Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) яке аз адибон, мутафаккирон ва орифонест, ки дар таърихи фарҳангу адаби тоҷику форс мақоми шоиста ва воло дорад. Гузашта аз ин, миёни халқу миллатҳои турктабор, ҳинд, араб, пушту ва халқу қавмҳои Аврупо шуҳратёр аст. Ҳанӯз аз асрҳои XIII сар карда, осораш ба забонҳои дунё тарҷума шудаанд. Шиблии Нуъмонӣ, Робиндранат Такур, Мирзо Ғолиб ва бахусус шоир ва файласуфи барҷаста Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ хешро пайравони Мавлоно ба қалам додаанд. Таъсири Мавлоно дар ғазалиёт ва маснавиҳои Икбол равшан инъикос ёфтааст. Дар маснавии «Ҷовиднома» Ҷа лолуддини Балхӣ ҳамчун қаҳрамони асосӣ амал мекунад. Мав лоно, Зиндарӯд (Муҳаммад Иқбол), Дарвеши Судонӣ ҳамроҳ ба сафари афлок мебароянд ва дар баҳсу талошҳои қаҳрамонони асар фаъолона иштирок мекунанд. Бо камоли ифтихор Иқбол ёди Мавлоно менамояд:
1 Идрок – шуур, фаҳм, ҳуш
Нуктаҳо аз Пири Рум омӯхтам,
Хешро дар роҳи ӯ восӯхтам.
Сабаби ин қадар маҳбубият пайдо кардани Мавлоно дар чист? Ба ин суол посух додан ҳам осон асту ҳам душвор. Чунонки аз тарҷумаи ҳоли адиб равшан гардид, барои Мавлоно дину мазҳаб, халқияту нажод тафовут надошт. Ӯ тарафдори инсони комил, инсони поку некусиришт, инсони ҳақбину ҳақшинос буд. Ӯ ҳамин гуна инсонҳоро ситоиш карда, ононро дӯсти Худо ва ҳамсояи Худо донистааст:
Онҳо, ки талабгори Худоед, Худоед!
Берун зи шумо нест, шумоед, шумоед!
Чизе, ки накардед гум, аз баҳри чӣ ҷӯед?
Андар талаби гумнашуда баҳри чароед?!
Исмеду ҳуруфеду каломеду китобед!
Ҷибрили аминеду расулони худоед!
Дар хона нишинед, магардед ба ҳар сӯ,
Зеро ки шумо хонаву ҳам хонахудоед!
Ҳар рамз, ки Мавло бисарояд ба ҳақиқат,
Медон, ки бад-он рамз сазоед, сазоед!
Ҳамин тавр, инсонҳои поки ба Ҳақ расида аз ақли ҷузъ ба ақли кулл расида, бо Худо як мешаванд. Барои ҳамин андешаҳои башардӯстонааш баъзе олимон, шоирон, орифон маломаташ кардаанд ва «Маснавии маънавӣ»-ро каломи беарзиш донистаанд. Масалан, Мираббоси Лутфӣ бо таън ба ин шоҳасар нигариста, дар ҷавоб ба он достони «Ман ва салво»-ро иншо кард. Ӯ худписандона мегӯяд:
Ин каломи сӯфиёни шум нест,
«Маснавии маънавӣ»-и Рум нест.
Дар асрҳои XVII ва XVIII дар Ҳинд чароғи илму фарҳанги тоҷику форс боз ҳам фурӯзонтар гардид. Доираҳои адабӣ дар шаҳрҳои Ҳинд арзи вуҷуд карданд ва боз ҳам забони дарӣ – тоҷикӣ ривоҷу равнақ ёфт. Адибони бузург ба камол расиданд. Бешубҳа, дар рушду камоли Робиндранат Такур, Мирзо Ғолиб, Аҳмад Аббос ва чунонки дар боло гуфтем, Муҳаммад Иқбол таъсири эҷодиёти Мавлоно басо бузург аст.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Чӣ зарурат пеш омад, ки волидайни Ҷалолуддин ватанро тарк кардаанд?
2. Аз ҳикояти суҳбати Аттор бо Муҳаммади хурдсол ба чӣ хулоса омадед?
3. Мавлоно дар бораи Аттор чӣ андеша дорад? Шеърҳои дар ситоиши Аттор эҷодкардаи Ҷалолуддини Румиро хонед ва ҳифз намоед.
4. Дар марги Ҷалолуддин мусалмонону номусалмонон гиристанд. Ин корро онҳо ба чӣ хотир карданд?
5. Асарҳои Мавлоноро номбар кунед ва ба тариқи мухтасар дар бораи «Фиҳи мо фиҳи» маълумот диҳед.
6. Рубоиёти шоир дар кадом мавзуъҳо суруда шудаанд?
7. Мавзуи ғазалиёти Мавлоноро бо мисолҳои мушаххас фаҳмонед.
8. Чаро шоир дили инсонро аз ҳама чиз боло мегузорад?
9. Мавлоно дар бораи ваҳдат ва дӯстӣ чӣ мегӯяд?
10. Чаро шоир ёди Шери Худою Рустами Дастон кардааст?
11. Мавлоно дар ғазали «Дасти ман гир» ба кӣ муроҷиат намудааст ва чаро?
12. Номи асари Мавлоно «Маснавии маънавӣ»-ро шарҳу эзоҳ диҳед.
13. Чаро як гурӯҳ мухолифон «Маснавии маънавӣ»-ро «Каломи шум» номидаанд?
14. Чаро муҳаққиқон Мавлоноро файласуф номидаанд?
15. Мақсади Мавлоно аз ҳикояти «Луқмон ва ғуломон» дар чист?
16. Муламмаъ чӣ хусусият дорад? Бо мисол ин санъати бадеиро фаҳмонед.
17. Ҷалолуддини Балхӣ чаро «Порсӣ гӯ, арчи тозӣ хуштар аст» мегӯяд? Мисраъро шарҳ диҳед.
ТЕСТҲО
1) «Фиҳи мо фиҳи»-ро кадом адиб иншо кардааст?
а) Кайковус.
б) Ҷалолуддини Румӣ.
в) Аттори Нишопурӣ.
2) Устоди Ҷалолуддини Балхӣ кӣ буд?
а) Султон Валад.
б) Шамси Табрезӣ.
в) Абуисҳоқ
3) «Маснавии маънавӣ» аз чанд дафтар иборат аст.
а) 2.
б) 4.
в) 6.