Тавсифи гурӯҳҳои поёни ҷомеа

Бисёр ҳикоёту қиссаҳои «Тӯтинома» ба кору зиндагии мардуми одӣ, аҳли ҳунар бахшида шудаанд. Зиёи Нахшабӣ, ки худ аз байни ҳамин мардум баромадааст ва ҳунари волои нигорандагӣ дорад, рафтору кирдор ва гуфтори ин табақаи ҷамъиятиро хеле хуб медонад ва дар асараш симои онҳоро воқеӣ ба қалам додааст. Дар ҳикоёту қиссаҳои ӯ наҷҷору заргар, меъмору бинокор, дарзию кишоварз, деҳқону боғбон, мутрибу шоир, кулолу рангрез, сайёҳу сайёд, сипоҳию тирандоз ва амсоли онҳо амал намуда, нависанда бо камоли эҳтиром дар бораи онон сухан меронад. Махсусан, ба косибони чирадаст, бофандагон, заргарон муносибати хайрхоҳона дорад ва таъкид менамояд, ки аҳли ҳунар мардуми хушбахтанд.

Нахшабӣ дар ҳикоёти шабҳои 27, 28, 34, 44, 48-ум ҳунармандӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳалолкорӣ ва истеъдоди аҳли ҳунарро хеле табиӣ инъикос намудааст.

Дар бисёр ҳикояҳо рӯзгори нохуш, ҳаёти талху ногувори мардуми овора, ҷилои ватаншуда ба қалам дода шудааст. Чунин ҳикояҳоро дар шабҳои 3, 27 ва 47 пайдо карда метавонем. Мазмуни чунин ҳикоёт аз он иборат аст, ки чунин ашхоси аз ватан дур дар ин ҷо ҳам рӯзгори бад доранд. Ба қадри онон аҳли ҷоҳу сарват намерасанд. Онҳо барои пайдо кардани қути лоямут шабу рӯз меҳнат мекунанд, аммо онҳоро озор медиҳанд. Аз гуфтори нависанда мусаллам мегардад, ки зимни баёни ин ҳолатҳои ногувор дилаш ба дард меояд ва бо як ҳиссиёти ғайриодӣ ҳаёти талхи ононро баён менамояд. Охир, худи Зиёи Нахшабӣ ҳам ба ҳамин табақа дохил мешуд ва ӯ низ аз ватан беватан шуда, мисли садҳо оворагон ранҷу озор мекашид. Аз ин нигоҳ тасвири нависанда ҳақиқати воқеист ва чунин ҳикояҳо воқеияти зиндагии ин гурӯҳҳои ҷамъиятии онрӯзаро воқеъбинона инъикос мекунанд.

Зиёи Нахшабӣ, дар баробари нишон додани ҳар гуна зулму золимӣ, ифшои ҳаёти қашшоқонаи мардуми одӣ, шоҳону ҳокимонро аз оқибати ногувори амалашон огоҳ мекунад ва ононро аз мукофоти амал метарсонад ва таъкид менамояд, ки золимон беҷазо намемонанд:

Нахшабӣ, нест бе ҷазо амале,

Чанд бошӣ ту дар ризои бадӣ?!

Ҳар кӣ бад мекунад, ҳамеёбад

Ҳам ба дунёи дун1 ҷазои бадӣ.

Хулоса, Зиёи Нахшабӣ ҳамчун як нависандаи ҳақгӯй бар зидди золимон баромада, мазлумонро ба ҳар роҳу восита ҳимоя кардааст. Маҳз асари «Тӯтинома» ва худи ӯро ҳамин ҷанбаҳои башардӯстӣ, некандешию хайрхоҳӣ нисбати бечорагон, мазлумон ва оммаҳои меҳнаткаш дар байни халқ мақбулу машҳур гардонд. Ба хотири ҳамин ғояҳои олӣ таъсири «Тӯтинома» дар асрҳои пасин зиёд шуд ва дар пайравии он даҳҳо «Тӯтиномаҳо» иншо шуданд ва «Тӯтинома»-и Зиёи Нахшабӣ ба бисёр забонҳои дунё тарҷума ва нашр гардид.

1 Дун – бад

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Зиёи Нахшабӣ чаро ба Ҳиндустон сафар кард?

2. Мегӯянд, ки Зиё забони ҳиндиро медонист. Оё ҳамин фикр

дуруст аст?

3. Чаро ӯ ба дарбор нарафт?

4. Зиёи Нахшабӣ кадом асарҳоро офарид?

5. Чаро нависанда ба асараш «Гулрез» ном ниҳод?

6. «Гулрез» дар кадом мавзуъ иншо шудааст?

7. Чаро асари нависанда «Ҷузъиёту куллиёт» ном гирифт?

8. Дар кадом мавзуъ асар баҳс мекунад?

9. Кадом асарҳои нависанда то замони мо омада нарасиданд?

10. Шумо маънои номи «Тӯтинома»-ро чӣ хел мефаҳмед?

11. Устухонбандии «Тӯтинома» чӣ гуна аст?

12. Маймун чӣ маъно дорад?

13. Чаро Маймун тӯтиро харид?

14. Сабаби ба сафар баромадани Маймун чӣ буд?

15. Хуҷаста чаро Шоракро қатл кард?

16. Оё рафтори Хуҷаста дуруст буд?

17. Андешаи шумо дар бораи рафтори тӯтӣ чӣ гуна аст?

18. Чаро Хуҷаста тӯтиро қатл накард?

19. Назари Зиёи Нахшабӣ нисбати замонааш чӣ хел аст?

20. Адолатпарварии шоҳонро шумо дар чӣ мебинед?

21. Муносибати нависанда нисбати ҳунармандон чӣ хел аст?

22. Мукофоти амалро чӣ хел мефаҳмед?

23. Дар бораи кору рафтори нависанда шумо чӣ андеша доред?

ТЕСТҲО

1) Зиёи Нахшабӣ кадом забонро медонист?

а) Арабӣ.

б) Туркӣ.

в) Ҳиндӣ.

2) Зиёуддин зодаи кадом шаҳр аст?

а) Тирмиз.

б) Фарғона.

в) Нахшаб.

3) Асари «Гулрез» ба қалами кадом адиб тааллуқ дорад?

а) Сайфи Фарғонӣ.

б) Масъуди Саъди Салмон.

в) Зиёи Нахшабӣ.