Замоне буд, ки дар олам давлат вуҷуд надошт. Давлат дар марҳалаи муайяни тараққиёти ҷамъият ба вуҷуд омад. То замони пайдо шудани давлат сохти ҷамъияти ибтидоӣ вуҷуд дошт. Дар чунин ҷамъият давлат, ҳуқуқ, синфҳо ва ҳатто моликияти хусусӣ набуд. Одамон якҷоя кор карда, воситаҳои рӯзгузарониро ба даст меоварданд. Ҳама одамон озод ва баробар буданд. Онҳо озодӣ ва манфиатҳои якдигарро якҷоя ҳифз мекарданд. Муносибатҳои байни одамон дар асоси расму одат ва анъана ба тартиб дароварда мешуданд. Масъалаҳои муҳимми ҳаётӣ дар маҷлисҳои умумии аъзои ба балоғат расидаи авлод ҳал карда мешуданд. Доҳиён ва сардорони ҳарбӣ дар фосилаи ҷамъомадҳо масъалаҳои ҷории ҳаёти ҷамъиятро идора менамуданд. Онҳо нисбат ба дигарон ҳеҷ гуна бартарии моддӣ надоштанд. Ҳар вақте ки зарурат пеш меомад, онҳоро интихоб ё иваз мекарданд. Ҳеҷ гуна гурӯҳи махсуси одамоне, ки дигаронро расман идора намоянд, вуҷуд надошт. Асоси сохти ташкиливу иҷтимоии ҳаёти аъзои ҷамъиятро ҷамоаи оилавӣ ташкил медод, ки дар пояи муносибатҳои авлодӣ бунёд ёфта буд. Бо мақсади шуришҳои ҳарбӣ, ҳуҷум ба қабилаҳои дигар ва ғайра якчанд ҷамоаи оилавӣ муттаҳид мешуданд, ки асоси онро низ нишонаи авлодӣ ташкил медод. Ба ҳамин сабаб, ҷомеаи он замонҳоро ҷомеаи авлодӣ меномиданд.
Шаклҳои асосии фаъолияти хоҷагии одамонро шикор, моҳидорӣ ва ҷамъ намудани наботот ташкил медод. Чунин навъи ҳаёти хоҷагиро хоҷагии азхудкунанда меноманд.
Гузариш аз хоҷагии азхудкунанда ба иқтисодиёти истеҳсолкунанда бештар ба омилҳои хислати экологидошта асос меёбад. Тағйироти номусоиди муҳит, нобудшавии навъҳои зиёди наботот ва ҳайвонот, ки одамони ҷомеаи ибтидоӣ истеъмол менамуданд, ба инкишофи ҷамъияти ибтидоӣ бетаъсир намонд. Гузариши мунтазам ба иқтисоди истеҳсолкунанда ҳаёти одамони ҷомеаи ибтидоиро дигаргун сохт. Функсияҳои нави идоракунӣ пайдо шуда, барқароршавии типи нави фаъолияти меҳнатӣ ба миён омад.
Рушди заминдорӣ зарурати танзим ва баҳисобгирии саҳми ҳар як узви ҷамъияти ибтидоиро ба миён оварда, иштироки онҳоро дар ташкили фондҳои ҷамъиятӣ, тақсимоти маҳсулоти истеҳсолшуда ва ташкили фондҳои гуногун муайян намуд. Пешво дар ҷамъият тақсимкунандаи асосии маҳсулоти истеҳсолшуда, назораткунанда ва танзимкунандаи ҷараёни истеҳсолот мегардад ва бо гузашти вақт аз омма ҷудо гардида, вобаста ба мавқеи ишғолкардааш имкон пайдо мекунад, ки арзиши изофаи маҳсулотро азхуд намуда, ба дорандаи моликият табдил ёбад. Бо мураккабшавии истеҳсолот шахсоне пайдо мешуданд, ки вазифаи мушовир, маъмур, амалдор ва ғайраро иҷро менамуданд.
Ҳамин тавр, тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда ва тақсимоти ҷамъиятии меҳнат (кишоварзӣ, чорводорӣ, тиҷорат) боиси ба синфҳо ҷудо шудани ҷомеа гардид. Дар ҷомеа тадриҷан гурӯҳҳои сарватманд ва камбизоат ба вуҷуд омаданд. Рафта-рафта зиддияти байни онҳо пурзӯр гардид ва онҳое, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ пурқувват буданд, ба дастгоҳи махсуси маҷбуркунӣ эҳтиёҷ пайдо намуданд. Ҳамин тариқ, таназзули ҷомеаи ибтидоӣ оғоз гардид. Ба вуҷуд омадани синфҳо, пурзӯршавии истисмор ва пайдоиши моликияти хусусӣ боиси ташкили дастгоҳи маҷбуркунӣ гардид. Ба сифати чунин дастгоҳи маҷбуркунӣ фақат давлат амал карда метавонист. Вай дар натиҷаи тараққиёти дохилии ҷомеаи ибтидоӣ, пайдоиш ва зиддияти синфҳо ва нобаробарии молумулкии аъзои ҷомеа ба миён омад, вале вайроншавии ҷамъияти ибтидоӣ дар рӯйи замин ва тарзи пайдоиши давлатҳо бо шаклҳои гуногун ҷараён мегирифт. Давлатҳо вобаста ба шароити муайяни таърихӣ, пайдоиши моликияти хусусӣ, инчунин тарзу усули муборизаи синфҳо бо шаклҳои гуногун пайдо мешуданд.
Нахустин давлатҳо аввал дар Шарқ пайдо шудаанд. Қувваи асосии истеҳсолкунанда ва табақаи бонуфузи ин давлатҳо зироатпарварон будаанд. Давлатҳои нахустин дар шакли шаҳр – давлатҳо пайдо шудаанд. Онҳо бе ягон таркиши иҷтимоӣ пайдо шуда, баъдтар ба давлатҳои дорои тарзи истеҳсоли осиёӣ табдил ёфтаанд. Давлатҳои аввалин дар ҳазорсолаи VII – IV то солшумории милодӣ дар Чини қадим, Ҳинд, Эрон, Байнаннаҳрайн, Месоамерика ва Перуи Кӯҳӣ дар як вақт ва новобаста ба ҳамдигар пайдо шудаанд. Дар онҳо табақаҳои нави иҷтимоӣ, ба монанди зироатпарварон, ҳунармандон, руҳониён ва идоракунандагон истиқомат мекарданд. Дар он давлатҳо байни одамон тақсимоти молу мулк ва кор муайян шуда, мазмуни ҳудудӣ пайдо карда буд. Шаҳр – давлатҳо бо мурури замон ба марказҳои маъмурӣ, хоҷагӣ ва динӣ табдил ёфта, вазифаҳои идоракунии давлат- ро иҷро мекарданд.
Пайдоиши давлат дар таърихи башар бо шаклҳои дигар низ сурат гирифтааст. Ф.Энгелс дар асари худ «Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат» се шакли асосии пайдоиши давлатро нишон додааст: афинагӣ, римӣ ва олмонӣ.
Давлати ғуломдории Афина шакли классикии пайдоиши давлат мебошад, зеро он дар натиҷаи инкишофи сохти авлодӣ, ки асоси онро зиддиятҳои синфӣ ташкил медоданд, бе дахолат ва зӯроварии дохиливу берунӣ пайдо шудааст.
Давлати Рум низ дар асоси вайроншавии сохти авлодӣ, бавуҷудоии моликияти хусусӣ ва ба синфҳои ба ҳам зид ҷудо шудани ҷамъият ба вуҷуд омадааст. Вале хусусияти фарқкунандаи пайдоиши давлати қадими Рум аз он иборат аст, ки он натиҷаи муборизаи байни плебейҳо ва патрисийҳо мебошад. Плебейҳо шахсони озод буда, аз авлоди румиҳо набуданд. Онҳо аз маҳалҳое, ки зери итоат қарор доштанд ва соҳиби замин буданд, андоз месупориданд ва хизмати ҳарбиро ба ҷо меоварданд. Патрисийҳо асилзодагон ва ҳокимони авлодии румиҳо буданд. Плебейҳо барои роҳ ёфтан ба мансаб ва истифода бурдан аз заминҳои давлатӣ ба муқобили патрисийҳо муборизаро сар карданд. Ин мубориза боиси суръат гирифтани ҷараёни ташкилшавии давлати ғуломдории Рум гардид.
Давлати олмонӣ шакли дигари пайдоиши давлат мебошад. Вай дар асри V пеш аз милод дар натиҷаи забт шудани ҳудуди империяи Рум аз тарафи қабилаҳои олмонӣ ба вуҷуд омадааст. Қабилаҳои олмонӣ, ки дар сохти ҷамъияти авлодӣ зиндагӣ мекарданд, баъди забт намудани қаламрави империяи Рум онро идора карда натавонистанд, зеро барои идора кардан дастгоҳи маҷбуркунӣ лозим буд. Ба ҳамин сабаб, мақомоти сохти авлодии олмонӣ ба зудӣ ба мақомоти давлатӣ табдил ёфтанд.
Моҳияти давлат мазмун, таъинот ва мавҷудияти давлатро дар бар мегирад ва масъалае мебошад, ки ба кӣ тааллуқ доштани ҳокимияти давлатиро муайян мекунад. Ҳарчанд давлат дар давраҳои муайяни таърихӣ манфиатҳои табақа ё синфи ҳокимро ифода намуда, ҳукмронии ақаллиятро аз болои аксарият таъмин кардааст, вале дар шароити ҳозира моҳияти худро тағйир додааст. Давлат тадриҷан ба механизми самараноки бартараф намудани мухолифатҳои ҷамъиятӣ на бо роҳи зӯрӣ ва пахш кардани онҳо, балки ноил шудан ба роҳи созиш табдил меёбад. Худи мавҷудияти давлат дар давраи ҳозира чандон ба синфҳо ва муборизаи синфӣ алоқаманд набуда, бештар ба талаботу манфиатҳои умумииҷтимоӣ вобаста мебошад.
Ин масъала ҳамкории оқилона ва маъмулан осоиштаи қувваҳои гуногун ва ба ҳам мухолифро дар назар дорад. Лекин чунин тарзи ҳалли масъала маънои онро надорад, ки давлатҳои ҳозира моҳияти синфии худро пурра гум карда бошанд. Дар шароити нав моҳияти синфии давлат аҳаммияти дуюмдараҷа пайдо карда, моҳияти умумииҷтимоии он ба ҷойи аввал баромадааст. Акнун давлатҳо фаъолияти худро барои таъмин кардани созиши умумииҷтимоӣ ва идораи корҳои ҷамъият равона месозанд. Бинобар ин ҳангоми таҳлили моҳияти давлат ҳар ду омил ё ҳар ду паҳлуи масъаларо бояд ба назар гирифт. Инкор кардани яке аз ин ду омил моҳияти давлатро нопурра ва яктарафа баҳо додан аст.
Давлат дорои нишонаҳои зерин мебошад:
Ҳамин тавр, давлат ташкилоти сиёсии соҳибихтиёр, муташаккили ҳокимияти оммавии дорои дастгоҳи махсуси идоракунӣ ва маҷбуркунӣ дар доираи ҳудуди муайяне мебошад, ки салоҳияти он паҳн мегардад.
Вале чунин мафҳум низ ба монанди мафҳумҳои дигари давлат нисбатан шартӣ буда, танҳо нишонаҳои ҳуқуқии давлатро ифода менамояд ва моҳияти пурраи ин ниҳоди мураккабро дар бар намегирад.
Дар таърихи бисёрасраи инкишофи инсоният давлатҳои зиёде якдигарро иваз намудаанд. Бинобар ин навъҳои таърихии давлат низ гуногун мебошанд. Онҳоро ба навъҳои таърихии давлатҳои Шарқ, ғуломдорӣ, феодалӣ, капиталистӣ ва сотсиалистӣ ҷудо менамоянд. Давлатҳои қадимаи шарқӣ (Миср, Бобулистон, Чин, Ҳиндустон ва ғайра) қариб 5 ҳазор сол пеш дар минтақаҳои дорои заминҳои обӣ пайдо шудаанд. Асоси иқтисодии ин давлатҳоро моликияти давлат ба замин ва иншооти обӣ ташкил медод. Дар ин давлатҳо ҳамчун анъана ба синфҳо ҷудошавии ҷомеа вуҷуд надошт. Дар онҳо анъанаҳои мавҷуд нақши калон мебозиданд. Бисёр давлатҳои қадимаи Шарқ асрҳои дароз бе тағйир мемонданд ва ба ин сабаб инкишоф намекарданд. Сохтори ҳокимияти давлатӣ дар онҳо шакли истибдодӣ дошта, тамоми ҳокимият ба як шахс – шоҳ ё амири мутлақ ба таври меросӣ қарор дошт, ки бо ёрии дастгоҳи пурқуввати бюрократии ҳарбӣ идора карда мешуд.
Дар давлати типи ғуломдорӣ ғуломдорон аз болои ғуломон, дар давлати типи феодалӣ ҳукмронии феодалҳо аз болои деҳқонон ва дар давлати капиталистӣ ҳокимияти буржуазия аз болои синфи коргар таъмин карда мешуд. Дар баробари сарнагун шудани сохти буржуазӣ ва иваз шудани он ба навъи давлати сотсиалистӣ, диктатураи синфи коргар ба вуҷуд омад.
Давлати ғуломдорӣ аслиҳаи ғуломдорон барои истисмори табақаи ғуломон буд. Он манфиати ғуломдоронро муҳофизат карда, ҳама гуна муқобилияти ғуломонро пахш менамуд, ҳукмронии ақаллиятро аз болои аксарият таъмин мекард. Ғулом аз ҳама гуна ҳуқуқу озодиҳо маҳрум буда, ҳамчун ҳайвон хариду фурӯш карда мешуд. Чунин ҳолат боиси норозигии ғуломон гардида, муборизаи онҳоро бар зидди сохти мавҷуда тадриҷан пурзӯр мекард. Дар натиҷаи шӯришҳои пайдарҳами ғуломон пояҳои давлати ғуломдорӣ суст шуда, барои гузаштан ба навъи давлатдории феодалӣ замина муҳайё мегардид. Оҳиста-оҳиста давлати ғуломдорӣ ба давлати феодалӣ иваз шуда, ҷамъияти ғуломдорӣ ба ҷамъияти феодалӣ табдил ёфт.
Гузариш ба давлати феодалӣ давраи дуру дарозро дар бар гирифта, танҳо дар асрҳои V–VI милодӣ аввалин давлатҳои феодалӣ ба вуҷуд омаданд. Дар ин ҷамъият заминдорон ва деҳқонон табақаҳои асосӣ ба ҳисоб мерафтанд. Заминдорон табақаи истисморкунанда ва деҳқонон табақаи истисморшаванда ба ҳисоб мерафтанд. Феодалҳо, ки соҳиби замин буданд, дар айни замон соҳиби ҳокимияти сиёсӣ ба шумор мерафтанд. Давлати феодалӣ ҳамчун воситаи аз тарафи феодалҳо пахш намудани муқобилияти деҳқонон буд. Вазифаи ин навъи таърихии давлатдорӣ таъмин намудани ҳукмронии феодалҳо аз болои деҳқонон буд. Тезутундшавии муборизаҳои синфӣ дар давлатҳои феодалӣ бо шӯришҳои зиёде меанҷомид, ки дар натиҷа боиси барҳам хӯрдани давлати феодалӣ ва ба ҷойи он барпо гардидани давлати сармоядорӣ гардидаанд. Давлати сармоядорӣ – (капиталистӣ) бо дараҷаи нисбатан баланди рушди худ аз навъҳои давлати ғуломдорӣ ва феодалӣ фарқ мекунад. Дар чунин давлат ду синфи бо ҳам зид – коргар ва буржуазия вуҷуд дошт. Бо тараққӣ кардани капитализм зиддияти байни раванди истеҳсолоти хислати ҷамъиятидошта ва шакли хусусии азонихудкунии он пурзӯр мегардад. Истисмори коргарон торафт шиддат гирифта, норозигии онҳо аз сохти мавҷуда меафзуд. Дар натиҷаи инқилоб ин навъи давлат ба давлати сотсиалистӣ иваз гардид.
Инқилоби Октябри соли 1917 дар Русия барои бунёди давлати навъи сотсиалистӣ дар ҷаҳон замина гузошт. Ҷумҳурии мо, ки ба ҳайати давлати Иттиҳоди Шуравӣ дохил мешуд, дар қатори дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ барои барпо намудани давлати сотсиалистӣ саъю кӯшиш менамуд.
Давлати Иттиҳоди Шуравӣ ду марҳаларо тай намуд. Марҳалаи диктатураи пролетариат, ки аз октябри соли 1917 то соли 1936 ва қатъиян ғалаба кардани сотсиализм, яъне охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-умро дар бар мегирад ва марҳалаи дуюм – давраи ташаккули давлати умумихалқӣ мебошад. Агар дар марҳалаи аввали инкишоф давлати сотсиалистӣ иродаи синфи коргарро ифода карда бошад, пас дар марҳалаи дуюм моҳияти он ифода кардани иродаи оммаи халқ мебошад.
Дар охири соли 1991 Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ барҳам хӯрд. Дар арсаи ҷаҳон ташкилоти нав – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) созмон дода шуд. Таъсисдиҳандаи ИДМ 11 ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ, аз ҷумла Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Озарбойҷон, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина буданд. Дар соли 1993 Гурҷистон низ узви ИДМ гардид. Созишнома оид ба таъсис додани Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 8-уми декабри соли 1991, Протокол ва Эъломияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 21-уми декабри соли 1991 ва Оинномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 22-юми январи соли 1993 санадҳои таъсисии ИДМ мебошанд. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тибқи санадҳои таъсисӣ, Оиннома ва фаъолияти амалии худ ташкилоти минтақавии байналмилалӣ мебошад. ИДМ бо мақсади ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, фарҳангӣ ва ғайраҳо барпо карда шудааст.
Бо мақсади ҳарчи самаранок ҳал кардани ин вазифа кишварҳои аъзои ИДМ моҳи сентябри соли 1993 оид ба ташкили Иттиҳоди иқтисодӣ шартнома бастанд. Барои амалӣ намудани мақсадҳои гузошташуда кишварҳои аъзои ИДМ ба хулоса омаданд, ки фаъолияти худро дар асоси принсипҳои баробарӣ, эҳтироми соҳибистиқлолият, истифода набурдани қувва ё таҳдиди он, ягонагии қаламрави давлатҳо, ҳал намудани баҳсҳо бо роҳи осоишта ва ғайра ба роҳ мемонанд.
Реклама