Дар эҷодиёти Абдурраҳмони Ҷомӣ, чунонки қаблан арз кардем, ғазал мавқеи асосӣ дорад.
Ҷомӣ дар сурудани ғазал ба шоирони бузурги гузашта – Саъдии Шерозӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва Камоли Хуҷандӣ пайравӣ намудааст:
Ин назми туст, Ҷомӣ, ё тоза дастаи гул,
К-аз «Бӯстон»-и Саъдӣ табъи Камол баста.
Ин пайравӣ дар мазмуну мундариҷа ва шаклу композитсияи он мушоҳида мешавад. Ғазалҳои Ҷомӣ асосан аз 7 байт иборатанд. Мавзуи ғазалиёти шоир танқиди замону аҳли ҷоҳ, беадолатӣ, орзую умеди халқ ва ғайраро дар бар мегиранд. Масалан, дар ғазали поён ба аҳли ҷоҳу сарват, яъне шоҳону ҳокимони вақт хитоб карда мегӯяд, ки шумо дили осуда, зиндагии пурнишот ва айшу нӯши шоҳона доред, магар аз ҳоли мазлумон, бечорагон воқифед?
Осудадило, ҳоли дили зор чӣ донӣ?
Хунхории ушшоқи1 ҷигархор чӣ донӣ?
1 Ушшоқ – а) ошиқ; б) номи як мақоми «Шашмақом»
Ҳаргиз нахалида ба кафи пои ту хоре,
Озурдагии синаи афгор чӣ донӣ?
Шаб то ба саҳар хуфта ба хилватгаҳи нозӣ,
Бехобии ин дидаи бедор чӣ донӣ?
Дар ғазали дигараш Ҷомӣ амалдоронро сахт мазаммат намуда, таъкид менамояд, ки шумоёнро замонаи «номард» соҳибмансаб кард, вале шумо дар асл нокасу бадкирдоред. Ҳеҷ кас ба ин беадолатии замона розӣ нест, вале маҷоли сухан гуфтан надоранд. Аз ин роҳ баргардеду ба халқ некӣ кунед:
Ғарра машав, ки хоҷа ба некӣ ситоядат,
Бадмардии замона туро некмард кард.
Гар кард хун дилам, чу забон аз сухан, вале
Бо ӯ киро маҷоли сухан, ҳар чӣ кард, кард.
Шоир дар рӯзгори хеш медид, ки дар дарбори шоҳон як тӯда одамони қаллоб ва бехирад ҷамъ омада, айшу нӯш мекунанд. Онҳо дар ҳалли бисёр масъалаҳои муҳимми давлатӣ оҷизӣ мекашанд. Ҷомӣ онҳоро ба зоғ ва чуғз монанд кардааст:
Ба қасри ишрату айвони айши шоҳон бин,
Ки зоғ нағмасаро гашту чуғз қофиясанҷ.
Ҷомӣ, ки худ яке аз пешвоёни маслаки тасаввуф аст, дар зиндагӣ мушоҳида кард, ки баъзе шайхону зоҳидон ва сӯфиён дар зоҳир диндору худоҷӯянд, вале дар амал онҳо фиребгару беномусанд. Барои молу чиз оммаро фиреб медиҳанд. Шоир онҳоро ба анкабут, ки барои сайди магас тор метанад, монанд кардааст:
Шайхи шуҳратҷӯи раъноро тамошо кун, ки чун
Дар либоси хос зоҳир шуд фиреби омро.
Мекашад доме пайи сайди магас чун анкабут,
Шоҳбозе ку, ки аз ҳам барканад ин домро?
Оре, ин шоҳбоз худи шоир аст. Ӯ пардаи фиребу найрангро аз рӯяшон кашида, сираташонро ошкор кардааст. Ҷомӣ дар бораи онҳо бо ҳаяҷону изтироб сухан меронад. Ӯ халқро даъват менамояд, ки аз ин гуна ашхос дурӣ ҷӯянд, зеро онҳо монанди деву дад одамони бад ҳастанд. Ба ақидаи шоир бояд ҳамеша бо некон, бо хирадмандон ҳамсуҳбат шуд:
Дило, зи қайди ҳарифони бехирад бигрез,
Ту мурғи зиракӣ, аз доми деву дад бигрез.
Қабули суҳбати некон агар наӣ, боре
Яке бикӯш, зи ҳамсуҳбатони бад бигрез.
Ҷомӣ таҷрибаи бойи ҳаётӣ дорад. Ӯ инсонро ба роҳи рост ҳидоят кардааст. Шоир дар баробари мазаммати ашхоси дилсиёҳ, золиму бадкирдор, ба мардуми меҳнатӣ, ба бечорагон муҳаббати беандоза дорад. Ҷомӣ дар ғазали зер бечорагонро аз золимон ҳимоят мекунад. Шоир ба золимон хитоб карда мегӯяд, ки озор додани арбоби сафо, яъне одамони дилсоф, аз халқ тамаъ хостани шумо кори бехирадон аст. Ҳар кореро, ки ба худ нолоиқу нохуб донед, онро ба дигарон низ раво набинед, зеро дили мискинон мисли шиша нозук аст. Агар шиша шиканад, онро пайванд кардан мушкил мебошад:
Эй дар ин кохи амонӣ ба ғаму шодӣ банд,
Бандаи нафси худӣ, даъвии озодӣ чанд?
Лаб ба ҳар туъма маёлой, ки дандон шиканад,
Бар сари хони фурӯмоя зи полудаву қанд.
Санги озор мазан бар дили арбоби сафо,
К-омад осон шикани шишаву мушкил пайванд!
То писандида фитад таври ту, Ҷомӣ, ҳамаро,
Ҳар чӣ бар худ маписандӣ, дигаронро маписанд.
Ҷомӣ он касро инсони комил мешуморад, ки меҳнат мекунад ва бо меҳнати ҳалоли худ зиндагӣ менамояд. Вай ба одамони хушомадгӯ, коргурез ва муфтхӯр нафрат дорад. Аз ин ҷост, ки Ҷомӣ одамонро ба нигоҳ доштани шарафи инсонии худ даъват кардааст. Ӯ дар ин байти ғазалаш касеро, ки аз пайи молу мулк шабу рӯз дар такопӯй аст, мазаммат намудааст ва онҳоро ба қаноат, ба роҳи ҳақ, ҳидоят кардааст:
Ҷомӣ, ба мулку молу ба ҳар сифла дил мабанд,
Кунҷи фароғу ганҷи қаноат туро бас аст.
Дар ғазали дигараш шоир кашидани озори миннати дунон, сифлагонро нафратовар ва беномусӣ ҳисоб мекунад. Бинобар ин бо ками худ қаноат карданро авлотар мешуморад:
Ҷомӣ, зи хони ризқ чу ноне кифоят аст,
Озори бори миннати дунон чаро кашам?
Шоир дар ғазалиёташ ишқи поки инсониро сурудааст. Бесабаб нест, ки шоир «Кори Ҷомӣ ишқи хубон аст», – мегӯяд. Адиб гоҳе аз дидори ёр шоду масрур мегардад, меболад, ба ҳаяҷон меояд ва маъшуқаи худро ҳамчун як бут парастиш мекунад:
Ҷомӣ, аз ман саҷдаи тоат маҷӯй,
Чун ман акнун пеши бут сар мондаам.
Қаҳрамони лирикӣ аз рӯйи лутфу зарофат аз рӯза гирифтани маҳбуби худ розӣ нест. Зеро ёри ӯ муҷассамаи олами зебоист ва рӯза ӯро беҳолу бемадор, харобу лоғар мекунад. Аз ин ҷост, ки шоир аз ёри худ хоҳиш ва илтиҷо мекунад, ки рӯза нагирад:
Нашояд, эй маҳи хуршедрух, туро рӯза,
Ки нест бар маҳу хуршед ҳеҷ ҷо рӯза…
Тани ту коҳаду ҷони ҳазор сӯхтадил,
Макун, макун, ки набошад туро раво рӯза.
Басе намонд, ки созад чу моҳи нав борик
Маро фироқи ҷамоли туву туро рӯза.
Ҷомӣ дар ғазали «Ид шуд» ҳамчун як ошиқи бебоку ҳиссиётпарвар намудор мешавад. Барои ӯ дидори ёр ид аст. Шоир аз ҳама идҳо ҳамон соату вақтеро, ки ба дидори ёраш мушарраф шудааст, авлотар мешуморад.
Ид шуд, ҳар кас зи ёре идие дорад ҳавас,
Иди мову идии мо дидани рӯйи ту бас.
Иди мардум дидани маҳ, иди мо дидори ту,
Ҳамчу иди мо муборак нест иди ҳеч кас.
Дар ин ғазал ҳиссиёти ботинии шоир басо рангин ва зебо ифода ёфтааст. Ҷомӣ ҳангоми баёни матлаб аз санъати таносуби сухан, такрор, тавсиф ва тазод бо камоли маҳорат истифода бурдааст. Такрор ёфтани калимаи «ид», муқобил гузоштани «ид» бо «иди мардум» ба ғазал оҳанги зебо бахшидаанд, ҷозиба ва самимияти онро афзун гардонидаанд.
Дар ғазалиёти шоир табиат бо як зебоии нотакрори шоирона тасвир ёфтааст. Фасли баҳор, тамошои бӯстон, шукуфтани гулҳо умрро дароз карда, ба инсон рӯҳу мадори тоза мебахшанд ва бояд ҳар як фард аз зебоиҳо истифода барад. Чунин аст мақсади Ҷомӣ:
Мехиромад сӯйи бустон шоҳиди раънои гул,
Меравад оби равон, то сар ниҳад бар пойи гул.
Ёфт абр аз сим1 ришта, сӯзан аз зар сохт меҳр,
То сабо2 дӯзад қабои3 лутф бар болои гул.
«Ҳафт авранг» ва таркиби он. Абдурраҳмони Ҷомӣ на танҳо дар сурудани жанрҳои хурди лирикӣ мартабаи бузург дошт, балки дар эҷод намудани достонҳои ҳаҷман калони ишқӣ – ахлоқӣ маҳорату истеъдоди комилро доро буд. Ӯ дар солҳои охири ҳаёташ дар пайравии «Хамса»-ҳои Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ 7 достони мустақил гуфтааст. Ба ҳамин тариқ, миқдори достонҳои «Хамса» -ро зиёд намуда , ба 7 расондааст.
Ҷомӣ ин ҳафт достони худро ба ҳафт хазинаи пурганҷ, ба ситораҳои Ҳафтдодарон монанд кардааст. Агар, мегӯяд шоир, ин Ҳафтдодарон дар осмон шуҳратманд бошанд, ин ҳафт достони ман дар замин бо номи «Ҳафт авранг» мақоми хосса доранд:
Ин ҳафт сафина дар сухан якранганд,
В-ин ҳафт хазина дар гуҳар ҳамсанганд.
Чун ҳафт бародаранд бар чархи баланд,
Номӣ шуда бар замин ба «Ҳафт авранг»-анд.
1 Сим – нуқра
2 Сабо – боди саҳарӣ
3 Қабо – либос
Достонҳои Ҷомӣ, чи аз ҷиҳати бандубасту композитсия, чи аз ҷиҳати тасвири воқеаву ҳодисаҳо аз достонҳои Низомӣ ва Амир Хусрав фарқи калон доранд. Шоир ба ин маънӣ ишорат намуда, изҳор менамояд, ки бояд ҳар кас бо кори ҳалоли худ зиндагӣ кунад, ном барорад. Дар офаридани асар низ бояд ҳамин тавр бошад. Вагарна, ба ақидаи шоир, тири максуд ҳаргиз ба нишон намерасад
Гавҳар чу тавон зи кон гирифтан,
Сустӣ бувад аз дукон гирифтан.
Ҷом аз кафи дасти хеш кардан,
Об аз нами ҷӯйи хеш хӯрдан...
Беҳ, з-он, ки хӯрӣ ба косаи зар
Аз ҳавзаи соқиёни дигар.1
Ҷомӣ хурсанд аз он аст, ки ба Низомиву Амир Хусрав пайравӣ кардааст, вале асарҳои ӯ махсусиятҳои худро доранд:
Ҳар сӯ ҷӯе зи об ронам,
Ҳам худ хӯрам об, ҳам хӯронам.
Мусаллам аст, ки маснавиҳои «Силсилат-уз-заҳаб» ва «Саломон ва Абсол» тозаэҷоданд. Панҷ достони дигар дар ҷавоби 5 достони «Хамса»- ҳои Низомии Ганҷавӣ ва Хусрави Деҳлавӣ иншо шудаанд. Инак, дар зер мувофиқи тартиби соли таълифашон дар бораи достонҳои «Ҳафт авранг» ба тариқи мухтасар маълумот хоҳем дод.
1 Достонҳои Низомӣ ва Амир Хусравро дар назар дорад.
1. «Силсилат-уз-заҳаб» («Занҷирҳои тиллоӣ»). Ин маснавӣ аз се дафтар, яъне се қисми калон иборат буда, дар тӯли 17 сол, дар байни солҳои 1468 – 1485 навишта шудааст. «Силсилат-уз-заҳаб» аз ҷиҳати ҳаҷм бузург буда, қариб 6200 байтро дар бар мегирад. Ин маснавии шоир бештар ба масъалаҳои накукорӣ, адлу дод, хизмат ба халқ, мазаммати хислатҳои бади инсонӣ: тамаъкорӣ, дурӯғгӯйӣ, инчунин танқиди аҳли ҷоҳ, сӯфиёну шайхони риёкор ва ғайра бахшида шудааст.
Ҷомӣ барои тақвияти фикраш аз ҳаёту зиндагии шахсони бузурги таърихӣ алоқамандона ҳикояту латифаҳои намакини халқиро ба риштаи назм кашидааст.
Ҷомӣ инсонро аз ҳама чиз бузургтар мешуморад. Дар маснавии «Силсилат-уз-заҳаб» ва умуман, дар ҳамаи маснавиҳои шоир образи инсони комил, инсони заҳматкаш дар ҷои аввал меистад. Шоир халқро қувваи пуриқтидори давлат ҳисоб мекунад. Ӯ ба ҳокимон хитоб карда чунин мегӯяд:
Ҳақ нишондат ба тахти додгарӣ,
То кунӣ пеши теғҳо сипарӣ.
На ки худ теғи хунфишон бошӣ,
Офати ҷони ину он бошӣ.
Адлро рӯ ба чархи воло1 кун,
Зулмро дар таҳи адам2 ҷо кун.
Дасти золим агар наёрӣ баст,
Ки наёрад ба кори халқ шикаст.
Бар ҷаҳон шаҳрёр ӯст, на ту,
Соҳиби иқтидор ӯст, на ту.
Дар маснавӣ ҳикояҳои воқеие, ки аз ҳаёту зиндагии инсонҳо гирифта шудаанд, хеле зиёданд. Ҳоло барои мисол аз дафтари савуми «Силсилат-уз-заҳаб» ҳикояти «Пиразане, ки роҳ бар Санҷар гирифта ва додхоҳӣ кард»-ро меорем.
Пиразане дар шаҳри Марв зиндагӣ мекард. Умраш қариб ба сад расида буд. Вай чор фарзанди ятим дошт. Зиндагиаш ниҳоят дар фақирӣ мегузашт. Бо пораи ноне аҳли оила қаноат мекарданд. Чунончи:
Хуфта дар хонаам се-чор ятим,
Дилашон баҳри ним нон ба ду ним.
Як рӯз он се-чор ятим орзуи ангур мекунанд. Пиразан барои хоҳиши фарзандонашро ба ҷо овардан ба деҳи ҳамсоя меравад. Одамони деҳ ба пиразан як сабад ангур медиҳанд. Вале дар роҳ ду сипоҳии шоҳ аз куҷое пайдо шуда, пиразанро мезананд ва сабади ангурашро ғорат мекунанд.
Пиразан гирёну нолон ба назди шоҳи замон Санҷар меояд ва аз кирдори сипоҳиён шикоят оғоз мекунад:
Як-ду бедодгар зи лашкари ту
Дар раҳи қаҳру зулм ёвари ту,
Ба мани хаста ғорат оварданд,
Сабадам з-орзу тиҳӣ карданд.
Дар охир ҷойи гиряву лобаи пиразанро хашму ғазаб фаро мегирад. Вай хитоб карда ба шоҳ мегӯяд:
Ин чӣ шоҳию мамлакатдорист,
Дар дили халқ тухми ғамкорист?
Даст аз адлу дод доштаӣ,
Золимон бар ҷаҳон гумоштаӣ!
1 Воло – баланд, ба авҷи аъло.
2 Адам – нестӣ, фано.
Чашм бикшо чу оқибатбинон,
Бинигар ҳоли зори мискинон.
Суханҳои охирини пиразан ба шоҳу шоҳзодагони давраи темурӣ равона карда шудаанд. Дар ин замон шоҳзодагон ба айшу нӯш дода шуда, халқи бечора аз дасти одамони онҳо азобу ранҷ мекашид. Дар ин ҷо Ҷомии бузург суханҳои нафратомези худро ба шоҳони замонааш аз номи пиразани мазлум баён кардааст.
2. «Саломон ва Абсол». Ин достон соли 1480 ба анҷом мерасад ва аз 1110 байт иборат аст. Мавзуи асосии достон ситоиши ишқи илоҳӣ буда, дар зимни он ба тариқи рамз бисёр масъалаҳои ирфонӣ ва пандуахлоқӣ баён шудаанд.
3. «Туҳфат-ул-аҳрор». Ин достон дар пайравии достони «Махзан-ул-асрор»-и Низомӣ ва «Матлаъ-ул-анвор»-и Хусрави Деҳлавӣ соли 1481 навишта шудааст. Дар ин бора Ҷомӣ чунин мегӯяд:
Субҳи тараб «Матлаи анвор»-и ӯст,
Ҷайби адаб «Махзани асрор»-и ӯст.
Ҳаҷми маснавӣ 1712 байтро ташкил медиҳад. Вай аз ҷиҳати мазмун ва сабки нигориш ба «Махзан-ул-асрор» хеле наздикӣ дорад. Аз ҷумла, монанди асари Низомӣ маснавӣ аз ҳамду муноҷот шурӯъ гардида, пас аз он 20 мақола ё боб меояд. Ин бобҳо ба мавзуъҳои мухталифи ирфонӣ, яъне пайдоиши оламу офариниши одам ва ғайра бахшида шуда, инчунин олимони беамал, сӯфиёни риёкор, шоирони тамаъкор мазаммат карда мешаванд.
4. «Сабҳат-ул-аброр» («Донаҳои некукорон»). Ҷомӣ дар ин маснавӣ бештар ба масъалаҳои фалсафиву динӣ аҳаммият додааст. Вай аз 2885 байт иборат буда, соли 1482 таълиф шудааст. «Сабҳат-ул-аброр» аз муқаддима, қисматҳои анъанавӣ, 40 иқд ё фасл ва хотима таркиб ёфтааст. Шоир дар бисёр фаслҳои асараш шоҳони вақтро ба накукорӣ, адолатпарварӣ даъват кардааст. Дар асар тамсилҳои ахлоқӣ бештар оварда шудаанд. Ин асар аҳаммияти калони таълимию тарбиявӣ дорад.
5. «Юсуф ва Зулайхо». Достони мазкур дар соли 1483 навишта шуда, ҷавоб ба достони «Хусраву Ширин»-и Низомии Ганҷавӣ мебошад. Вай аз 4000 байт иборат аст. Мавзуи достони шоир ишқ буда, яке аз маъруфтарин асарҳои Ҷомӣ ба ҳисоб меравад. Достони «Юсуф ва Зулайхо» ба эҷодиёти адибони минбаъдаи Шарқ таъсири калон расондааст.
6. «Лайлӣ ва Маҷнун». Ин достон соли 1484 ба итмом мерасад ва дорои 3860 байт аст. Ҷомӣ достони худро дар ҷавоби «Лайлӣ ва Маҷнун» -и Низомии Ганҷавӣ сурудааст. Мавзуи достон ишқ аст.
7. «Хирадномаи Искандарӣ». Достони охирини «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ ба шумор меравад.