Забон ва тарзи баёни Саъдии Шерозӣ

Дар асри XIII забони тоҷикӣ – форсӣ хеле мураккаб гардида буд. Дар кишварҳои форсигӯён насри маснӯъ доман густурда, ривоҷу равнақ дошт. Аз тарафи дигар, сабки ироқӣ низ дар шеъри Аҷам кайҳо болу пар мезад ва майдондорӣ мекард. Калимоту ибороти забони арабӣ дар назму наср мақоми воло пайдо кард. Вале дар баробари ҳамаи ин адибоне буданд, ки нисбат ба забони модарӣ эҳтироми зиёд доштанд ва асарҳои хешро бо забони содаи оммафаҳм эҷод карда, ба ин восита муносибати хешро ба гузаштагон баён менамуданд. Яке аз ҳамин гуна адибон Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ буд. Ӯ дар ғазалиёт, қасидаҳо, рубоиёт ва қитъаоташ бо як ҳисси баланд, бо як тарзи баёни шоирона ҳусни ёру зебоиҳои диёрро чунон васф кардааст, ки аз ин тасвирот ҷаҳон – ҷаҳон лаззат мебаред ва дар баробари ин, ба ин восита қалби инсон ба ҳаёт гармтар ва назараш нисбат ба оламу одам фарохтар мегардад. Ба ин ғазал, ки «Бӯйи Наврӯз» ном дорад, таваҷҷуҳ кунед:

Баромад боди субҳу бӯйи Наврӯз,

Ба коми дӯстону бахти пирӯз.

Муборак бодат ин солу ҳама сол,

Ҳумоюн1 бодат ин рӯзу ҳама рӯз!

Чу оташ дар дарахт афканд гулнор,

Дигар манқал манеҳ, оташ маяфрӯз.

Баҳоре хуррам аст, эй гул, куҷойӣ,

Ки бинӣ булбулонро нолаву сӯз?

Ҷаҳон бе мо басе будасту бошад,

Бародар, ҷуз накуномӣ маяндӯз.

1 Ҳумоюн – муборак, хуҷаста

Накуӣ кун, ки давлат бинӣ аз бахт,

Мабар фармони бадгӯйи бадомӯз.

Ҳама калимоту ибороти ғазали мазкур ҳам ба шарҳу маънидод зарурат надоранд. Ҳамин тавр, калимаҳои манқал, гул, гулнор ва амсоли ин бори маънӣ ба дӯш доранд ва фасоҳату балоғати ғазалро афзун гардонидаанд.

Насри Саъдӣ сода, равон ва дилписанд аст. Аммо кулли эҷодиёти адиб якмаром нест. Саъдӣ забони арабиро хеле хуб медонист ва бо ин забон баъзе асарҳои худро иншо карда буд. Табиист, ки дар баъзе мавридҳо аз калимоту ибороти лисони араб истифода мебурд ва ҳатто дар «Гулистон» ҷо-ҷо абёти арабиро овардааст. Вале онҳо каманд. Саъдӣ саъю талош меварзид, ки асарҳояш барои хонандаи одӣ, марди деҳқону боғпарвар дастрасу фаҳмо бошад, то онон битавонанд бе ягон душворӣ аз мақсаду мароми нависанда огоҳ бишаванд. Барои мисол танҳо як ҳикояти кӯтоҳ аз «Гулистон» меорем:

«Луқмони Ҳакимро гуфтанд:

– Адаб аз кӣ омӯхтӣ?

– Гуфт:

– Аз беадабон. Ҳар чӣ аз онҳо ба назарам нописанд омад, аз он парҳез кардам».

Дар ҳикояти «Паҳлавони тарсу» Саъдӣ бо як забони содаю фаҳмо хислатҳои манфури ашхоси худхоҳу худбин, ки хешро ситоиш карда, дар паҳлавонӣ худро чун Рустами Достон мепиндоранд, вале дар амал ҳеҷанд, балки тарсончаку бегурдаанд, нишон додааст:

«…Иттифоқо, ману ин ҷавон ҳар ду аз пайи ҳам равон будем. Ҳар девори қадим, ки ба пешамон мебаромад, бо қувваи бозу ме афканд ва ҳар дарахти азим, ки медид, бо зӯри сарпанҷа аз бех меканд ва фахркунон мегуфт:

Пил ку, то китфу бозуи гурдон1 бинад?!

Шер ку, то кафу сарпанҷаи мардон бинад?!

Мо дар ин ҳолат будем, ки ду ҳинду аз паси санге сар бароварданд ва оҳанги куштани мо карданд. Дар дасти яке чӯбе ва дар бағали дигаре кулӯхкӯбе буд. Ба ҷавон гуфтам:

1 Гурдон ӣ паҳлавонон, баҳодурон

– Чӣ пойӣ?

Биёр,он чӣ дорӣ зи мардию зӯр,

Ки душман ба пойи худ омад ба гӯр!

Тиру камонро дидам аз дасти ҷавон афтода ва баданаш ба ларза даромада. Чорае ҷуз он надидем, ки либосу силоҳу ҷома раҳо кардем ва ҷон ба саломат бурдем».

Мусаллам аст, ки дар ин ҳикоя калимоти душворфаҳм ба назар намерасад. Илова бар ин, калимаи «пойидан» ба маънои интизор шудан, таъхир кардан омадааст, ки дар шеваҳои кӯҳистон калимаи серистеъмол аст. Аз ин нукта ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки дар асри XIII дар забони адабӣ ин калима мавриди истифода қарор дошта будааст.

Ҳамин тавр, Саъдӣ барои мардумӣ кардани забони асарҳояш саъю кӯшиши зиёде кардааст. Саъдӣ дар баробари аз халқ гирифтани образ, сюжетҳои рангоранг, инчунин забони зиндаи халқ, калимаҳои содаи хушоҳанг, таъбирҳои рехта, зарбулмасалу мақолҳои халқиро омӯхта, дар асарҳояш бо камоли маҳорат истифода кардааст. Зимнан, бояд эътироф кард, ки Саъдӣ масъа лаҳои муҳимми зиндагӣ, мавзуъҳои панду ахлоқ, танқиди замон, адолатпарварӣ ва инсондӯстии худро ба воситаи забони сода ва хушобуранги халқӣ баён кардааст.

Таъбирҳои рехта ва зарбулмасалу мақолҳои халқӣ, агар, аз як тараф, ҷиҳатҳои бадеӣ—таъсири асарҳои адибро пурқувват ва барҷаста намуда, ба хонандагон завқи эстетикӣ бахшанд, аз тарафи дигар, бо санъати ҳайратовар моҳияти ҳодисаҳои хеле мураккабро ифода менамоянд. Онҳо инчунин барои боз ҳам возеҳу барҷаста нишон додани ҷаҳони ботинӣ ва ҳолатҳои рӯҳии персонажҳо ва қаҳрамонони лирикӣ аҳаммияти калон доранд.

Саъдии Шерозӣ дар баробари аз халқ омӯхтан ва истифода бурдани забон, услуби нигориш, таъбирҳои рехтаи халқӣ, зарбулмасалу мақол ва дигар воситаҳои тасвир худаш ҳам таъбиру ибораҳои дилчасп ва хушоҳанг, суханҳои пурҳикмат (афоризмҳо) гуфтааст, ки дар асрҳои минбаъда мавриди истифодаи адибони дигар қарор гирифтаанд. Аксарияти суханони пурҳикмати адиби нуктасанҷ имрӯз ҳам дар байни халқ машҳур буда, халқ аз онҳо дар ҳар маврид истифода мебарад. Онҳо ба ганҷинаи адабиёти шифоҳӣ ҳамчун зарбулмасалу мақол дохил шудаанд.