Фикрҳои пандуахлоқии Восифӣ қимату арзиши зиёд дошта, инсонро ба ростию накукорӣ, илму ҳунаромӯзӣ ва дигар хислатҳои нек ҳидоят мекунанд.
Восифӣ дар тӯли ҳаёти худ ба бисёр мамлакатҳо ва шаҳрҳо сафар карда, бо аҳли илму адаби доираҳои адабии Ҳирот, Бухоро, Самарқанд, Шоҳрухия ва Тошканд вохӯрда, суҳбатҳои адабӣ ороста буд. Аз ин рӯ, нависанда дар асараш дар бораи шоирону олимони машҳури замон ва ҳаёти илмиву адабӣ ба тафсил маълумот медиҳад. Маълумотҳои Восифӣ эътимодбахш буда, барои муайян намудани ҳаёту фаъолияти як зумра нависандагон: Ҷомӣ, Навоӣ, Биноӣ, Дарвеши Деҳакӣ ва вазъияти илмиву адабии асрҳои XV-XVI аҳаммияти муҳимми илмӣ доранд.
Масалан, дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» оварда шудааст, ки Камолиддини Биноӣ ба Табрез сафар намуда, бо аҳли илму адаби он кишвар вохӯрда, суҳбатҳо мегузаронад. Махсусан, маълумоти ӯ дар бораи Дарвеши Деҳакӣ аҳаммияти калони илмиву адабӣ дорад. Дарвеши Деҳакӣ соҳибистеъдод буда, ашъори олӣ мегуфтааст, вале аз хатту савод бенасиб будааст. Ӯ ба касби бофандагӣ машғул шуда, рӯзгорашро аз ҳамин даромад таъмин мекардааст. Султон Яъқуб ҳарчанд саъю кӯшиш кардааст, аммо Дарвеш ба дарбори ӯ нарафта, дар деҳаи Деҳак то охири умр зиндагӣ намудааст.
Аз ӯ девоне боқӣ мондааст. Ҳамзамонони Дарвеши Деҳакӣ, аз ҷумла Биноӣ, Восифӣ ба эҷодиёти ӯ баҳои баланд додаанд.
Восифӣ дар баробари нақли тарҷумаи ҳол аз эҷодиёти онҳо намунаҳо меорад ва дар бораи осори онҳо фикру мулоҳизаҳои шахсии худро низ баён мекунад.
Восифӣ на танҳо дар бораи ҳамзамонони худ, балки доир ба ҳаёту фаъолияти аксарияти адибони бузурги гузашта маълумоти пурқимат додааст. Нависанда он маълумотҳоро аз асарҳои илмию таърихӣ омӯхта, дар асоси мутолиаи осори онҳо ба хулоса омадааст. Чунончи пеш аз он, ки дар бораи Фирдавсӣ нақл кунад, чунин меорад:
«Баъд аз он хон (Келдимуҳаммад) ба фақир гуфт:
– Он чизе, ки ҳазрати Ҷомӣ дар «Баҳористон» ва дигар муаллифон дар китобҳои худ дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ навиштаанд, бисёр кӯтоҳ аст. Аммо ин хусусро ба тафсил ҳикоят кунед, бисёр матлуб ва марғуб аст.
Фақир мувофиқи хоҳиш он чизҳоро, ки дар бораи Фирдавсӣ дар китобҳо дида будам, нақл намудам».
Нақли Восифӣ хеле муфассал аст. Нависанда ба ин ривоят баъзе эпизодҳои нав дохил кардааст. Масалан, Султон Маҳмуд пас аз он ки ҳаҷви Фирдавсиро мехонад, ба хашму ғазаб омада, вазири худ Ҳасани Маймандиро ба қатл мерасонад. Аммо дар асл вазир ҷазо намебинад. Шояд ин иловаи худи Восифӣ бошад, зеро Восифӣ ба Фирдавсию «Шоҳнома»-и ӯ меҳру муҳаббати бепоён дошта будааст. Бинобар ин, ӯ нахостааст, ки чунин як шахси бадкирдор шоири бузургро туҳмат карда, фитна ангезаду беҷазо монад. Аз ин ҷост, ки ӯро ба марг маҳкум менамояд.
Восифӣ ривоятро бо илтимоси Келдимуҳаммад дар яке аз маҷлисҳои ӯ нақл мекунад, ки дар он ҷо аҳли дарбор иштирок доштанд. Табиист, ки дар байни онҳо баъзе ашхоси соҳибмансаб буданд, ки дар хоинӣ, фиребу найрангбозӣ ҳаргиз аз Ҳасани Маймандӣ камӣ надоштанд. Ба ҷазои ҳаққонӣ расондани вазири бадкирдор барои аҳли дарбори Келдимуҳаммад як ҳодисаи пандомӯзе буд.
Як хусусияти муҳимми «Бадоеъ-ул-вақоеъ» боз дар он аст, ки муаллифи он на фақат бо овардани асарҳои халқӣ маҳдуд мешаваду халос, балки бевосита ҳаёти воқеии гӯяндагонро бо сӯзу гудоз ва бо як таваҷҷуҳи беандоза нақл менамояд. Нависанда қариб ҳамаи онҳоро некахлоқу некусиришт мешуморад.
Восифӣ пеш аз он ки асари халқиро ба хонандагон ҳикоят кунад, аввал гӯяндаи онро шинос менамояд. Вай дар бораи гӯяндагону масхарабозони халқӣ, аз қабили Носири Рангрез, Мулло Девонаи Шамърез, Бобоҷамоли Бузбоз, ки дар ҳунарнамоӣ ва масхарабозӣ мардуми Хуросонро шефта карда буданд, маълумоти хеле муфассал медиҳад. Аз ин маълумотҳои нависанда ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ҳанӯз дар ҳамон асрҳо ин намуди санъат, ки бо таъбири имрӯза сирк ном дорад, дар байни мардуми тоҷик равнақу ривоҷ доштааст. Монанди Бобоҷамолу Ҳасаншаҳриёр дар байни халқи тоҷик масхарабозоне буданд, ки онҳо намоишномаҳо ташкил намуда, мардумро бо ҳикояту латифаҳои ширин ва дигар ҳунарнамоиҳои дилписандашон механдонданд. Бо ин роҳ каме бошад ҳам, ғаму ғуссаи халқи мазлуми ситамкашро сабуктар мегардонданд.
Восифӣ дар мавридҳои даркорӣ асарашро бо шоҳбайтҳои шоирони бузурги гузашта зебу зинат додааст. Ин шоҳбайтҳои бузургон имрӯзҳо дар байни халқ хеле серистеъмоланд ва аз тарафи мардум дар ҳар ҷо ва дар ҳар маврид барои исботи фикр истифода бурда мешаванд. Вале муҳимаш ин аст, ки намунаҳои дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» овардашуда собит менамоянд, ки ин суханони пурқимат ҳанӯз дар асрҳои XV ва XVI дар байни халқ маълуму машҳур гардида будаанд.