Мундариҷаи идеявии ашъори тоҷикӣ-форсии Навоӣ (Фонӣ)

Навоӣ як қисми асарҳояшро ба забони тоҷикӣ-форсӣ эҷод кардааст. Аз мутолиаи ашъори тоҷикии адиб равшан мегардад, ки ӯ хусусияти назми моро хеле хуб медонистааст. Худи шоир ба ин маънӣ ишорат карда чунин мегӯяд:

Маънии ширину рангинам ба туркӣ беҳад аст,

Форсӣ ҳам лаълу дурҳои самин, чун бингарӣ.

Гӯиё дар ростбозори сухан бикшудаам

Як тараф дукони қаннодию як сӯ заргарӣ.

Девони тоҷикии Навоӣ бо номи «Майдони балоғат» шуҳрат дорад ва қариб чор ҳазор байтро дар бар мегирад. Дар девони шоир ғазал мавқеи асосӣ дорад. Як хусусияти муҳимми девони Навоӣ аз он иборат аст, ки адиб пеш аз ҳар як ғазал ба кадом шоири гузашта пайравӣ карда эҷод карданашро зикр мекунад. Масалан, «Татаббӯи Мир Хусрав1», «Татаббӯи ҳазрати Махдумӣ2» ва ғайра.

Ғазалҳои Навоӣ бештар дар пайравии ғазалиёти Амир Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ ва Ҷомӣ эҷод шудаанд. Мавзуъҳои ғазалиёти Навоӣ гуногунанд. Вале шоир бештари онҳоро дар мавзуи ишқ сурудааст. Шоир баъзан дар ғазалҳояш лирикаи ишқиро бо лирикаи иҷтимоӣ омезиш медиҳад. Ин хусусият дар ҳамаи ғазалҳое, ки дар пайравии Ҳофиз гуфтааст, ба назар мерасад. Масалан, дар ин байт шоир аз носозиҳои замон, фитнаю найранг, туҳмату буҳтонҳои як гурӯҳ одамони пастфитрати рӯзгораш шикоят карда, орзу дорад, ки онҳо росткору ростқавл, монанди алиф, мисли қади ёраш рост бошанд:

Каҷҷию кӯтаҳии давр малулам доранд,

Рост хоҳам, алифи қомати дилдор куҷост?

Навоӣ дар ғазалиёташ зебоиҳои ҳаётро бо як ҳиссиёти баланд тараннум мекунад. Адиб омадани баҳору шукуфтани гулҳои рангорангро васф карда, одамонро даъват мекунад, ки умри инсон ғанимат аст, аз ин зебоиҳои ҳаёт баҳра бояд бурд:

Омад баҳори дилкашу гулҳои тар шукуфт,

Дилҳо аз он нишот зи гул бештар шукуфт.

Дил аз сабоҳати3 рухи хубат кушода шуд,

Монанди ғунчае, ки ба вақти саҳар шукуфт.

Қитъа ва рубоиёти Навоӣ низ содаю равон буда, дар мавзуъҳои гуногун суруда шудаанд. Шоир дар қитъаоти худ хислатҳои наҷиби инсониро тараннум карда, дар баробари он тамаъкорӣ, мардумфиребӣ, дурӯғгӯйӣ, золимӣ барин сифатҳои пастро мазаммат намудааст.

1 Мир Хусрав – Амир Хусрави Деҳлавӣ

2 Ҳазрати Махдумӣ – Абдурраҳмони Ҷомӣ

3 Сабоҳат – хушрӯйӣ, дилкашӣ, сафедчеҳрагӣ

Ҷавонмард аз карам муфлис нагардад,

Сахиро аз ато чин нест дар чеҳр.

Ба пошидан чӣ нақс1 ояд ба дарё,

Ба афшондан чӣ кам гардад зари меҳр?