Мазмун ва мундариҷаи ғазалиёти шоир «Девони кабир»

Девон асосан ғазалиёти Ҷалолуддини Балхиро дар бар мегирад ва беш аз 50 ҳазор байт дар он гулчин шудааст. Ғазалиёти адиб беш аз 7 қарн аст, ки қалби ошиқони шайдоро гарм намуда, ба инсонҳо ғизои маънавӣ бахшидаанд. Ғазалиёти Мавлоно на танҳо барои форсизабонони дунё маҳбубият, волоият, арзандагӣ доранд, балки барои ҳамаи мардуми олам мақбулу азизанд. Ӯ дар ғазалҳояш ишқи инсон, дарду ғами инсон ва бузургии инсонро ситоиш кардааст. Ҷалолуддини Балхӣ инсонҳоро ба якдигар баробар, бародар медонист. Барои ӯ мафҳуми миллат, халқ, дину мазҳаб як маъно доштанд ва онҳоро баробар ва яксон медонист. Душмани қаттоли ӯ Чингизхони хунхор маҳсуб шуд. Барои ӯ кишварҳо, давлатҳо, марзу бум гӯё вуҷуд надоштанд.

1 Мутойиба – зарофат, хушгӯйӣ, шӯхӣ

Оре, дарду ғами инсон, орзую омоли аҳли сайёра мағз андар мағзи ғазалиёти шоирро фаро гирифтааст. Дар бораи тавоноии ин шоири файласуфи лирикӣ қиссаҳо, ривоятҳо зиёданд, ки дар ҳамаи онҳо Ҷалолуддин тавсифу ситоиш ёфтааст. Мавлоно Афлокӣ дар бораи шахсиятҳои бузурги илму адаб дар асараш ҳикояте, нақлу ривояте овардааст. Аз ҷумла, дар бораи Мав лоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳам чанд ҳикояте овардааст, ки ҳоло муносиб аст як нақли ӯро мазмунан ба шумо ҳикоят намоем. Ҷалолуддин ва Саъдӣ ҳангоми сайру саёҳатҳояшон ба Кунияю Шероз рафта якдигарро зиёрат карда буданд ва бо ҳам риштаи дӯстию бародарӣ ва ҳамкории адабӣ ҳам дошта буданд. Боре малик Шамсиддин ба Саъдӣ нома навишта хоҳиш менамояд, ки барояш ғазале иншо бикунад, ки он ғазал мазмуни ғариб ва санъатҳои аҷиб дошта бошад.

Шайх Саъдӣ ғазали Мавлоно Ҷалолуддинро, ки бо чунин матлаъ1 оғоз меёфт:

«Ҳар нафас овози ишқ мерасад аз чаппу рост,

Мо ба фалак меравем, азми тамошо кирост?»

бо номае ба Шамсиддин фиристоданд ва дар он нома Саъдӣ чу нин нигошта буд: «Дар иқлими Рум подшоҳе муборакқадам зуҳур кардааст ва ин нафоқат ӯрост. Аз ӯ беҳтар ғазале нагуфтаанд ва низ нахоҳанд гуфтан. Маро ҳаваси он аст, ки ба зиёрати он султон ба диёри Рум равам ва рӯйро ба хоки пойи ӯ бимолам».

Дар ҳамин мавзуъ Давлатшоҳи Самарқандӣ дар тазкираи хеш «Тазкират-уш-шуаро» зикре дорад: «Гӯянд дар хонаи Мавло но сутуне буд. Чун ғарқи баҳри муҳаббат шудӣ, даст дар он сутун задӣ ва ба чарх омадӣ ва ашъори пуршӯр мегуфт ва мардум он ашъор менавиштанд».

Суханони боло гувоҳи онанд, ки Мавлоноро дар рӯзгораш дар байни бузургон чун Саъдӣ эътиқодмандон буданд ва эҳтиро маш мекарданд. Саъдӣ ба ғазалиёти Ҷалолуддин баҳои сазовор дода, шояд ӯро дар Куния зиёрат карда бошад. Ва ҳамчунон Ҷа лолуддин ҳам ба дидори Шайх Саъдӣ мушарраф гардида будааст.

1 Матлаъ – а) ҷойи тулӯъ, баромадгоҳи Офтобу Моҳ; б) байти аввали ғазал ё қасида

Мавзуъҳои ғазалиёти Мавлоно хеле рангинанд. Ишқу муҳа ббати илоҳӣ ва заминӣ, яъне ишқи поки инсонӣ, ҳамсадои дили пуртуғёну меҳрангези ин ошиқу ин ориф будааст.

Дар ғазали «Маро чӣ ғам будӣ » Мавлоно ба мавзуи мубрами рӯз баргашта, инсонҳоро ба сабру таҳаммул ҳидоят намудааст.

1. Гарам симу дирам будӣ, маро мунис чӣ кам будӣ?

В-агар ёрам фақир астӣ, зи зар фориғ чӣ ғам будӣ?

2. Худоё, ҳурмати мардон, зи дунё фориғаш гардон!

Аз он ки фориғ астӣ, ӯ зи пеши ман чӣ кам будӣ?

3. Нигоро, гар маро оҳӣ в-агар ҳамдарду ҳамроҳӣ,

Макун оҳу махӯр ҳасрат, ки бахтам муҳташам будӣ.

4. Буто, зебову некуӣ, раҳо кун ин гадорӯйӣ,

Агар чашми ту сер астӣ, фалак моро ҳашам1 будӣ.

5. Зи тамъи одамин бошад, ки хеш аз ӯст бегона,

В-агар ӯ бетамаъ будӣ, ҳама кас холу2 ам3 будӣ.

Дар байти нахусти ғазал Мавлоно, яъне қаҳрамони лирикӣ, аз он ёд мекунад, ки агар ман молу сарват, симу зар дошта боша му ёру дӯстонам муҳтоҷ, бароям ин хуш нест. Молу симу зар ба роям мунис шуда наметавонанд. Дар байти дувум аз Худо илтиҷо мекунад, ки аз дунёпарастӣ, аз нафси бад дӯстонашро раҳо кун, наҷот деҳ. Дар байти сеюм шоир аз рӯзгори хеш ба ёри меҳру бонаш ишорат мекунад, ки агар меҳру муҳаббат ба ман дошта бошӣ, вафодор бошӣ, пас ба ҳамаи додаҳои Худованд шукрона бикун, дарду ҳасрат нанамо. Ана ҳамон вақт ман худро хушбахту саодатманд ҳисоб хоҳам кард. Гузашта аз ин, шоир рафиқашро ба шикастнафсӣ, назарбаландӣ ҳидоят менамояд ва таъкид кар дааст, ки ҳаргиз гадотабъ набошад. Агар чашмат аз молу макони дунё сер бошад, ҳамин бахту иқболи ман шуда метавонад. Мурод аз байти чорум ҳамин аст.

1 Ҳашам – шукӯҳ, дабдаба

2 Хол – тағо

3 Ам – амак

Дар байти панҷум тамаъ ва тамаъҷӯйиро сахт мазаммат кар дааст. Мавлоно Ҷалолуддин дар ғазали «Тавофи каъбаи дил кун» бузургии инсонро басо неку ситоиш ва тавсиф намудааст:

1. Тавофи каъбаи дил кун, агар диле дорӣ,

Дил аст каъбаи маънӣ, ту гил чӣ пиндорӣ!

2. Тавофи Каъбаи сурат Ҳақат бад-он фармуд,

Ки то ба воситаи он диле ба даст орӣ.

3. Ҳазор бор пиёда тавофи Каъба кунӣ,

Қабули Ҳақ нашавад, гар диле биёзорӣ.

4. Хамӯш, васфи дил андар баён намегунҷад,

Агар ба ҳар сари мӯе дусад забон дорӣ.

Пеш аз он ки ғазалро таҳлил бикунем, зарур медонем, ки чанд сухан дар бораи Каъба, ки онро хонаи Худо гӯянд, ба арзатон бирасонем. Таърих гувоҳ аст, ки Каъбаро Ҳазрати Иброҳими Халилуллоҳ бо писараш Исмоил бунёд кардаанд ва он ҷойгоҳ зиёратгоҳи ашхоси гуногунмазҳабу гуногунойин қарор гирифт. Ҳатто бутпарастон ба он ҷо омада, бутҳоро зиёрат мекарданд, тавоф менамуданд. Пас аз он, ки дини ислом пайдо гардид, зиёрат кардани дину оинҳои ғайрро манъ карданд ва асли Каъбаро барқарор намуданд. Ин соли 9-уми ҳиҷрӣ, яъне соли 631 мелодӣ буд. Аз ҳамон вақту соат аҳли ислом ва умуман мусалмонони дунё ба Макка омада, Каъбаро зиёрат мекардагӣ шуданд. Ин мавзуъ ва ин масъаларо бузургон баррасӣ намуда, чунин гуфтаанд:

Дил ба даст овар, ки Ҳаҷҷи акбар аст,

Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.

Каъба бунёди Халили Озар1 аст,

Дил гузаргоҳи Ҷалили Акбар2 аст.

Шоистаи гуфтан аст, ки ҳамин маънӣ дар ғазали «Тавофи каъбаи дил кун» хеле хуб инъикос ёфтааст, ки ҳоло бо ҳам онро таҳлил хоҳем кард.

Дар байти нахусти ғазал Мавлоно таъкид мекунад, ки агар дил дошта бошӣ, фаҳмишат, ақлу фаросатат бирасад, дили ин сонҳоро наранҷон.

1 Халили Озар – Иброҳими Халил

2 Ҷалили Акбар – Худои бузург

Зиёрат кардани дил чӣ маънӣ дорад? Ҳар як инсон дил дорад ва чунонки дар боло ёд кардем, нозуктарин аъзои инсон аст. Агар он таҳқир бубинад, касе нотавонаш бигирад ва ғаму андуҳ боло яш нишинад, бисёр бад аст ва Худоро хуш наояд. Ашхосе, ки ба рои ранҷонидани диле саъю талош меварзанд, асло Парвардигор гуноҳи онҳоро намебахшад. Албатта, оятҳои «Қуръон» гуфтаҳои Худою Расули барҳақи вай Муҳаммади Мустафоро Мавлоно Ҷа лолуддини Балхӣ хонда, нағз дар ёд дошта. Бинобар ин ҳамин мавзуъро аз нигоҳи хеш дар ғазали боло матраҳ кардааст. Акнун мегузарем ба таҳлили ғазал. Дар байти аввал Мавлоно мегӯяд, ки агар ақл дошта бошӣ, Каъбаро дил бишмору онро зиёрат кун. Албатта, зиёрат кардани дил ҳадафи асосии Мавлоност. Он чӣ маъно дорад? Маънояш он аст, ки дили инсонро наранҷон, озор надеҳ, тавонӣ, дар ғаму шодии соҳибдиле бош, дилбардориаш намо, ғаму андуҳро аз дилаш барор. Агар ҳамин корро анҷом би диҳӣ, шоиста бошад. Он чизе, ки мо гуфтем, маънии каъбаи дил ҳамин аст ва ҳаргиз онро нодида магир, гилаш мапиндор.

Дар байти дувум Ҷалолуддини Балхӣ хотиррасон кардааст, ки он ҷое ки зиёраташ мекунӣ, Каъбаи сурат аст ва он ҷойро ба он муроду мақсад зиёрат мекунӣ, ки дилеро ба даст орӣ ва ин дил дили Ҳақ аст. Давоми мантиқии ин байт дар байти сеюм равшан тар зоҳир гардидааст. Дар ин маврид аз санъати муболиға бамав рид истифода бурда, таъкид менамояд, ки агар ҳазор маротиба пиёда Каъбаро зиёрат кунию дили касеро биёзорӣ, зиёрати ту дар назди Худованд қабул нашавад.

Ғазали «Эй қавми баҳаҷрафта, куҷоед, куҷоед?!» давоми мантиқии ғазали боло – «Тавофи каъбаи дил кун» буда, ашхоси сарсону саргардон – ҳоҷиёнро хитоб менамояд, ки азобу ранҷ ка шида, биёбону саҳро тай мекунанд ва дар ҷустуҷӯйи маъшуқанд. Вале ин маъшуқ дар гирду атрофи хонадони онҳо, дар деҳу шаҳри онҳо чашм ба роҳашон истодааст. Онон ашхоси мусибатзада, ғаму кулфатдида, ранҷу азобкашида – дарвешон, мардуми кам бизоатанд. Ба онон кумак бирасонед, дили онҳоро ёбед, тавофи дили онҳо кунед, на аз пайи ҷустуҷӯйи сурате, буте бигардеду ба зоҳир бигардед. Аз ҳамин нигоҳ ғазали зерро таҳлил кунед ва ба ҳаёти имрӯз, ба гуфтаҳои роҳбари давлат қиёс намоед:

Эй қавми баҳаҷрафта, куҷоед, куҷоед?!

Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед!

Маъшуқи ту ҳамсояи девор ба девор,

Дар бодия1 саргашта шумо дар чӣ ҳавоед?

Гар сурати бесурати маъшуқ бубинед,

Ҳам хоҷаву ҳам бандаву ҳам қибла шумоед!

Сад бор аз он роҳ бад-он хона бирафтед,

Як бор аз он хона бад-он бом бароед!

Он хонаи лутф аст, нишонҳош бигуфтед,

Аз соҳиби он хона нишоне бинамоед!

Ба ҷавоби ин ғазали дардошнову пандомӯз шоҳбайти халқӣ:

Об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем,

Ёр дар хонаву мо гирди ҷаҳон мегардем

-ро метавон зикр кард. Оре, ҳам хоҷа, ҳам банда, ҳам қибла ва гузашта аз ин, кӯзаю ҳам хона дил аст ва онро бояд шод гардонд. Ҳамин аст одаму одамгарӣ, ҳамин аст лутфу марҳамати инсони поку шариф ва чунонки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ гуфтааст, аз ҳазорон тоату ибодат, аз ҳазор бор зиёрати Каъба кардан зи ёрати дили инсон авлотар мебошад.