Мусаммат калимаи арабист. Он ба маънои ба ришта кашидани чизе ё донаҳои тасбеҳро дорад. Аммо ҳамчун истилоҳ маҷмуи шаклҳои шеърист.
Ҳамин тавр, аз мусаммат навъҳои мусаллас, мураббаъ, мухаммас, мусаддас, мусаббаъ, мусамман, мутассаъ ва муашшар таркиб ёфтаанд.
Адибони гузашта ва имрӯзаи тоҷику форс ин шаклҳои мусамматро дар эҷодиёти худ истифода бурдаанд ва мебаранд. Вале баъзе навъҳои мусаммат дар эҷодиёти адибон серистеъмол буда, қисми дигарашон хеле кам истифода бурда мешаванд. Метавон намунаҳои зиёдеро дар осори адибон пайдо кард, ки онҳо дар навъҳои мусаммати мусаллас, мусаммати мураббаъ, мусаммати мухаммас ва мусаммати мусаддас эҷод шудаанд. Имрӯз ҳам ин анъана дар эҷодиёти шоирони тоҷик давом дорад. Лекин навъҳои мусаммати мусаббаъ, мусамман, мутассаъ ва муашшар кам истифода шудаанд ва имрӯз ҳам шоирон чандон ба ин навъҳо таваҷҷуҳ надоранд.
Мавзуъҳои мусаммат гуногунанд. Вале бештар дар онҳо мавзуъҳои пандуахлоқӣ, иҷтимоӣ, тасвири табиат ва ғайра инъикос ёфтаанд. Нисбати дигар навъҳои мусаммат мухаммас мақоми хосса дорад. Бахусус дар асрҳои XVIII – ХХ ин шакли шеърӣ дар адабиёт рушду камол ёфт. Ҳатто адибон барои қувваи худро санҷидан ва ҳунари шоирии худро нишон додан ба ғазалҳои шоирони маъруф, мисли Саъдӣ, Амир Хусрав, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ, Ҷомӣ, Соиби Табрезӣ ва дигарон мухаммас мебастанд ё мухаммас эҷод мекарданд. Имрӯз ҳам ин анъанаи ниёгон давом дорад.
Мегӯянд, ки шоири асри XII Манучеҳрии Домғонӣ бунёдгузори ин навъи адабист. Бисёр мусамматҳои Манучеҳрӣ аз бандҳои шашмисраъгӣ иборатанд ва ин навъ мусаммати мусаддас мебошад.
Мухаммас шакли шеъриеро мегӯянд, ки ҳар банди он аз панҷ мисраъ иборат бошад. Мухаммас мувофиқи мазмун ва салоҳдиди шоир 5-6 банд шуда метавонад. Тарзи қофиябандии он чунин аст: мисраъҳои банди аввал ҳамқофияанд а а а а а, чор мисраи банди дигар ҳамқофия буда, мисраи панҷум ба мисраъҳои банди аввал ҳамқофия мешавад /б б б б а/. Ба ҳамин тариқ, мисраи бандҳои охири дигар ба мисраъҳои банди аввал ҳамқофия ҳастанд. Аз ҳамин нуқтаи назар мухаммаси «Намонд»-и Сайидоро аз назар мегузаронем:
1. Арбоби ҷудро1 кафи гавҳарфишон намонд,
Дасти кушодае ба муҳиту ба кон намонд,
Дар рӯзгори мо зи мурувват2 нишон намонд,
«Аз ҳиммати баланд асар дар ҷаҳон намонд,
Як сарв дар саросари ин бӯстон намонд».
1 Ҷуд – саховат, эҳсон, бахшанда, ҷавонмардӣ
2 Мурувват – адолат, инсоф, лутф, эҳсон, ҷавонмардӣ
2. То чуғзтинатон ба фазои чаман шуданд,
Чун сабза сояпарвари сарву суман шуданд,
Гулҳо зи баски ҳамдами зоғу заған шуданд,
«Мурғони нағмасанҷ ҷалои ватан шуданд,
Ҷуз байзаи шикаста дар ин ошиён намонд».
3. Аз аҳли дил намонд дар ин хокдон нишон,
Бастанд обу ойина рахти худ аз миён,
Хуршед гуфт вақти видоаш ба осмон:
«Равшандилон чу барқ гузаштанд аз ҷаҳон,
Хокистаре ба ҷой аз ин корвон намонд».
4. Аз дидаи басирати1 мо хоб шуд равон,
Абёт аз сафина2 чу симоб шуд равон,
Таҳрир аз саҳифа чу хуноб шуд равон,
«Аз чашми сурмавори давот об шуд равон,
Ширинзабонии қалами нуктадон намонд».
5. Эй Сайидо, ту дил ба мақоми наҷот каш!
Пой аз миёни тоифаи бесубот каш!
Чун Хизр рахти хеш ба оби ҳаёт каш!
«Соиб, забони хома ба коми давот каш,
Имрӯз чун суханталабе дар ҷаҳон намонд».
Шарти асосии шоири мухаммасбанд, пеш аз ҳама, дар он аст, ки бояд ба мазмун, вазн, қофияю радифи ғазали интихобшуда мухаммас ё байтҳои овардаи худро мувофиқ кунад. Сайидо тамоми қонуниятҳои зикршударо ба хубӣ иҷро кардааст ва мухаммаси бисёр олӣ офаридааст.
1 Басират – фаросат, дониш, биноӣ, хирад.
2 Сафина – киштӣ.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
1. Кадом асарҳои Ҷомиро дар синфҳои поёнӣ хондаед?
2. Дар бораи Ҷомӣ ҳамасронаш чӣ гуфтаанд?
3. Ба эҷодиёти адиб шарқшиносон чӣ гуна баҳо додаанд?
4. Мазмуни ҳикояти «Хамсаи мутаҳайира»-ро нақл кунед.
5. Таҳсили Ҷомӣ дар Самарқанд чӣ хел гузашт?
6. Чаро Ҷомӣ ба дарбор нарафт?
7. Хислатҳои ибратомӯзи Ҷомиро ҳикоят кунед.
8. Хизмати Ҷомӣ ҳамчун олим ва донишманд дар чист?
9. Аз адиб чанд девон боқӣ мондааст?
10. «Ҳафт авранг»-ро Ҷомӣ дар пайравии кадом шоирони гузашта иншо намудааст ва аз онҳо чӣ фарқ дорад?
11. Чаро ғазал дар эҷодиёти Ҷомӣ мавқеи асосӣ дорад?
12. Мавзуъ ва хусусияти ғазалиёти адибро фаҳмонед.
13. Идеяи шоҳи одил аз куҷо сарчашма мегирад ва пеш аз Ҷомӣ кадом адибони гузашта ин идеяро илқо намудаанд?
14. Фарқи шоҳи одили Ҷомӣ ё Искандари Ҷомӣ аз дигар Искандарҳо дар чист?
15. Ҷомӣ дар бораи муносибати устоду шогирд чӣ мегӯяд?
16. Чаро ҷамъиятеро, ки Ҷомӣ дар «Хирадномаи Искандарӣ»
тасвир кардааст, хаёлӣ мегӯянд?
17. Ҷомӣ «Баҳористон»-ро дар пайравии кадом асари адиби гузашта навиштааст ва ба чӣ мақсад?
18. Монандӣ ва тафовути ин ду шоҳасар дар чист?
19. Мавзуи асосии бобҳои «Баҳористон»-ро нақл кунед.
20. Боби ҳафтуми «Баҳористон» чӣ аҳаммият дорад?
21. Нуқтаи назари Ҷомӣ доир ба масъалаи таъйин намудани ҳокимон ва роҳбарони давлат аз чӣ иборат аст? Ин фикр оё имрӯз қимату арзиш дорад?
ТЕСТҲО
1) Абдурраҳмони Ҷомӣ чанд фарзанд дошт?
а) 4.
б) 5.
в) 6.
2) Ҷомӣ кадом асарашро ба писари хурдияш Зиёуддин бахшид?
а) «Баҳористон»
б) «Туҳфат-ул-аҳрор»
в) «Сабҳат-ул-асрор»
3) «Баҳористон» аз чанд фасл иборат аст?
а) 5.
б) 8.
в) 9.