Бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки ин асари ҳаҷман хурд дар таърихи адабиёти тоҷику форс беназир аст ва навоварию тозагиҳои зиёде дорад.
«Даҳ фасл», ки боз бо номи «Таъкидот» ҳам ёд мешавад, аз даҳ фасл иборат аст. Ҳар фасл дар бораи масъалае баҳс мекунад. Бобҳои «Даҳ фасл» ба тариқи зайланд:
1. Дар дунё ва мо фиҳи (он чӣ дар вай аст).
2. Дар бораи туркон ва асҳоби1 эшон.
3. Дар бораи қозӣ ва мутааллиқоти2 он.
4. Дар бораи машоих3 ва моятааллиқ4 ба вай.
5. Дар бораи хоҷагон ва одоти эшон.
6. Дар бораи арбоби пеша ва асҳоби муносиб.
7. Дар шароб ва мутааллиқоти он.
8. Дар бораи банг ва лавоҳиқи (иловаҳои) он.
9. Дар бораи кадхудой ва мулҳақоти5 он.
10. Дар бораи ҳақиқати мардон ва занон.
Ҳамин тавр, нависанда мувофиқи мазмуни бобҳои асар истилоҳоти маълуму машҳурро интихоб карда, онҳоро мувофиқи ҷаҳонбинӣ, мақсади дар пеш гузоштаи худ шарҳу тавзеҳ додааст. Дуруст аст, ки бисёр истилоҳоти он тавре ки ҳаст, шарҳ наёфтааст. Масалан, истилоҳи қозиро гирем. Қозӣ дар замони пешин мансаб аст, ки имрӯз онро суд ё додситон мегӯянд. Убайди Зоконӣ бошад «Ал-қозӣ – мех дар гил» гуфтааст. Ё истилоҳи вазирро ба тариқи зайл додааст: «Ал-вазир – лаънатӣ». Албатта, бо ин тарз, бо чунин сабку нигориш додани истилоҳот мақсади муайяне дорад.
1 Асҳоб – соҳиб
2 Мутааллиқот – дахлдор
3 Машоих – шайхҳо
4 Моятааллиқ – сармоя, мол, боигарӣ
5 Мулҳақот – иловаҳо, замима
Убайд, ки дар як давраи ҳаёташ соҳибмансаб буд ва бо аҳли ҷоҳ нишастухез дошт, бо кору амали онон аз наздик ошно буд, хост, ки бо як тарзи хандаовар ва тамасхуромез онҳоро ҳаҷву масхара намояд. Гузашта аз ин, Убайди Зоконӣ маҳз бобҳои асарашро мувофиқи касбу кори эшон қисмат кардааст. Нависанда дар ин асари кӯтоҳ ва пурмазмун (Даҳ фасл) бо як ҳунари шоирона тавонистааст воқеияту ҳақиқати зиндагӣ, кору рафтору кирдори инсонҳои ҷомеаро ба қалам диҳад. «Даҳ фасл» ҳаҷман хурд бошад ҳам, вале мазмуни чандин китобро ба дӯш дорад. Барои намуна ин ҷо танҳо як фаслро аз назар гузаронида таҳлил менамоем. Фасли сеюм, чунонки дар боло арз кардем, ба қозӣ ва наздикони ӯ бахшида шудааст. Бубинед, ки кору амали онон чӣ хел таҳлил ва маънидод карда шудаанд:
1. Ал-қозӣ – он ки ҳама ӯро нафрин кунанд.
2. Ноиб-ул-қозӣ – он ки имон надорад.
3. Ал-наввоб ва ал-вакил – он ки ҳақро ботил1 гардонанд.
4. Ал-адл – он ки ҳаргиз рост нагӯяд.
5. Ал-миёнҷӣ – он ки Худо ва халқ аз ӯ ризо набошанд.
6. Толиб-уз-зар2 – ҷонишини қозӣ.
7. Ал-биҳишт – он чӣ набинанд.
8. Ал-ҳалол – он чӣ нахӯранд.
9. Чашми қозӣ – зарфе, ки ба ҳеҷ чиз пур нашавад.
10. Ар-ришват – корсози бечорагон.
11. Ал-хатиб – хар.
12. Ал-воиз – он ки бигӯяду накунад.
13. Ан-надим – хушомадгӯ.
Аз ҳамин намунаи боло мусаллам аст, ки Убайди Зоконӣ марди бебоку нотарсе будааст ва нисбати амалҳои ношоистаи қозию хатиб ва дигар ҳаммаслакони онҳо суханони таҳқиромез гуфта, дар назди хонанда симои ҳақиқии ононро нишон додааст. Дар мавриди нишон додани кору амали онҳо аз санъати маҷоз, киноя, ташбеҳ, истиора ва ғайра бамаврид истифода бурдааст. Ба истилоҳи аввал таваҷҷуҳ намоед. Қозӣ шахсест, ки ҳама ӯро лаънат ва нафрин кунанд. Аммо нависанда ба ин суол посух надодааст, ки чаро ҳама ӯро нафрин ё дашному ҳақорат диҳанд. Ин амал ё саволро ба худи хонандагон ҳавола кардааст. Зеро халқ медонад, ки қозӣ порахӯр, хиёнаткору дурӯғгӯст.
1 Ботил – ноҳақ, беҳуда, бекора
2 Толиб-уз-зар – ҷӯяндаи зар
Аз ҳамин сабаб мардум ӯро бад мебинанд ва нафрин менамоянд. Дар ҷойи дигар (11) нависанда чашми қозиро ба зарфе, ки ба ҳеҷ чиз пур намешавад, ташбеҳ намудааст. Дар ин маврид ҳам порахӯрии қозиёни замони хешро сахт ба зери тозиёнаи танқид гирифтааст.
Убайди Зоконӣ рафтору гуфтори воизонро сахт мазаммат намуда, таъкид менамояд, ки ал-воиз касоне ҳастанд, ки мегӯянду амал ба гуфторашон намекунанд (14). Ҳамин андешаро Ҳофизи Шерозӣ низ гуфтааст. (Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд). Аз ин ҷиҳат Ҳофизи бузургвор андешаи Убайдро боз ҳам тақвият додааст. Ин ба он хотир аст, ки Убайд пеш аз Ҳофиз рӯзгор дошт. Убайд соли 1270 таваллуд ёфтааст ва Ҳофиз соли 1320, яъне вақте ки Ҳофиз ба дунё омад, Убайди Зоконӣ аллакай 50-сола буд. Аз тарҷумаи ҳоли Убайд равшан аст, ки ӯ бештари рӯзгорашро дар Шероз гузаронид ва дар бораи Ҳофиз дар осораш ягон ишорате надорад ва ягон ғазали ин ғазалсарои бузургро ҷавоб нагуфтааст. Аз эҷодиёти Ҳофиз метавон пай бурд, ки Хоҷа Ҳофиз нисбати Убайди Зоконӣ ихлос ва эҳтиром дошта будааст, ки мисоли боло тасдиқи ҳамин андешаи мост.
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Зодгоҳ ва шаҳрҳоеро, ки Убайди Зоконӣ рафта илм омӯхтааст ё зиндагӣ кардааст (Қазвин, Шероз, Бағдод) аз харита ёбед.
2. Чаро ба Шероз нависанда дилбастагии зиёд дошт?
3. Сабаби қарздор шудану аз қарзхоҳон дар ашъораш ёд кардани Убайд дар чист?
4. Чаро Убайдро бедину ҷаҳаннамӣ гуфтаанд?
5. Асарҳои назмии Убайдро номбар кунед ва шарҳ диҳед.
6. Оё Убайд достони ишқӣ гуфтааст?
7. Қиссаи «Мушу Гурба»-ро чӣ гуна асар метавон гуфт?
8. Нависанда дар симои Мушу Гурба кадом табақоти ҷомеаро нишон додааст?
9. Дар симои Гурба рафтору кирдори шоҳони Чингиз инъикос ёфтааст. Шумо ба ин ақида розӣ ҳастед?
10. Чаро Гурба дар анҷоми қисса боз аз банд раҳо ёфта, мушонро торумор кард?
11. Нависанда бо ин тарз ҳал кардани кулминатсияи қисса чӣ гуфтан мехоҳад?
12. Дар бораи асарҳои насрии Убайд маълумот диҳед.
13. Чаро Убайд номи рисолаашро «Ахлоқ-ул-ашроф» гузошт?
14. Мавзуъ ва мундариҷаи ғоявии ҳикоёти рисолаи «Дилкушо»-ро гӯед.
15. Нависанда нисбати шоҳони гузашта, аз ҷумла Султон Маҳмуди Ғазнавӣ чӣ гуна муносибат кардааст?
16. Мегӯянд, ки Убайд аз байни мардум бисёр латифаҳоро гирд оварда ба асараш дохил кардааст. Шумо ба ин фикр розӣ ҳастед?
17. Рисолаи «Даҳ фасл» бо кадом хусусиятҳои худ аз асарҳои танқидӣ фарқ мекунад?
18. Убайд чашми қозиро ба зарфе монанд кардааст. Муроди Убайд аз ин чист?
19. Чаро Убайд воизонро танқид намудааст? «Корашон ба гуфторашон мувофиқ намеояд» чӣ маъно дорад? Ҳамин маъниро бо мисол шарҳ диҳед.
ТЕСТҲО
1) Убайди Зоконӣ бештар дар кадом асарҳояш одамони танбал, муфтхӯр, фиребгарро ҳаҷв намудааст?
а) «Ахлоқ-ул-ашроф».
б) Рисолаи «Дилкушо».
в) «Сад панд».
2) «Ахлоқ-ул-ашроф» аз чанд боб иборат аст?
а) 3.
б) 5.
в) 7.
3) Дар рисолаи «Дилкушо» адиб кадом жанрҳои адабиро овардааст?
а) Мутойиба.
б) Латифа.
в) Ҳаҷвия.