МАҚОМОТИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ХУДИДОРАКУНӢ

Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз мақомоти намояндагӣ ва иҷроия иборат мебошад (моддаи 76 Конститутсия). Фаъолияти онҳо дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба танзим дароварда мешавад. Асоси иқтисодӣ ва молиявии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро маблағҳои буҷетӣ, моликияти онҳо, инчунин объектҳое ташкил медиҳад, ки барои хоҷагидорӣ ба онҳо супорида шудаанд. Онҳо фаъолияти худро бо роҳи фароҳам овардани шароити мусоид барои аз ҷониби шаҳрвандон амалӣ намудани ҳуқуқҳои конститутсионии худ оид ба иштирок дар идоракунии корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ анҷом медиҳанд.

Фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси принсипҳои қонуният ва адолати иҷтимоӣ; ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; ба таври демократӣ, ошкоро ва бо дарназардошти гуногунандешии сиёсӣ ҳал намудани масъалаҳо; масъулият барои натиҷаҳои фаъолияти худ дар назди аҳолӣ; изҳори иродаи аҳолӣ ба воситаи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор; мустақилияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои доираи ваколати худ; дастаҷамъӣ будани фаъолияти мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва яккасардории фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монда шудааст.

Қисми таркибии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил медиҳад. Он аз Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия иборат мебошад. Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро интихобкунандагони воҳидҳои маъмурию ҳудудии дахлдор дар асоси принсипҳои умумӣ, баробар, мустақим, бо овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мекунанд. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз синни 18 метавонад вакили Маҷлиси вакилони халқи дахлдор интихоб шавад. Шумораи вакилони Маҷлиси вакилони халқи дахлдорро Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар доираи меъёрҳои зерин муайян мекунад: барои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе – то 70 нафар, барои шаҳр ва ноҳия то 40 – нафар.

Маҷлиси вакилони халқ дар сурати интихоб шудани на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии муқарраршудаи вакилони он ваколатдор мебошад.

Ба салоҳияти он қабули буҷет, назорат аз болои он ва тасдиқи ҳисоботи он; муайян намудани роҳҳои инкишофи иқтисодию иҷтимоии маҳал; муқаррар намудани андоз ва пардохтҳо мувофиқи қонун; тарзи идора ва ихтиёрдорӣ намудани моликияти коммуналиро муайян намудан ва истифодаи самараноки онро назорат кардан; дар доираи ваколати худ муносибатҳои вобаста ба истифодаи об, замин ва дигар сарватҳои табииро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқ танзим намудан, дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқ; оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ тадбирҳои зарурӣ андешидан; комиссияҳои доимӣ, муваққатӣ ва мақомоти дигарро таъсис додан; инчунин ҳайат ва низомномаи онҳоро тасдиқ намудан; дастури Маҷлиси вакилони халқро қабул намудан ва дигар салоҳиятҳоеро, ки амалӣ намудани онро қонунгузорӣ муқаррар намудааст, дохил мешаванд.

Ҳамзамон Маҷлиси мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ дорад, ки ба Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ҳангоми мавҷуд будани асос бо овоздиҳии пинҳонӣ ва бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси вакилони халқи дахлдор нобоварӣ изҳор намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод намудани ӯ пешниҳод манзур намояд.

Шакли асосии фаъолияти Маҷлиси вакилони халқ иҷлосия мебошад. Иҷлосияи якуми он на дертар аз як моҳи баъди интихоботи Маҷлиси вакилони халқ аз тарафи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ва дар вақти набудани раис аз тарафи яке аз муовинони ӯ, ки вакили ин Маҷлиси вакилони халқ мебошад, даъват карда мешавад. Иҷлосия соле на камтар аз чор маротиба даъват карда мешавад. Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ бо ташаббуси на камтар аз се як ҳиссаи шумораи умумии вакилони он низ даъват шуда метавонад.

Иҷлосияи маҷлиси вакилони халқро раис ва ҳангоми набудани раис яке аз муовинони ӯ, ки вакили маҷлиси вакилони халқ мебошад, мекушояд ва ба он раисӣ мекунад. Иҷлосия дар сурате ваколатдор ҳисобида мешавад, ки дар он на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи муқарраршудаи вакилон иштирок дошта бошанд. Аз рӯйи масъалаҳое, ки дар иҷлосия баррасӣ мешаванд, маҷлиси вакилони халқ бо овоздиҳии ошкоро ё пинҳонӣ бо тарафдории аз нисф зиёд ё аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон қарор қабул мекунад. Қарорҳои маҷлиси вакилони халқ дар ҳудуди он хусусияти умумиҳатмӣ доранд. Ҳамзамон иҷрои қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ, ки дар доираи ваколати он қабул шудаанд, барои мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон дар ҳудуди дахлдор ҳатмӣ мебошад. Маҷлиси вакилони халқ метавонад қарорҳои худро тағйир диҳад ва ё бекор кунад. Дар сурати ба Конститутсия ва қонун мувофиқат накардани санадҳои Маҷлиси вакилони халқ онҳо аз тарафи худи Маҷлиси вакилони халқ, мақомоти болоӣ ва ё суд бекор карда мешаванд. Дар фаъолияти Маҷлиси вакилони халқ мавқеи комиссияи доимӣ хеле калон аст. Онҳоро Маҷлиси вакилони халқ таъсис медиҳад. Номгӯй ва шумораи ҳайати комиссияи доимӣ ва муваққатиро бо пешниҳоди Раиси маҷлиси вакилони халқ Маҷлиси вакилони халқ муайян менамояд. Раис ва аъзои онҳо аз ҳисоби вакилон интихоб карда мешаванд. Комиссияҳои мазкур бо мақсади мусоидат ба баррасии пешакии масъалаҳо ва ба иҷлосия манзур намудани онҳо, татбиқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд. Қисми дигари мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил медиҳад. Он аз Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, идораҳо, кумитаҳо, шуъбаҳо ва дигар сох- торҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия иборат мебошад. Раис ҳокимияти иҷроияро дар маҳал амалӣ менамояд ва мақомоти намояндагӣ ва иҷроияро дар воҳидҳои маъмурию ҳудудии дахлдор сарварӣ мекунад. Ӯро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд ва ба тасдиқи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамояд. Дар сурати дар Маҷлиси вакилони халқи дахлдор тасдиқ нашудани номзадии раис, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ӯро такроран ба Маҷлиси вакилони халқ барои тасдиқ пешниҳод намояд ё шахси дигарро ба ин вазифа таъин намуда, барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод намояд. Ҳамзамон ҳангоми пешниҳоди Президентро дар хусуси аз вазифа озод намудани раис тасдиқ накардани Маҷлиси вакилони халқи дахлдор, масъала такроран барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад. Дар сурате ки шахс вакили Маҷлиси вакилони халқи дахлдор набошад, ӯ ба вазифаи раис ҳамчун иҷрокунанда таъин гардида ва баъди вакил интихоб шуданаш бо тартиби дар боло овардашуда ба вазифа таъин ва барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад. Раис дар ҳудуди воҳидҳои маъмурию ҳудудии дахлдор салоҳиятҳои муайянкардаи қонунгузориро амалӣ менамояд. Ӯ иҷлосияи вакилони Маҷлиси халқро даъват намуда, ба он раисӣ мекунад, фаъолияти комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқро ҳамоҳанг месозад, лоиҳаи буҷетро барои қабул ба Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод менамояд, барои тасдиқи Маҷлиси вакилони халқ барномаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар барнома ва нақшаҳои рушди иҷтимоиро пешниҳод менамояд ва доир ба иҷрои онҳо дар иҷлосия ҳисобот медиҳад, дар доираи ваколати худ оид ба такмили тартиботи ҳуқуқӣ ва пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо чораҳо меандешад, моликияти коммуналиро дар доираи ваколати худ идора менамояд, дар доираи ваколати худ масъалаҳои оид ба заминро ҳал менамояд, қабули шаҳрвандонро ба роҳ мемонад, арзу шикоят ва таклифҳои онҳоро баррасӣ менамояд, инчунин дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст, амалӣ менамояд.

Доир ба масъалаҳои ваколати худ раис дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти болоӣ ва Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ҳисоботдиҳанда ва масъул мебошад. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳр ва ноҳия ҳангоми дар асоси аризаи худ ба истеъфо рафтан; ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалномаи суд дар хусуси ғайри қобили амал донистани ӯ; ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд, мунтазам иҷро накардани уҳдадориҳои хизматӣ ва қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазифа озод карда мешавад.

Мувофиқи моддаи 78 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи- кистон мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷамоат аст. Фаъолияти ҷамоат дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи- кистон «Дар бораи мақомоти худидидоракуни шаҳрак ва деҳот» ба танзим дароварда мешавад. Мутобиқи Қонуни мазкур худидоракунии шаҳрак ва деҳот фаъолияти аҳолии шаҳрак ва деҳот мебошад, ки бевосита ё ба воситаи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот таҳти масъулияти худ барои ҳал намудани масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии аҳаммияти маҳаллидошта, бо дарназардошти манфиатҳои умумиҷамъиятӣ, анъанаҳои миллӣ ва хусусиятҳои маҳаллӣ, амалӣ карда мешавад. Мақоми худидоракунии шаҳрак ва деҳот – ҷамоат (ҷамоати шаҳрак ва ҷамоати деҳот) мебошад, ки аз ҷониби интихобкунандагони шаҳрак ва деҳот интихоб мешаванд.

Ҷамоат аз вакилон иборат буда, онҳо дар асоси принсипҳои умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд. Шумораи вакилони ҷамоат дар маҷлиси он муайян карда мешаванд, ки онҳо аз 15 нафар кам ва аз 40 нафар зиёд буда наметавонанд. Ҳар як деҳа, новобаста ба шумораи интихобкунандагонаш, дар ҷамоат бояд ҳадди ақал як нафар намоянда дошта бошад. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 18 кам набошад ва дар ҳудуди шаҳрак ва деҳоти дахлдор на камтар аз 3 соли охир истиқомат дошта бошад ва забони давлатиро донад, метавонад номзад ба вакили ҷамоат пешбарӣ шавад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи интихобот синнашон ба 18 расидааст, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молумулк ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан ба ҷамоатро доранд. Шаҳрвандоне, ки мутобиқи ҳалномаи суд ғайриқобили амал дониста шудаанд; дар асоси ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ мебошанд; бо қарори суд дар муассисаҳои табобатӣ маҷбурӣ қарор доранд; ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини қасдона содир кардаанд; барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин айбдор шудаанд ё дар кофтуков мебошанд, ҳуқуқи ба вакили ҷамоат номзад шуданро надоранд. Номзаде ба вакилии ҷамоат интихобгардида дониста мешавад, ки дар интихобот аз 50 дарсад зиёди овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккардаро гирифтааст.

Агар дар интихобот камтар аз 50 дарсади интихобкунандагони ба рӯйхати интихобкунандагон дохилшуда иштирок карда бошанд, он барпо шуда дониста мешавад. Ҷамоат дар сурати интихоб шудани на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон салоҳиятнок мебошад.

Шакли асосии фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот маҷлиси ҷамоат мебошад, ки соле на камтар аз чор маротиба даъват карда мешавад. Маҷлиси якуми ҷамоати навинтихобшударо комиссияи интихоботи ҷамоат дар муддати на дертар аз ду ҳафтаи баъди интихоби вакилони ҷамоат даъват менамояд. Маҷлиси ҷамоат дар сурати иштироки аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони ҷамоат салоҳиятнок мебошад.

Маҷлиси якуми ҷамоатро раиси комиссияи интихоботи ҷамоат мекушояд ва то интихоб шудани раиси ҷамоат ба он раисӣ намуда, дар овоздиҳии вакилони ҷамоат иштирок намекунад.

Маҷлиси ҷамоат ошкоро гузаронида шуда, дар он намояндагони ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди шаҳрак ва деҳоти дахлдор зиндагӣ мекунанд, бо мувофиқаи раиси ҷамоат метавонанд иштирок намоянд.

Дар ҷамоат Шурои ҷамоат ҳамчун мақомоти даста- ҷамъӣ дар ҳайати 7 – 11 нафар ташкил карда мешавад. Дар ҷамоат бо мақсади баррасии пешакӣ ва тайёр намудани масъалаҳо, инчунин назорати иҷрои қарорҳои ҷамоат, шурои ҷамоат ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз ҳайати вакилони ҷамоат комиссияҳо таъсис дода мешавад.

Раиси ҷамоат дар маҷлиси ҷамоат аз ҳайати вакилони он бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони ҷамоат ба вазифа интихоб ва аз вазифа озод карда мешавад. Номзадии раиси ҷамоатро раиси шаҳр, ноҳия пешниҳод менамояд.

Муовини (муовинони) раис ва котиби ҷамоат аз ҳайати вакилони ҷамоат бо пешниҳоди раиси ҷамоат дар маҷлиси ҷамоат бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони ҷамоат ба вазифа интихоб ва аз вазифа озод карда мешавад.

Раис, муовини ӯ (муовинони ӯ) ва котиби ҷамоат дар мавридҳои зерин пеш аз муҳлат аз вазифа озод карда мешаванд:

  • дар асоси ариза оид ба истеъфо рафтан;
  • ба қувваи қонунӣ даромадани ҳалномаи суд дар хусуси ғайри қобили амал донистани ӯ;
  • ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд;
  • мунтазам иҷро накардани уҳдадориҳои хизматӣ;
  • қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • дигар асосҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳу-рии Тоҷикистон.

Асосҳои иқтисодии фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро молу мулки шаҳрак ва деҳот ва дигар молу мулке, ки барои истифодабарӣ дода шудааст, ташкил медиҳанд.

Манбаъҳои молиявии шаҳрак ва деҳот аз инҳо иборатанд: маблағҳои буҷети шаҳрак ва деҳот; маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ дар шакли кумаки молиявии беподош; мусоидати молиявӣ; маблағҳои хайрия; даромад аз хизматрасонии пулакӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; даромад аз иҷрои ваколатҳои алоҳидаи вогузоршудаи давлатие, ки мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот анҷом медиҳад; даромад аз молумулки шаҳрак ва деҳот; даромад аз грантҳо ва сармоягузориҳо; дигар манбаъҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

Буҷети шаҳрак ва деҳот дар шакли қарори ҷамоат таҳия гардида, дар маҷлиси он қабул карда мешавад. Лоиҳаи буҷет аз рӯйи манбаъҳои даромад ва самтҳои хароҷот мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешавад. Буҷети шаҳрак ва деҳот барои амалӣ намудани вазифаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот харҷ карда мешавад.

Ҷамоат фаъолияти худро дар доираи ваколатҳои худ, ки қонунгузорӣ муқаррар намудааст, ба роҳ мемонад. Аз ҷумла, ободонии шаҳраку деҳот ва хизматрасонӣ ба аҳолии маҳалро ба роҳ монда, нақшаи чорабиниҳои ободонӣ ва беҳбудии вазъи санитарии маҳал, инчунин нақшаи хароҷоти мақомоти худидораро тасдиқ мекунад, ба хароҷоти маблағи дар ихтиёрашбуда назорат мекунад ва масъалаҳои дар қаламрави худ мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун таъсис намудани корхонаҳои хурд, кооперативҳо, устохонаҳо ва сехҳои ҳунармандиро ҳал мекунад. Ваколатҳои Ҷамоат ба чунин гурӯҳ ҷудо мешаванд: дар соҳаи ташкили фаъолияти Ҷамоат; дар соҳаи иқтисод ва молия, дар соҳаи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва мудофиа; дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, ободонӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳити зист ва ваколатҳои алоҳидаи вогузоршавандаи давлатӣ ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот. Ҳамзамон масъалаҳои дигареро, ки қонунгузорӣ ба салоҳияти ӯ додааст, амалӣ менамояд. Ҷамоат дар доираи ваколатҳояш қарорҳо қабул мекунад, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи шаҳрвандони ҳудуди Ҷамоат ҳатмӣ мебошад. Аз болои қарорҳои ғайриқонунии Ҷамоат ба суд ё мақомоти болоӣ шикоят кардан мумкин аст. Ҷамоат дорои дастгоҳ мебошад, ки он аз тарафи раиси Ҷамоат ташкил ва роҳбарӣ карда мешавад. Низомномаи дастгоҳ, сохтор ва шумораи кормандони он аз тарафи Ҷамоат бо пешниҳоди раиси Ҷамоат тасдиқ карда мешавад.

Маблағгузории дастгоҳи ҷамоат дар доираи буҷети пешбинишудаи шаҳрак ва деҳот сурат мегирад.

Раиси ҷамоат иҷрои талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатро таъмин мекунад; ба фаъолияти ҷамоат роҳбарӣ ва дар ҷаласаи шурои ҷамоат раисӣ мекунад ва ба санадҳои онҳо имзо мегузорад; Ҷамоатро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ намояндагӣ мекунад; шаҳрвандонро қабул мекунад, муроҷиати онҳоро баррасӣ менамояд, доир ба ҳалли онҳо дар доираи ваколатҳои худ чораҳои дахлдор меандешад; кормандони ҷамоатро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд; соле на камтар аз як маротиба аз фаъолияти худ ба ҷамоат ҳисобот медиҳад.

Ҳамзамон Раиси ҷамоат сабти асноди ҳолати шаҳрвандиро мутобиқи қонунгузорӣ ташкил мекунад; амалиёти алоҳидаи нотариалиро тибқи меъёрҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариали давлатӣ» таъмин менамояд; ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҷойи зист, вазъи оилавӣ ва дигар ҳолатҳоро ба шаҳрвандон медиҳад; оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳудуди Ҷамоат, бақайдгирӣ ва азқайдбарории шаҳрвандон, пешгирии ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунӣ дар доираи салоҳияти Ҷамоат тадбирҳо меандешад; ба даъвати уҳдадорони ҳарбӣ ва даъватшавандагон мусоидат менамояд, аҳолиро барои гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи маданӣ ва ҳолатҳои фавқулода ҷалб мекунад.

Раиси ҷамоат дар доираи қонунгузорӣ дигар ваколатҳоро анҷом медиҳад: баҳисобгирии оилаҳои камбизоат ва дастгирии иҷтимоии онҳоро ташкил менамояд; оид ба беҳтар намудани шароити моддию маишии маъюбон, оилаҳои камбизоат ва шахсоне, ки аз офатҳои табиӣ зарар дидаанд, мусоидат менамояд; дар бобати беҳбуди шароити манзилию маишии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист чораҳо меандешад; ободонии майдону гулгаштҳо ва қабристонҳоро ташкил мекунад; назорати вазъи санитарии маҳалҳо, манбаъҳои обтаъминкунӣ, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ,тандурус- тӣ ва дигар иншоот, инчунин риояи қоидаҳои байториро ташкил менамояд; фаъолияти комиссияро оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» назорат мекунад ва барои фаъолияти мунтазами комиссияи мазкур дар шаҳрак ва деҳот шароит муҳайё менамояд ва ғ.

Савол ва супориш:

  1. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз кадом мақомот иборат мебошад?
  2. Фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси кадом принсипҳо амалӣ карда мешавад?
  3. Мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба кадом муҳлат ва дар асоси кадом принсипҳо интихоб карда мешавад?
  4. Дар бораи салоҳиятҳои маҷлиси вакилони халқ маълумот диҳед.
  5. Шакли асосии фаъолияти маҷлиси вакилони халқ чӣ мебошад?
  6. Дар бораи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маълумот диҳед.
  7. Ҷамоат чӣ гуна мақомот мебошад?
  8. Вакили Ҷамоат ба кадом муҳлат ва кӣ интихоб шуда метавонад?
  9. Доир ба шакли асосии фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот маълумот диҳед.
  10. Дар бораи асоси иқтисодӣ ва молиявии мақомоти худидоракунии маҳаллӣ маълумот диҳед.

Реклама