Сафар кардан – ҷаҳон дидан

Нахуст дар он замон ба Бағдод аз Мовароуннаҳру Хуросон гурезаҳо бисёр меомаданд. Ва аз омад-омади чингизиёни хунхор ба мардуми Бағдоду дигар шаҳру деҳот хабари талх меоварданд. Медонистанд, ки имрӯз ё фардо қадами шуму номубораки чингизиён ба ин ҷо низ хоҳад расид.

Сабаби дувуми ҷомаи сафар пӯшидани шайхи бузургвор ва ғарибиро ихтиёр кардани ӯ дар оғози «Бӯстон» чунин омада:

Дар ақсои1 олам бигаштам басе,

Ба сар бурдам айём бо ҳар касе.

Таматтуъ2 зи ҳар гӯшае ёфтам,

Зи ҳар хирмане хӯшае ёфтам.

Чу покони Шерози покиниҳод

Надидам, ки раҳмат бар ин хок бод!

Ҳамин тавр, ба муроди дарёфт намудани «хӯшае аз ҳар гӯшае» озими роҳ гардид. Ибораи «хӯшае аз ҳар гӯшае» бори маънӣ дорад ва адиби бузург аз санъати маҷозу киноя бамаврид истифода бурдааст. Гӯша – ин кишварҳо, давлатҳо, шаҳру деҳоти дидааш ва хирман ҳам ҳамин маъниро дорад. Хӯша бошад, ҳикоёте, ривоёте, қиссае, саргузаште ё панду андарзҳои шунидааш мебошад.

Саъдӣ, чунонки сарчашмаҳо ёд кардаанд, беш аз сӣ соли рӯзгори ҷавониашро дар ақсои олам гузаронидааст.

Ӯ ба Миср, Фаластин, Хуросон, Кошғар, Ҳиндустон, Балху Бухоро, Самарқанду Бомиён, Вахшонзамин сафар кардааст. Дар ин кишварҳою шаҳрҳо бо аҳли зиё суҳбатҳо намуд. Аз сухани ноб, аз абёти тару тоза ҳадяашон бикард ва аз онон низ хӯша чид. Саъдӣ дар ин сафари тӯлониаш бо дуздону авбошон низ ҳамрозу ҳамкоса гардид, бо мусавиёну насрониён сухан дарёфт, розу ниёзи габрону зардуштиёнро шунид, валвалаю симои қаландаронаро хуб тамошо кард ва бо оҳанги онон бирақсид ва барояшон ғазалҳои ошиқонаву орифона бигуфт.

1 Ақсои олам – гушаҳои дунё, гирду атрофи олам.

2 Таматтуъ – фоида, баҳра.

Ӯ чун Синдбоди дарёгард уқёнусу баҳрҳои мухталифи дунёро, мисли уқёнуси Ҳинд, Атлантик, баҳрҳои Сурх, Миёназамин, Сиёҳ, Хазар, Уммон ва ғайраро бо киштиҳои бодбонӣ, бо роҳнамоии маллоҳону сайёҳон гузашт, ки пасон ҳикояту саргузаштҳои хотирмони гаштугузорҳо дар «Гулистон» ва «Бӯстон» хеле ба ҷо сабт ёфтаанд. Метавонем бо камоли боварӣ бигӯем, ки Саъдӣ дар тӯли ҳаёти хеш, дар тӯли сафарҳои баҳрубарияш се қитъаи олам: Осиё, Аврупо ва Африқоро гоҳ пиёдаву гоҳ савора давр зад ва кӯлвори хешро аз хӯшаҳо пурбор карду пасон роҳи ватан, роҳи Шерозро пеш гирифт. Чун ба Шероз по гузошт, шаҳрро обод диду мардумро осуда, шукрона кард, ки диёраш аз хуношомии чингизиён осеб надидааст, балки боз ободтар гардидааст. Бинобар ин, нависанда шоҳ Атобаки Саъди Зангиро ситоиш мекунад:

Забоноваре, к-андар ин амну дод

Сипосат нагӯяд, забонаш мабод!

Ба аҳди ту мебинам ороми халқ,

Пас аз ту надонам саранҷоми халқ.