Восифӣ қариб тамоми ҳаёти худро дар байни табақаи болоӣ гузаронидааст. Аз ин ҷост, ки вай хислату авзои онҳоро хуб медонад ва дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» аз ҳаёти онҳо ҳикояту саргузаштҳои аҷиберо нақл мекунад. Дар ин нақлу ҳикоятҳо адолатхоҳӣ, дурандешӣ, хирадмандии баъзе шоҳон ва золимӣ, гумроҳию нодонӣ ва пастфитратии подшоҳону ҳокимон ва дигар соҳибмансабони рӯзгор, гоҳ бо номҳои аслиашон ва гоҳ зимни персонажҳои манфии ҳикоятҳо ба зери тозиёнаи танқид гирифта шудаанд.
Восифӣ ҳаргиз дар гуфтани сухани ҳақ ибо намекард. Ӯ шоҳони рӯзгор Келдимуҳаммад, Ҳусайни Бойқаро, Абусаид Мирзо ва вазирону ҳокимонро бо номҳои ҳақиқиашон мазаммат мекард, нодонию гумроҳии онҳоро фош менамуд. Масалан, Восифӣ дар ин бора ҳикояти «Кимёгар»-ро меорад. «Овоза дар шаҳри Ҳирот афтод, ки дар вилояти Нишопур шахсе пайдо шуд, ки илми иксир ва кимиёро неку медонад. Ва қудрати вай дар ин фан то ба ҳаддест, ки дар як шабонарӯз сад ман мис ва сад ман қалъагиро тиллову нуқраи холис месозад. Подшоҳ кимёгарро ба Ҳирот даъват мекунад. Ҳамаи аркони давлат ба пешвози ӯ мебароянд. Худи Ҳусайни Бойқаро таассуф мехӯрад, ки «Эй дареғ, пойҳоям итоат намекунанд, ки дар рикоби он ҳазрат (кимёгар) пиёда равам». 40 рӯз кимёгарро иззату эҳтиром мекунанд. Дар рӯзи 41 сирру асрори кимёгар фош мешавад ва ӯро сангсор мекунанд».
Восифӣ ба воситаи ҳикояти мазкур пулпарастӣ, нодонию гумроҳии шоҳони замонро дар симои Ҳусайни Бойқаро нишон медиҳад. Худи муаллиф дар охир ба хулосаи зерин меояд: «Касеро ақлу тамиз ин бошад, ки ин навъ муҳилотро1 қабул кунад, чӣ гуна қобили аморат ва салтанат хоҳад буд?».
Зайниддин Маҳмуди Восифӣ сабаби ҳамаи ин қашшоқии мардум, ноободии кишвар, вайронии ахлоқи одамони рӯзгорро дар суст будани пояи давлат ва ноуҳдабароии шоҳон медид. Нависанда гуфтан мехоҳад, ки бе шоҳи бомаърифат, адолатпарвар ва сиёсатмадор муваффақият ба даст намеояд.
Восифӣ нақл мекунад, ки дар давраи ҳукмронии Ҳусайни Бойқаро қозиеро барои пора гирифтан ва ноодилона ҳукм бароварданаш аз кор дур карданд. Вале баъд аз чанд муддат бегуноҳии ӯ дар назди шоҳ собит гардид. Подшоҳ мехоҳад, ки боз ӯро ба кораш маъмур созад. Вале қозӣ «Ба ҳазрати подшоҳ арз доред, ки таклифи эшон вақте воҷиб ва лозим аст, ки ба ғайри ман лоиқ ба амр касе набошад. Дар мулки ҳазрат касоне, ки мутасаддии ин амр тавонад шуд, аз ҳадду каср берун аст».
Аз ин суханони қозӣ маълум мешавад, ки ӯ дар ҳукмбарорӣ соҳибихтиёр набудааст.
Чунонки аз «Бадоеъ-ул-вақоеъ» равшан мегардад, қозӣ ҳамон ҷиноятро бо амри наздикони худи шоҳ содир намудааст. Бинобар ҳамин қозӣ мегӯяд, ки ман ҳамон вақт ба хизмат меравам, ки дар ҳукмбарорӣ соҳибихтиёр бошам. Ҷавоби подшоҳ хеле аҷиб аст: «Ба ҷаноби қозӣ арз доред, ки эшонро дар ҳар диёре, ки бошад, гурез нест. Пас дар ҳар вилояте, ки тарҳи иқомат андохтанд, бар ҳокими ин вилоят ин амр лозим хоҳад омад. Агар ҳамин ҷо ин амрро қабул фармоянд, чӣ шавад».
Ҳамин тавр, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ пас аз нақли ҳодисаҳои ҳақиқии ҳаёти онрӯза ба хулосаи аҷибе меояд. Ӯ боварии комил дорад, ки ҳамин зайл фитнаю найрангбозӣ, зулму золимӣ, ба шахсони бегуноҳ ва поквиҷдон туҳмату буҳтон намудан будааст ва ҳамин хел мондан мегирад: «Оре, то ҷаҳон будааст, расм чунин будааст».
Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин Восифӣ орзу кардааст, ки подшоҳ бояд одил бошад ва зулму золимӣ, фиребу найрангбозиро барҳам дода, ба халқи мазлум осудагӣ ва ҳаёти хуррам бахшад.
1 Муҳилот – сафсата, ҳила, макру фиреб