Мазмун ва мавзуоти ғазалиёти Ҳофиз

Чунонки мебинем, Ҳофиз шоири ғазалсаро мебошад ва ин шакли шеърӣ дар эҷодиёти ӯ мақоми арзанда дорад. Беҳтарин афкори пешқадами ӯ низ дар ғазалиёташ инъикос ёфтаанд. Ба ҳамин маънӣ ишорат карда худи Ҳофиз чунин гуфтааст:

Ғазал гуфтию дур суфтӣ, биёву хуш бихон, Ҳофиз,

Ки бар назми ту афшонад фалак иқди1 Сурайёро.

1 Иқди Сурайё – галаситораи Парвин

Ҳофиз дар сурудани ғазал асосан пайрави шоирони бузурги гузашта Саъдӣ, Хоҷуи Кирмонӣ аст. Вале ӯ аз устодони худ пеш гузашта, шакли ғазалро ба дараҷаи олӣ расонидааст.

Ғазалҳои ӯ ҳаҷман хурд, яъне аз 5 то 10 байт буда, бештари онҳо аз ҷиҳати сохти устухонбандӣ аз ғазалиёти шоирони пешин тафовут доранд. Як хусусияти ғазалиёти Ҳофиз дар он аст, ки бештар радиф доранд, ки барои равшану возеҳ ифода ёфтани мундариҷаи ғоявии онҳо ёрии калон мерасонад.

Дигар, ғазалиёти ӯ аз ҷиҳати сохт ду навъ шакл гирифтаанд. Аввал, ғазалҳое ҳастанд, ки аз сар то охир дар як мавзуъ гуфта шудаанд. Дувум, ғазалҳое низ ҳастанд, ки ҳар байти онҳо мустақил буда, дорои маъноҳои гуногун мебошанд.

Мавзуи ғазалиёти шоир гуногун буда, дар онҳо умеду орзуи халқи меҳнаткашу ҷафодида, ки худ аз байни онҳо баромадааст, ба хубӣ инъикос ёфтааст. Лирикаи Ҳофиз ҳолату авзои замони пурошӯб, зиддиятҳои табақаҳои ҷамъиятӣ, муборизаи аҳли илму маърифат барои зиндагии осудаҳолонаи халқи бечора, ишқу муҳаббати поки инсонӣ ва зебоиҳои табиатро ифода менамояд. Оҳангҳои иҷтимоӣ дар лирикаи Ҳофиз хеле пурқувватанд. Адиб ҳангоми баёни вазъи иҷтимоии замон ҳамчун марди инсонпарвар, хайрхоҳ, некандеш пеши назар меояд.

Дар байни халқ дар бораи шахсиятҳои бузурги таърихию фарҳангӣ нақлу ривоятҳои таърихӣ эҷод шудаанд ва имрӯз ҳам мавҷуданд. Ривояти «Суҳбати Хоҷа Ҳофиз бо Темури Ланг» доир ба ғазали машҳури Ҳофиз:

Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,

Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро ҳам аз ҷумлаи онҳост. Албатта, шумо медонед, ки Темур ҳамчун шоҳи хунхору мутаассиб ними дунёро гирифт, ҳазорон мардуми бегуноҳро қатлу ғорат кард. Аз сари миллионҳо сарбозу раияти шаҳру деҳот калламанора сохт. Бахусус, пас аз фатҳи Исфаҳон (1387 с.) аз сари 75 ҳазор мардум калламанора бунёд кард. Пасон ба Шероз омад. Зайналобуддин – писари Шоҳ Шуҷоъ, ки пас аз марги падар тоҷи шоҳӣ ба сар дошт, аз тарси ҷон тоҷро бар замин ниҳоду майли Бағдод кард. Зеро медонист, ки ба лашкари хунхори Темур тоб оварда наметавонад. Темур бе ягон душворӣ, бе ягон ҳарбу зарб Шерозро фатҳ намуд.

Темур савод дошт ва аз осори бузургони тоҷику форс бархӯрдор буд. Ӯ ғазалҳои Ҳофизро дар асл хонда, шояд ғизои маънавие ҳам гирифта бошад. Махсусан, ҳамон ғазали «Агар он турки шерозӣ…»-ро хонда, ҳифз ҳам карда буд. Чун ба Шероз расид, амр намуд, то соҳиби ин ғазалро ба ҳузураш биёранд. Оварданд.Гуфт:

– Ман бо зарби шамшер аксари рубъи маскунро мусаххар сохтам (яъне қисми зиёди дунёро гирифтам) ва ҳазорон ҷой ва вилоят вайрон кардам, ки Самарқанд ва Бухоро, ки ватани ман аст, ободон созам, ту мардак, ба як холи ҳинду Самарқанду Бухороро мефурӯшӣ дар ин байт, ки гуфтаӣ:

Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,

Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.

Хоҷа Ҳофиз чунин посух дод:

– Эй султони олам, аз ин навъ бахшандагист, ки бад-ин рӯз афтодаам, – ва ба ҷандаҳои худ ишорат кард.

Аз посух Хоҷа Темур ҳайрон бимонд. Ӯ аз шоир илтимосу илтиҷоро мунтазир буд. Ҳофиз бошад ҳашамати ӯро ба эътибор нагирифт.

Ба назари мо, ривоят ҳақиқати воқеист ва аз рӯйи ақлу хирад ҳамин тавр ҳам шуданаш мумкин буд. Дар масъалае, ки чаро шоир аз шамшери шоҳи хунхор натарсид ва бахшиш напурсид?

Ба ин суол метавон чунин посух дод.

Умри Хоҷа Ҳофиз ба ҷое расида буд. Дигар, нисбати Темури хунхор, ки ҳазорон ҳаммиллатонашро ба қатл расонида буду чӣ рӯзҳои сахту сангинро ба сари зиндамондагонаш овард, огоҳӣ дошт. Аз ин ҷост, ки дигар зиндагӣ барояш арзише надошт ва чунонки дилаш хост, нотарсона ва бебокона ҳамонро гуфт. Ин ривоят боз як далели худшиносӣ ва ватандӯстии Хоҷаро собит менамояд.

Акнун бармегардем ба сари ин ғазали Хоҷа Ҳофиз, то бубинем, ки шоир чӣ гуфтаниҳое, чӣ ҳадафе дорад. Он ғазал ин аст:

1. Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,

Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.

2. Бидеҳ соқӣ, майи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳӣ ёфт

Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро.

3. Фиғон, к-ин лӯлиёни шӯхи ширинкори шаҳрошӯб

Чунон бурданд сабр аз дил, ки туркон хони яғморо.

4. Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист1,

Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рӯйи зеборо?

5. Ман аз он ҳусни рӯзафзун, ки Юсуф дошт, донистам,

Ки ишқ аз пардаи исмат2 бурун орад Зулайхоро

6. Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд

Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.

7. Ҳадис аз мутрибу май гӯю рози даҳр камтар ҷӯй,

Ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо.

8. Ғазал гуфтию дур суфтӣ, биёву хуш бихон, Ҳофиз,

Ки бар назми ту афшонад фалак иқди Сурайёро.

Ғазали мазкур аз ҳашт байт (16 мисраъ) иборат буда, дар баҳри ҳазаҷи мусаммани солим суруда шудааст, ки тақтеи он ба ин зайл аст:

1. V- - -I V- - - I V- - - I V- - -

2. V- - -I V- - - I V- - - I V- - -

Ма-фо-ӣ -лун ма -фо -ӣ-лун ма -фо -ӣ -лун ма-фо-ӣ-лун

Ма-фо-ӣ-лун ма -фо-ӣ -лун ма-фо-ӣ -лун ма-фо -ӣ -лун

Ғазали «Агар он турки шерозӣ» дорои як мавзуъ нест. Дар он чанд масъала матраҳ шудааст. Доир ба матлаи ғазал (1) дар боло гуфтем, ки он дар мавзуи ишқу ошиқист ва ошиқ, яъне қаҳрамони лирикӣ ба хотири як нигоҳ, як холи ҳинду (сиёҳ)-и маъшуқааш ду шаҳри бузург – Самарқанду Бухороро инъом карданист, ки аз ин бахшишҳо Темур ба хашму ғазаб омада будааст.

Байти дувум ҳам давоми мантиқии байти аввал буда, шоир ба соқӣ таъкид менамояд, ки май бидеҳ, ки шароит муҳайёст. Мо дар канори оби Рукнободу дар гулгашти Мусалло хаймаи шодӣ задаем ва чунин ҷойгоҳ, чунин манзараи зебою мунаққашро ҳатто дар ҷаннат ёфтан наметавонӣ.

1 Мустағнӣ – бениёз

2 Исмат – покдоманӣ, бегуноҳӣ

Дар байти сеюм шоир аз паричеҳрагон бо номи «лӯлиёни шӯхи ширинкори шаҳрошӯб» ёд карда, онҳоро басо самимӣ тавсиф намудааст. Гӯё чунон ба шавқу рағбат, ба шодию фараҳ омадааст, ки аз ҷамоли паричеҳрагон сабру тоқаташ тамом шудааст. Ва ин ҳодисаи фараҳафзо мисли он аст, ки туркон, муғулон ба сарвату ба давлати мо дороанд ва ин дороиро ба яғмо, яъне чун дуздон кашонда бурданд. Ба ин восита Хоҷа дар ин байт истилогаронро сахт мазаммат намудааст ва адиб дар ин маврид аз санъатҳои ташбеҳ, рамзу киноя, тазоду муқобала бамаврид истифода бурдааст.

Дар байти чорум шоир аз номи ошиқ мегӯяд, шарт нест, ёраш хешро зебу зинат бахшад, барои ошиқ ҳамон ҳусну ҷамолаш кофӣ аст, ошиқ аз он мустағнист. Пас, дар байти панҷум барои исботи ҳамин фикр масал мезанад ва ҳусни табиии Юсуфро мисол меоварад, ки чӣ хел ин ҳусну ҷамол Зулайхоро аз пардаи исмат, яъне аз шарму ҳаё берун овард ва ӯ ошкоро ба Юсуф дил баст ва ошкоро ишқашро ба ӯ гуфт ва ин дар байни хоссу ом қисса шуд.

Ҳофиз дар байти 6 ба сари мақсад омада, ба ҷавонони саодатманд муроҷиат намуда мегӯяд, ки ман шуморо дӯст медорам, шумо ояндаи ватан мебошед, шумо аз хушиҳои зиндагӣ, ҳанӯз ки ҷавон ҳастед, истифода баред. Зеро инсон дар кушодани сирру асрори масъалаҳои маргу зиндагӣ (рози даҳр) оҷиз аст ва ҳанӯз рози даҳрро касе накушодааст ва кушода ҳам наметавонад.

Ниҳоят, Хоҷа Ҳофиз дар мақтаи ғазал фикру андешаашро ҷамъбаст менамояд ва ба худ хитобан муроҷиат мекунад, ки «рози даҳр» муаммост, онро бигзору ғазалҳои ширинро хону лаззат бар, онҳо хушоянд ва нотакроранд ва ба назмат тамоми мардуми сайёра аҳсан мегӯяду арзандатарин, қиматтарин туҳфа (иқди Сурайё)-ро бароят мебахшад.

Метавон бо камоли боварӣ, чи аз нигоҳи мазмун ва чи аз лиҳози тарзи баён, санъати суханофарӣ мақтаи ҳамин ғазалро беҳтарин ҳусни мақтаъ дар адабиёти тоҷику форс донист. Бамаврид аст, ки ба хотири тақвияти фикри боло як банд аз мусаммани адиб ва файласуфи бузург Абдурраҳмони Ҷомиро дар ин ҷо ёд кунем:

Мақому манзилат бодо биҳишти ҷовидон, Ҳофиз!

Ҳазорон раҳмати Ҳақ бод бар он хонадон, Ҳофиз!

Дуогӯи ғариби туст Ҷомӣ дар ҷаҳон, Ҳофиз!

«Ғазал гуфтию дур суфтӣ, биёву хуш бихон, Ҳофиз,

Ки бар назми ту афшонад фалак иқди Сурайёро»

«Ғам махӯр». Ин ғазал ҳам дар байни хоссу ом маълуму машҳур аст. Адибони зиёди тоҷику форс ба он назира гуфтаанд. Шумо хуб огоҳ ҳастед, ки рӯзгори шоир ноором, қатлу ғорати темуриён ҳамаи табақаҳои ҷомеаро фаро гирифта, мардумро ба дод оварда буд. Агар бо сухани Хоҷа бигӯем «Ки ҳамчу чашми суроҳӣ замона хунрез аст». Ҳофиз низ фарзанди замони худ буд ва ҳамаи ин шӯру шарро бо чашмони худ дид ва оҳи пурдард аз дили сарди хеш берун овард. Ӯ хоҳони зиндагии хуши инсонҳо, хоҳони сулҳу салоҳ, хоҳони саодатмандию пирӯзии халқи азизи кишвараш буд. Ин ҳама орзуи шоир буд ва барои сомони ин корҳо, ба хотири амалӣ гардидани орзую омоли хеш чӣ кор карда метавонист? Ҳеҷ! Дасташ кӯтоҳ буд. Танҳо метавонист дили халқро бо гуфтори ширин, бо панду андарзи намакинаш бардорад, андак таскин диҳад, ки рӯзе мерасаду рӯзгори шумо хубтару беҳтар мегардад. Бинобар ин ғами беҳуда нахӯред, ки фоида надорад. Ана ғазали «Ғам махӯр» ба ҳамин мавзуъ бахшида шудааст. Таваҷҷуҳ кунед:

1. Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махӯр,

Кулбаи эҳзон1 шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр!

2. Ин дили ғамдида ҳолаш беҳ шавад, дил бад макун,

В-ин сари шӯрида боз ояд ба сомон, ғам махӯр!

3. Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нарафт,

Доиман яксон намонад ҳоли даврон, ғам махӯр!

Дар байти аввал барои ифодаи фикр боз ба санъати талмеҳ рӯ меорад, боз ёди ҳодисоту ривоёти асрҳои пешин мекунад. Мо дар ғазали нахуст «Агар он турки шерозӣ» дар бораи Зулайхо ва ишқи ӯ ба Юсуф ибрози назар карда будем. Дар ин ғазал бошад, Хоҷа Ҳофиз аз паҳлуи дигари ин ривоят ишора кардааст. Дар асар омадааст, ки чун бародарон Юсуфро бо худ бурданд ва аз ҳисси бадбинӣ ӯро ба чоҳ андохтанд ва ба падар арз доштанд, ки Юсуфро гург хӯрдааст. Яъқуб пайғамбар аз ин хабар дардманд ва дилшикаста мешавад ва оқибат дар ғами фарзанди ҷигарбанд Юсуф чашмонаш нобино ва оҷиз мегарданд ва шабону рӯзонро ба ёди ӯ мегузаронад. Ҳамин маъниро Хоҷа дар назар дошта, ба хонандагонаш хотиррасон мекунад, ки ғам нахӯред, ҳамон Юсуфи гумгашта боз ба Канъон хоҳад омад ва ба дидори падараш хоҳад расид. Дар мисраи дуюми ҳамин байт андешаашро боз ҳам камол дода ёдовар мешавад, ки чун Юсуф ба дидори падар мушарраф гардид, кулбаи ғамободи онҳо хандон мешавад ва ба гулистон монанд мегардад. Ин гуфтор ишорат ба он маънист, ки кишвари харобу валангори мо рӯзе обод мегардад ва чун гулистон шукуфон хоҳад гашт. Бинобар ин сабр бинмою ғам махӯр. Дар байти дуюм ҳам боз ҳамин маънӣ бо ифода, бо сабки дигар тавзеҳ ёфтааст. Масалан, мегӯяд, ин дили ғамдида, ин сари шӯрида, рӯзе беҳ хоҳад шуд, дилатро ором нигоҳ дор, ғамгин машав. Ниҳоят, дар байти сеюм бори дигар таъкид менамояд, ки дунё ба як қолаб, ба як маром нахоҳад монд, рӯзе мерасад, то ту ба муроди дилат бирасӣ ва шодию хушрӯзӣ насибат бигардад.

1 Кулбаи эҳзон – ғамхона, хонаи пур аз ғаму андуҳ

Агар амиқтар ба ғояю моҳияти ғазали «Ғам махӯр» назар андозем, мебинем, ки Хоҷа Ҳофиз дар зимни он ғояи адлу инсоф ва дастболо шудани ин ғояи олиро дар зиндагӣ нишон додааст. Боварӣ ба ояндаи нек, ба хушбахтию саодатмандии мардуми бесарпаноҳ доштан ва дар дили онҳо як шамъи умедро фурӯзон гардондан дар ин рӯзгори сангин аҳаммияти калон дошт. То андозае шоир тавонист дили онҳоро ба зиндагӣ гарм намояд ва ба ояндаи нек ҳидояташон кунад.