Ҷомӣ дар боби 7-уми «Баҳористон» дар бораи 39 нафар шоирони асрҳои гузашта ва давраи худ ба тариқи хронологӣ маълумоти мухтасар медиҳад. Ин боби «Баҳористон» аз як муқаддимача ва қисми асосӣ иборат аст. Дар муқаддима оид ба каломи шеър ва унсурҳои он маълумот медиҳад. Пас аз он доир ба шоирони гузашта, ки дар аксари жанрҳои бадеӣ шеър гуфтаанд, ба тариқи умумӣ сухан ронда, муқаддимаро ин тавр ба охир мерасонад: «Лоҷарам, бар зикри чанде аз машоҳири эшон ихтисор карда мешавад».
Абдурраҳмони Ҷомӣ аввал аз рӯйи анъанаи тазкиранависӣ тахаллуси аксарияти шоиронро ном бурда, баъд аз ин дар бораи аз куҷо будан ва дар замони салтанати кадом сулола ва ё подшоҳ зиндагонӣ кардани як қисми онҳо маълумот медиҳад. Сипас ба тасвири шахсият, омӯзиш, зиндагӣ, характери эҷодӣ ва шуҳрат пайдо кардани он гузашта, барои намуна порчаҳои шеърӣ меорад. Ҷомӣ ҳангоми дар бораи ин ё он шоир сухан ронданаш соли таваллуд ва вафоташро дар хотима зикр мекунад. Чунончи, сабаби вафоти Муиззиро ба тариқи зайл шарҳ медиҳад:
«Ва сабаби вафоти вай он буд, ки рӯзе Султон (Султон Санҷари Салчуқиро дар назар дорад - Т. М.) аз даруни хиргоҳ тир андохт ва ӯ беруни хиргоҳ истода буд. Ногоҳ тире хато шуду бар вай омад ва бияфтод ва дарҳол ҷон бидод».
Абдурраҳмони Ҷомӣ хусусияти эҷодиёти як шоирро бо шоири дигар муқоиса намуда, нуқтаи назари худро баён мекунад. Масалан, вай хусусиятҳои бартарии ашъори Ҳофизро бо шеърҳои Низории Кӯҳистонӣ муқоиса намуда менависад: «Ва салиқаи1 шеъри вай (Ҳофиз) наздик аст ба салиқаи Низории Кӯҳистонӣ. Аммо дар шеъри Низорӣ ғассу самин 2 бисёр аст бар хилофи шеъри вай».
Ё ин ки дар бораи фарқияти эҷодиёти Хусрави Деҳлавӣ ва Ҳоқонӣ фикри зеринро баён мекунад: «Татаббӯи3 Ҳоқонӣ мекунад, ҳарчанд дар қасида ба вай нарасида, аммо ғазалро аз вай гузаронида... мақбули ҳама кас афтодааст». Аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, ки агарчи Хусрави Деҳлавӣ дар қасида ба Ҳоқонӣ нарасида бошад ҳам, ғазалро аз вай гузаронидааст ва бо мазмуннокии ашъори худ ба ҳама кас мақбул гаштааст.
1 Салиқа – услуб
2 Ғассу самин – пастию баландӣ
3 Татаббӯъ – ҷустуҷӯ кардан, аз қафои чизе рафтан, пайравӣ кардан
Ҷомӣ асосан ба эҷодиёти аксарияти шоирон баҳо медиҳад ва тарзи баҳодиҳии вай ду хел аст:
1 . Оид ба ин ё он шоир танҳо фикри шахсиашро баён мекунад.
Ба ашъори Ҳофиз чунин баҳо додааст: «Аксар ашъори вай латифу матбӯъ1 аст ва баъзе қариб ба сарҳади эъҷоз2 ».
Ё ин ки муаллиф услуби Котибиро ба тариқи зайл баён кардааст:
«Вайро маонии хос бисёр аст ва дар адои он маонӣ низ услубе хос дорад, аммо шеъри вай якдаст ва ҳамвор нест».
2. Ҷомӣ дар бораи шоирон гуфтаҳои дигаронро меорад, вале аз кӣ будани ин суханонро нишон намедиҳад. Фикрҳои овардашуда танҳо бо як ё ду ҷумла ифода ёфтаанд, ки баъзан бо овардани порчаҳои шеърӣ муайян ва равшантар карда мешаванд. Масалан, барои нишон додани он ки Фирдавсӣ дар замонаи худ қадру қимат пайдо накарда вафот кардааст, чунин мисраъҳоро аз шоири номаълуме меорад:
Бирафт шавкати Маҳмуду дар замона намонд
Ҷуз ин фасона, ки нашнохт қадри Фирдавсӣ.
Ҳамин тавр, боби 7-уми «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ дар омӯхтан ва кушода додани бисёр масъалаҳои муҳимми адабиёти классикӣ ба тадқиқотчиён ёрӣ мерасонад. Дар ин ҷо аз шоирони асрҳои мухталиф намунаҳо овардааст, ки онҳо барои равшан кардани эҷодиёти ин ё он шоир аҳаммияти бузург доранд.
Ин боб монанди дигар равзаҳои «Баҳористон» аҳаммияти забонӣ низ дорад. Забони ин боби асар нисбатан сода, фаҳмо ва латиф аст ва барои омӯхтани таърихи забони адабии тоҷик ба забоншиносон ёрии калон мерасонад.
Бисёр адабиётшиносони тоҷик ва хориҷӣ ба ин боби «Баҳористон» аҳаммияти махсус дода, барои исбот ва равшан намудани фикрҳои худ аз он иқтибос овардаанд.