Бадеиёти ғазалиёти Камол

Ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ саҳли мумтанеанд. Суханони боло чунин маъно доранд, ки ғазалиёти шоир содаю равон ва ҳамафаҳманд, вале маъниҳои баланд доранд. Бештари онҳо сурудҳои халқӣ, дубайтию рубоиёти мардумиро ба хотир меоранд. Аз ин ҷост, ки чи дар асарҳои пешин ва чи дар рӯзгори имрӯзаи мо ғазалҳои Камолро ҳофизон, мутрибон ба оҳанг дароварда, замзама мекунанд. «Шашмақом» аз ғазалиёти Камол моломол аст. Бахусус дар сурудҳои ҳофизи мардумӣ Боймуҳаммад Ниёзов ғазалҳои шоир хеле хуб садо медиҳанд. Ҳатто дар байни мардуми тоҷик ғазалҳои Камол чунон паҳн шудаанд, ки боиси пайдо шудани вариантҳои онҳо гардидаанд. Масалан, ғазали мазкурро гирем:

Лаъли ҷонбахшат зи ҷон нозуктар аст,

Қаддат аз сарви равон нозуктар аст.

Барги гул чандон ки дорад нозукӣ,

Хотири булбул аз он нозуктар аст.

Гарчи нозук нуктае гуфтӣ, Камол,

З-ин ҳикоят он даҳон нозуктар аст.

Ҳамин ғазал дар байни мардум ҳифз шуда, аз даҳон ба даҳон гузашта хеле тағйир ёфтааст. Аз ин ғазал халқ рубоии тозае эҷод кардааст:

Ёри ман аз ҷони ман ширинтар аст,

Қадди ӯ аз барги гул нозуктар аст.

Барги гул ҳарчанд дорад нозукӣ,

Хотири ёрам аз он нозуктар аст.

Устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо»-яш бо камоли эҳтиром дар бораи хушоҳангию мавзунию халқиятии ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ ибрози назар кардааст. Устод ёд мекунад, ки дар асри XIX дар Самарқанду Бухоро халқи одӣ ба ғазалиёти Камол меҳру муҳаббати хосса доштанд. Бахусус ҳофизи бузург ва мардумии он давра Ҳоҷӣ Абдулазиз бо камоли маҳорат ғазалҳои Камоли Хуҷандиро ба «Шашмақом» дароварда месароид ва мардум аз таассуроти ғазалҳо ва мусиқӣ як ҷаҳон ҳаловат мебурданд.

Дар таърихи адабиёти тоҷик шоироне, ки бозии шоҳмотро мавриди тавсиф қарор дода бошанд ва ё аз он ёд карда бошанд, камшуморанд. Аз ғазалиёти Камол бармеояд, ки ӯ бозии шоҳмотро хеле хуб медонистааст ва дар мавридҳои мувофиқ машғули шоҳмотбозӣ мешудааст. Барои ифодаи фикрҳояш маъниҳои шатранҷиро устокоронаю моҳирона истифода бурдааст. Ба байти зер таваҷҷуҳ намоед:

Ман ба шатранҷи ғамат ҷону ҷаҳон хоҳам бохт,

Он ду рух дидаам, ин бор равон хоҳам бохт.

Дар мисраи аввал «шатранҷи ғамат» бори маънӣ ба дӯш дорад. Шоир аз санъатҳои маҷоз, киноя ва истиора бамаврид истифода бурдааст. «Шатранҷи ғамат» ба маънои ҷойгоҳ, майдони ҳарбу зарб, яъне ба маънои ҷойи ишқу ошиқӣ омадааст. Дар ин тахта ду рухро дидааст ва ошиқ саъю талош мекунад, ки ба дидори ёр мушарраф шавад. Шоир дар ин ҷо аз санъати иҳом низ истифода бурдааст, яъне мақсад ба даст овардани рухҳои шоҳмот нест, балки ба даст овардани рухи маъшуқ аст, ба даст даровардани дилдодаашро дар назар дорад. Ҳамин тавр, мегӯяд шоир, дар ин роҳ то ба мурод нарасам, ҷон медиҳаму пас нахоҳам гашт:

Гуфтам: «Давои дарди диламро хате навис!»

Гуфто: «Давот чун бинависам? Давот нест».

Дар байти боло ду санъати бадеӣ бисёр шоирона корбаст шудаанд. Нахуст – санъати саволу ҷавоб бо омадани калимаҳои «гуфтам» ва «гуфто» барои хонанда равшан аст, вале ёфтани таҷниси байт андак душвориро пеш меорад. Дар мисраи дуюми байт калимаи «давот» ба ду маънӣ омадааст. Маънои нахуст дард аст ва дувум – сиёҳидон. Яъне табобат надорад, зеро ошиқӣ.

Дар ғазалиёти Камол зарбулмасалу мақолҳои халқӣ, ибораҳои рехта, ташбеҳоту тавсифҳои тару тоза хеле зиёд истифода шудаанд. Ҳамаи инҳо салосату балоғат ва фасоҳату оҳангнокии ғазалҳои Камолро таъмин кардаанд. Ин хусусиятҳои ғазалиёташро худи адиб ҳис карда, гуфта буд:

Чу ин ғазал сару пояш дақиқу ширин аст,

Сазад, ки нағмасароён бад-ӯ кунанд оҳанг.

Ё

Гар равад мутриб ба базме, хонад абёти Камол,

Ҳар киро ҷонест, гӯяд: «Мутрибо, хуш меравӣ!»

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1. Лаҳзаҳои вопасини рӯзгори шоирро нақл намоед.

2. Чаро Камол ба Хуҷанд баргашта натавонист?

3. Тухтамишхон кӣ буд ва Камолро ба чӣ мақсад ба Сарой бурд?

4. Чӣ ҳодиса рух дод, ки Камол аз он ҷо боз ба Табрез бозгашт?

5. Мероси адабии Камолро номбар кунед.

6. Чаро қасида хеле кам эҷод кардааст?

7. Дар ғазалсароӣ бештар ба кадом шоирони гузашта пайравӣ кардааст?

8. Ҳофиз ба кадом ғазали Камол баҳои баланд додаст? Ғазалро ҳифз намоед.

9. Мавзуи ғазалиёти Камолро гӯед ва бо мисол фаҳмонед.

10. Ғазали «Ошӯби ҷонӣ» аз кадом ҷиҳат ба сурудҳои мардумӣ

монанд аст? Ғазалро ҳифз намоед.

11. Чаро Камолро шоири ватандӯст ва худшинос мегӯем? Бо мисолҳои мушаххас фикри болоро исбот намоед ва шеърҳои ватандӯстонаи Камолро ҳифз намоед.

12. Чаро Камол Хуҷандро бо Шероз муқоиса менамояд? Ҳадафи шоир аз ин амал дар чист?

13. Ба чӣ мақсад шоир мегӯяд: «Бовар намекунанд, ки гӯям «хуҷандиям».

14. Камол чаро ба Табрез меҳру садоқат дошт?

15. Ба чӣ мақсад Камол мегӯяд: «Дасти султонон намебӯсад Камол»?

16. Ғазалиёти Камол аз кадом ҷиҳат дар байни мардум вариант пайдо кардаанд?

17. Устод Айнӣ дар бораи мусиқият ё оҳангнокии ғазалҳои Камол чӣ мегӯяд?

18. Кадом ҳофизи машҳури асри XIX ғазалҳои Камолро бештар месуруд?

19. Аз ҳофизони имрӯза кадом сарояндагонро медонед, ки бештар ғазалҳои Камолро месароянд?

20. Кадом санъатҳои бадеиро шоир дар ғазалиёташ бештар истифода бурдааст?

21. Камол дар бораи мутрибону оҳангсозон чӣ ақида дорад? Муносибати шоир ба онҳо чӣ гуна аст?

ТЕСТҲО

1) Кадом адиби тоҷик дар бораи Камол романи таърихӣ иншо

кардааст?

а) Ҷалол Икромӣ.

б) Аъзам Сидқӣ.

в) Садриддин Айнӣ.

2) Камоли Хуҷандӣ кадом сол таваллуд ёфтааст?

а) 1300

б) 1321

в) 1325

3) Дар эҷодиёти Камол кадом жанри адабӣ мақоми асосӣ дорад?

а) Рубоӣ.

б) Ғазал.

в) Қитъа.