Қасоиди Саъдӣ

Жанри қасида дар эҷодиёти Шайх Саъдӣ мақоми босазо дорад. Қасидаҳои адиб аз нигоҳи шакл, яъне устухонбандӣ, мисли қасидаҳои асрҳои пешанд. Танҳо тафовут дар мазмун ва ғояи онҳо ба назар мерасад. Асосан, қасидаҳои Саъдӣ ҷанбаи тарбиявию ахлоқӣ доранд. Адиб мадҳу ситоиши шоҳон ва ҳокимонро ҳадафи хеш қарор надодааст. Баръакс, адибони хушомадгӯ, тамаъкорро ба зери тозиёнаи танқид гирифтааст. Масалан, байти хушомадгӯёнаи Зоҳири Фарёби

Нуҳ курсии фалак ниҳад андеша зери пой,

То бӯса бар рикоби Қизиларслон диҳад.

– ро холисона мазаммат намудааст:

Чӣ ҳоҷат, ки нуҳ курсии осмон

Ниҳӣ зери пойи Қизиларслон!

Магӯ: Пойи иззат бар афлок неҳ!

Бигӯ: Рӯйи ихлос бар хок неҳ!

Дуруст аст, ки Саъдӣ дар ҳаққи шоҳони дудмони Атобакон чанд қасидае гуфтааст, вале дар ин қасоид ононро панд додааст. Аз ин нигоҳ, қасидаҳои Саъдӣ аз қасидаҳои Унсурӣ, Фаррухӣ, Анварӣ ва дигар қасидасароёни маддоҳ фарқ доранд.

Саъдӣ дар иншои қасида баъзан қисматҳои анъанавии онро риоя накардааст. Масалан, қисмати талаб дида намешавад. Ба ҷойи он мамдӯҳро панд медиҳад. Ё қисмати тағаззул ҳам дар қасоиди Саъдӣ бисёр мухтасар аст. Баъзе қасидаҳои адиб тағаззул бештар доранд ва ҳамон қисмат мадҳу ситоиши зебоиҳои табиат, фасли баҳор, Наврӯзи Аҷам мебошанд, ки сар то по дар қасида васф шудаанд. Ин навъ қасидаҳоро баҳория низ гӯянд. Инак, як пора аз қасидаи «Баҳория» ё «Алами давлати Наврӯз»:

Алами1 давлати Наврӯз ба саҳро бархост,

Заҳмати лашкари сармо зи сари мо бархост.

Ба арӯсони чаман баст сабо ҳар гуҳаре,

Ки ба ғаввосии2 абр аз дили дарё бархост.

То рабояд кулаҳи қоқуми3 барф аз сари кӯҳ,

Язаки4 тобиши Хуршед ба яғмо бархост.

Табақи боғ пур аз нуқлу5 раёҳин карданд,

Шукри онро, ки замин аз таби сармо бархост.

Мавсими нағмаи чанг аст, ки дар базми сабуҳ6

Булбулонро зи чаман нолаву ғавғо бархост…

Ҳар дилеро ҳаваси рӯйи гуле дар сар шуд,

На ки ин валвала аз булбули танҳо бархост.

Гӯиё пардаи маъшуқ барафтод аз пеш,

Қалами офият7 аз ошиқи шайдо бархост.

1 Алам – ливо, байрақ

2 Ғаввосӣ – шинокунӣ

3 Қоқум – ҳайвони хурдест, ки пӯсташ гаронқимат аст

4 Язак – пешрави лашкар

5 Нуқл – газак

6 Сабуҳ – ношто, субҳона

7 Офият – сиҳатӣ, саломатӣ

Қасидаи боло сар то по тавсифи зебоиҳои табиати афсункор, оғози баҳори нозанин, фаро расидани Наврӯзи Аҷам аст. Шоир дар байти аввал аз ҳусну ҷамоли арӯси сол – Наврӯз мужда мерасонад, шод аст. Аз он бозгӯйӣ дорад, ки Наврӯз парчами давлаташро ба дашту даман, боғу саҳро барафрохтааст ва инсонро зери парчамаш ҳидоят менамояд ва мегӯяд, ки зери ин парчам, зери ин дирафш Наврӯзи Аҷамро хуш истиқбол гиред ва аз давлати Наврӯз баҳра бардоред. Ибораи «давлати Наврӯз» хеле сермаъност. Дар он санъатҳои киноя, ташбеҳ, маҷоз, истиора ва талмеҳ басо устокорона истифода шудаанд. Дар мисраи дуюми байт рахти сафар барбастани фасли зимистон ва сардиҳои он ёд шудааст. Дар ин маврид шоир аз санъати тазоду муқобала бамаврид истифода бурдааст. Яъне, мисраи якуму дуюм ба ҳам муқобиланд.

Қасидаи «Бозгашт» ё «Саъдӣ инак ба қадам рафту ба сар боз омад» аз навъи қасидаҳои ҳасбиҳолист. Саъдӣ дар ин қасида аз ранҷу озорҳои дар ғарибӣ дидааш, аз сафарҳои тӯлонӣ, аз суҳбату панду андарзҳои шунидааш қисса мекунад, ӯ аз ҳамдиёрон, аз мардуми Шероз узр мехоҳад, ки муддати зиёд ёдашон накард, дар ҳаққашон бевафоӣ намуд. Саъдӣ мардона «гуноҳаш»-ро гуфт ва боз аз пайвандон, аз ёру дӯстон ва ҳамдиёрон илтиҷо менамояд, ки аз «гуноҳаш» гузаранд:

Ҷурмнок аст, маломат макунедаш, ки Карим

Бар гунаҳкор нагирад, чу зи дар боз омад.

Умуман «Бозгашт» қасидаи хонданист ва бисёр бо дарду алам иншо шудааст. Ба ҳамин хотир чанд пораашро меорем ва таҳлил хоҳем кард:

1. Саъдӣ инак ба қадам рафту ба сар боз омад.

Муфтии миллати асҳоби1 назар боз омад.

2. Фитнаи шоҳиди савдозадаи боди баҳор,

Ошиқи нағмаи мурғони саҳар боз омад.

3. Солҳо рафт, магар ақлу сукун омӯзад,

То чӣ омӯхт, к-аз он шефтатар боз омад.

1 Асҳоб – соҳиб, дар ин ҷо ба маънои соҳиби назар, аҳли назар омадааст

4. То бидонӣ, ки ба дил нуқтаи побарҷо буд,

Ки чу паргор1 бигардиду ба сар боз омад.

5. Ваҳ, ки чун ташнаи дидори азизон мебуд,

Гӯиё оби ҳаёташ ба ҷигар боз омад.

6. Хоки Шероз ҳамеша гули хушбӯй диҳад,

Лоҷарам2 булбули хушгӯй дигар боз омад.

7. Пойи девонагияш бурду сари шавқ овард,

Манзилат бин, ки ба по рафту ба сар боз омад.

8. Майлаш аз Шом ба Шероз ба Хусрав монист3,

Ки ба андешаи Ширин ба Шакар боз омад.

9. Ҷурмнок аст, маломат макунедаш, ки карим

Ба гунаҳгор нагирад, чу зи дар боз омад.

10. Чӣ ситам, к-ӯ накашид аз шаби дайҷури фироқ4,

11. То бад-ин рӯз, ки шабҳои қамар боз омад.

12. Булаҷаб буд, ки рӯзе ба муроде бирасид,

Фалаки хиракуш аз ҷавр магар боз омад?

13. Духтари бикри замираш ба ятимӣ пас аз ин

Ҷаври бегона набинад, ки падар боз омад…

14. Чу мусаллам нашудаш мулки ҳунар, чора надид,

Ба гадоӣ ба дари аҳли ҳунар боз омад.

Саъдӣ дар байти аввал таъкид менамояд, ки қаҳрамони лирикӣ, яъне шоир, «ба қадам рафту ба сар боз омад». Дар ин ҷо мафҳумҳои қадам ва сар бори маънӣ ба дӯш доранд. Қадам мондану гаштугузор кардан мумкин. Ин узвест, ки ба сар тобеъ аст. Аммо инсон дар баъзе мавридҳо бе андешаи амиқ қадам мегузораду ба ҷойгоҳе меравад ва ба сар чандон эътибор намедиҳад. Яъне сар, ки мағзи сар он ҷост, махзани ақлу хиради инсон аст. Аз ҳамин нуктаи назар, Саъдӣ ба сафар баромаданашро ба қадам ва бозгашташро ба сар шабеҳ намудааст, ки дар ин ҷо санъатҳои киноя, маҷоз ва иҳом басо бамаврид истифода шудаанд. Ҳамин тавр, ба ватан омаданашро камоли ақлу хирад ва дилбастагӣ донистааст. Мисраи дувуми ҳамин байт мисраи аввалро қувват медиҳад. Яъне шоир шукрона дорад, ки ба диёр бозгаштааст. Дар байтҳои пасин андешаҳои ватандӯстона, пазмони ёру диёр буданашро ифшо кардааст. Қаҳрамони лирикӣ дар байти 4 хешро ба паргор монанд карда, шукронаи он дорад, ки ҷаҳонгардӣ карду боз ба зодгоҳ омад. Шукрона аз он дорад, ки дар ғарибӣ ранҷу озори зиёд дида бошад ҳам, боз ба назди пайвандон, ба ватани худ Шероз, қадам гузошт.

1 Паргор – доира, сиркул

2 Лоҷарам – ноилоҷ

3 Монист – тарафдори равияи монизм

4 Дайҷури фироқ – торикӣ

Саъдӣ дар ин қасида ба як масъалаи муҳимми дигар ишорат бинмудааст. Ин ҳам бошад, масъалаи худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва меҳру садоқати бепоён нисбати ватан, марзу бум, халқи диёр, ёру дӯст аст, ки монанди як хати сурх, мисли як оташи сӯзони амиқ мегузарад. Аз қасидаи «Бозгашт» нидои шодию фараҳ бармеояд, ки онро қаҳрамони лирикӣ басо самимӣ ба қалам додааст.