Достони “Беҳрӯзу Баҳром”

Достони «Беҳрӯзу Баҳром» дар эҷодиёти шоир мақоми аввал дорад. Асар дар муддати 10 сол навишта шудааст ва 7702 байтро дар бар мегирад. Тахмин меравад, ки соли 1507 маснавӣ ба анҷом расидааст. Мақсади шоир аз эҷоди достон дар чист? Худи Биноӣ ба ин савол ҷавоб дода чунин мегӯяд:

Ҳар китобе, ки буд дар ахлоқ,

Ҷустам, аз ҳар кӣ буд дар офоқ1.

1 Офоқ – дунё, гетӣ, олам

Бар сару пойи он кутуб1 гаштам,

Бар баду неки халқ бугзаштам,

Ҷамъ кардам фавоид2 аз ҳад беш,

Баргирифтам тариқи мақсади хеш,

Ки чу маҳсули ман ба рафъ3 расад,

Хӯшачине аз ӯ ба нафъ расад.

Тарбияи шахс дар замони шоир яке аз масъалаи умда ба ҳисоб мерафт. Зеро ахлоқ ва махсусан ахлоқи табақаи болои ҷомеа бад шуда, ислоҳ металабид. Шоир хостааст, ки бо ин роҳ аҳли ҷомеаро тарбия намояд ва бо ҳамин васила дар назди виҷдон ва халқ хизмати худро адо кунад. Аммо барои ба мақсад расидан усули анъанавии бузургони гузаштаро такмил додааст. Достони шоир аз асарҳои ахлоқии гузашта, пеш аз ҳама, бо он фарқ мекунад, ки шоир барои баёни афкори ахлоқиаш на танҳо бо суханони умумии қаҳрамони лирикӣ қаноат мекунаду бас, балки бо роҳи додани сужет дар рафти воқеаю ҳодисаҳои асар андешаҳои ахлоқии шоир хусусияти ҷамъбастӣ мегиранд. Аз рафти ҳодисаҳои ибратбахш хонанда панд гирифта ба хулоса меояд.

Композитсия ва сужети асар. Достони «Беҳрӯзу Баҳром» аз наъту муноҷот шурӯъ мегардад. Пас аз ин шоир дар бораи сабаби назми китоб, мақсаду мароми хеш аз таълифи асар сухан мегӯяд. Баъд ду боби ба ҳам алоқаманд, ки яке ба масъалаҳои ахлоқи нек ва дигаре ба ахлоқи бад бахшида шудаанд, меоянд. Дар ин қисматҳо шоир ҳамчун қаҳрамони лирикӣ намудор шуда, муносибати худро ба ин ду масъала баён кардааст. Сипас бевосита сужети асар шурӯъ мегардад.

Дар шаҳри Ҳамадон ду бародар – Хоҷа Хусрав ва Хоҷа Азиз дӯстона зиндагӣ мекарданд. Хусрав Гулчеҳр ном духтари соҳибҷамол ва Азиз бошад, ду писар – Баҳром ва Беҳрӯз дошт. Ҳар се дар мактаб якҷоя мехонданд. Гулчеҳр ва Беҳрӯз бисёр нағз хонда, ба сухани устодон бо мароқ гӯш мекарданд. Сари вақт вазифаҳоро иҷро менамуданд. Боақлу боодоб буданд. Саъю кӯшиш, меҳнату машаққати Гулчеҳр ва Беҳрӯз зоеъ нарафт. Онҳо бисёр илмҳои маъмули замонаашонро ба хубӣ аз худ карда, аз илму фарҳанг бархӯрдор гардиданд. Баҳром танбалу коргурез буд, ба мактаб, ба омӯзиши илму дониш майл надошт. Ӯ бо одамони бадахлоқ ҳамроҳ шуда, вақти худро бо корҳои беҳуда мегузаронид. Ҳамин тариқ, ӯ ба як шахси сиёҳдил, бефарҳанг ва зарарноки ҷомеа табдил ёфт. Дар баробари ин Баҳром мехоҳад ба Гулчеҳри зебо издивоҷ кунад. Аз ин рӯ, падарашро маҷбур менамояд, ки ба хонаи амакаш рафта духтарашро барояш хостгорӣ кунад. Гулчеҳр ва падараш ба издивоҷ розӣ намешаванд. Гулчеҳр Баҳромро бад мебинад. Аммо ба Беҳрӯз майлу рағбат ва муҳаббат дорад. Беҳрӯз ҳам Гулчеҳрро нағз мебинад. Вале ишқашро изҳор намекунад. Хусрав муҳаббати ҳар дуи онҳоро фаҳмида, ба бародараш Азиз мегӯяд, ки ман духтарамро танҳо ба Беҳрӯз медиҳам.

1 Кутуб – шакли ҷамъи китоб.

2 Фавоид – фоидаҳо.

3 Рафъ – баланд шудан, маълум шудан, шуҳрат ёфтан.

Баҳром ин хабарро шунида, ба хашму ғазаб меояд. Бадкирдориаш боз ҳам зиёд мегардад. Одамкушӣ ва дуздӣ мекунад. Аз зиёнкории ӯ мардум ба дод меоянд. Ӯро борҳо ба маҳкамаи қозӣ бурданд. Падараш Хоҷа Азиз тамоми дороию сарваташро дар ивази бадкирдориҳои содиркардаи Баҳром ба товон медиҳад. Падару модар ба фарзанд ҳарчанд насиҳат мекунанд, аммо зиёнкориаш боз зиёдтар мегардад. Пас аз ин Хоҷа Азиз аз Беҳрӯз, ки дар он рӯзгор ҳамчун яке аз шахси донишманду хирадманд эътироф шуда буд, хоҳиш мекунад, ки ӯро насиҳат карда, ба роҳи рост раҳнамун созад. Сипас қисмати дуюми достон шурӯъ мегардад. Ин қисматро «Насиҳатномаи Беҳрӯз» гуфтан равост. Насиҳатнома аз 20 боб иборат буда, қариб ҳамаи масъалаҳои тарбиявию ахлоқиро дар бар мегирад. Ҳар як боб ба масъалаҳои алоҳида бахшида мешавад. Шоир ҳангоми кушодани масъалаҳо барои тақвияти фикр ҳикояю масалҳои ахлоқии зиёдеро меорад, ки онҳо бобҳоро шавқовар гардонидаанд.

Вале бояд гуфт, ки дар ҳамин ҷо хати сужети асар канда мешавад. Ҳаёти минбаъдаи қаҳрамонҳои асосии достон – Гулчеҳр ва Беҳрӯз ба хонанда норавшан мемонад. Маълум намешавад, ки «Насиҳатномаи Беҳрӯз» ба Баҳром то чӣ андоза таъсир расонд. Оё ӯ ислоҳ шуд, аз роҳи бад баргашт? Хулосаҳои дақиқ бароварданро адиб ба хонанда ҳавола кардааст.