Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, чунонки дар боло ишорат рафт, на танҳо нависандаи бомаҳорат, балки олим, муаррих, забоншиносу адабиётшиноси мумтоз низ будааст. Дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» намунаи осори ӯ доир ба ин илмҳо оварда шудаанд. Муаллифи тазкираи «Музаккир-ул-аҳбоб» Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, ки соли 1566 онро ба анҷом расонидааст, дар бораи ҳаёту фаъолияти Восифӣ маълумот дода, ба назми ӯ баҳои баланд медиҳад. Ҷавобияҳои ӯро ба қасидаю ғазалҳои шоирони гузашта ва муосир аъло ҳисоб мекунад.
Восифӣ дар ҳамаи жанрҳои адабии адабиёти классикӣ: қасида, ғазал, рубоӣ, қитъа, байт, фард ва ғайра асар эҷод кардааст.
Як ҷиҳати муҳимми назми Восифӣ дар он аст, ки ӯ кай, дар кадом маврид ва ба чӣ мақсад эҷод шудани онҳоро дар ёддоштҳояш ба тафсил нақл мекунад. Масалан, аз нақли Восифӣ равшан мегардад, ки дар соли 1514 дар Бухоро 100 ғазал эҷод кардааст, ки онҳо дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» пурра оварда шудаанд. Ин хусусият ба эҷодиёти адибони гузашта чандон хос нест. Як мисоли дигар. Восифӣ сабаби ба вуҷуд омадани қасидаи қаҳтӣ ва сардиро чунин ҳикоя мекунад: – Соли 1512 дар Самарқанд зимистон сахт омад:
Рӯз аз хунукӣ кашида дарҳам
Худрову намуда кӯтаҳу кам.
Аз сардии об мурғи обӣ
Оварда паноҳ бар кабобӣ.
Қаҳтӣ ва гаронӣ ниҳоят авҷ гирифт. Зиндагии мардум ниҳоят вазнин ва аҳволи Восифӣ бад шуд. Илова бар ин 10 толибилми қашшоқ ва гурусна ба назди Восифӣ омада, имдод металабанд. Дар ин бора муаллиф чунин мегӯяд: «Аммо кори толибилмон ба ҷое кашид ва аҳволи онҳо ба дараҷае расид, ки ду тан аз онҳо пӯстинҳои худро фурӯхта хӯрданд ва аз сахтии сармо ҷон ба Ҷонофарин супурда мурданд.
Мавлоно Алии Балхӣ, ки яке аз ёрони ҷонӣ буд, шабе ба ҳуҷраи фақир омада гуфт:
– Ин толибилмон ҳама ҳалок мешаванд, дар бораи онҳо чӣ андеша бояд кард?
– Гуфтам: – Ман низ ҳайронам ва чорае намедонам.
– Дар таърифи соли қаҳт, – гуфт ӯ, – ба мадҳи Абусаидсултон1 қасидае бояд гуфт, то ки аз вай сила (мукофот) гӯён чизе рӯяд ва ба он восита сафинаи умри ин фақиронро аз ин баҳри бепоёни сармо ба соҳили фароғат гузаронем.
Гуфтам: – Султон Абусаид туркест, ки асло форсӣ намедонад, чунонки мо туркӣ намедонем.
Мавлоно Алӣ гуфт:
– Ман рафиқе дорам, ки имом ва ноиби султон аст. Ӯ қасидаро ба султон таъриф кунад, кифоя аст.
Пас аз ин Восифӣ дар як шаб қасидаи «Қаҳтӣ ва сардӣ»-ро иншо мекунад. Рӯзи дигар қасидаро дар назди Абусаид мехонад ва ӯ 10 гӯсфанд, 20 ман орд, ба маблағи 600 танга пул ва чаҳор дарахт барои ҳезум инъом медиҳад.
Восифӣ он чизҳоро ба мадраса оварда, толибилмони гуруснаро аз марг наҷот медиҳад, ки албатта, ин як кори хайр, некии инсони бузург нисбат ба дармондагон ва бечорагон аст.
Қасидаи мазкур аз рӯйи мазмуну мундариҷаи идеявӣ на мадҳӣ, балки ҳасбиҳолӣ аст. Дар он гуруснагӣ, ҳаёти вазнини омма ва худи муаллиф ба хубӣ инъикос ёфтааст.
Восифӣ дар қасида, қитъа, рубоӣ ва ғазалҳояш инсонро ба некномию некандешӣ даъват намуда, хислатҳои ҳамидаи онҳоро ситоиш мекунад. Дар баробари ин одамони бахил, ҳасуд, тамаъкор ва золимро сахт мазаммат кардааст.
Восифӣ дар сурудани ғазал қобилияти аҷиб доштааст. Ғазалҳои ӯ дар равонӣ, ширинӣ ва санъати сухан баланд буда, намунаҳои барҷастаи асарҳои лирикии асри XVI-и адабиёти тоҷик ба ҳисоб мераванд.
Инак, барои исботи ин ақида чанд байт аз ғазали «Хайр бод»-и шоир:
Меравам аз кӯи ту бо ҷони пурғам, хайр бод!
Бо дили пуроташу бо чашми пурнам, хайр бод!
Аҳли оламро зи ман гар буд дар хотир ғубор,
Ман зи олам меравам, бар аҳли олам хайр бод!
1 Султон Абусаид – ҳокими Самарқанд, соли 1533 вафот кардааст.
Он парӣ дар вақти рафтан аз сари меҳру вафо
Восифии хастаро мегуфт ҳар дам: «Хайр бод!»
Восифӣ ба ғазалиёти шоирони бузурги гузашта Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Котибии Нишопурӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Мавлоно Унсӣ, Камолиддини Биноӣ ва дигарон назира гуфта, аз уҳдаи ҷавоб гуфтан ба хубӣ баромадааст. Барои исботи ин фикр ба намунаи зер диққат кунед:
ХУСРАВИ ДЕҲЛАВӢ:
Чаман чун бӯи ту дорад, ба бӯят дар чаман мирам,
Ба ёди қадди ту дар сояи сарву суман мирам.
ВОСИФӢ:
Чу ман аз бевафоиҳои он паймоншикан мирам,
Барафтад аз ҷаҳон расми вафо рӯзе, ки ман мирам.
КАМОЛИДДИНИ БИНОӢ:
Бисӯхт оташи нойӣ дили балокаши ман,
Магар ба най нафасе медамад бар оташи ман?
ВОСИФӢ:
Ба рақс гарм чу гардид сарви маҳваши ман,
Зи боди домани ӯ даргирифт оташи ман.
САВОЛ ВА СУПОРИШ
1. Чаро Восифӣ сафар кард?
2. Бо адиб чӣ ҳодиса рӯй дод?
3. Кадом сифатҳои зан ба шумо маъқул шуданд?
4. Вазъияти сиёсии замони адиб чӣ хел буд?
5. Чаро Восифӣ хизмати дарборро рад мекунад?
6. Ҳаёти Восифӣ дар Тошканд чӣ хел мегузарад?
7. Восифӣ кай ва дар куҷо вафот мекунад?
8. Чаро Восифӣ ба асараш номи «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-ро мегузорад?
9. Сохти композитсионии асарро шарҳ диҳед.
10. Чаро «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-ро асари ёддоштӣ мегӯем? Хусусиятҳои онро баён кунед.
11. Ақидаи Восифӣ дар бораи интихоби касбу ҳунар чӣ гуна аст?
12. Барои беҳтар шудани ҳаёти мардум ва ободии кишвар Восифӣ аз подшоҳ ва дигар соҳибмансабон амалӣ гардидани кадом масъалаҳоро талаб мекунад?
13. Ақидаи Восифӣ дар бораи аҳли ҳунар чӣ гуна аст?
14. Фикрҳои пандуахлоқии Восифӣ дар ҳаёти имрӯза чӣ аҳаммият доранд?
15. «Бадоеъ-ул-вақоеъ» ҳамчун сарчашмаи илмиву адабӣ ба адабиётшиносон ягон кумаке расонда метавонад?
16. Муносибати Восифӣ ба адибони гузашта ва гӯяндагони халқӣ чӣ гуна аст?
ТЕСТҲО
1) «Бадоеъ-ул-вақоеъ» дар кадом жанри адабӣ иншо шудааст?
а) Роман.
б) Қисса.
в) Ёддошт.
2) Восифӣ чӣ гуна олим буд?
а) Мунаққид.
б) Адабиётшинос.
в) Файласуф.
3) Восифӣ дар кадом шаҳр вафот кардааст?
а) Саброн.
б) Тошканд.
в) Шоҳрухия.