Маърифати ҳуқуқӣ як намуди маърифат инсони буда, дар натиҷаи фаъолияти мақсаднок ва мунтазами мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, ҷомеаи маданӣ ва шаҳрвандон бо мақсади баланд бардоштани шуурнокии ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ аҳолӣ амалӣ карда мешавад. Ҳолати рушди ҷомеа ва давлат бештар аз сатҳи раванди мақсадноки маърифати ҳуқуқии аъзоёни ҷомеа вобаста мебошад. Барои ҳамин ҳам пайваста ба воситаи таълиму тарбияи муташаккилонаи шаҳрвандон маърифати ҳуқуқии онҳо ташаккул дода мешавад. Аз ин ҷо давлат ва ҷомеа барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳавасманд мебошад. Барои ҳамин ҳам маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун намуд, самт ва ҷузъи таркибии маърифат тавассути барномаҳо ва консепсияҳои давлатӣ амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2020, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030 ва ғ. Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳимми эъмори давлати ҳуқуқбунёд мебошад, зеро аз сатҳи кофии дониши ҳуқуқии аҳолӣ амалӣ гардидани меъёрҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, амалӣ гардидан ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон вобастагӣ дорад.
Қобили зикр аст, ки тағйироти куллӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, иҷтисодӣ ва сиёсӣ боиси тағйироти шуурӣ ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ ҳуқуқӣ гардида, дар навбати худ зарурати вокуниши муносиб ба ин тағйиротро бо воситаҳои ҳуқуқӣ (санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, муносибатҳои ҳуқуқӣ, шартномаҳо, ҷавобгарӣ ва ғ.) тавассути таълиму тарбияи ҳуқуқӣ ва дар ҳамин замина баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ бавуҷуд оварда мешавад. Рушди маърифати ҳуқуқӣ ташаккули арзишҳои инсондӯстонаро муайян карда, барои мусоидат ба бунёди ҷомеаи комилҳуқуқи демократӣ, ҳуқуқбунёд, пойдории принсипҳои адолат, баробарӣ ва озодӣ мусоидат менамояд. Ҳамин тавр, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ барои ташаккули муносибати эҳтиромонаи шаҳрванд ба давлат, ҳуқуқу қонунҳо, рафъи муносибати беъэтиноёна ба ҳуқуқ, софдилона иҷро намудани вазифа ва уҳдадориҳо, фарҳанги ҳуқуқӣ, рушди таълиму тарбияи ҳуқуқии ноболиғон, ҷоннок ва беҳтар намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.
Арзишҳои ҳуқуқӣ, аз қабили қонун, қонуният, Конститутсия, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, амалия ҳуқуқӣ, муносибати ҳуқуқӣ, масъулияти ҳуқуқӣ, эҳтироми ҳуқуқ- ҳои инсон, татбиқ ва тафсири ҳуқуқ, ки дар ҷараёни тарбияи ҳуқуқӣ ташаккул меёбанд, барои болоравии сатҳи шуурнокӣ ва фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа, гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ ва шаҳрвандон, аҳаммияти аввалиндараҷа доранд.
Маърифати ҳуқуқӣ раванди паҳн кардани маълу- мотҳои ҳуқуқиро аз тарафи мақомотҳои ҳокимияти дав- латӣ, ташкилотҳо ва ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ нисбат ба ҳуқуқ ва қонунгузорӣ дар бар гирифта, барои шаҳрвандон ва ташкилотҳоро дар руҳияи риоя кардани ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ тарбия намудан ҳидоят менамояд.
Ҳамин тавр, маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун фаъолияти давлат ва ҷомеа оид ба паҳн намудани донишу маълу- мотҳои ҳуқуқӣ, бо мақсади ташаккулу баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ ва муқовимат ба беъэтинои нисбат ба ҳуқуқ мебошад.
Маърифати ҳуқуқии шахс дараҷа ва хусусияти инкишофи ҳуқуқии шахс буда, бо маърифати ҳуқуқии ҷомеа, таъмини фаъолияти қонунии ӯ вобаста аст. Маърифати ҳуқуқии шахс ифодаи доштани донишу маълумоти ҳуқуқӣ, табдил ёфтани онҳо ба эътиқоди ҳуқуқӣ, одатҳои рафтори қонунӣ, истифодаи ҳуқуқу озодиҳо ва иҷрои уҳдадориҳои худ, риояи он чи, ки қонун манъ кардааст, инчунин ҳимоя карда тавонистани шахс аз ҳуқуқу озодиҳои онро дар назар дорад.
Маърифати ҳуқуқии касбӣ ин дониши амиқ оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сарчашмаҳои ҳуқуқ, дарки дурусти принсипҳои ҳуқуқ ва вазифаҳои танзими ҳуқуқӣ, муносибати касбӣ ба қонун ва амалияи татбиқи он, дараҷаи баланди дониши ҳуқуқӣ дар фаъолияти амалӣ аз ҷониби ҳуқуқшинос мебошад.
Реклама