§ 7.5. ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД ДАР КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Зиндагӣ дар ҷомеае, ки бунёди онро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, адлу масъулияти баланди ҳокимиятдорӣ ташкил медиҳад, орзуи халқи тоҷик буд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми ноябри соли 1994 ин орзуи халқи тоҷикро амалӣ сохта, барои эҳтиром гузоштан ба арзишҳои инсонӣ ҳуқуқ ва озодиҳои шахсро муқаддас эълон кард. Аз ин ҷиҳат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намудани давлат ба ҳайси яке аз унсурҳои муҳимми сохтори конститутсионии Тоҷикистон муайян гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар давраи таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо таъкид намуда буданд, ки ҳуқуқҳои инсон бояд яке аз бахшҳои муҳимми Конститутсияи навамон гардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки ҳуқуқи инсон масъалаи муҳим буда, «ҳоло дар маркази диққати ҷаҳониён, махсусан, афкори кишварҳои мутамаддин ва мутараққии дунё қарор дорад». Амалӣ гардидани ҳуқуқи инсон ба шароити мушаххаси таърихии ҳар як кишвар ва анъанаҳои миллию фарҳангии он вобастагӣ дорад. Ин нукта дар даҳсолаҳои охир, махсусан бо таъсири ҷаҳонишавӣ ва ворид гардидани фарҳанги ба мо бегонаи ҳуқуқи инсон бештар зоҳир мешавад. Ҳамин раванди амалӣ гардидани ҳуқуқи инсонро дар иртибот ба омилҳои фарҳангӣ, ҳанӯз дар давраи омода намудани лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон дарк ва пешбинӣ намуда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVIII Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъкид намуда буданд: «Гап фақат дар сари татбиқи амалии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандҳост, ки вобаста ба шароити мушаххаси ҷомеаҳои инсонӣ, суннатҳои таърихию маънавии кишвар, сатҳи рушди фарҳанги сиёсии мардум сурат мегирад».

Дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардидааст. Ин меъёр ҷавобгӯйи ҳадаф ва талаботи инкишофи ҷомеаи демократӣ дар ҷаҳони мутамаддин буда, ҳоло дар конститутсияи ҳамаи давлатҳои демократии дунё ифода гаштааст. Аз тариқи меъёри зикршуда Тоҷикистон худро узви ҷомеаи башар, муборизи арзишҳои ҳуқуқӣ, қонун ва демократия эълон мекунад. Ҳамзамон бо ин, пуштибонӣ аз манфиатҳои давлати миллӣ, пеш аз ҳама, соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли давлатиро дар назар дорад. Дар ҳамин замина боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шуда, механизми амалишавӣ ва кафолати онҳоро пешбинӣ месозад. Ин боб аз 34 модда иборат буда, аз моддаи 14 оғоз мегардад.

Ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро, ки дар боби дуюми Конститутсия пешбинӣ гардидаанд, ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кардан мумкин аст:

а) ҳуқуқу озодиҳои табиӣ. Ин ҳуқуқу озодиҳое ме-

бошанд, ки ба таври табиӣ пайдо гардида, ба инсон ва шаҳрванд аз лаҳзаи таваллуд тааллуқ доранд. Онҳо гурӯҳи махсуси ҳуқуқу озодиҳое мебошанд, ки озодӣ ва мухторияти фардро ҳамчун узви ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин менамоянд. Масалан, ҳуқуқ ба ҳаёт, дахлнопазирии манзил, дахлнопазирии шахсӣ ва ғайра;

б) ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ. Чунин ҳуқуқу озодиҳое мебошанд, ки танҳо ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дошта, ба онҳо имкон медиҳанд, ки дар ҳаёти ҷамъ- иятӣ ва сиёсии мамлакат, аз ҷумла идоракунии давлат ва амалисозии ҳокимияти давлатӣ иштирок намоянд. Ба сифати ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ инҳо шинохта мешаванд: ҳуқуқ ба хизмати давлатӣ, ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ, ҳуқуқ ба иштирок дар раъйпурсӣ ва интихобот ва ғайра;

в) ҳуқуқу озодиҳои иқтисодӣ. Чунин ҳуқуқу озодиҳое ме-

бошанд, ки ба инсон ва шаҳрванд имкони озодона ба амал баровардани ҳуқуқи моликият, амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар навъи фаъолияти иқтисодиро таъмин менамоянд. Ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқ ба мерос, ҳуқуқ ба амалӣ кардани фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайра аз ҷумлаи ҳуқуқу озодиҳои иқтисодӣ мебошанд;

г) ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоӣ. Ҳуқуқу озодиҳое мебошанд, ки ба инсон ва шаҳрванд шарту шароит ва сатҳи арзандаи зисту зиндагониро фароҳам меоранд. Ба сифати чунин ҳуқуқу озодиҳо мисол шуда метавонанд: ҳуқуқ ба нафақа, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти корӣ, маҳрум шудан аз саробон ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст;

ғ) ҳуқуқу озодиҳои фарҳангӣ. Чунин ҳуқуқу озодиҳое ме-

бошанд, ки ба рушди маънавии ҷомеа равона карда шуда, дар асоси он инсон ва шаҳрванд метавонад муносибати фарҳангии худро ба амал барорад. Ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, ҳуқуқи дастрасӣ ба ёдгориҳои таърихӣ, ҳуқуқ ба таҳсил ва ғайра аз ҷумлаи ҳуқуқу озодиҳои фарҳангӣ мебошанд.

Ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бо ҳамдигар дар алоқамандии зич қарор дошта, ҳамдигарро пурра месозанд. Поймол гардидани яке аз ин ҳуқуқҳо метавонад барои поймол шудани ҳуқуқҳои дигар боис гардад. Масалан, поймол шудани ҳуқуқ ба меҳнат инсон ва шаҳрвандро аз ҳуқуқи иштирокчии муносибатҳои меҳнатӣ будан ва гирифтани даромад маҳрум месозад.

Дар пайванд бо ин, амалишавии ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ки дар боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудааст, ба кафолатҳои муайяни ҳуқуқӣ вобаста мебошад. Кафолатҳои ҳуқуқӣ барои амалӣ гардидани ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд равона шуда, онҳоро аз поймолшавӣ ҳифз мекунанд.

Дар баробари амалишавии ҳуқуқу озодиҳо, Конститутсия дар моддаи 14 маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохти конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳуриро пешбинӣ намудааст.

Конститутсия дар моддаи 14 асосҳои маҳдуд карда шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро пешбинӣ менамояд. Аммо, илова ба ин, дар моддаи 47 ҳуқуқҳоеро пешбинӣ кардааст, ки наметавонанд ҳатто дар давраи вазъияти фавқулода маҳдуд карда шаванд, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳимоя, ҳуқуқ ба ҳаёт, дахлнопазирии шахс, дахлнопазирии манзил, уҳдадории давлат барои пешниҳоди маълумот ва ғайра. Кафолати мазкур аҳаммияти назаррас дошта, ҳуқуқу озодиҳоро аз поймолшавӣ нигоҳ медорад.

Тибқи Конститутсия дахлнопазирии шахс эътироф карда шудааст. Ин маънои онро дорад, ки дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Бинобар ин, ҳеҷ касро бе асоси кофии қонунӣ дастгир ё ҳабс кардан мумкин нест. Ғайр аз ин, ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад. Дар ин самт кафолати муҳимми конститутсионии ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд дар он зоҳир мегардад, ки қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад (моддаи 20 Конститутсия).

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайр аз ҳуқуқу озодиҳои табиӣ, инчунин ҳуқуқу озодиҳои сиёсиро низ кафолат додааст. Мутобиқи моддаи 27 Конститутсия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ё ба воситаи вакилонашон иштирок намоянд. Чунин тартиб аз моҳияти демократӣ доштани Тоҷикистон сарчашма гирифта, ҳадафи он аз он иборат аст, ки халқи Тоҷикистон ба идоракунии давлатӣ бештар ҷалб карда шавад.

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ ҳуқуқ доранд, ки дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ва давлат фаъолона иштирок намуда, саҳми худро дар пешрафти Тоҷикистон гузоранд. Бо ин мақсад хонандагон метавонанд дар иттиҳодияҳои гуногуни кӯдакон ва наврасон муттаҳид гардида, дар муҳокимаи масъалаҳои ба ҳаёти онҳо алоқаманд иштирок кунанд. Ҳуқуқи мазкури хонандагон бевосита дар моддаи 28 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Дар иттиҳодияҳои гуногуни кӯдакон ва наврасон муттаҳид гардидани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолнокии онҳоро таъмин намуда, ба ташаккули шуурнокии онҳо мусоидат менамояд.

Ҳуқуқу озодиҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ дар баробари ҳуқуқу озодиҳои дигари инсон ва шаҳрванд аҳаммияти махсус дошта, аз ҷониби Конститутсия кафолат дода мешаванд.

Конститутсия дар моддаи 32 муқаррар кардааст, ки ҳар кас метавонад соҳиби моликият ва мерос бошад. Моликияти шахс дахлнопазир буда, ҳеҷ кас наметавонад ҳуқуқи мазкурро маҳдуд ё бекор кунад. Моликияти шахс мумкин аст танҳо аз ҷониби давлат ба манфиати ҷамъият дар ҳолатҳои муқарраркардаи қонун мусодира шавад. Ҳангоми ба манфиати ҷомеа мусодира шудани моликияти шахс давлат уҳдадор аст арзиши пурраи онро пардохт намояд.

Конститутсия инчунин кафолат медиҳад, ки агар дар натиҷаи амали ғайриқонунии шахс, аз ҷумла иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ ба моликияти шахс зарар расонида шавад, дар ин сурати товони зарари расонидашуда аз ҳисоби шахсони гунаҳкор ситонида мешавад.

Шахс метавонад бо моликияташ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 12 фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкориро кафолат медиҳад. Яъне, шахс метавонад озодона фаъолияти соҳибкориро ба амал барорад. Вай метавонад ҳамон навъи фаъолиятеро интихоб намояд, ки барояш писанд аст.

Конститутсия ба оила диққати махсус зоҳир менамояд. Бинобар ин дар моддаи 33 Конститутсия зикр гардидааст, ки давлат оиларо ҳамчун асоси ҷомеа ҳимоя менамояд. Дар моддаи 34 Конститутсия зикр шудааст, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаҳои зикргардидаи Конститутсия кӯшиш карда истодааст, ки нисбат ба рушди оила ғамхории махсус зоҳир карда, онро зери ҳимоя қарор диҳад. Бо ин мақсад дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (13-уми ноябри соли 1998), Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» (1-уми марти соли 2005), «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» (29-уми апрели соли 2006), «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (2-юми августи соли 2011), «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» (19уми марти соли 2013), «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» (18-уми марти соли 2015) ва дигар қонунҳо қабул карда шуда, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 – Соли оила эълон гардида буд.

Қобили зикр аст, ки дар шароити муосири пешрафт мазмуни ҳар як ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд аз ҷониби Конститутсия ва қонунҳои мувофиқи он қабулшуда бо дарназардошти аҳаммияти ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд маънидод карда мешаванд. Қонунҳо ва санадҳои дигари ҳуқуқии тибқи Конс- титутсия қабулшаванда мазмун ва муҳтавои ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро пурра гардонида, татбиқи осони онҳоро таъмин менамоянд.

Масалан, мувофиқи моддаи 34 Конститутсия падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд. Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон ва масъулияти фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар, ки бо моддаи 34 Конститутсия муқаррар гардидааст, минбаъд дар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тақвият ёфт. Чунончи, дар асоси моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», фарзанди болиғу қобили меҳнат уҳдадор аст, ки падару модари худро нигоҳубин ва таъмин намуда, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ намояд. Дар ҳолати иҷро нагардидани уҳдадориҳои мазкур фарзанди болиғу қобили меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Дар баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон ҳуқуқҳои фарҳангӣ нақши асосӣ мебозанд. Шаҳрвандон метавонанд дар асоси дастрасӣ ба ёдгориҳои таърихӣ, иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ, озодона истифода кардан аз дастовардҳои илму техника ҳуқуқҳои фарҳангии худро ба амал бароранд. Ҳамаи ин бе гирифтани таҳсил ғайриимкон аст.

Аз ин хотир, Конститутсия дар моддаи 41 зикр менамояд, ки ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад.

Тоҷикистон ба шаҳрвандон гирифтани таҳсилоти ройгонро кафолат медиҳад. Бо ин мақсад ҳамасола шумораи зиёди муассисаҳои таълимии замонавӣ ба истифода дода мешаванд ва барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мешаванд. Яъне давлат нисбат ба шаҳрвандонаш дар самти гирифтани таҳсил ғамхории махсус зоҳир карда, нақши калидӣ доштани илмро дар рушду тараққиёти давлат эътироф мекунад.

Аз ҷониби давлат кафолат дода шудани ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд ҳама вақт бо уҳдадории давлат алоқаманд набуда, амалишавии он дар ҳолатҳои алоҳида ба худи шахс вобаста мебошад. Ин маънои онро дорад, ки дар низоми ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳое ҷой доранд, ки онҳо бе иштироки давлат амалӣ шуда метавонанд. Масалан, тибқи моддаи 41 Конститутсия ҳар кас ба таҳсил ҳуқуқ дорад. Чунин ҳуқуқ метавонад, ҳамчунин бо роҳи худомӯзӣ ба амал бароварда шавад, лекин ин нақши давлатро дар таҳким ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд маҳдуд ё инкор карда наметавонад. Яъне доираи амалишавии ҳуқуқи шахс ва мазмуни он аксаран ба худи шахс ва дараҷаи лаёқати вай вобаста мебошад.

Аз ҷониби давлат дар сатҳи Конститутсия кафолат дода шудани ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосӣ ба он равона карда шудааст, ки чунин ҳуқуқҳо аз дахолати шахсони дигар ҳимоя карда шаванд.

Илова ба боби 2, Конститутсия инчунин дар моддаҳои 42, 43, 44 ва 45 вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро пешбинӣ намудааст.

Тибқи моддаи 42 Конститутсия ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда, ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд. Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатҳои амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи ҳуқуқии ӯро муқаррар намуда, барои танзими муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ заминаи ҳуқуқӣ ба вуҷуд меоранд. Аммо амалишавии меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо ба амали ҳар як шахс вобаста мебошад, зеро дар сурати аз ҷониби шахс эҳтиром гузоштан ба қонун ва таъмини риояи меъёрҳои он ҳадафҳои давлати ҳуқуқбунёд татбиқ гардида, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд амалӣ мешавад. Дар сурати ҳарчи бештар огоҳ будани шахс аз муқаррароти Конститутсия ва қонунҳо ҳамон қадар содир шудани амалҳои ҳуқуқвайронкунӣ кам гардида, тартиботи ҷамъиятӣ устувор мегардад. Надонистани қонун боиси содир шудани ҳуқуқвайронкунӣ гардида, манфиатҳои қонунии шаҳрвандони кишварро халалдор месозад ва шахси содирнамудаи ҳуқуқвайронкунӣ оқибат ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Бо мақсади роҳ надодан ба чунин амал, Конститутсия дар қисми дуюми моддаи 42 меъёреро пешбинӣ мекунад, ки тибқи он надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бархӯрдор будани шаҳрвандон аз муқаррароти қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, онҳо пас аз қабул дар рӯзномаҳои расмӣ ба таври васеъ интишор меёбанд ва танҳо пас аз нашри расмӣ мавриди амал қарор мегиранд. Ҳамчунин тавассути воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла телевизиону радио, бо мақсади ба таваҷҷуҳи аҳолӣ расонидани мазмуну муҳтавои қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда барномаҳои махсус нашр шуда, чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки тамоми шаҳрвандони кишвар аз фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сари вақт бархӯрдор бошанд.

Моддаи 43 Конститутсия ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии онро вазифаи муқаддаси шаҳрванд муқаррар намудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби адои хизмати ҳарбиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки 29-уми январи соли 2021 қабул шудааст, ба танзим медарорад. Тибқи ин қонун шаҳрванди ба синни 18-солагӣ расидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешавад, агар ӯ ҳуқуқи озод шудан ва ба таъхир андохтани хизмати ҳарбиро надошта бошад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» асосҳои озод кардани шаҳрвандон аз даъват ба хизмати ҳарбиро пешбинӣ намуда, муқаррар кардааст, ки мувофиқи он дар баробари онҳое, ки барои содир кардани ҷиноят бо ҳукми суд аз озодӣ маҳрум сохта маҳкум мешавад, ҳамчунин аз даъват ба хизмати ҳарбӣ шаҳрвандони зерин озод карда мешаванд:

  • онҳое, ки бинобар вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд;
  • онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намуда истодаанд ё адо кардаанд;
  • онҳое, ки хизмати ҳарбӣ ё намуди дигари хизмати ба хизмати ҳарбӣ баробаркардашударо дар давлати дигар адо мекунанд, ё адо кардаанд.

Дар баробари ин, тибқи Қонуни мазкур шаҳрвандони зерин ҳуқуқ доранд аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод карда шаванд:

  • онҳое, ки падар (модар) ё бародар (хоҳар)-ашон ҳангоми адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок ё ба таври ихтиёрӣ дар вазифаҳои сарбозон, сержантҳо, прапоршикҳо ва афсарон ва ё дар давраи гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ҳалок шудаанд ё вафот кардаанд, ё ин ки маъюби гурӯҳҳои

I ва II гардидаанд;

  • онҳое, ки дар оила писар (писархонд)-и ягона мебошанд;
  • онҳое, ки унвони илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос, доктори илм ё доктори ҳабилитатро доранд.

Дигар вазифаи муҳим ва ҳатмии шаҳрвандон супоридани андоз ва дигар пардохтҳои бо қонун муайяншуда ба шумор рафта, меъёри мазкур дар моддаи 45 Конститутсия пешбинӣ шудааст. Ҳангоми аз ҷониби шаҳрвандон сари вақт ва бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ пардохт гардидани андоз ва дигар пардохтҳои муқарраркардаи қонун, буҷети давлатӣ ғанӣ гардида, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дастгирии давлатии шахсони эҳтиёҷманд ва барҷомонда фароҳам мегардад.

Боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро муқаррар намудааст, калонтарин боби Конститутсия ба шумор меравад ва тамоми қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо дарназардошти меъёрҳои ин боб қабулу такмил дода мешаванд. Риоя ва иҷрои муқаррароти боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи онҳо риояву иҷро кардани талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба маърифати баланди ҳуқуқии аҳолӣ вобастааст.

Дар асоси Конститутсия дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби давлату Ҳукумати кишвар бо мақсади таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократикунонӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирӣ намудани ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ чораҳои муассир андешида шуда, як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд.

Бо мақсади таҳкими минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеа, тарғиби арзишҳои демократӣ ва ба ин васила фароҳам овардани фазои демократӣ дар кишвар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» аз 1-уми декабри соли 1999 қабул гардид.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2009 ва аз 27-уми ноябри соли 2019 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 – 2019» ва «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030» тасдиқ гардид, ки мақсади асосии онҳо баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини фаъолнокии сиёсии аҳолии ҷумҳурӣ мебошад.

Илова бар ин, бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ соли 2009 аз ҷониби олимону мутахассисони варзидаи кишвар тафсири илмиву оммавии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шуда, дастраси хонандагон гардонида шуд ва имрӯз аз он шаҳрвандони зиёди кишвар дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ истифода мебаранд.

Реклама