Саъдӣ баъди бозгашт аз сафарҳои тӯлонӣ кунҷи узлатро ихтиёр кард. Акнун он кӯлвори пурбор, он хӯшаҳои ҷилодори овардаи хешро чун шаддаҳои марҷон пайвасту пайванд менамуд. Адиб лаҳзае ором набуд. Эҷод мекарду бо дӯстон, бо шогирдону мухлисонаш розу ниёз дошт. Меҳмонон аз дуру наздик ба суроғаш меомаданд. Шоҳаншаҳи Мултони Ҳинд яке аз наздиконашро ба Шероз фиристод, то хоҳишу илтимоси шоҳи Мултонро бигӯяд, Саъдиро бо хеш ба Ҳинд бибарад, вале Саъдӣ илтимоси шоҳро напазируфт ва қадам аз Шероз берун наниҳод.
Аз ҳар кунҷу канори дунё аз амирон, ҳокимон, адибон, олимон ва дигар ашхоси гуногунрутба ва гуногунтабақа номаҳои сершумор ва ҳадяҳои фохира меомаданд.
Саъдии Шерозӣ соли 1292 дар бӯстонсаройи худ аз дунё чашм пӯшид, ки имрӯз ҳам турбати шоири бузург баҷост. Имрӯз Шероз ва марқади Шайх Саъдӣ зиёратгоҳи мардуми олам аст. Зеро Саъдӣ тамоми умр ҳам дар сухан ва ҳам дар амал хизмати халқҳоро кард. Ӯ дороияшро ба дармондагон, бечорагон қисмат намуд. Барои ҳамин дар байни хоссу ом некном монд. Саъдӣ гуё огоҳона байти зерро дар ҳаққи хеш гуфта бошад:
Зиндаву ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.