«Ахлоқи Муҳсинӣ»

Асари мазкур низ дар мавзуи панду ахлоқ аст. Он соли 1500 иншо гардидааст. Асар аз муқаддима ва чил боб таркиб ёфтааст. Ҳар як боб ба мавзуи алоҳида бахшида шудааст. Нависанда дар оғози ҳар як боб мавзуъро аз нигоҳи назариявӣ матраҳ менамояд ва пасон барои тасдиқи фикраш ҳикояти пандомезе меорад. Дигар, дар мобайн ва анҷоми ҳикоёт порчаҳои шеърӣ аз эҷодиёти худаш ё аз эҷодиёти адибони пешин, мисли Шаҳиди Балхӣ, Абушакури Балхӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ҳоқонии Шервонӣ, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ибни Ямин, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигарон намунаҳо меорад, ки дар бисёр маврид ин порчаҳо фикри нависандаро ҷамъбаст менамоянд. Бобҳои «Ахлоқи Муҳсинӣ» ба ҳаё, сидқу вафо, шуҷоат, тавозӯъ, адлу дод ва амсоли ин доир буда, инсонҳоро ба некӣ, ростӣ ҳидоят менамоянд.

Забони асар сода ва барои кулли хонандагон дастрас мебошад. Ҳоло барои намуна муқаддимаи боби «Дар саховат ва эҳсон»-ро меорем.