Ҳаёти адабӣ

Дар қарнҳои XV – XVI адабиёти бадеӣ низ густариш ёфта, соҳаҳои мухталифи зиндагиро дар худ инъикос менамуд.

Дар ин асрҳо ҳаёти адабӣ бештар дар шаҳрҳои Ҳирот, Самарқанд, Табрез ва Бухоро ривоҷу равнақ ёфт. Дар шаҳрҳои номбурда мактабҳои адабӣ амал мекарданд, ки ин мактабҳо дар эҷоди каломи бадеӣ бо якдигар мусобиқа доштанд. Масалан, мактаби адабии Ҳирот, ки ташкилкунанда ва сарвари он мутафаккири бузург Абдурраҳмони Ҷомӣ буд, дар таърихи адабиёти тоҷику форс таъсири амиқе гузоштааст. Намояндагони ин мактаб адабиёти 500-600-солаи моро ҷамъбаст карда, дар аксарияти жанрҳои адабӣ асарҳои мукаммал эҷод намудаанд.

Дар нимаи дуюми асри XV ба Ҳирот аз шаҳрҳои гуногун толибилмон ва ҷавонони эҷодкор барои таҳсилу аз имтиҳони адибони бузург – Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ гузаштан меомаданд. Онҳо дар ин ҷо истеъдоди худро такмил медоданд, ба ашъори шоирони бузурги гузашта назира мегуфтанд ва дар ҷамъомадҳои худ шеърҳои якдигарро муҳокима мекарданд. Ҷомӣ асарҳои онҳоро хонда, дар охир ба шоирони ҷавон маслиҳат медод. Ҳатто ҷавонони болаёқатро ба наздаш даъват карда, аз онҳо имтиҳон мегирифт. Масалан, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Бадриддини Ҳилолӣ ва Мавлоно Ҳотифӣ (хоҳарзодаи Ҷомӣ) аз имтиҳони устодони мактаби адабии Ҷомӣ бомуваффақият гузашта буданд.

Бешубҳа, натиҷаи ғамхории падаронаи он устодони сухан буд, ки мактаби адабии Ҳирот самараи хуб дод. Дастпарварони ин мактаб Камолиддини Биноӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Маҳмуди Восифӣ, Бадриддини Ҳилолӣ дар таърихи адабиёти классикии асри XVI мақоми хосса пайдо карданд. Дар асрҳои XV-XVI доираҳои адабии Самарқанд, Бухоро ва Табрез бо якдигар муносибати наздик доштанд. Вале ин доираҳои адабӣ назар ба мактаби адабии Ҳирот хеле заиф буданд. Дар доираи адабии Ироқ Қозӣ Исо, Ҷалолуддини Даввонӣ ва Дарвеши Деҳакӣ (ба эҷодиёти ӯ Ҷомӣ ва Навоӣ баҳои баланд додаанд) мавқеи калон доштанд.

Аммо баъди Хуросонро ишғол кардани Исмоили Сафавӣ бисёр бузургони илму адаб ба Ҳиндустон, Бухорову Самарқанд, Тошканд, Табрез рахти сафар бастанд ва ҳамин тавр, мактаби адабии Бухорову Тошканд қувват гирифт. Албатта, дар нашъунамои доираҳои адабӣ намояндагони мактаби адабии Ҳирот, ки асосан ба Бухорову Тошканд рафта буданд, нақши бузург доштанд. Восифӣ дар бораи вазъи илмиву адабии Бухоро маълумот дода чунин мегӯяд:

«Хонаи Хоҷа Ҳошимӣ ҷамъомадгоҳи арбоби фазлу камол буд. Ҳар рӯз ҷамъе аз шоирони Бухоро дар он ҷо ҷамъ мешуданд. Одати Хоҷа он буд, ки ҳар рӯз дар ҳузури шуаро байте мехонданд, ё ғазалеро ба миён меандохтанд ва шоиронро ба ҷавобгӯйӣ ба он байт ё ғазал даъват мекарданд. Рӯзе гуфтанд: «Табъро бекор намебояд гузошт ва ӯро машғул мебояд дошт, ки коҳилӣ муҷиби касолати табъу тавлиди зеҳн мебошад. Баъд фармуданд, ки аз ғазалиёти Хусрави Деҳлавӣ ва ҳазрати Махдум (Ҷомӣ), Мавлоно Котибӣ ва ғайра анқариб ба сад ғазал интихоб намуда шавад. Ва ба хотири расида, ки аз ёрон илтимос намуда шавад, ки онро татаббӯъ намоянд».

Мувофиқи тадқиқоти пурратари сарчашмаҳои адабӣ ҳаёти адабии Мовароуннаҳр нисбат ба ҳаёти адабии Хуросон хеле суст ҷараён дошта будааст. Масалан, дар тарҷумаҳои (Фахрӣ, Қазвинӣ) «Маҷолис-ун-нафоис»-и Алишери Навоӣ дар бораи 471 нафар шоир маълумот дода мешавад. Аз ин 471 шоир 75 нафари онҳо аз Мовароуннаҳр мебошанду халос. Боқӣ аз мардуми Хуросонанд. Илова бар ин, аз 75 адибе, ки дар сарзамини Мовароуннаҳр зиндагӣ мекарданд, аксарияташон берун аз дарбор эҷод карда, ба коре машғул буданд. Дар мактаби адабии Ҳирот ҳам намояндагони касбу кори гуногун фаъолона иштирок доштанд. Масалан, 61 нафар шоир намояндаи 29 навъи санъати ҳунармандӣ буданд.

Ҷангҳои дохилӣ, зиёд гардидани зулму истисмори чи ашрофи дохилӣ ва чи ҳокимони забткор ва зам гардидани андозҳо боиси қашшоқ гардидани омма, махсусан ҳунармандон, косибон ва деҳқонон шуд. Муаллифи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» ҳаёту зиндагии ҳамин гуна одамони мазлуму бечора ва шоирони муфлисро дар осораш бо сӯзу ҳаяҷон ба хонандагон ҳикоят мекунад. Масалан, Мавлоно Ҳасаншоҳ яке аз шоирони боистеъдод буд. Шеърҳои ҳаҷвия, қитъаоти ахлоқии зиёде дошт. Вале бисёр фақирона зиндагӣ мекард. «Соле, – мегӯяд Зайниддин Восифӣ, – дар Ҳирот зимистони ниҳоят сахт омад. Сармо шиддат гирифт. Мавлоно Ҳасаншоҳ, ки чизе надошт, аҳволаш танг шуд, ба ҷон омада писарашро гуфт:

– Монанди мотамзадагон кабуд пӯш. Ба дари хонаи Мир Али шер рав! Мир ки туро бинад ва пурсад, гӯй, ки падарам аз дорул фано ба дорулбақо реҳлат намуд. Мир ҷиҳати такфин ва таҷҳиз чизе хоҳад дод. Ба бозор рафта, асбоби маош харида ба хона ор!

Чун ба ин сурат ба хонаи Мир омад, Мир ӯро талабида пурсид:

– Воқеа чист?

Гуфт:

– Падарам вафот кард.18

Бо шунидани ин хабар дар чашмони Мир об чарх зад ва гуфт:

– Дареғ аз Мавлоно Ҳасаншоҳ, ки аз наводири рӯзгор буд.

Баъд ба маблағи 300 танга ба вай инъом фармуд. Рӯзи дигар Мавлоно ба дари хонаи Мир омад. Чун чашми Мир ба вай афтод, аз ханда пушт ба девор ниҳод ва гуфт:

– Эй мулло ! Шумо мурда будед? Ин чӣ ҳолат аст?

– Гуфт:

– Эй Мир, агар он инъом намешуд, мурда будем».

Ин саргузашти ғамангези Мавлоно Ҳасаншоҳи шоир пурра собит менамояд, ки аҳли қалам, аҳли ҳунар бо зиллату хорӣ умр ба сар мебурданд. Маҳз дар он рӯзгор ёрию мададгорӣ, пуштибонию сарпарастии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ буд, ки баъзеи онҳо як бурдаи нон ёфтаву эҷод кардаанд.

Бояд эътироф кард, ки қисми зиёди шоирони дарбор ба манфиати халқ хизмат мекарданд, идеяҳои гуманистӣ, адолатпарварӣ ва амсоли инро дар эҷодиёти худ тараннум менамуданд. Мисоли равшани инро мо дар эҷодиёти Зайниддин Маҳмуди Восифӣ дида метавонем. Ӯ як қисми ҳаёти худро дар дарбор гузаронид, вале эҷодиёти худро ба манфиати халқ бахшидааст. Нависанда шоирони маддоҳ, хушомадгӯйро бад мебинад ва дар баробари ин аҳли қаламро даъват менамояд, ки ҳамеша дар назди амирон, ҳокимон назарбаланд бошанд, қадри сухани худро паст назананд. Масалан, Восифӣ ин матлабро бо овардани як ҳикоят аз номи шоири асри XV Бобо Савдоӣ ин тавр баён кардааст: «Бобо Савдоӣ бо ҷамоае аз зурафо дар хиёбоне нишаста мутойиба мегуфтанд, ки Бойсунғур Мирзо аз дур намоён мешавад. Ба ҷуз Бобо Савдоӣ ҳама хеста ба ӯ таъзим мекунанд. Баъд аз рафтани подшоҳ одамон ӯро таъна кардаанд, ки чаро ба Мирзо таъзим накардӣ. Бобо Савдоӣ дар ҷавоб: «Маро парвои подшоҳони олам нест. Ман писари Худоям», – мегӯяд.

Нависанда зимни ин сухан озодӣ ва қиммату арзиши инсонро дар ҷойи аввал мегузорад. Нависанда ба инсон хитоб карда, гуфтанӣ шудааст, ки ҳаргиз худашро дар назди аҳли ҷоҳу сарват хору залил нагардонад, ҳамеша сарбаланд бошад.

Воқеан, аз тарафи муаллиф баён кардани ин фикр бесабаб набуд. Далелҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки дар асрҳои XV ва XVI қадру қимати инсони ҳақиқӣ дар назди шоҳу ҳокимон хеле паст гардид, ба он чун ба ҳайвон муомила мекарданд. Илова бар ин, ба ҳамаи ин хорию беҳурматӣ нигоҳ накарда, бисёр одамон расми хушомадгӯйиро дар назди соҳибмансабон ба дараҷаи олӣ расонида буданд. Ба ин гурӯҳ шоирони маддоҳ Мавлоно Тунӣ, Амир Ҷалолуддин, Мавлоно Аҳлии Шерозӣ ва дигарон дохил мешуданд. Нависанда ҳамаи инро дар ҳаёт бо чашмони худ медид ва албатта, дар ин бора хомӯш истода наметавонист.

Вале бояд зикр кард, ки дар адабиёти ин давра намояндагони мактаби адабии Абдурраҳмони Ҷомӣ, ки ба он Давлатшоҳи Самарқандӣ, Мавлоно Унсӣ, Алишери Навоӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Камолиддини Биноӣ, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Бадриддини Ҳилолӣ ва дигарон шомил буданд, эҷодиёти худро ба манфиати халқ бахшида, идеяҳои гуманистӣ, адолатхоҳӣ ва раиятпарвариро тарғиб намудаанд. Масалан, Ҷомӣ мақсади зиндагии ҳар як фард, ҳар як адиб, ҳар як инсонро дар некию накукорӣ нисбат ба халқ мебинад. Монанди шамъ шудан лозим, то зиндагии дигаронро фурӯзон кунӣ, мисли абри баҳорон борон рехта, ба олами наботот ҷону дармони тоза бубахш – ҳамин аст мақсади зиндагии ҳар як инсон, – мегӯяд Ҷомӣ.

Шамъ шав, шамъ, ки худро сӯзӣ,

То ба он базми касон афрӯзӣ.

Абр шав, то ки чу борон резӣ,

Бар гулу хас ҳама яксон резӣ.

Адибони фавқуззикр маҳз аз рӯйи чунин гуфтаҳои Ҷомӣ амал карда, эҷодиёти худро ба манфиати халқ равона карда буданд. Онҳо мадҳу ситоиши шахсони нолоиқро барои худ таън мешуморанд. Дар ин бора Бадриддини Ҳилолӣ хеле хуб гуфтааст:

Шодам, ки дар ин се баҳри асрор

Бар сангдилон наям гуҳарбор.

Ман нома ба номи кас накардам,

Инъоми касе ҳавас накардам!

Дар эҷодиёти онҳо танқиди замона, тарзи давлатдорӣ, зулму истисмори шоҳону ҳокимон мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Масалан, Камолиддини Биноӣ дар баробари танқиду накуҳиш кардани золимон, инчунин онҳоро аз оқибати нохуши кирдорашон огоҳ месозад.

Рахши давлат ба зулм агар ронӣ,

Ҳамчу хар дар халоб дармонӣ.

Поймоли ҷафо ба кас маписанд,

Ки ба мехи ҷафо шавӣ побанд.

Жанрҳои адабӣ. Дар адабиёти асрҳои XV – XVI мисли асрҳои пешин асосан назм ҳукмрон буд. Асарҳои манзум чи аз ҷиҳати шакл ва чи аз ҷиҳати мазмун назар ба асарҳои насрӣ мавқеи муҳимтареро ишғол мекарданд. Ғазал, қасида, достон, рубоӣ, қитъа, мухаммас, таркиббанд, тарҷеъбанд, мустазод шаклҳои маъмултарини адабиёти ин асрҳо ба шумор мерафтанд.

Дар эҷодиёти аксарияти шоирони ин асрҳо ғазал мавқеи асосӣ дошт. Ғазал бештар аз ҷиҳати шакл ба ғазалҳои шоирони пешин монандӣ дорад. Вале ба ҳар ҳол, дар ғазалҳои ин давр, дар мундариҷаи ғоявии онҳо баъзе дигаргуниҳо мушоҳида мешавад. Чунончи, дар ин асрҳо шоироне пайдо мешаванд, ки дар ғазалҳои худ кору зиндагии санъатварон, аҳли ҳунар ва хусусияти касбҳои онҳоро ба тарзи мушаххас тасвир мекунанд. Ин хусусият бештар дар ғазалиёти Сайфи Бухороӣ, Абуисҳоқи Атъима мушоҳида мешавад.

Қасида ҳам бо ду роҳ тараққӣ мекунад. Қасидаҳои ахлоқӣ, фалсафӣ бештар дар эҷодиёти Абдурраҳмони Ҷомӣ, Навоӣ, Биноӣ ба назар мерасанд, ки ин давоми анъанаҳои шоирони бузурги гузашта Рӯдакӣ, Носири Хусрав, Низомӣ, Саъдӣ ва дигарон мебошад. Қасидаҳои мадҳӣ бештар дар эҷодиёти шоирони маддоҳи дарбор дида мешаванд.

Навиштани асарҳои ахлоқӣ дар ин асрҳо вусъат меёбад. Махсусан, асарҳои тарбиявию ахлоқии Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Бадриддини Ҳилолӣ мавқеи калонро ишғол менамоянд. «Ахлоқи Ҷалолӣ»-и Ҷалолуддини Давонӣ, «Футувватномаи султонӣ», «Ахлоқи Муҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Макорим-ул-ахлоқ»-и Хондамир, «Беҳрӯзу Баҳром»-и Камолиддини Биноӣ низ ба ин мавзуъ бахшида шуда, муаллифон дар асарҳои худ доир ба бисёр масъалаҳои ахлоқӣ фикру мулоҳизаҳои пурқимат баён кардаанд.

Дар ин асрҳо назира гуфтан ба достонҳои қаҳрамонӣ, ишқӣромантикӣ вусъат меёбад. Онҳо ба «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ ҷавоб мегӯянд. Вале ба ғайр аз Ҷомиву Абдибеки Шерозӣ ва дар адабиёти ӯзбек Навоӣ ба ягон каси онҳо муяссар нагардид, ки ба «Хамса» пурра ҷавоб гӯянд. Ҷомӣ бидуни ҷавоби достонҳои «Хамса», миқдори онро зиёд намуда, ба ҳафт расонд, ки ин, албатта, дар хамсасароӣ як тағйироти ҷиддие буд. Шоирон Мавлоно Ҳотифӣ, Шаҳобиддини Ҷомӣ, Амир Суҳайлӣ, Бадриддини Ҳилолӣ, Ашраф ва дигарон танҳо ба ду-се достони «Хамса»-и Низомӣ ҷавоб гуфтаанду халос.

Ғайр аз ин, дар ин асрҳо шоирони зуллисонайн, яъне дузабона пайдо мешаванд, ки онҳо ҳам ба забони тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва ҳам арабӣ шеъру достон эҷод мекарданд, ки сарвари онҳо Алишери Навоӣ буд.

Дар ин давра наср ҳам хеле пеш меравад. Асарҳои насрӣ чи аз ҷиҳати забону тарзи баён ва чи аз ҷиҳати услубу композитсияи худ аз якдигар фарқи калоне доштанд. Асарҳои насрии Абдурраҳмони Ҷомӣ («Баҳористон», «Нафаҳот-ул-унс»), Ҳусайн Воизи Кошифӣ («Футувватномаи султонӣ», «Ахлоқи Муҳсинӣ», «Анвори Суҳайлӣ»), Фахриддин Алии Сафӣ («Латоиф-уттавоиф»), Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, («Бадоеъ-ул-вақоеъ») намунаи барҷастаи насри ин асрҳо буда, аз ҷиҳати забон ва тарзи баён сода ва фаҳмо мебошанд. Вале дар ҳамин давр асарҳои насрие низ иншо шудаанд, ки забонашон ниҳоят душворфаҳм буда, муаллифон бештар ба истифодаи калимаю ибораҳои арабӣ аҳаммият медоданд.

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Мавқеи марказҳои илмиву адабӣ дар пешрафти маданияти тоҷик чӣ гуна буд?

2. Чаро аввал илмҳои дақиқ ва баъдтар улуми динӣ тараққӣ карданд?

3. Аҳаммияти асарҳои таърихиро дар равшан намудани ҳодисаҳои сиёсии асрҳои XV – XVI дар чӣ мебинед?

4. Оё асарҳои адабиётшиносии ин асрҳо аз қарнҳои пешин фарқ доштанд?

5. Дар он давра кадом санъатҳо тараққӣ намуданд?

6. Мусиқишиносони ин асрҳо дар такомули «Шашмақом» чӣ хизмат карданд?

7. Фикри шумо дар бораи тамоилҳои адабии ин асрҳо чӣ гуна аст?

8. Бештар кадом жанрҳои адабӣ инкишоф ёфтаанд?

9. Оё аз ҷиҳати шаклу мазмун дар адабиёти ин асрҳо ягон навоварие ба вуҷуд омад?

10. Пайравони Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ чаро ба ҳамаи асарҳои онҳо ҷавоб нагуфтанд?

11. Мактаби адабии Ҷомӣ чӣ хусусият ва чӣ аҳаммият дошт?

12. Чаро адабиёти асри XV-ро ҷамъбасти 500-солаи адабиёти тоҷику форс мегӯем?

13. Фикри шумо дар бораи адабиёти асрҳои XV – XVI чӣ гуна аст?

ТЕСТҲО

1) «Тазкират-уш-шуаро» асари кадом адиб аст?

а) Ҳотифӣ.

б) Давлатшоҳи Самарқандӣ.

в) Кошифӣ.

2) Муаллифи «Равзат-ус-сафо» кист?

а) Ҳофизи Таниш.

б) Мирхонд.

в) Хондамир.

3) Кадом жанрҳои адабӣ дар ин асрҳо ривоҷ ёфтанд?

а) Таърихӣ.

б) Бадеӣ.

в) Ахлоқӣ.