Сохти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз принсипи давлати иҷтимоӣ будани он бармеояд. Дар ин хусус дар моддаи якуми Конститутсия гуфта мешавад: «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад».
Дар давлати иҷтимоӣ ғамхорӣ ба соҳаҳои муҳимми марбут ба фаъолияти оммаи васеи мардум дар мадди аввал аст. Ин соҳаҳо аз он ҷиҳат муҳимманд, ки шаҳрвандон ҳар рӯз бо онҳо сарукор мегиранд, масалан соҳаҳои нигаҳдории тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – нафақа, суғурта ва ғайра. Фароҳам овардани шароит барои таҳсил имкон медиҳад, ки наврасону ҷавонон новобаста ба вазъи иҷтимоӣ ба омӯзиш ҷалб карда шаванд. Дар низоми мактабҳои олӣ вобаста ба талаботи иқтисоди бозаргонӣ ва вазъи иқтисодии табақаҳои гуногуни ҷомеа шаклҳои ройгон ва шартномавии таҳсил ба роҳ монда шудаанд. Ҷавонон дар масъалаи интихоби шакли таҳсил комилҳуқуқ мебошанд. Бояд гуфт, ки таҳсили ройгон дар мактабҳои олӣ моҳиятан вуҷуд надорад. Дар гурӯҳҳои шакли таҳсилашон ройгон хароҷоти таҳсилро худи давлат пардохт мекунад. Давлат барои гурӯҳҳои муайяни шаҳрвандон истифодаи бепули хизматрасонии тиббиро муқаррар кардааст. Нафақахӯрон, иштирокчиёни ҶБВ, гурӯҳҳои муайяни маъюбон ва ятимон аз хизматрасонии тиббӣ ба таври имтиёзнок истифода мебаранд.
Масъалаи табаият ё худ шаҳрвандӣ ба робитаи ҳуқуқии инсон бо давлат алоқаманд аст. Ин робита дар маҷмуи ҳуқуқу вазифа ва масъулияти ҳамдигарии онҳо ифода меёбад. Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳҳои зерин ба даст оварда мешавад: аз рӯйи таваллуд, дар натиҷаи қабул намудан ба шаҳрвандӣ, дар натиҷаи барқарор намудан ба шаҳрвандӣ, бо роҳи интихоби шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати тағйир ёфтани сарҳадди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон шаҳрвандии ягона вуҷуд дорад ва мансубияти шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрвандии давлати дигар эътироф карда намешавад. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шаҳрвандии дигар давлатро низ дорад, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо чун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон нишон дода шудаанд. Масалан шартномаи байналмилалӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба душаҳрвандӣ аз соли 1995. Яке аз нишонаҳои асосии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон доштани шиноснома мебошад. Шиноснома санади муҳиммест, ки шахсияти шаҳрвандро тасдиқ мекунад. Ҳама шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба синни 16-солагӣ расидаанд, ҳуқуқ доранд, ки соҳиби шиноснома шаванд.
Яке аз хусусиятҳои инсонпарваронаи қонунгузории амалкунандаи мо ин аст, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷа кору зиндагӣ мекунанд, масъалаи қатъ гаштани шаҳрвандиро раво намебинад. Шаҳрвандоне, ки дар хориҷи кишвар истиқомат доранд, бояд дар намояндагиҳои консулии Тоҷикистон аз қайд гузаранд. Инчунин ба шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори вайронкунии ҳуқуқи инсон шудаанд, давлат паноҳгоҳи сиёсӣ дода метавонад. Бояд таъкид кард, ки шаҳрвандон дар масъалаи тарки шаҳрвандӣ комилан озоданд, вале аз ҳудуди мамлакат баромада рафтан ҳанӯз маънои тарк кардани шаҳрвандиро надорад. Дар Тоҷикис- тон ҳалли масъалаҳои шаҳрвандӣ бевосита ба салоҳияти Сарвари давлат гузошта шудааст. Маҷмуи корҳоро доир ба масъалаи шаҳрвандӣ комиссияи махсус ҳал мекунад, ки дар назди Президенти кишвар таъсис дода шудааст.
Бояд гуфт, ки асоси иҷтимоии давлатро гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ – коргарон, кишоварзон, ҳунармандон, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон, тоҷирон, хизматчиёни ҳарбӣ, нафақахӯрон, кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ғайра ташкил медиҳанд. Табақаҳои номбаршуда яке нисбат ба дигаре афзалият ё маҳдудият надорад. Вазъи ҳуқуқии онҳоро қонунҳои амалкунанда танзим мекунад.
Ҳар яке аз соҳаҳои иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон – маориф, илм, нигаҳдории тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайра тавассути қонунҳое амал мекунанд, ки муносибатҳои муҳимтарини ҳамин соҳаҳоро фаро мегиранд.
Чунончи, барои танзими муносибатҳои соҳаи маориф Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», барои танзими муносибатҳо дар соҳаи фарҳанг Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» ва барои танзими муносибатҳои соҳаи нигаҳдории тандурустӣ бошад, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд. Ин қонунҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқие, ки соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёти давлатро ба танзим медароранд, дар маҷмуъ сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян месозанд.
Савол ва супориш:
Реклама