Воизон

Мавзуи ғазал кору рафтори намояндагони дини ислом аст. Воқеан, дар ҳар як давру замон буданд ва ҳастанд ашхосе, ки дини исломро ба манфиати худ истифода бурданд. Хоҷа Ҳофиз ба онҳо нафрат дошт ва ононро дар баъзе ғазалиёти худ мавриди накуҳиш қарор додааст ва ҳамин ғазали «Воизон» аз ҷумлаи онҳост.

1. Воизон, к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд.

1 Воизон - насиҳатгар, ваъзгӯй

2. Мушкиле дорам, зи донишманди маҷлис бозпурс:

Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?

3. Оҳ-оҳ аз дасти саррофони1 гавҳарношинос!

Ҳар замон хармуҳраро бо дур баробар мекунанд.

4. Субҳдам аз Арш меомад хурӯше, ақл гуфт: «Қудсиён2 гӯйӣ, ки шеъри Ҳофиз аз бар мекунанд.»

Хоҷа Ҳофиз дар байти нахуст мақсади асосиашро баён кардааст. Ӯ таъкид менамояд, ки воизон, яъне он ваъзгӯёне, ки аз минбар Худою Расули барҳаққи вай, дар бораи аҳкоми дин ваъз мегӯянду мусалмононро ба ростию покӣ ҳидоят менамоянд, онҳо дар амал, дар зиндагии ҳаррӯзаашон корҳое мекунанд, ки хилофи ваъзашон мебошад. Ҳамин тавр, гуфторашон ба кирдорашон баробар нест. Пас, дар байти 2 ба ин масъала амиқтар сари андеша меравад. Қаҳрамони лирикӣ бо як ҳисси кунҷковӣ аз донишмандони маҷлис, ба уламо суол дода фаҳмиданист, ки сабаби ин амал, ин рафтори воизон дар чист? Чаро дигаронро ба тавба кардан ҳидоят мекунанду худ тавба намекунанд ё тавба камтар мекунанд. Ба ин суол дар ғазал, албатта, посух нест. Бе посухи онҳо худи Хоҷа аз кирдори онон воқиф аст. Ин тарзи гуфтор санъати таҷоҳули ориф аст, яъне донистану худро ба нодонӣ андохтан, ки яке аз хусусиятҳои ин санъати бадеӣ ба шумор меравад. Хоҷа Ҳофиз дар байти сеюм гӯё аз бефаҳмии ин гавҳарношиносон, ки ба чунин суолҳо посухи воқеӣ дода наметавонанд ва ҳақиқатро аз сухани ботил, яъне хармуҳраро аз дурру гуҳар фарқ карда наметавонанд, дилаш мондааст ва бо онҳо суҳбат карданро шоиста намедонад. Ба ҳамин хотир дар мақтаи ғазал боз ба дунёи зебои худ бармегардад. Гӯё субҳдам аз Арш ба гӯшаш садои малоик мерасад ва онон шеъри Ҳофизро хонда аз ёд мекарданду лаззат мебурданд.

Албатта, чунин фикрҳои риндона, мазаммати ошкорои намояндагони дини ислом ба табъи баъзе мақомоти расмии рӯҳонӣ созгор набуд. Ҳатто Шоҳ Шуҷоъ ба ин гуфтору рафтори Хоҷа назари нек надошт. Ба ҳамин хотир борҳо оид ба ҳамин гуфтаҳо Ҳофизро маломату сарзаниш кардааст. Вале Ҳофиз шоири озодфикр ва ринди оламсӯзе буд. Аз гуфтори шоҳу шайх, сӯфиён наҳаросид, боз сахттар, ҷиддитар симои воқеии ононро дар ғазалиёташ инъикос намуд. Масалан, яке аз шайхони наздики Шоҳ Шуҷоъ Имоди Фақеҳ маҳсуб меёфт. Мувофиқи маълумоти «Ҳабиб-ус-сияр» (муаллифаш Хондамир) ин шайхи бузург гурбае дошт ва ӯ гурбаро чунон омӯзонда буд, ки вай дар намозгоҳ дар паҳлуи соҳибаш Имоди Фақеҳ дар радаи дигар намозхонон истода мисли одамон гӯё намоз мехонад, сарашро ба тарафи чапу рост мегардонд. Ҳамин тавр, амали мусалмононро такрор мекард. Ин ҳодиса дар кишвар ғулғула андохт ва овоза шуд, ки шайхи бузургвор гурбаро мусалмон кардааст. Ин амали гурбаро яке аз кароматҳои Имоди Фақеҳ дониста, ӯро мадҳу ситоиш мекарданд. Аз ин кор Хоҷа огоҳ гардид ва амали шайхро написандид. Зиёда аз ин, дар мавриди шайху гурбаи намозхони ӯ ғазале иншо кард ва сахт мазамматаш намуд:

1 Сарроф – а) касе, ки пулро иваз кунад; б) пули сара (тоза)-ро фарқ мекунад

2 Қудсиён – фариштаҳо

Сӯфӣ ниҳод дому сари ҳуққа1 боз кард,

Бунёди макр бо фалаки ҳуққабоз кард.

Бозии чарх бишканадаш байза дар кулоҳ,

Зеро ки арзи шуъбада бо аҳли роз кард.

Фардо, ки пешгоҳи ҳақиқат шавад падид,

Шарманда раҳраве, ки амал бар маҷоз кард.

Эй кабки хушхиром, куҷо меравӣ? Биист!

Ғарра машав, ки гурбаи зоҳид2 намоз кард.

Пас аз иншои чунин ғазалҳо рӯҳониён ва шайхони мутаассиб аз пайи озори Хоҷа шуданд ва саъю талош карданд, ки ба ҳар роҳу восита шоирро дар назди шоҳ сиёҳ кунанд, то ба ӯ ҷазо бидиҳад. Масалан, нақл мекунанд, ки баъзе шайхони риёкор ва мутаассибони дин ва одамони Шоҳ Шуҷоъ Ҳофизро барои байти зерин:

Гар мусалмонӣ аз ин аст, ки Ҳофиз дорад,

Оҳ, агар аз паси имрӯз бувад фардое! –

кофир эълон карданд. Шоирро ҳукми қатл таҳдид мекард. Ҳофиз дид, ки намешавад, пеш аз байти боло як байти иловагӣ ҳамроҳ кард, ки ин аст:

1 Ҳуққа – қуттича, сандуқча

2 Зоҳид – парҳезгар, порсо, худоҷӯй

Ин ҳадисам чӣ хуш омад, ки саҳаргаҳ мегуфт,

Бар дари майкадае бо дафу най тарсое.

Пас, гӯяндаи ин фикри «кофирона» на ман, балки тарсое, яъне кофире будааст. Ба ҳамин восита Ҳофиз аз таъқиби мутаассибон то як андозае халос мешавад. Вале минбаъд боз ӯро барои ҳамин гуна фикрҳои риндонааш озор медоданд. Бинобар ин Ҳофиз дар ғазали «Айби риндон макун…» зоҳидону шайхонро мазаммат намуда, таъкид менамояд, ки худи шахс медонад, ки ӯ дар кадом роҳ аст, чӣ гуноҳ дорад. Шумо ба ӯ кордор нашавед, аз пайи кори хеш бошед:

Айби риндон1 макун, эй зоҳиди покизасиришт!

Ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт.

Ман агар некам, агар бад, ту бирав, худро бош!

Ҳар касе он даравад оқибати кор, ки кишт.

Чунонки дар боло дидем, қаҳрамони лирикӣ гоҳ бо номи Ҳофиз, ринд, ман, мо ва гоҳи дигаре бо номи девона, масте, тарсо омада, сухан мегӯяд, суҳбат менамояд. Бештари фикрҳои фалсафӣ аз номи гурӯҳи дуюм оварда шудаанд, ки ин, албатта, табиист. Зеро ба ашхоси маст, девона, тарсо, гадо, дарвеш ягон ҳукм бароварда, ҷазо додан раво нест. Аз ин рӯ, Ҳофиз бештари фикрҳои риндонаашро аз номи онҳо баён кардааст. Бояд донист, ки Хоҷа Ҳофиз худ муъмини воқеият ва мусалмони собиткарам буд ва касонеро мазаммат мекард, ки дар эътиқоди худ содиқ набуда ва риёкорӣ мекарданд.