илм аст. Агар падари туро илму адаб набудӣ, ӯ мар мулкро мисоли харе будӣ боркаш ва парастанда, бандае будӣ коркун. Пас илм ҳосил кун, то шарафу иззат биёбӣ».
Нависанда ба ин восита шогирдон, толибилмонро ба илмомӯзӣ ҳидоят намуда, таъкид менамояд, ки танҳо ба воситаи илм шахс метавонад дар байни мардум, дар назди шоҳону ҳокимон соҳибному иззатманд бигардад, ки мисоли равшани гуфтаҳои Муҳаммади Авфӣ ҳаёти Аристотолиси ҳакими юнонӣ шуда метавонад.
Муҳаммади Авфӣ дар асари хеш дар бораи шаҳрҳо, бунёди қасрҳо, ҷойҳои таърихӣ нақлу ривоятҳо овардааст, ки имрӯз дидани ин ҷойҳо барои мову шумо дастрас гардидааст. Масалан, дар қисми чаҳоруми «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» дар бораи аҳромҳои Мисри Қадим нақлу ривоят оварда шудааст. Дар ин бора нависанда чунин мегӯяд: «Дигар аз аҷоиботи биноҳо аҳроми Миср аст. Ҳаждаҳ аҳром аст. Овардаанд, ки Маъмун (халифаи араб 811-832) дар айёми хилофати худ ба Миср рафт ва он аҳром бидид. Дари як ҳарам боз кард, ҳама аз санг сохта. Гӯянд, ҳар санге дар ситабрӣ даҳ арш. Ва онро чунон маҳкам карда буданд, ки пайванди он, албатта, падид наёмад, чунонки аз чӯб мисли он натвон сохт.
Имрӯз бошад, ба воситаи телевизион аҳромҳои Мисрро мебинему ангушти ҳайрат мегазем. Вале хизмати Муҳаммади Авфӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ҳанӯз 800 сол қабл аз ин хонандагонашро бо ин гуна ҷойҳои таърихию фарҳангӣ шинос намуда буд.
«Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» сабку услуби хосса дорад. Дар қисми аввал, дар муқаддимаҳои бобҳову фаслҳо забони нависанда мураккаб гардида, дар мавридҳои дигар забони ҳикоёту ривоёт хонданӣ, сода иншо шудаанд. Ин асар аҳаммияти адабӣ, таърихӣ, мардумшиносӣ ва ғайра дорад. Аз ҳама бештар нависанда ва донишманди воло Маликушшуаро Баҳор сухани шоиста ва арзанда дар ҳаққи нависанда Муҳаммади Авфӣ ва асари ӯ «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» гуфтааст: «Китоби «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт» яке аз муҳимтарин кутуби форсӣ аст, ки агар бигӯем, ки дар миёни кутуби насри форсӣ ба арзиш ва ҷомеият ва пурфоидагии ин китоб китобе натавон ёфт, набояд ба иғроқ қадр гардад, зеро дорои фавоиди фаровони таърихӣ ва адабист ва асноде дар ӯ ҳаст, ки дар ҳеҷ китобе нест. Илова бар ин мазоёъ равиши зебо дар тарзи таълиф ва пухтагии махсус дар тариқ ва сабки иншо дорад, ки дар олами худ камназир аст».
(Ниг. мунтахаби «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» (барои дабиристонҳо, Теҳрон, 1324.(ба чоп ҳозиркунанда М. Баҳор, с.5)
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Кӯдакию наврасии Муҳаммади Авфӣ чӣ хел гузашт?
2. Сабаби ба сафар баромадани нависанда дар чӣ буд?
3. Кадом шаҳру вилоятҳоро дид? Ин шаҳрҳоро аз харита ёбед.
4. Сабаби тарки ватан намудани адиб дар чӣ буд?
5. Поёни рӯзгори адиб дар Деҳлӣ чӣ хел гузашт?
6. Чаро Авфиро адабиётшинос мегӯем?
7. «Лубоб-ул-албоб»-ро тазкира мегӯем, чаро? Хусусиятҳои тазкираро гӯед.
8. Аҳаммияти тазкираи Муҳаммади Авфиро шумо дар чӣ мебинед?
9. «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт» чӣ маънӣ дорад? Номи асарро шарҳ диҳед.
10. Қисм ва бобҳои «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-ро номбар кунед.
11. Дар иншои асар нависанда аз кадом сарчашмаҳо истифода бурдааст?
12. Аристотолис дар бораи мақоми илм чӣ мегӯяд? Оё шумо ба фикри ӯ розӣ ҳастед?
13. Дар бораи Шаҳиди Балхӣ илова ба гуфтаҳои Авфӣ шумо боз чӣ маълумот доред?
14. Аз харита Мисрро ёбед. Дар бораи аҳромҳои Миср чӣ медонед? Ягон филми ҳуҷҷатиро дар ин бора дидаед?
15. Дар бораи аҳаммияти «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» Маликушшуаро Баҳор чӣ гуфтааст? Гуфтаҳои ӯро хонед ва таҳлил намоед.
ТЕСТҲО
1) «Лубоб-ул-албоб» асари кист?
а) Манучеҳрӣ.
б) Муҳаммади Авфӣ.
в) Кайковус.
2) «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-ро дар кадом сол иншо кардааст?
а) 1210, 1233.
б) 1234.
в) 1236.
3) Муҳаммади Авфӣ кадом сол вафот кардааст?
а) 1240.
б)1242.
в) 1243