Вазъи ҳаёти адабӣ дар ин асрҳо

Вазъи адабӣ дар асри XIII ва ибтидои асри XIV чандон хуб набуд. Бисёр шоирону мутафаккирон: Наҷмиддини Самарқандӣ, Рашидиддини Камол, Аттори Нишопурӣ, Исмоили Исфаҳонӣ аз дасти сарбозони Чингиз ба қатл расиданд. Қисми дигарашон, мисли Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) ба Туркия, Сайфи Фарғонӣ, Носири Бухороӣ, Бадри Чочӣ, Авфии Бухороӣ ба Ҳинд ва шаҳрҳои Эрон рахти сафар бастанд. Аз ҳамин нигоҳ доираҳои адабӣ дар Ҳинду Эрон ва Туркия густариш ёфтанд ва адибони омада ин маҳфилҳоро гарм намуданд. Саъдии Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Сайфи Фарғонӣ, Низории Кӯҳистонӣ, Убайди Зоконӣ, Хоҷуи Кирмонӣ, Салмони Соваҷӣ, Ибни Ямини Фарюмадӣ, Камоли Хуҷандӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар рушду таҳаввули адабиёти асрҳои XIII ва XIV хизмати боарзише кардаанд.

Албатта, шоироне, ки ғарибиро ихтиёр намуда буданд, лаҳзае бе ёди диёри азизашон набуданд. Ғарибӣ дарди ҷонкоҳе буд, ки ҳамеша азияташон медод. Онҳо дар шеърҳояшон ёди ватан, ёди ёру дӯст мекарданд. Масалан, Носири Бухороӣ дар як ғазал ёди Бухоро карда, аз боди сабо хоҳиш мекунад, ки салому паёми ӯро ба зодгоҳаш Бухоро расонад ва бигӯяд, ки дар ғамаш зору нолон аст. Дар ин маврид хешро ба Маҷнуну Фарҳоди кӯҳкан ва Бухороро ба Лайлию Ширин ташбеҳ кардааст.

Саломи ман бирасон, эй сабо, Бухороро,

Бигӯ таҳияти Маҷнун диёри Лайлоро.

Зи Кӯҳкан хабаре сӯйи қасри Ширин бар,

Ки дил гирифта ба кӯҳ он ғариби танҳоро.

Ҳамин тавр шоири ширинбаён Камоли Хуҷандӣ рӯзгори хешро дар ғарибӣ, дар шаҳри Табрези Эрон гузаронид. Ҳодисаҳои мудҳиш имкон надоданд, ки шоир ба ватан баргардад. Вале ҳамеша ёдаш ба ватан буду дар шеърҳояш ёди ватан мекард.

Асосан, эҷодиёти адибоне, ки дар боло ёд шуданд, мазмуну мундариҷаи ғоявии адабиёти ин асрҳоро ташкил медиҳанд. Воқеан, нависанда инъикоскунандаи ҳодисоту воқеоти замони худ аст. Ӯ ҳаргиз ба ҳодисот бетараф шуда наметавонад. Аз ҳамин нуқтаи назар, дар эҷодиёти адибон, пеш аз ҳама, мавзуи ватан, ғарибӣ, зулму ваҳшонияти Чингизхону Темуриён мақоми босазо доранд ва бо сад алам дарди хешро дар асарҳояшон иброз намудаанд. Дар ин мавзуъ Авҳадии Мароғӣ садои эътирозашро нисбат ба золимон баланд намуда, ононро ба адлу дод ҳидоят кардааст:

Зулмати зулм тира дорад роҳ,

Адл бояд ҷаноҳу1 қалби сипоҳ,

Хонаи золимон на дер, ки зуд

Ба фазиҳат2 хароб хоҳад буд

1 Ҷаноҳ – қисми паҳлуии лашкар, маймана ё майсара, бол, паҳлу.

2 Фазиҳат – шармандагӣ, беобрӯйӣ, расвоӣ.

Мардро зулм бехкан бошад,

Адлу додаш ҳисори тан бошад.

Дар адабиёти асри XIII мавзуъҳои ирфонӣ мақоми хосса пайдо карданд. Акнун намояндагони ҷараёни тасаввуф нисбати асрҳои пешин амиқтар ба адабиёти бадеӣ рӯ оварданд. Албатта, ин дар адабиёт падидаи нав набуд, зеро қаблан чеҳраҳои шинохтаи ин ҷараён – Абдуллоҳи Ансорӣ, Абусаиди Абулхайр, Саноии Ғазнавӣ, Аҳмади Ҷомӣ ва Шайх Аттори Нишопурӣ дар мавзуи тасаввуф асарҳои пурарзиш офарида буданд. Онҳо андешаҳои ирфонии хешро бо либоси бадеият ороста, барои таблиғ дар байни хоссу ом паҳн намудаанд. Ана ҳамин равия дар ин аср боз қувват пайдо кард ва дар эҷодиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) ва пайравони ӯ вусъат ёфт, ки дар ин бора ҳангоми омӯхтани эҷодиёти Мавлоно бештар таваққуф1 хоҳем кард.