Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ барои ифодаи андешаҳои ирфонӣ ва ахлоқии хеш ҳикоёту латоифу нақлу ривоёти зиёдеро дар «Маснавии маънавӣ» истифода кардааст. Ҳикояти «Луқмон ва ғулом» аз ҷумлаи онҳост. Мазмуни ҳикоят чунин аст: Хоҷае чанд ғулом дошт ва Луқмон сарвари онон буд. Онҳо кор мекар данд. Зоҳири Луқмон бад буд, яъне мисли шаб сиёҳ ва сурати зиште дошт. Боре хӯҷаин ба онҳо фармуд, ки рафта аз боғ мева оранд. Ғуломон меваҳои пухтагию ширинро хӯрданд. Вақте ки хӯҷаин сабабашро пурсид, гуфтанд, ки меваҳои ширину гуворо ро Луқмон хӯрд. Хоҷа бовар кард ва Луқмонро маломат кардан гирифт. Аз ин Луқмон ранҷид, ки ӯро ғуломон туҳмат мекунанду хӯҷаин бовар дорад. Пас Луқмон маҷбур ба хоҷааш чунин мас лиҳат дод:
Гуфт Луқмон: Сайидо, пеши Худо
Бандаи хоин набошад муртаҷо1!
Имтиҳонро кор фармо, эй киё2!
Шарбати гармоб деҳ баҳри бало.
Имтиҳон кун ҷумла моро, эй карим,
Серамон дардеҳ ту аз оби ҳамим3.
Баъд аз он моро ба саҳрои калон,
Ту савора, мо пиёда бардавон.
Он гаҳон бингар ту бадкирдорро,
Сунъҳои4 кошифи асрорро5.
Хоҷа ҳамин корро сомон дод. Шикамашонро аз оби ифлос пур намуд ва дар дашту саҳро онҳоро гардонд. Ғуломон пас қай кардан гирифтанд ва он чӣ нӯшидаю хӯрда буданд, аз даҳон берун бароварданд. Маълум гардид, ки ҳамаи меваҳоро ғуломон хӯрдаанд. Аммо Луқмон об қай мекарду бас.
1 Муртаҷо –умедвор
2 Киё – хӯҷаин, сардор
3 Оби хамим – оби ифлоси ногувори чарм
4 Сунъ – эҷод, офарида
5 Асрор – сиррҳо
Қай дарафтоданд эшон аз ано1,
Об меовард з-эшон меваҳо.
Чунки Луқмонро даромад қай зи ноф,
Мебаромад аз дарунаш оби соф.
Ҳамин тавр, ба воситаи тадбири Луқмон сирри ғуломон ошкор шуд ва бегуноҳии Луқмон дар назди хоҷааш маълум гардид.
Он чизе ки фаҳмидед, мазмуни зоҳирии ҳикоя буд. Вале мақсади асосии Мавлоно аз овардани ҳикояи боло чизи дигар аст. Бояд ба ботини он назар кард ва фаҳмид, ки муроди Ҷалолуддин аз баёни ҳикоя чист?
Мавлоно гуфтан меҳоҳад, ки дар роҳи Ҳақ, пеш аз ҳама, шогирдони пок, росткору ростқавлро бояд интихоб кард. Яъне «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» гуфтаанд. Роҳи Ҳақ ё ба Ҳақ расидани солик2 кори осон нест, қалбаш бояд тоза, мисли Луқмони Ҳаким бошад, на чун он ғуломон. Ҳамон тавре ки дидед, зоҳири Луқмон хуб набуд, вале қалбаш тозаю озода буд. Ана чунин инсонҳои поку нексириштро бояд илм омӯзонанд. Ба хулосаи Мавлоно таваҷҷуҳ намоед:
Пас, ту ҳар ҷуфте, ки мехоҳӣ, бигир!
Маҳви ӯ бошу сифоти ӯ пазир.
Нур хоҳӣ, мустаиди3 нур шав!
Дурр хоҳӣ, хешбину дур шав!
Агар ҳамин корҳоро сомон бидиҳӣ ва аз нахуст ашхоси арзанда ё мардони роҳи Ҳақро дуруст интихоб намоӣ, он вақт ба мақсаду мароми хеш муваффақ хоҳӣ гашт.
1 Ано – ранҷ, сахтӣ
2 Солик – пайрави тариқати сӯфия
3 Мустаид – ҳоким