«Тӯтинома»-и Зиёуддини Нахшабӣ

«Тӯтинома» ҳам аз нигоҳи мазмуну мундариҷаи идеявӣ ва ҳам аз нигоҳи ҳаҷму дарбаргирии масъалаҳо бузург буда, дар эҷодиёти адиб мақоми хосса дорад. Асар аз ҷиҳати композитсия ё устухонбандии дохилӣ хусусиятҳои назаррас дорад. Бо ин тарзу усул ҳанӯз дар замонҳои қадим дар байни халқҳои ҷаҳон, аз ҷумла мардуми аҷамтабор асарҳо мавҷуд буданд, ки онҳо бо гузашти айём шакл гирифта, тағйир ёфта, то имрӯз омада расидаанд. Намунаҳои онҳо бо забонҳои суғдӣ, паҳлавӣ, форсии миёна, ҳиндию хитойӣ ва ғайра мавриди истифода қарор доштанд. Мисоли равшани он нақлу ривоятҳои «Авасто», «Минуи хирад», «Шоҳнома», «Ҳазору як шаб», «Калила ва Димна», «Шу касантанти», «Синдбоднома» ва ғайра шуда метавонанд. Ба туфайли ин асарҳо бисёр қиссаҳо, нақлу ривоятҳо, мифу асотирҳо то замони мо омада расидаанд.

Метавон бо камоли боварӣ гуфт, ки Зиёи Нахшабӣ ҳам аз ҳамин асарҳо илҳом гирифта, асари хешро офарид. Мо хуб огоҳ ҳастем, ки Зиёи Нахшабӣ забонҳои арабӣ, паҳлавӣ, суғдиро ҳанӯз то ба Ҳинд ҳиҷрат карданаш омӯхта буд. Чун ба Ҳинд рафт, забони ҳиндиро низ омӯхт ва асарҳои насри ривоятии ҳиндиро дар асл хонд ва барои хеш маводи арзишманде гирд овард. Ҳатто забондонияш ба ҷое расид, ки аз забони ҳиндӣ ба забони тоҷикӣ асарҳоро тарҷума намуд.

Зиёи Нахшабӣ «Тӯтинома»-ро соли 730 ҳиҷрӣ, яъне соли 1329 мелодӣ навишта ба анҷом мерасонад. Дар ин бора худи нависанда мегӯяд:

Зи ҳиҷрат ҳафсаду сӣ буд он шаб,

Ки ман ин қиссаҳо кардам мураттаб.

Зиёи Нахшабӣ афсонаҳо гуфт

В-аз ин афсонаҳо дар хоби хуш хуфт.

Муаллиф дар муқаддимаи «Тӯтинома» дар бораи аз ҳикоёту ривоёти мардуми тоҷику форс ва ҳинд истифода бурданаш ёдовар шуда, чунин мегӯяд: «Панҷоҳу ду ҳикоят ба иборати хуб ва истиороти марғуб дар ӯ амсол… навишта шуд ва ҳикояте, ки безабту берағбат буд, онро мазбут (хориҷ) карда омад ва матлаъ ва мақтаи ҳар якеро тартиб ва тавзеҳ дода шуд ва ҳикояте чанд, ки қабеҳ ва безавқ буд, бадали он ҳикояти дигар таҳрир ёфт. Ва ин арӯси хулдлутф (биҳиштмонанд)-ро дар назари шоҳони маънӣ ба ду даст ҷилва дода омад.

Гӯӣ ба замин ситора омад,

Юсуф ба ҷаҳон дубора омад».

Метавон аз ҳамин як байт аз ҳунару истеъдоди шоирии Зиёи Нахшабӣ маънӣ бардошт. Гузашта аз ин, байти боло ба мазмуни асар низ пайванди ногусастанӣ дорад.

Акнун, пеш аз он ки дар бораи ғоя ва мазмуни асар андешаи хешро иброз дорем, лозим аст, ки нахуст сужети мухтасари «Тӯтинома»-ро нақл намоем.

Дар сарзамини Ҳиндустон марди сарватманде бо номи Муборак рӯзгор дошт. Ӯ аз давлату сарват бениёз буд. Аммо ҳамаи ин барояш қимату арзиш надошт. Зеро Муборак писар надошт ва писардор шуданро орзу мекард. Чанд сол гузашт ва ӯ соҳиби писар шуд. Муборак ба тифл Маймун ном гузошт, ки маънояш хубрӯй, зебо, фархунда ва нектолеъ мебошад.

Дар ҳақиқат, писари Муборак арзандаи номаш буд. Маймун дар давлати падар бузург шуд, илму адаб омӯхт. Чун ба синни ҳаждаҳсолагӣ расид, тӯй карду духтари зебоеро бо номи Хуҷаста ба ӯ дод. Маймун боре ба тиҷорат баромад ва дар бозор тӯтиеро дид, ки дар сурат зебо ва дар гуфтор доно ва хушнаво буд. Майли харидани тӯтӣ кард ва аз соҳибаш нархашро пурсид. Соҳибаш қимати тӯтиро баланд бардошта, «ҳазор динор» гуфт. Маймун ба андеша рафт ва азми хона кард. Тӯтӣ дарҳол ба забон омад ва ба Маймун гуфт: «Эй ҷавон! Ту қадри ман чӣ донӣ ва қимати ман чӣ шиносӣ?! Агарчи ман муштипарам, аммо аз ҳама улум бохабарам. Масалан, умури мустақбал (ҳодисаи пешомада)ро ба даҳ рӯз пеш аз вуқӯъ (пеш аз оғоз) медонам. Инак, пас аз се рӯз дар ин шаҳр корвони Кобул ба талаби матои сунбул хоҳад расид. Бояд ки ҳар ҷо сунбул аст, гирд орӣ! Биноан маро шартан ба се рӯз бихар. Агар корвон дар рӯзи сеюм расида аз он савдо фоида ёфтӣ, қимати маро адо кун. Вагарна рӯзи сеюм маро ба соҳибам бисупор». Гуфтори тӯтӣ ба Маймун маъқул афтод ва тӯтиро харидорӣ кард. Пас аз се рӯз корвон аз Кобул омад ва Маймун аз ин додугирифт фоидаи зиёд бардошт. Меҳру боварияш нисбати тӯтӣ афзуд. Ҳамеша дар масъалаҳои савдо ва дигар мавзуъҳо бо тӯтӣ машварат мекард ва тӯтӣ ҳамдами розаш гардид. Боре тӯтӣ ба Маймун маслиҳат дод, ки ба тиҷорати дарё барояд ва фоидаи зиёд ба даст хоҳад овард. Маймун ба сафари дарё ризо шуд. Ӯ ба бозор рафта, боз як тӯтии дигар, ки Шорак ном дошт, харид. Шорак бо ҳамҷинси худ мунис шуданду бо ҳам суҳбат оростанд. Вале ба сафар кардани Маймун Хуҷаста ризо набуд. Маймун ба гуфтори ӯ гӯш надода, ӯро бо ин ду тӯтӣ гузошта, азми сафари дарё намуд. Чанд рӯз гузашт, Хуҷаста ба ҷавони зебое ошиқ шуд ва мехост, ки наздаш равад ва бо ӯ айшу ишрат намояд. Бинобар ин, аз Шорак маслиҳат пурсид. Шорак ӯро панд дод, ки ин кори ношоиста аст, аз Худо битарс, гуноҳи азим аст. Панди Шорак ба Хуҷаста маъқул нашуд ва аз қафас Шоракро бароварда, сарашро бурид. Рӯзи дигар масъалаи ба назди ҷавон рафтанашро ба тӯтӣ арз кард ва аз ӯ ҳам маслиҳат пурсид. Тӯтӣ, ки аз марги ҳамҷинси худ огоҳ буд, панд гирифт. Нахуст кори Хуҷастаро писандид ва дар ҳамин мавзуъҳо ба ӯ ҳикоёту ривоёти рангин нақл кард. Чун тӯтӣ ҳикояи бисёр ширину гувороеро нақл мекард, шаб рӯз мешуд ва Хуҷаста ба назди дилдодаи худ рафта наметавонист. Боз бегоҳ Хуҷаста назди тӯтӣ меомад ва боз тӯтӣ ба қиссапардозӣ оғоз мекард. Бо ҳамин тарз 52 рӯз гузашт ва Хуҷаста ба назди ҷавон рафта натавонист ва дар рӯзи 52-юм Маймун аз сафари дарё бозгашт. Тӯтӣ ҳамаи ҳодисаҳои шудагиро начакондаю нарезонда ба Маймун нақл кард. Маймун аз марги Шорак ғамгин шуд ва дигар аз хиёнати Хуҷаста ба ғазаб омада, ӯро қатл намуд. Мазмуни мухтасари «Тӯтинома» аз ҳамин иборат аст.

Дар асар омадани ҳамон ҳикоёту ривоёти «Тӯтинома» устухонбандии онро ташкил додаанд, ки ин як сабки баёни фикри нависанда низ ҳаст. Вале дар алоҳидагӣ ҳар як ҳикояи асар, ки бо номи достон ёд мешавад, мавзуъ ва мазмуни мустақил дорад. Мавзуи ҳикоёту ривоёти «Тӯтинома» рангин буда, ба масъалаҳои мухталиф бахшида шудаанд. Фикрҳои иҷтимоӣ, ахлоқии нависанда дар рафти амалиёти қаҳрамонон, персонажҳои асар ба қалам дода шудаанд. Натиҷаи пандомӯзи ҳикояти аввал, ки 52 ҳикоя ё достони дигар ба он пайванд шуда омадаанд, мисоли равшани фикри боло шуда метавонад. Марги Шорак як ҳодиса ё як тасвири одӣ нест. Шораки покбину покахлоқ, ки дили софи беғаш дошт, хост ки ба воситаи суханони талхи ибратомӯз кирдори Хуҷастаро нишон диҳад ва ӯро аз роҳи хиёнат нисбат ба шавҳараш бигардонад, аммо чӣ дид? Дар ин роҳ ҳалок шуд. Тӯтӣ ин ҳодисаро бо чашмони худ дида, панд гирифт ва гуфтори хешро бо Хуҷаста дигар кард, яъне роҳи мусолиҳаро пеш гирифт. Нахуст кори пешгирифтаи ӯро мувофиқи матлаб донист ва доир ба ин масъала ҳикоёту қиссаҳои фаровон барояш нақл кард. Ин ягона тадбире буд, ки метавонист Хуҷастаро аз ин роҳи бад (хиёнат ба шавҳар) боздорад. Кори ӯ самар дод, вақт зоеъ нарафт, корашро кард ва Маймун аз сафар бозгашт. Дар ин маврид дар симои тӯтӣ хирадмандӣ, дурандешӣ ва ботадбирии оқилону хирадмандон таҷассум ёфтааст. Дар «Тӯтинома» кору рафтори тоҷирон, деҳқонон, ҳунармандон, аҳли ҷоҳу мансаб, волиён, шайхон, қозиён ва дигар табақоти ҷамъият дар зимни ҳикоёту ривоёт, ки дар асар бо номи достон ё қисса ёд шудаанд, бисёр возеҳу равшан инъикос ёфтаанд.