«Анвори Суҳайлӣ» яке аз шоҳкориҳои шоистаи адабиёти тоҷику форс маҳсуб мешавад. Он соли 1501 бо хоҳиши вазири хирадманди Султон Ҳусайни Бойқаро Шайх Аҳмади Суҳайлӣ (1444 – 1502) иншо гардид. Аз ин хотир номи асар ҳам ба номи ӯ гузошта шуд. «Анвори Суҳайлӣ» маънои нурҳои Суҳайлиро дорад, ки дар ин маврид ном маънои маҷозиро гирифтааст. Яъне ин асар аз нуру зиё, аз гуфтору хоҳиши Суҳайлӣ нигориш ёфтааст.
Пеш аз он ки дар бораи мазмуну муҳтавои асар таваққуф намоем, шоиста аст шуморо аз таърихи асар ва сарчашмаи он огоҳ созем. «Анвори Суҳайлӣ» нусхаи тозаэҷоди «Калила ва Димна»-и нависандаи асри XII Абулмаолии Насруллоҳ мебошад. Аммо «Калила ва Димна» ҳам ба тамом асари Абулмаолӣ набудааст. Сарчашма ё бунёди он аз мардуми Ҳинд аст. Онро ҳанӯз дар замони ҳукмронии Хусрави I, ки бо номи Анӯшервони Одил (531 – 579) машҳур аст, Барзуяи Табиб аз Ҳиндустон ба Эрон овард ва ба забони паҳлавӣ тарҷума намуд ва дар байни хоссу ом паҳн гашт. Чун арабҳои бадавӣ мулки Эронро соҳиб шуданд, дар байни ғаниматҳои сершумор аз кишвари мо кутуби фарҳангӣ ва адабии зиёдеро ба Арабистон ғанимат гирифта бурданд, ки дар байнашон ҳамин «Калила ва Димна» низ буд. Он ҷо нависанда ва олими тоҷику форс Абдулло Ибни Муқаффаъ онро ба забони арабӣ баргардонд. Дар асри Х, дар замони салтанати Сомониён боз нусхаи арабии «Калила ва Димна» ба Бухоро оварда мешавад ва бо хоҳиши Насри Сомонӣ ва вазири хирадманди ӯ Абулфазли Балъамӣ Рӯдакӣ онро ба тоҷикӣ тарҷума намуда, ба назм мегардонад. Ин асар бо байти машҳури устод Рӯдакӣ
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Ҳеҷ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор
оғоз меёбад. Аммо ин шоҳасар то замони мо омада нарасидааст. Пас бори дигар дар асри XII «Калила ва Димна» аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ баргардонида шуд, ки мутарҷими он Абулмаолии Насруллоҳ будааст.
Азбаски дар асри XII насри маснӯъ пайдо шуда, инкишоф ёфт ва аксарияти нависандагон ба ин сабки нигориш майл доштанд, Абулмаолӣ ҳам «Калила ва Димна»-ро дар ҳамин сабк нигориш дод. Яке аз хусусиятҳои асосии сабки насри маснӯъ мураккаббаёнист. Калимоту ибороти арабӣ, оёту ҳадисҳо хеле фаровон мавриди истифодаи нависандагон қарор доштанд. Осори ононро омма камтар мефаҳмид. Ин тарзи нигориш ҳатто ба аҳли илм низ чандон маъқул набуд. Бинобар ин бо хоҳиши онон адибон ба содабаёнӣ майл намуданд. Мисоли барҷастаи он хоҳиши вазири донишманд Шайх Аҳмади Суҳайлӣ шуда метавонад. Ӯ ҳамин мураккаббаёнии «Калила ва Димна»-ро хеле хуб эҳсос карда, аз Ҳусайн Воизи Кошифӣ сода кардани онро хоҳиш намуд. Кошифӣ ин хоҳишро бо камоли эҳтиром пазируфт ва сомон ҳам дод. Акнун бубинед, ки Кошифӣ дар ин росто чӣ корҳоеро ба анҷом расонид. «Анвори Суҳайлӣ» аз «Калила ва Димна»-и Абулмаолии Насруллоҳ чӣ тавофут ва чӣ монандиҳо дорад.
1. Як фарқи ҷиддии «Анвори Суҳайлӣ» аз «Калила ва Димна» пеш аз ҳама, дар он аст, ки Кошифӣ аз забони персонажҳои асар фикру мулоҳизаҳои шахсии худро дар бораи тарбияи инсон дар оила ва дар ҷамъият, нуқтаи назари худро дар бораи принсипҳои давлатдорӣ, ахлоқ ва ғайра баён мекунад.
2. Забон ва тарзи баёни «Калила ва Димна»-и Абулмаолии Насруллоҳро мувофиқи шавқу завқи хонандагони асри худ тағйир дода, хеле сода ва фаҳмотар мегардонад.
3. Ба ҷойи шеърҳои арабӣ, ки дар «Калила ва Димна» хеле зиёд буданд, шеърҳои пандуахлоқии адибони маъруфи тоҷику форсро дохил менамояд.
4. Аҳаммияти «Анвори Суҳайлӣ» дар он аст, ки нависанда дар зимни ҳар як ҳикоят, ҳар як персонаж ахлоқи ҳамидаи инсониро ташвиқу тарғиб намуда, инсонро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Афкори таълимию тарбиявии «Анвори Суҳайлӣ» пурдомана аст. Он дар зимни нақшҳои асосии ҳикоёти воқеӣ ба қалам дода шудааст. Дар ин ҳикоёту қиссаҳо рӯзгори мардуми тоҷику форс инъикос ёфтааст.
5. Ғайр аз ин, миқдори бобҳои асарро кам кард. Агар «Калила ва Димна»-и Абулмаолӣ аз 16 боб иборат бошад, миқдори бобҳои «Анвори Суҳайлӣ»-и Кошифӣ ба 14 расид. Кошифӣ ду боби аввали «Калила ва Димна»-ро ихтисор кард.
6. Дар асари Кошифӣ расму оин, хусусиятҳои миллии мардуми тоҷик бештар инъикос ёфт. Ҷанбаҳои миллӣ қувват гирифтанд. Вале метавон гуфт, ки бештари бобҳои ин ду асар бо ҳам монанданд ва танҳо забони ҳикоёту ривоёт дар «Анвори Суҳайлӣ» сода карда шудаанд. Дигар, абёти шоиста ва ҷавобгӯйи мазмуни ҳикоёт дар асари Кошифӣ бештар ворид гаштаанд. Ҳикояти «Саховати Рой Добшилим» аз ҷумлаи онҳост. «Бо ин ҳама азамат ба таври кори раият расид ва худ қазияи (дарди дили) ҳар яке аз додхоҳон расидӣ ва пурсидӣ. Рой баъд аз вуқуф дар ин масъала бифармуд, то дари ганҷи гаронмоя баркушоданд ва силаи киром (туҳфаҳои арзанда) ба хоссу ом доданд. Ғарибу шаҳриро (бегонаю худиро) бо насиби тамом хурсанд гардониданд». Аз ин накукорию саховаташ баҳри дилаш кушода шуд ва боз давлаташ зиёд гашт. Подшоҳ сари фароғат ба болини осоиш ниҳод. Хоби хуше дид, ки пири хирадманде ба ӯ гуфт: «Имрӯз ганҷ дар роҳи Худо нафақа (сарф) кардӣ …. ва Худованд бар ивази он садақа дод. Алассабоҳ пой дар рикоби давлат кун ва ба ҷониби шарқии доруссалтанат (пойтахт) таваҷҷуҳ намой, ки ганҷи шойгону хазинаи ройгон ҳаволаи туст». Рой чун ин башорат шунид, аз хоб бедор шуд. Пас ибодат ба даргоҳи Худованд ба ҷо овард. Чун субҳ дамид, хуршед баромад, Рой бо ҷамъе хизматгорон ва дӯстон озими роҳ гардид».
Ана ҳамин тасвири субҳ, баромадани хуршед, рафтани шоҳро Кошифӣ бо як тавсифҳои зебо, бо як санъати баланди шоирона ҳам бо назму ҳам бо наср ба қалам додааст:
«То замоне, ки ганҷури қудрат дари хазонаи уфуқ бикшуд (яъне рӯз шуд) ва дасти зарафшони Офтоб ҷавоҳири кавокибро (ситораҳоро) аз махзани фалак ба зери домани шуоъ кашид,
Байт:
Бомдодон, ки субҳи симандуд1
Аз дари ганҷ қуфли зар бикшуд.
Шоҳ бифармуд, то маркаби роҳвори бадрафторро бо зини зарфу лаҷоми мурассаъ ба гавҳар биёростанд, фоли фаррух ва толеи саъд савор шуда, рӯй ба Машриқ ниҳод».
Аз ҳамин пора мусаллам гардид, ки нависанда маънӣ ва мазмунҳои баландро бо зевари сухан бисёр зебо оростааст. Дар мисраи дувуми байт баромадани хуршедро пурҷозиба тасвир кардааст. Яъне, дари ганҷ бо қулфи заррин кушода шуд – офтоб сар боло кард. Худи калимоти ганҷ, қулф, зар маҷоз оид ба ин ҷо киноя шуда омадаанд. Дар ин маврид санъати истиора хеле хуб корбаст шудааст. Ё ки дар мисраи аввал бомдодро ба субҳи симандуд ташбеҳ намудааст. Умуман, ҳамин як пора хонандаро ба шавқ меорад ва ба ӯ лаззати маънавӣ мебахшад. Ҳамин тавр, шоҳ ба он манзил, ба он ғор, ки хазина он ҷо буд, расид ва дарвешеро дид бисёр меҳрубон ва нисбати шоҳ ихлосманду эътиқодманд. Ӯ калиди ганҷи шойгонро ба шоҳ дод ва барои банданавозӣ, накукорӣ ва саховату бахшишҳояш, ки дар ҳаққи мазлумон ва камбизоатон карда буд, миннатдорӣ ва сипосгузорӣ намуд: «Ки подшоҳон назари раҳмат шомили ҳоли додхоҳон доштаанд ва гӯшанишинонро аз камоли ахлоқу авсофи бузургона шинохта».
1 Симандуд – нуқраолуда
Байт:
Назар кардан ба дарвешон мунофии1 бузургӣ нест,
Сулаймон бо ҳама ҳашмат назарҳо буд бо мӯраш.
Ин ҳикоя ё қисса бо ин анҷом намеёбад. Анҷоми он боз аҷибтар ва ибратомӯзтар мебошад. Чун Добшилим дари ганҷ кушод, дар байни тиллову ёқут ва зару зевар васиятномаеро дид, ки бо хати нохоно навиштаанд. Оҷиз монданд. Пас аз ҷустуҷӯйи зиёд марди донишмандеро пайдо карданд, ки ӯ ин хатро бихонд ва эшонро аз мазмуни он огоҳ бикард. Дар васиятнома омада: «Ганҷномаро ман, ки Ҳушанги подшоҳам, ба ёдгор ба Ройи аъзам, ки ӯро Добшилим хонанд, гузоштам. Ин васиятнома дар миёни зару ҷавоҳир табъияи ҷой кардам, то чун ин ганҷро бардорад ва ин васиятнома мутолиа кунад, ба худ андеша намояд, ки ба зару ҷавҳар фирефта шудан на кори оқилон аст. Он матоест ориятӣ, ки ҳар рӯз фарсудаи дасти дигаре хоҳад шуд ва бо ҳеҷ кас роҳи вафо ба сар нахоҳад бурд:
Давлати дунё кӣ таманно кунад?
Бо кӣ вафо кард, ки бо мо кунад?!
Аммо васиятнома дастурамалест, ки подшоҳонро аз он гурез нест. Пас он подшоҳи оқили давлатёр, ки ба ин васиятҳо кор кунад ва бидонад, ки ҳар султоне, ки бошад, 14 қоидаро, ки баён мекунад, ки манзури назари эътибор насозад, бинои давлати ӯ истеҳком (мустаҳкамӣ) нахоҳад ёфт».
Пас аз ин дар «Анвори Суҳайлӣ» дастурамал оварда мешавад. Ин дастурамалро метавон як раҳнамо ё як нақшаи мукаммали кори подшоҳ донист, ки дар он ахлоқу саховат, тарбияи шоҳону ҳокимон шомил аст.
Дар анҷоми васиятнома боз шоҳ Ҳушанги Пешдодӣ ба Ройи бузург Добшилим ёдрас намудааст: «Ва ҳар якеро аз ин 14 васият, ки ёд кардем, достонест муқаррару муътабар ва агар Рой хоҳад, ки ба тафсилоти он ҳикоёту ривоёт иттилоъ ёбад, ба ҷониби кӯҳи Сарандеб, ки қадамгоҳи Абулбашар (Ҳазрати Одам) аст, таваҷҷуҳ бояд фармуд, ки уқда он ҷо хоҳад кушуд».
1 Мунофӣ – нафикунанда, инкоркунанда
Дар масъалаи рафтану нарафтани Рой ба Сарандеб Добшилим вазиронашро даъват менамояд ва аз эшон маслиҳат мепурсад. Онҳо доир ба зарару зиёни сафар ҳикоёти зиёдеро ба Рой нақл мекунанд. Худи Рой бар зидди гуфтори онон ҳикоёти пандомӯзе оид ба фоидаи сафар меорад. Ҳамаи ин бо усули ҳикоят андар ҳикоят нақл мешавад ва қиссаро ҷолиб гардондаанд.
Ҳамин тавр, Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар ин қисса андешаҳои хешро доир ба масъалаҳои муҳимми давлатдорӣ, саховату накукорӣ ва амсоли ин овардааст. «Васиятнома» дар нигориши Кошифӣ барои шоҳон ва умуман аҳли ҷоҳ раҳнамо ва дастури пурарзишест. Имрӯз ҳам роҳбарони кишварҳо ба он ниёз доранд ва аз он панди судманде хоҳанд гирифт.