§ 9.4. МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН

Маҷлиси намояндагон палатаи доимоамалкунанда ва касбии парламенти мамлакат аст. Фаъолияти он ба монанди Маҷлиси миллӣ дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Мувофиқи моддаи 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вакили Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар асоси фаъолияти касбии доимӣ иҷро мекунад. Вай ба ҷуз фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ наметавонад ба фаъолияти дигар машғул шавад.

Салоҳияти Маҷлиси намояндагон хеле васеъ мебошад. Он масъалаҳоеро дар бар мегирад, ки ба муҳимтарин соҳаҳои ҳаёту давлату ҷомеа дахл доранд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» салоҳияти Маҷлиси миллиро ба таври зайл муайян кардааст:

  1. Таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоб ва бозхонди Раис, муовин ва аъзои он бо пешниҳоди Президент;
  2. Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳимми давлатию ҷамъиятӣ;
  3. Тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;
  4. Ризоият ба додугирифти қарзи давлатӣ;
  5. Тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;
  6. Таъини раъйпурсӣ;
  7. Таъсиси судҳо;
  8. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ;
  9. Тасдиқи мукофотҳои давлатӣ;
  10. Тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-

тон дар бораи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ;

  1. Ризоят барои таъин намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон;
  2. Ризоят барои таъин намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак;
  3. Муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳо ва унвонҳои махсус;
  4. Муайян намудани маоши Президент;
  5. Ташкил ва гузаронидани муҳокимаҳои парламентӣ;
  6. Ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намудани раисиПалатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини ӯ ва сараудиторони Палатаи ҳисоб бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  7. Интихоби Намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсио- нии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатии

Ҷумҳурии Тоҷикистон;

  1. Баррасии масъалаи маҳрум кардан аз ҳуқуқи дахлнопазирии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии

Тоҷикистон, муовини ӯ ва сараудиторони Палатаи ҳисоб;

  1. Амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунро дар бораи буҷети давлатӣ қабул мекунад ва назоратро аз болои иҷрои он ба роҳ мемонад. Ҳукумат лоиҳаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳар сол то якуми ноябр ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад.

Қонун дар бораи буҷети давлатӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ, ки Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, дар муддати понздаҳ рӯз ба Президент барои имзо ва интишор пешниҳод мешавад.

Агар Президент ба қонун ё қисме аз он розӣ набошад, қонунро дар муддати понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси намояндагон бармегардонад. Дар сурати баррасии такрорӣ, агар қонун дар матни пештар қабулшудааш бо аксарияти аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон дастгирӣ ёбад, Президент дар муддати даҳ рӯз ба қонун имзо мегузорад ва онро интишор менамояд.

Шурои Маҷлиси намояндагон мақоми ҳамоҳангсоз ва ҳисоботдиҳандаи Маҷлиси намояндагон буда, ба ҳайати он Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони ӯ, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон дохил мешаванд.

Шурои Маҷлиси намояндагон дорои салоҳиятҳое мебошад, ки дар Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Дастури Маҷлиси намояндагон пешбинӣ шудаанд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон барои изҳори дастаҷамъонаи ақидаҳои сиёсии худ, амалӣ гардонидани барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботӣ ҳуқуқ доранд дар фраксияву гурӯҳҳо муттаҳид шаванд.

Фраксия ё гурӯҳ камаш аз панҷ вакили Маҷлиси намояндагон ташкил меёбад. Дар хусуси ташкил, ҳайат, ҳадафу вазифаҳои фраксия ё гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагон ба Комиссияи назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон хаттӣ хабар дода, дигар вакилони Маҷлиси намояндагон низ воқиф гардонида мешаванд. Хабарномаро бояд роҳбари фраксия ё гурӯҳ имзо кунад.

Реклама