Мероси адабии Сайфи Фарғонӣ

Сайфи Фарғонӣ умри бобаракати хешро беҳуда нагузаронидааст. Ин шоири забардаст ба ояндагон мероси пурарзише аз худ боқӣ гузоштааст. Сайф маҷмуи осорашро пеш аз маргаш мураттаб сохта будааст ва он имрӯз бо номи «Девони Сайфи Фарғонӣ» машҳур аст. Девон аз 573 ғазал, 160 қасида, 4 қитъа ва 23 рубоӣ иборат аст ва ҷамъулҷамъ аз даҳ ҳазору панҷсад байт иборат мебошад.

Сайф дар сурудани ғазалу қасида ба Саноии Ғазнавӣ, Ҳоқонии Шервонӣ ва махсусан, ба Саъдии Шерозӣ пайравӣ кардааст ва эътиқодманди эҷодиёти ӯ будааст. Адиб 90 ғазали хешро дар татаббӯъ ба ғазалиёти Саъдӣ эҷод кардааст. Масалан, бар ғазали Саъдӣ «На ман танҳо гирифторам ба доми зулфи зебое» ғазали зерро бисёр шоирона тазмин кардааст:

Маро боз иттифоқ афтод ишқи саврболое,

Ки ҳуснаш маҷлисафрӯз асту рӯяш оламорое.

Маро султони ҳуснаш гуфт: «Агар аз баҳри мо дорӣ

Диле пурхун зи андуҳе, саре машҳур зи савдое.

Аё бе ишқи ту чун май равонам фитнаангезе,

Аё бе зикри ту чун най забонам бодпаймое.

Чу васлат орзу дорам, нахоҳам зистан бе ту,

Раво дорӣ, ки ман мискин бимирам дар таманное.

Сайфи Фарғонӣ дар мақтаи1 ғазал боз Шайх Саъдиро ёд намуда, дар мазмуну муҳтавои ғазал ҳамақида ва ҳаммаром будани хешро иброз медорад. Таваҷҷуҳ намоед:

Азизи Миср нашносад, ки ӯро кист дар хона

Камоли ҳусни Юсуфро надонад ҷуз Зулайхое.

Чу Саъдӣ Сайфи Фарғонӣ ҷаҳонро узр мегӯяд:

«На ман танҳо гирифторам ба доми зулфи зебое».

Ғазалиёти Сайфи Фарғонӣ асосан ишқиянд. Ишқи шоир ба ду маънист: ҳам ишқи воқеӣ, ишқи заминӣ ва ҳам ишқи илоҳӣ, ишқи сӯфиёна, ишқи ирфонӣ. Ҳамон ғазале, ки дар боло омадааст, дар ишқи илоҳист ва ғазали Саъдӣ ҳам дар ҳамин мавзуъ суруда шудааст. Агар ба тарзи дигар бигӯем, Сайфи Фарғонӣ ҳам дар шакл (қофиябандӣ, вазн ва миқдори байтҳо, матлаъ ва мақтаъ) ва ҳам дар мазмун (ирфонӣ, сӯфиёна) ба Саъдӣ пайравӣ намудааст, ки ин навъи ашъор дар адабиёти классикии форсу тоҷик беҳтарин намунаҳои осори ҷавобия ба шумор мераванд.

1 Мақта – байти охири ғазал; байти тахаллус

Дар ғазалиёти шоир мавзуъҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ низ ба назар мерасанд. Дар онҳо шоир муғулони истилогар, ки нолаю афғони мардуми бечораро ба осмон расонидаанд, ба зери тозиёнаи танқид мегирад. Ғазале дорад бо номи «Қонуни адл». Дар он қаҳрамони лирикӣ амирон, ҳокимон ва дигар волиёни мутаассиби муғулро ба он хотир танқид мекунад, ки онҳо ба ном аз «Қонуни адл» сухан мегӯянд, вале дар амал бошад дар кишвар ягон қонуни адл вуҷуд надорад. Биёед, ба гуфтаҳои шоир таваҷҷуҳ намоем:

Эй, ки андар мулк гӯйӣ, мениҳам қонуни адл!

Зулм кардӣ, эй ишоротат ҳама беруни адл!

Ин амироне, ки беморони ҳирсанду тамаъ,

Ҳамчу сиҳҳат аз мараз дуранд аз қонуни адл.

Дасти чун шамшерашон ҳар соате дар пойи зулм

Бар сари майдони бедодӣ бирезад хуни адл.