Пайдоиш ва ташаккули идеяи «ҷамъияти хаёлӣ» дар адабиёти шифоҳӣ ва китобӣ

Достони «Хирадномаи Искандарӣ» ва бевосита идеяи «ҷамъияти хаёлӣ» дар кохи муҳташами адабиёти ҳазорсолаи форсу тоҷик ва умуман, адабиёти ҷаҳонӣ ҳамчун намунаи олии ақлу хиради инсон мақоми босазо дорад. Ин идея ба рӯзгори инсонҳо нуру зиё, хираду маърифат бахшида, дили онҳоро ба ҳаёти хушбахтона гарм намудааст.

Идеяи «ҷамъияти хаёлӣ» аз эҷодиёти даҳонакии халқ сарчашма гирифтааст. Ҳанӯз аз замонҳои қадим халқи бечора дар бораи зиндагии хушбахтона, ҷамъияти бесинф нақлу ривоятҳои зиёде эҷод карда буд. Халқ шоҳи одилу ҷамъияти озодро орзу мекард. Пас, ҳангоме ки хат пайдо мешавад, ровиён ва ноқилон онҳоро ҷамъ намуда, ба шакли китоб медароранд. Дар солномаҳо, асарҳои ахлоқӣ ва динӣ ин нақлу ривоятҳо бо тафсилоту тағйирот дохил мегарданд. Яке аз ҳамин гуна асарҳо, ки таърихи қариб сеҳазорсола дорад, «Авесто» мебошад. «Авесто» китоби муқаддаси дини зардуштист. Дар он асотир ва нақлу ривоятҳо фаровон омадаанд. Дар бисёр нақлу ривоятҳое, ки дар «Авесто» оварда шудаанд, муборизаи ду қувва – бадӣ ва некӣ инъикос ёфтааст. Қувваи бадӣ Аҳриман ва некӣ Аҳурамаздо мебошанд. Ба ҳамин тариқ, муборизаи Аҳриману Аҳурамаздо композитсияи умумии нақлу ривоятҳоро ташкил медиҳанд. Аҳурамаздо ба фариштаҳои осмонӣ ва дар замин ба Йема – шоҳи одилу оқил сардор ва роҳнамо буд. Боре Аҳурамаздо ҳамаи фариштаҳо, аз ҷумла Йемаро даъват намуда, огоҳ менамояд, ки ба наздикӣ зимистони сахт мешавад, барфи зиёд меборад ва аз барфу тӯфон ҳама ба зери об мемонанд, олами набототу ҳайвонот ва инсонҳо ҳам нест мешаванд. Аз ин хотир дар баландиҳо, дар ҷойҳои мувофиқ барои ҳайвоноту наботот паноҳгоҳҳо, барои одамон манзил сохтан даркор. Пас аз ин аз наботот навъҳои хушсифату беҷирм, аз ҳайвонот ҷуфтҳои хубу хушзот ва аз инсонҳо танҳо ҷуфтҳои поку некусиришт, бофаросату хубрӯй, хушахлоқу меҳнатдӯст, далеру шуҷоъро хоста гирифтан муҳим аст. Аз инсонҳои дурӯя, фосиқу коргурез, зиштрӯй парҳез бояд кард. Ашхоси интихобшуда ҳам зоҳиран ва ҳам ботинан бояд зебо бошанд.

1 Анфос – нафас

2 Матлаъ – тулӯъгоҳ, ҷойи баромадан

3 Пӯй – бихоҳ

Қисмати аввали ривоят бо он поён меёбад, ки Йема супориши Аҳурамаздоро ба ҷо оварда, одамону набототу ҳайвоноти интихобкардаро аз хунукию тӯфон эмин нигоҳ медорад. Пас аз ин давраи дуюм оғоз меёбад. Ин «давраи тиллоӣ» гӯё ҳазор сол давом кардааст. Дар ин муддат баробарию бародарӣ асоси ҷамъиятро ташкил медод. Дигар одамон намемурданд, зулму истисмор набуд, яъне ҳамон ашхоси беҳтарин дар ин давра кишварро обод намуданд. Масалан, дар қисмати «Вандидод» дар ин бора гуфта шудааст:

Агар давраи Йемаи ҳукмрони боқудрат намешуд,

На хунукии сахт, на гармои сӯзон, на офат,

Дар он на пирӣ буд, на мурдан

Ва на рашку ҳасаде, ки дев ба вуҷуд овардааст.

Аммо Йема аз ин муваффақиятҳо саргарм мешавад, дигар ба суханони Аҳурамаздо гӯш намекунад ва даъвои худоӣ мекунад. Маслиҳатгари ӯ Аҳриман мешавад. Дар натиҷа халқ аз ӯ рӯ мегардонад. Пас аз ин Йема аз тарафи Ажадаҳок кушта мешавад.

Мазмуни мухтасари ривоят аз ҳамин иборат аст. Маҳз ҳамин ривоят барои пайдо шудани чандин асарҳои барҷастаи қарнҳои минбаъда сарчашмаи асосӣ гардид.

Дар адабиёти тоҷику форс ин идея, яъне тасвири «ҷамъияти хаёлӣ» бори аввал дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ инъикос ёфтааст. Дар асари Фирдавсӣ Йема бо номи Ҷамшед ёдоварӣ шудааст. Мувофиқи тасвири Фирдавсӣ Ҷамшед 700 сол подшоҳӣ мекунад. Дар аввал чун дар «Авесто» одил, додгустар, халқпарвар буд. Мамлакат обод, халқ осуда, зиндагӣ пурнишот, одамон вафот намекунанд. Аз ин пешрафт Ҷамшед мағрур шуда, дигар ба суханони Аҳурамаздо гӯш намекунад, дар байни халқ худашро яздон эълон мекунад. Ӯ осӣ мешавад ва аз тарафи Заҳҳок ба қатл мерасад.

Агар ҳар ду вариантро бо ҳам қиёс кунем, равшан мегардад, ки дар байни онҳо монандӣ бисёр назаррас аст. Дар асари Фирдавсӣ исмҳо тағйир ёфтаанд. Масалан, дар «Авесто» – Йема, дар «Шоҳнома» – Ҷамшед, дар «Авесто» – Ажадаҳок, дар «Шоҳнома» – Заҳҳок ва амсоли ин. Дигар, дар достони «Ҷамшед» тасвири «давраи тиллоӣ» ё «ҷамъияти хаёлӣ» сарфи назар шудааст. Фирдавсӣ тасвири онро дар қисмати таърихии «Шоҳнома» овардааст. Достони «Ҷамшед» дар қисмати аввал, яъне қисмати мифологӣ омадааст. Фирдавсӣ танҳо як қисми ривояти мазкурро дар достон оварда, онро эҷодкорона истифода бурдааст. Рӯзгори Ҷамшед то андозае унсурҳои ҷамъияти хаёлиро дар худ ниҳон дорад. Масалан, Фирдавсӣ мегӯяд:

Чунин сол сесад ҳам рафт кор,

Надиданд марг андар он рӯзгор.

Зи ранҷу зи бадшон набуд огаҳӣ,

Миён баста девон ба сони раҳӣ1.

Ба фармон-ш мардум ниҳода ду гӯш,

Зи ромиш2 ҷаҳон буд пуровози нӯш.

1 Раҳӣ – раҳакӣ, шахси бароҳбаромада

2 Ромиш – нағма, суруд

Чунин то баромад бар ин солиён,

Ҳаметофт аз шоҳ фарри каён1.

Ҷаҳон буд ба ором, аз ӯ шодком,

Зи Яздон бад-ӯ нав ба нав буд паём.

Дар «Шоҳнома» достони «Искандар» мавқеи калон дорад. Асосан бо ҳамин достон қисмати таърихии «Шоҳнома» оғоз ёфтааст. Достон аз 2417 байт иборат буда, аз ҷанги Юнону Эрон, яъне аз задухӯрди лашкари Файлақус (падари Искандар) ва Доро оғоз мегардад. Дар достон Искандар ҳамчун шахси ғоратгар қаламдод шудааст. Ӯ шаҳрҳо, мамлакатҳо ва кишвару буми зиёдеро ба зери тасарруф дароварда пеш мерафт, мекушт, ғорат мекард:

Зану кӯдаку пирамардон ба роҳ

Бирафтанд гирён ба наздики шоҳ,

Ки «Эй шоҳи бедор, боз ор ҳуш,

Масӯзон бару буму кӯдак макуш!»

Сикандар бар эшон наёвард меҳр,

Бар он хастагон ҳеч нанмуд чеҳр2.

Гирифтанд аз эшон фаровон асир,

Зану кӯдаки хурду барнову пир.

Сӯйи Нимрӯз омад аз роҳи Буст,

Ҳама рӯйи гетӣ зи душман бишуст.

Пас Искандар ба шаҳри бараҳманон мерасад. Ин боб «Рафтани Искандар ба шаҳри бараҳманон» ном дорад. Бошандагони ин шаҳр аз омадани Искандар воқиф гашта, ба ӯ мактубе менависанд. Дар ин мактуб ба Искандар гӯшзад мекунанд, ки агар мақсади ту молу сарват бошад, мо аз он бенасибем. Мо танҳо донишу хирад дорем, ки инро шумо гирифта наметавонед. Искандар бо чанд нафар донишмандони румӣ ба назди онҳо меравад ва бо онҳо суҳбат мекунад, саволҳои зиёде медиҳад. Аз саволу ҷавоб равшан мегардад, ки бошандагони он ҷо бисёр фақирона зиндагӣ мекардаанд. Қариб урён мегарданд, молу чиз надоранд. Мардумаш баробару бародаранд. Онҳо дар саволу ҷавоб Искандарро мулзам мекунанд:

1 Каён – шоҳ

2 Чеҳр – чеҳра, рӯй

Сикандар чу рӯйи бараҳман бидид,

В-аз он гуна овози эшон шунид.

Давону бараҳна тану пову сар,

Танаш бебару ҷон зи дониш ба бар.

Хуру хуфту ором дар дашту кӯҳ,

Бараҳна ба ҳар ҷой гашта гурӯҳ.

Ҳама хӯрданишон бари мевадор,

Зи тухми гияҳ руста бар кӯҳсор.

Сикандар бипурсид аз хобу х(в)ард,

Аз осоишу гарди рӯзи набард.

Хирадманд гуфт: «Эй ҷаҳонгир мард,

Кас аз мо нагӯяд зи нангу набард,

Зи пӯшиданӣ ё зи густарданӣ,

Ҳама бениёзем аз хӯрданӣ».

Искандар аз ин хеле мутаассир гашта, рӯҳан тағйир меёбад. Чеҳрааш заъфарон гашта, ашк аз чашмонаш ҷорӣ мегардад:

Сикандар чу гуфтори эшон шунид,

Ба рухсора шуд чун гули шанбалид1.

Ду рух зарду ду дида пуроб кард,

Ҳамон чеҳри хандон пур аз тоб кард.

Афсӯс хӯрду тавба кард. Барои ҳамин ба ҳар кас сарвату молашро бахшида, аз назди бараҳманон ба тарафи Ховар роҳ пеш гирифт:

Басе низ бахшид бар ҳар касе,

Ба наздики эшон набуд ӯ басе.

Беозор аз он ҷойгаҳ баргирифт,

Бар он ҳамнишин роҳи Ховар гирифт.

Дар достони «Искандарнома»-и Низомии Ганҷавӣ тасвири «ҷамъияти хаёлӣ» каме тағйир ёфтааст. Искандар ҳангоми сафарҳои ҳарбиаш ба мамлакати шимол мерасад ва мебинад, ки кишвар бешоҳ аст, бою камбағал надорад, фиребгару қаллоб, бекорхӯҷаву бевиҷдон нест. Онҳо умри зиёд дида, дар пиронсолӣ вафот мекунанд. Дигар, муъҷизаи мамлакат боз он будааст, ки дузд, хиёнаткор дар сари вақт ҷазо мегирифтааст. Искандар бо лашкараш ба диёр дохил шуда, боғҳои мевадор, галаю рамаҳои сершумори бегалабону бечӯпон ва дигар муъҷизоти зиёдеро мебинанд. Сарбозе аз дарахт мева мегирад, ҳамоно мебинанд, ки пушташ кӯз шудааст. Искандар ба шигифт меафтад, баъд аз ин ба хаёл меравад ва дар дил чунин мегӯяд:

1 Шанбалид – номи гиёҳ, рустанӣ

Ба дил гуфт: «Аз ин розҳои шигифт,

Агар зиракӣ, панд бояд гирифт.

Нахоҳам дигар дар ҷаҳон сохтан,

Ба ҳар сайдгаҳ доме андохтан.

Маро бас буд, аз ҳар чӣ андӯхтам,

Ҳисобе аз ин мардум омӯхтам.

Бад-эшон гирифтаст олам шукӯҳ,

Ки автоди олам шуданд ин гурӯҳ.

Агар сират ин аст, мо бар чием?!

В-агар мардум инанд, пас, мо кием?!

Ниҳоят, Искандар аз ҷаҳонгирӣ, қатлу ғорати мардумон сахт пушаймон мешавад. Ӯ бо дарду алам мегӯяд, ки агар ман пештар аз чунин мамлакат хабар медоштам, ҳаргиз дигар гирди ҷаҳон намегаштам, дину ойин, кору рафтори онҳоро мепазируфтам:

Гар ин қавмро пеш аз ин дидаме,

Ба гирди ҷаҳон барнагардидаме.

Аз ин расм нагзаштӣ оини ман,

Ҷуз ин дин набудӣ дигар дини ман.

Искандар аз ҳамин ҷо пас мегардад. Дигар ӯ ҷанг намекунад. Роҳи Юнонзаминро пеш мегирад, вале дар роҳ ба бемории сахт гирифтор шуда вафот мекунад.

Тавре ки дидем, дар Фирдавсӣ Искандар аз суҳбат ва саволу ҷавоби бараҳманон панд намегирад, ба хулосаи даркорӣ намеояд. Яъне, ӯ пас аз ин боз ба кишваркушоӣ, ғоратгарӣ машғул мегардад. Ба ҳамин тариқ, Искандар дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ то охир ҳамон Искандари таърихӣ, яъне Искандари ғоратгар, ғосиб мемонад.

Тасвири «ҷамъияти хаёлӣ» дар «Хирадномаи Искандарӣ». Дар достон идеяи «ҷамъияти хаёлӣ» характери ҷамъбастӣ дошта, аз нигоҳи фалсафӣ ниҳоят қавист. Мувофиқи тасвири Ҷомӣ Искандар пас аз ҷаҳонгирӣ, тай намудани кишвару мамлакатҳои зиёд ба шаҳре, ки ҳама мардум покизарӯзгор буданд, мерасад. Аз тасвири Ҷомӣ равшан мегардад, ки Искандар аз Рум на барои қатлу ғорат, забт намудани кишвару бум, баҳру бар, бойигарию сарват, чунонки дар Фирдавсӣ тасвир гардидааст, омадааст, балки ҳамчун як марди хирадманд, ҷӯяндаи хайру эҳсон тасвир ёфтааст:

Сикандар чу мегашт гирди ҷаҳон,

Хабарпурси ҳар ошкору ниҳон,

Дар аснои рафтан ба шаҳре расид,

Дар он шаҳр қавме писандида дид.

Пас аз ин Ҷомӣ бевосита бо як ҳиссиёти баланд ба тасвири ҷамъият рӯ меорад. Қаблан тасвири Фирдавсӣ ва Низомиро дидем. Пеш аз ҳама ҳангоми муқоиса эҳсос мешавад, ки саволу ҷавоби Искандар бо бошандагони ин ҷамъият дар Ҷомӣ дақиқтаранд. Агар дар Фирдавсӣ бо Искандар сарвари бараҳманон, дар Низомӣ бузургони ин қавм суҳбат ороста бошанд, дар Ҷомӣ Искандар бо дарзӣ барин шахс саволу ҷавоб мекунад. Дар оғоз Ҷомӣ, агар сифату хислати одамони ин ҷамъиятро тавзеҳ диҳад, пас аз ин бо камоли маҳорат характеру хислатҳои як гурӯҳи одамони одиро дар рафти амалиёт нишон медиҳад. Масалан, Ҷомӣ чунин мегӯяд:

Зи гуфтори беҳуда лабҳо хамӯш,

Фурӯ баста аз носазо чашму гӯш.

Наҷуста ба бад ҳаргиз озори ҳам,

Ба ҳар кори неку мададгори ҳам.

На з-эшон тавонгар касе, не фақир,

Ба эшон на султон касе, не амир.

Баробар ба ҳам қисмати молашон,

Мувофиқ ба ҳам сурати ҳолашон.

На аз меҳнати қаҳташон сол танг,

На бар сафҳаи сулҳашон ҳарфи ҷанг.

Мулоқоту суҳбатҳои самимии дарзӣ бо Искандар ва тафаккуру андешаи дарзии хирадманд нуқтаи баландтарини достони Ҷомӣ ба ҳисоб меравад, ки чунин мулоқотҳоро дар Фирдавсӣ ва Низомӣ дида наметавонем. Аз ин рӯ, достони «Хирадномаи Искандарӣ» ва «ҷамъияти хаёли»-ӣ тасвиркардаи Ҷомӣ дар пояи олӣ меистад. Биёед, саволу ҷавобҳои Искандарро бо мардуми покизарӯзгори ин ҷамъият хубтар мулоҳиза кунем.

Масалан, Искандар аз онҳо мепурсад, ки чаро ҷамъияти шумо бе подшоҳ аст? Дар ҷавоб бошандагони он шаҳр ба Искандар мегӯянд, ки дар ин ҷо зулму золимӣ нест. Бинобар ин мо ба подшоҳ эҳтиёҷе надорем:

Дигар гуфт: «Чун шоҳи фармонравой

Дар ин шаҳри бешӯр нагрифта ҷой?»

«Пайи дафъи зулм аст, – гуфтанд, – шоҳ,

Зи зулм ин вилоят бувад дар паноҳ.

Зари адл аз зулм гирад иёр1,

Чу золим набошад, ба одил чӣ кор?!»

Ҳатто одамони одии ин шаҳр дар сухандонӣ ва нуктафаҳмӣ Искандари донишмандро мулзам мекунанд. Масалан, Искандар аз назди дукони дарзӣ мегузашт. Дарзӣ ӯро дида эътиборе надод, яъне аз ҷой нахест ва таъзим накард. Искандар сабаби инро аз дарзӣ пурсид. Дарзӣ дар ҷавоб чунин гуфт:

Наёяд хушам фарру2 иқболи ту,

Чӣ созам сари хеш помоли ту?

Надорам тамаъ ганҷи симу зарат,

Чу мор аз чӣ ҳалқа занам бар дарат?

Пас аз мутолиаи боби мазкур хонанда ба дунёи фикру андеша меравад, то ки хубтару беҳтар мақсади шоир ва фалсафаи зиндагиро бифаҳмад. Аз ин хотир дар тафаккураш саволҳои зиёди беҷавоб пайдо мешаванд. Ӯ андеша мекунад, ки чаро ин ҷамъият ба подшоҳ ниёз надорад? Чаро бою камбағал нест, ҳама баробар зиндагӣ мекунанд? Дар ҷавобҳои дарзӣ ба Искандар шоир ба кадом масъалаҳо диққат додааст? Ва ба ҳамин монанд саволҳои зиёде ӯро нороҳат мекунанд.

Воқеан, хонандагон аз рӯйи матн ба саволҳои зикршуда то андозае ҷавоб хоҳанд ёфт. Азбаски дар ҷамъияти тасвиркардаи Ҷомӣ зулму истисмор, ҷангу ҷидол, туҳмату буҳтон нест, одамони ин ҷамъият ахлоқи писандида доранд, ҳамфикранд, баробар кор мекунанд, ба онҳо подшоҳ ҳам лозим нест. Подшоҳ ҳам дар низоми давлат маҳз барои ҳамин корҳо лозим аст. Аз ин рӯ, ҷамъиятро бояд халқ идора кунад. Ба ҳамин тариқ, Ҷомӣ дар охири умр ба хулосае омад, ки ҷамъияти инсонӣ бе подшоҳ ва роҳбарии ӯ низ пеш рафта метавонад. Баръакс, мамлакат боз беҳтар мешавад. Яъне Ҷомӣ дар ин айём аз баҳри подшоҳи одил ва бомаърифат ҳам мегузарад ва дар идора кардани давлат халқро дар навбати аввал мегузорад.

1 Иёр – баҳо, тарозуи зарсанҷ, қимат, арзиш.

2 Фарр – шукӯҳ, зебоӣ, дабдаба, тоҷи иқбол, ҳайбати шоҳон.

Ба саволи дуюм алоқамандона ба саволи боло ҷавоб додан лозим меояд. Дар ҷамъияти тасвиркардаи Ҷомӣ барои он бою камбағал нест, ки мардуми он покахлоқ ва нексириштанд, онҳо дили соф, ақлу заковати баланди инсонӣ доранд. Ҷомӣ бо ин гуфтан хостааст, ки танҳо ҳамин зайл одамон чунин ҷамъиятро сохта метавонанд. Баъзе хислатҳои одамони ин ҷамъиятро Ҷомӣ дар симои дарзӣ инъикос намудааст. Дарзӣ марди ҳунарманд аст. Вай ба кори хоксоронаи худ машғул буда, узви комилҳуқуқи ин ҷамъият аст. Дарзӣ ба Искандар эътибор намедиҳад, аз ҷой намехезад, таъзим намекунад ва ин ба табъи Искандар намефорад. Дарзӣ ҷавоб медиҳад, ки ман аз ту ягон чиз талаб надорам, муҳтоҷи ту нестам, ман озод ҳастам.

Ҷомӣ ба воситаи овардани саволу ҷавоби онҳо мавқеи ҷамъиятии шахсро гузоштааст. Ба ин восита адиб одамони тамаъкору хушомадгӯйи замонаашро мазаммат намуда, онҳоро ба назарбаландӣ ҳидоят мекунад.

Абдурраҳмони Ҷомӣ ба хулосае меояд, ки дар он ҷое ки золим нест, аз ҳар ҷиҳат мардумон бо ҳам баробар ва бародаранд, мувофиқи тавоноияшон меҳнат мекунанд, аз рӯйи ақлу хирад ҳар як узви ин ҷамъият зиндагиашро пеш мебарад. Мана ҳамин аст кулминатсияи асар, нуқтаи авҷи тасвир дар асари шоири бузург. Тасвири «ҷамъияти хаёлӣ» на танҳо як саҳифаи дурахшони адабиёти тоҷику форс, балки ғояи олии умумиинсонии адабиёти ҷаҳонӣ аст. Ин афкори олии Абдурраҳмони Ҷомӣ баъд аз чанд аср ба тарзи аниқтар дар асарҳои сотсиалистони хаёлӣ ва нависандагони барҷастаи Аврупо Томас Мор («Утопия», 1516), Кампанелла («Шаҳри Офтоб», 1602), Анатол Франс («Дар санги сафед», 1905) ва дигарон инъикос ёфтааст.

Вале аз ҳама муҳимаш он аст, ки Ҷомии мутафаккир дар ҳамон замоне, ки инсон хору залил, фақиру музтар гардида буд, субҳи мурод, ҷилои хуршеди саҳар, машъали рахшони адолатро орзу кард.

Ақидаи Ҷомӣ дар бораи муносибати устоду шогирд. Ҷомӣ дар достон зимни образҳои Искандар ва Арасту муносибати устоду шогирдро бо камоли маҳорат нишон додааст. Адиб таъкид менамояд, ки ҳар кас бояд ҳурмату эҳтироми устод, омӯзгорро нигоҳ дорад.

Арасту рӯзе аз Искандар мепурсад, ки агар дар оянда подшоҳ шавӣ, ба ман чӣ хел муносибат мекунӣ?:

Чу мулки ҷаҳонат мусаллам1 шавад,

Дар он поя пойи ту муҳкам шавад,

Чӣ бошад ба пеши ту миқдори ман?

Чӣ равнақ пазирад зи ту кори ман?

Искандар чунин ҷавоб медиҳад:

Бигуфто, ки бошад туро бартарӣ

Бари ман ба миқдори фармонбарӣ...

Ба тоат туро то қадам пештар,

Бувад қадри ту пеши ман бештар.

Аз ин порчаи боло маълум мегардад, ки Искандар устодашро дар амру фармони подшоҳӣ баробар ва ҳатто аз худ бештар ҳисоб мекардааст.

Дар ҳақиқат, Искандар ҳурмату эҳтироми устодашро то охири умр ба ҷо овард. Бо маслиҳати ӯ ва дигар ҳакимон давлати бузургашро идора мекард. Боре як нафар аз Искандар мепурсад, ки чаро ӯ муаллими худ Арастуро аз падар беш ҳурмату эҳтиром мекунад? Ҷавоби Искандар:

Бигуфто: Зад ин нақши обу гилам,

В-аз он тарбият ёфт ҷону дилам.

Аз ин шуд тани ман пазирои ҷон,

В-аз он омадам зиндаи ҷовидон.

Аз ин по кушодам зи қайди адам,

В-аз он рӯ ниҳодам ба мулки қидам.

Ҷомӣ талаб мекунад, ки ҳар касе ки муаллим дорад, то охири ҳаёташ бояд устодони худро ҳурмату эҳтиром кунад. Қадри муаллим аз падар ҳам зиёдтар аст. Зеро муаллим ба ӯ таълим медиҳад, ҳунару фарҳанг меомӯзонад ва ба шогирд бахту саодат мебахшад. Ҷомӣ афкори пешқадамро зимни образи шоҳи муқтадир – Искандар инъикос намудааст. Ин ақидаи шоир то одаму олам ҳаст, завол намеёбад, чунонки Ҷомӣ мегӯяд:

1 Мусаллам – бе шакку шубҳа

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор!

Ҷомеа ҳамеша ба омӯзгор ниёз дорад ва ҳурмату эҳтироми муаллим амрест воҷиб. Андешаҳои Ҷомӣ нисбати омӯзгор имрӯз ҳам қимати баланди таълимию тарбиявӣ дошта, барои инкишофи маънавиёти ҳар як фарди ҷомеа мусоидат мекунанд.