§ 4.3. ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚӢ

Фарҳанги ҳуқуқӣ яке аз навъҳои фарҳанги ҷамъиятӣ буда, барои таснифи ҳамаи низоми ҳуқуқии кишвар аз нуқтаи назари муайян истифода мегардад. Он вазъи сифатии ҳаёти ҳуқуқии ин ё он ҷомеаро муайян намуда, дониши аҳолиро оид ба қонун муайян мекунад, дар кадом ҳолат қарор доштани эҳтироми қонунҳоро аниқ намуда, инчунин нишонаи чигунагии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷараёни қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.

Фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа, пеш аз ҳама, аз сатҳи инкишофи маърифат ва ҳуқуқии аҳолӣ вобаста мебошад. Яъне фарҳанги ҳуқуқӣ ба он ки аҳолӣ то чӣ дараҷа арзишҳои ҳуқуқиро дар фаъолияти худ истифода менамояд ва оид ба муносибатҳои ҳуқуқӣ маълумот дорад, муносибати аҳолӣ ба қонун, суд ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чӣ гуна мебошад, ақидаву мафҳумҳои ҳуқуқӣ то чӣ андоза дар шуури одамон акс ёфтаанд, вобаста мебошад.

Сатҳи инкишофи шуури ҳуқуқӣ мумкин аст танҳо дар фаъолияти воқеии ҳуқуқӣ ва рафтори ҳуқуқии одамон ифода ёбад. Барои ҳамин унсури дуюми таркибии фарҳанги ҳуқуқӣ сатҳи инкишофи фаъолияти ҳуқуқӣ мебошад. Он аз фаъолияти омӯзишии донишҷӯён ва шунавандагони факултаҳо ва донишкадаҳои ҳуқуқӣ, инчунин, аз фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва татбиқи он иборат аст. Ҳамзамон фарҳанги ҳуқуқии ҷомеаро дар бисёр ҳолатҳо рафтори воқеии ҳуқуқии шаҳрвандон, фаъолияти онҳо оид ба амалӣ намудани ҳуқуқ, дараҷаи дониши ҳуқуқҳои худи онҳо ва дар сари вақт иҷро намудани уҳдадориҳо, инчунин тамоми амалҳои манъшуда ва то чӣ дараҷа ҳуқуқҳои худро пурра истифода бурдани одамон муайян менамояд.

Унсури сеюми фарҳанги ҳуқуқии ҷамъият сатҳи инкишофи низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар маҷмуъ мебошад. Ҳама гуна санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба талаботи тасаввурот оид ба адолатнокӣ, баробарӣ ва озодии дар шуури ҷомеа ҳукмрон ҷавобгӯ бошанд. Санади меъёрии ҳуқуқӣ аз нуқтаи назари шакл бояд мукаммал, бемухолифат, ба қадри имкон кӯтоҳ, дақиқ ва ба аҳолӣ фаҳмо, ба Конститутсия мутобиқ бошад ва дар сарчашмаи ба аҳолӣ дастрас ба нашр расонида шавад ва ғайра.

Ҷудо намудани унсурҳои таркибии фарҳанги ҳуқуқӣ шартӣ мебошад, зеро фаъолияти ҳуқуқие вуҷуд надорад, ки ҷудо аз шуури ҳуқуқӣ амалӣ карда шавад ва ҳамзамон шуури ҳуқуқӣ танҳо дар фаъолияти ҳуқуқӣ ва натиҷаи он - санади меъёрии ҳуқуқӣ ифода меёбад. Ҳамзамон қисмҳои таркибии фарҳанги ҳуқуқӣ бе инсон, гурӯҳи одамон ва аҳолӣ дар ягонагӣ вуҷуд дошта наметавонад. Фарҳанги ҳуқуқии гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва касбӣ, инчунин ба сатҳи инкишофи фардҳои алоҳида вобаста мебошад. Аз ин лиҳоз, фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, маданияти ҳуқуқии гурӯҳӣ ва фарҳанги ҳуқуқии шахсиро бояд аз ҳам ҷудо кард. Фарҳанги ҳуқуқии шахсӣ сатҳи дониши ҳуқуқии шахсӣ, муносибати онро ба арзишҳои ҳуқуқӣ, ба қонун ва дараҷаи нишондоди ҳуқуқиро оид ба риояи навиштаҷоти ҳуқуқӣ ифода менамояд. Доир ба фарҳанги ҳуқуқии шахс аз рӯйи рафтори ӯ дар соҳаи ҳуқуқ ва танҳо дар сатҳи инфиродӣ баҳо додан мумкин аст.

Савол ва супориш: 1. Шуури ҳуқуқӣ чист?

  1. Таркиби шуури ҳуқуқӣ аз кадом унсурҳо иборат мебошад?
  2. Кадом навъҳои шуури ҳуқуқиро медонед?
  3. Дар бораи шуури ҳуқуқии инфиродӣ ва дастаҷамъӣ маълумот диҳед.
  4. Дар бораи фарҳанги ҳуқуқӣ маълумот диҳед.
  5. Унсурҳои таркибии фарҳанги ҳуқуқиро номбар намоед.

Реклама