Ҳусайн Воиз соли 1420 дар деҳаи Байҳақи вилояти Сабзавори Хуросон ба дунё омад. Волидайни Кошифӣ аз табақаи миёнаи аҳолӣ буда, ба кишту зироат ва чорводорию боғпарварӣ машғул буданд ва чархи зиндагиашонро пеш мебурданд. Ҳусайн дар зери болу пари падару модар ба воя расид, мактабхон шуд ва дар зодгоҳаш хатту савод пайдо кард.
Баъд ба Сабзавору Машҳад омад ва дар назди донишмандон илму адаб омӯхт, аз сирру асрори бисёр масъалаҳои илмиву адабӣ воқиф гашт ва рӯ ба зинаи камолот ниҳод. Дар ин айём ҳам солортар шуду донишу маърифаташ камол ёфт. Ба нигорандагӣ ва шеърнависӣ пардохт. Дар маҷолису маъракаҳо дар байни адибон аз адабиёт қироат мекарду ба маслиҳати бузургон гӯш медод, аз онҳо меомӯхт. Дар Машҳад ҳамчун воиз шуҳратманд гардид. Пас аз намози ҷумъа масҷиди ҷомеи Машҳад, ки лабрези намозхонон буд, боз соате чанд гӯш ба ваъзи Ҳусайн доштанд. Воизӣ ҳунари осон нест. Барои воиз шудан бисёр хондан, бисёр донистан лозим. Китобҳои фиқҳ, илоҳиёт, хулафои мутақаддиму мутаахирин, шайхону уламои соҳибноми исломро донистану омӯхтан даркор. Ҳусайни ҷавон аз ин сарчашмаҳо хеле хуб бархӯрдор буд. Ҳамин тавр, дар солҳои 1455 то 1468 Ҳусайн дар Нишопур монд. Ӯ ҳам илм омӯхту ҳам воизӣ кард, вале бисёр дилаш мехост ба пойтахти Хуросон шаҳри овозадори Ҳирот, ба зиёрати Ҳазрати Мавлоно Ҷомӣ биравад ва пеши эшон ҳалқаи шогирдӣ ба гӯш занад.
Соли 1468 ба Ҳирот омаду ба дидори Мавлоно Ҷомӣ шарафёб гашт. Ҳамин тавр, ӯ то поёни рӯзгор яке аз дӯстон, ҳамсуҳбатон ва мухлисони Ҷомию Навоӣ гашт.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар ин шаҳри ободи адабпарвар дар байни уламою удабо мақому манзалат ёфт, ҷойгоҳи хешро дар байни онон муайян кард. Боз дар мактаби адабии Ҷомӣ мақоми арзанда дошт. Ӯ ба толибилмон, шоиру нависандагони ҷавон дар мадраса дарс мегуфт. Вақти боқимондаи хешро ба таснифи асарҳо сарф мекард. Овозаи воизӣ ва қироати волои ӯ ба шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон, Эрону Ироқ ва ба пойтахтҳои кишварҳои мусалмонӣ паҳн гашт ва ӯро ба он ҷойҳо мебурданд.
Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, ки яке аз шогирдони наздики Ҳусайн Воиз буд нозукиҳои ҳунари воизиро аз ӯ омӯхта буд, дар бораи устоди худ дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» нақлу ҳикоёти зиёд овардааст. Ӯ дар ҳар шаҳру диёре, ки мерафт, хешро шогирди Мавлоно Кошифӣ муаррифӣ намуда ваъз мегуфт. Дар бисёр мавридҳо уламою удабо Восифиро аз хотири устодаш эҳтиром мекарданд.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар тӯли рӯзгори хеш зиндагии хоксоронае дошт. То тавонист, ба муҳтоҷон, дарвешон кумаки моддӣ расонд. Дар доираҳои адабӣ, дар баҳсу мунозираи удабою уламо иштирок мекард, вале дар сухан гуфтан сабру таҳаммулро ихтиёр намуд, сад бор суханро месанҷиду пасон ба забон меовард.
Кошифӣ оилаи хуб дошт. Ӯ хоҳари Абдурраҳмони Ҷомиро ба занӣ гирифта, аз ӯ фарзандони хубрӯю солеҳ ёфта буд. Нависанда Мавлоно Фахриддин Алии Сафӣ муаллифи китоби «Латоифут-тавоиф» фарзанди Ҳусайн Воизи Кошифист. Алии Сафӣ дар воизӣ касби падарро ҳунармандона аз худ карда, дар нимаи дувуми асри понздаҳ дар Мовароуннаҳру Хуросон соҳибном ва маъруфу машҳур гардида буд.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ умри дароз дид ва соли 1505 дар шаҳри Ҳироти Афғонистон вафот кард.