Дар байни асарҳои тоҷикии Алишери Навоӣ қасидаи «Туҳфат-ул-афкор» аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа баландтар меистад. Таърихи навишта шудани қасидаашро Навоӣ дар «Хамсат-ул-мутаҳайирин» ба тариқи зайл овардааст;
«Рӯзе ман дар хидмати он кас (Абдурраҳмони Ҷомӣ) будам. Аз ҳар дар сухан мерафт. Дар омади сухан ман «Дарёи аброр» ном қасидаи Хусрави Деҳлавиро аз ҳад зиёд таъриф кардам....
Ҳам дар он рӯзҳо подшоҳ ба сафари Марв тайёрӣ дида, маро ҳам ҳамроҳи худ бурданӣ шуд. Ман барои иҷозат гирифтан ба пеши он кас (Ҷомӣ) рафтам. Дар вақти баргаштанам аз бағали худ як ҷузъ коғаз бароварда доданд. Кушода дидам, қасидаи «Луҷҷат-ул-асрор», ки ҳамон рӯзҳо дар ҷавоби қасидаи «Дарёи аброр» навишта буданд...
Савор шуда ба роҳ баромадам, то манзил бар болои асп он қасидаро хондам ва дар аснои хониш матлаи (байти аввали) қасидаи «Туҳфат-ул-афкор» ба хотир омад. Баъд аз ба манзил фуромадан он матлаъ ба он кас навишта фиристода шуд, ки агар писанданд, ишорат кунанд, тамом намоям.
Фақир то ба Марв расидан он қасидаро ба номи он кас тамом карда, ба хидмати он кас навишта фиристодам».
Навоӣ дар қасидаи «Туҳфат-ул-афкор» фикру мулоҳизаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва панду ахлоқии худро баён кардааст. Дар қасида меҳру муҳаббати шоир нисбат ба аҳли ҳунар, деҳқон ва дармондагон ҳис карда мешавад ва дар баробари ин дар бораи шоҳону ҳокимони золим бо нафрату адоват сухан меронад:
Хоҷа дил дар ваҷҳу сар афканда пеш аз фикри худ,
Садр2 аз баҳри тамаъ биншаста чашме бар дар аст.
1 Нақс – нуқсон, камбудӣ
2 Садр – мансабдор, болонишин
Дар байти боло Навоӣ намояндаи ду табақаи ҷамъиятро бо ҳам муқобил гузошта, хислатҳои ҳар кадоми онҳоро нишон дода мегузарад. Хоҷа – марди фақир, меҳнаткаш буда, дар фикри хеш банд аст. Вале садр – ҳоким, соҳибмансаб ҳамеша чашмаш ба дар интизори чизе ё касест.
Шоир воизонро ба зери тозиёнаи танқид гирифта мегӯяд, ки фарқи онҳо аз дигар тамаъкорон танҳо дар он аст, ки воизон болои минбару онҳо поёни минбаранд:
Воизу томеъ1 гадои нон бувад, фарқаш кам аст,
К-ин ба зери минбар омад, он фарози2 минбар аст,
Тухми расвоӣ диҳад бар донаи тасбеҳи зарқ3,
Оре, оре, дона ҷинси хешро боровар аст.
Навоӣ шоҳи золимро ба хук ва одилро ба марди деҳқон ташбеҳ намуда, аз санъати тазод ва муқобала ба хубӣ истифода бурдааст:
Золиму одил на яксонанд дар таъмири мулк,
Хук дигар дар шиёри4 милку деҳқон дигар аст.