«Боди наврӯзӣ»

Хоҷа Ҳофиз ба расму ойин ва урфу одатҳои аҷдодонамон меҳру муҳаббати зиёд дошт ва худ низ дар гузариши ҷашнҳои Сада, Меҳргон ва бахусус Наврӯзи Аҷам фаъолона иштирок мекард ва иштироки ҳамзабонон, ҳаммиллатони хешро ташвиқу тарғиб менамуд. Аз ин хотир дар ғазалиёташ бештару бештар назар ба дигар адибон ин мавзуъ мақоми шоиста дорад. Албатта, ин бесабаб нест. Сабаби ин дар он аст, ки баъзе рӯҳониён, сӯфиён ва уламои дини ислом ҷашн ё иди Наврӯзро гуноҳ медонистанд ва мегуфтанд, ки иди Наврӯз иди габрон, маҷусон ва зиндиқиён аст. Бинобар ин набояд, ки онро мусалмонон ҷашн бигиранд ва дар чунин рӯзи номуборак хурсандию шодӣ кунанд. Мутаассифона, пас аз Инқилоби октябр ҳам ин анъанаи номатлуб идома ёфт. Ҳизби Коммунист ва роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ, ки аз Маскав ба тоҷикон амру фармон медод, нагузошт, то халқи тоҷик, мардуми мо Наврӯзро ба таври боистаю шоиста ҷашн гиранд. Коммунистон муътақид буданд, ки Наврӯз иди динист. Ҳамин тавр, бо ҳамин сабабҳо то соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон (с. 1991) ин ҷашнҳои халқӣ ба таври бояду шояд дар байни тоҷикон таҷлил намеёфтанд. Аммо шукронаи озодию истиқлол, ки имрӯзу ҳар сол мардуми тоҷик ин ҷашни фархундаро бо шукӯҳу ҷалол мегузаронад. Ҳатто Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин муносибат чор рӯзи истироҳат (21-24 март) муқаррар намудааст, ки ин аз арҷгузорӣ ва эҳтироми роҳбари давлат ба халқи тоҷик, ба ҷашни пурифтихори мардумист.

1 Ринд – а) озодфикр; б) зирак, нотарс, бебок

Бояд тазаккур дод, ки идҳои Наврӯз, Сада ва Меҳргон ҷанбаи динӣ надоранд. Ин ҷашнҳо пурарзиштарин мероси аҷдодони мо буда, аз қадимулайём ҳамчун ҷашнҳои мардумӣ гузаронида мешаванд. Масалан, Наврӯзи Аҷам дар фасли баҳор, Меҳргон дар фасли тирамоҳ ва Сада дар оғози фасли зимистон таҷлил мешавад. Ҳар фасл ва ҳар ҷашн ба худ хусусиятҳои хос ва расму русуми махсуси хешро дорост, ки шумо, хонандагони азиз, ба ин расму оин ошно ҳастед ва, албатта, ин ҷашнҳо, аз ҷумла Ҷашни Наврӯз дар мактаби шумо бо тантана, бо тамоми оростагӣ таҷлил меёбад ва шумо дар гузаронидани он фаъол ҳастед.

Акнун бармегардем ба асли мақсад. Адибони бузурги гузаштаи мо ба ин ҷашнҳои халқӣ бо назари эҳтиром менигаристанд ва мухолифи баъзе рӯҳониёни мутаассиб буданд ва бузургони миллат дар осорашон хубиҳои ин ҷашнро мадҳу ситоиш намудаанд, ки Хоҷа Ҳофизи лисонулғайб аз зумраи онон маҳсуб шуд. Метавон бо камоли боварӣ гуфт, ки беш аз сад ғазали адиб дар таърифу тавсиф, дар мадҳу ситоиши ҳамин гуна ҷашнҳои халқӣ эҷод шудаанд. Хоҷа Ҳофиз бештар дар ғазалиёташ ҷашни Наврӯз, арӯси сол, баҳору зебоиҳои дилошӯби онро тараннум кардааст. Ана ҳамин ғазал - «Боди наврӯзӣ» аз ҷумлаи онҳост:

1. Зи кӯйи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.

2. Чу гул гар хурдае дорӣ, Худоро, сарфи ишрат кун,

Ки Қорунро ғалатҳо дод савдои зарандӯзӣ.

3. Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз парда берун ой,

Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.

4. Ба бӯстон рав, ки аз булбул тариқи ишқ гирӣ ёд,

Ба маҷлис ой,к-аз Ҳофиз сухан гуфтан биёмӯзӣ.

Ғазали «Боди наврӯзӣ» дар баҳри ҳазаҷи мусаммани солим суруда шудааст, ки тақтеъ ва рукнҳои ин баҳр ба тариқи зайланд:

V - - - I V - - - I V - - - I V - - -

V - - - I V - - - I V - - - I V - - -

Ма –фо-ӣ-лун Ма-фо-ӣ-лун Ма-фо-ӣ-лун Ма – фо-ӣ-лун

Хоҷа Ҳофиз дар байти аввал ба хонандагонаш муждаи шодӣ мерасонад, ки Наврӯзи Аҷам омад. Фасли баҳор оғоз ёфт, боди наврӯзӣ расид, шумо то метавонед аз ин боди хуши наврӯзӣ баҳра бардоред ва чароғи дилатонро фурӯзон намоед. Фурӯзон намудани чароғи дил маънои шодию хурсандӣ карданро дорад. Дар байти дуюм шоир таъкид менамояд, ки агар мисли гул ҷоми ишрат муҳайё бошад, ишрат кун ва аз Қорун панд бигир, молу мулк, дороию сарватро мисли Қорун захира накун, хасис машав. Худат нӯши ҷон намо ва ба бечорагону дармондагон бахш. Дар ин маврид барои баён ё матраҳ намудани матлаби хеш боз ба санъати талмеҳ рӯ овардааст. Ривоятест, ки Қорун чунон молу сарват доштааст, ки ҳафт шутур танҳо калиди хазинаҳои ӯро мекашонданд. Вале ӯ ба дармондагону бечорагон хайру саховат намекард. Бинобар ин, аз кору амали ӯ Худованд дар ғазаб шуд ва амр дод, то ӯро бо тамоми хазинаю молу сарваташ замин фурӯ барад. Мақсади Хоҷа аз ёди ин ривоят тарсондани аҳли ҷоҳу мансаб, давлатмандону дороён аст, ки дар чунин рӯзҳои ид онҳо раияти бечораю мардуми қашшоқро фаромӯш накунанд ва мисли Қорун нашаванд, то ки онҳоро замин фурӯ набарад.

Дар ин ғазал байти сеюм бештар бори маънӣ ба дӯш дорад. Дар шарҳу тавзеҳи ин байт аз асри XV сар карда, то имрӯз дар байни аҳли уламою удабо ва шарҳнигорон баҳсу талош идома дорад.

Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз парда берун ой,

Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.

Дар байти боло «Сухан дар парда мегӯям», «Панҷ рӯз» ва «Мири наврӯзӣ» бештар бори маънӣ доранд. Ва моҳияти ғазалро ин ибораҳо муайян кардаанд. Бештару бештар ҳамин калимаю ибораҳо хонандаро ба андеша меоранд. Дар китоби «Ҷавоҳири қалб» Мавлоно Кавкабӣ дар баробари ташреҳ ва шарҳи бисёр абёти душворфаҳми адибон ҳамин байтро оварда, онро ба тафсил маънидод кардааст ва дар охир гуфтааст: Ва маонии дигар он бошад, ки сухани олами ғайб дар парда аст: Берун ой ва бубин, ки он оламро чӣ рангест зебо. Ва баъд мисраи «Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми Мири наврӯзӣ» бори маънӣ дорад ва муроди шоир аз гуфтани ин байт ба хотири хонанда овардани таърихи Ҷашни Наврӯзи Ҷамшед буда. Ҷамшед ҷашни Наврӯзро панҷ рӯз ид мекард ва дар ин панҷ рӯз шоҳ аз арки худ фаромада, яке аз одамони зарифгуфторро Мири Наврӯз интихоб мекунад. Ин Мири Наврӯз панҷ рӯз ҳукми салтанати аморатро ба уҳда мегирад ва тамоми давлат панҷ рӯз фармони ин Мирро ба ҷо меорад. Шоҳ дар ин панҷ рӯз аз баҳри тамоми гуноҳҳо гузашта ва ҷазо додани касеро дар ин миён раво намебинад. Баъди панҷ рӯзи ҷашн боз шоҳ ба сари тахт меояд ва аморат чун пештара оғоз меёбад. Ин анъана то асри XV миёни мардуми кӯҳистони қисматҳои ҷануби Балх, Бохтар ва ҷанубу шарқи Мовароуннаҳри Хуросон маъмул буд. Мардуми ин сарзамин ин ҷашнро чун ниёгони хеш панҷ рӯз ид мекарданд. Ва як нафарро ба сифати Мири Наврӯз интихоб мекарданд ва панҷ рӯз фармонашро ба ҷо меоварданд.

Бубинед як байт ва ҳатто як ибораи «Мири наврӯзӣ» чӣ қадар маъно доштааст. Агар хонанда таърихи гузаштагони хешро надонад ва аз расму русуми он огоҳ набошад, дарк кардани чунин ғазалҳо ва умуман ашъори адибони классик басо мушкил мегардад. Аз ин хотир, шоиста он бошад, ки шумо, шогирдони азиз, расму оин ва суннатҳои волои ниёгони хешро омӯзед ва аз худ намоед.