§ 10.3. САЛОҲИЯТИ ПРЕЗИДЕНТ

Президент ҳамчун шахси олии мансабдори давлатӣ салоҳияти зиёде дорад ва салоҳияти ӯ аз мавқеи конститутсионии вай дар низоми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ бармеояд. Салоҳияти Президент, инчунин аз мундариҷаи савганди вай бармеояд, зеро дар матни савганд мавқеи Президент ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия ба таври умумӣ муаяйн шудааст.

Салоҳияти Президент асосан дар моддаи 69 Конститутсия ва баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар шудааст, ки шартан ба чунин соҳаҳо ҷудо мешавад:

  1. Намояндагии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар.

Президент Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад. Доир ба намояндагии Президент дар дохили кишвар бояд қайд кард, ки ба Тоҷикистон мунтазам меҳмонони хориҷӣ меоянд. Аз рӯйи мақомашон онҳоро аввал Президент пазироӣ мекунад, суҳбатҳо мегузаронад ва шартномаҳо мебандад.

Дар муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон бо дигар мамлакатҳо Президент равобити иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиро ба роҳ мемонад. Ӯ на фақат дар муносибат бо дигар давлатҳо, балки бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ низ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Президент ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд, ба қарордоду созишномаҳои байналмилалӣ имзо мегузорад ва онҳоро ба тасдиқи Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд. Ғайр аз ин, сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ ва намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ таъин ва озод мекунад, эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро шахсан қабул мекунад.

  1. Таъсис ва барҳам додани мақомоти давлатӣ, таъин ва озод кардани шахсони мансабдори давлатӣ. Дар ин самт ба Президент ваколатҳои зиёд дода шудааст. Ӯ вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро таъсис ва барҳам дода, дастгоҳи иҷроияи худро таъсис медиҳад.

Президент Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат, муовинони Сарвазирро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда, фармонро дар ин хусус ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи маҷлиси дахлдори вакилони халқ пешниҳод менамояд.

Президент номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ пешниҳод менамояд. Бо ризояти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Прокурори генералӣ ва муовинони ӯро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад. Судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳияро бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис- тон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад.

  1. Имзо гузоштан ба қонунҳо, боздоштан ва бекор кардани санадҳои мақомоти давлатӣ.

Ваколати ба қонунҳо имзо гузоштани Президент бо принсипи боздорию мувозинати рукнҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ алоқаманд буда, ҳамкории Президентро бо Маҷлиси Олӣ дар соҳаи қонунгузорӣ таъмин мекунад. Президент санадҳои мақомоти идораи давлатиро ҳангоми мухолифати онҳо бо Конститутсия ва дигар қонунҳо бекор мекунад ва ё бозмедорад.

Масалан, мувофиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис- тон» қарору фармоишҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар сурати ба Конститутсия ва қонунҳо мувофиқ набудан аз тарафи Президент бекор карда мешаванд ё амали онҳо боздошта мешавад. Мувофиқи моддаи 19 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Президент дар ҳолатҳои нишондодашуда метавонад санадҳои раисони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро бекор намояд.

  1. Харҷи сармояи захиравӣ ва муайян намудани низоми пул. Президент ба сармояи захиравии Тоҷикистон масъул буда, хароҷоти мақсадноки онро назорат мекунад. Дар хусуси ҷорӣ кардани низоми пули нав ё ба он даровардани тағйирот ба палатаҳои Маҷлиси Олӣ маълумот медиҳад.
  2. Масъалаҳои ҳарбӣ ва таъмини амнияти давлатӣ. Президент мувофиқи вазифаи худ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, фармондеҳони қувваҳои ҳарбиро таъин ва озод мекунад. Барои ҳалли масъалаҳои таъмини амнияти давлат Шурои амниятро таъсис медиҳад ва ба он роҳбарӣ менамояд. Ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷанг эълон намуда, фармонро барои тасдиқи ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад. Дар саросари давлат ва ё дар минтақаҳои ҷудогонаи он вазъияти фавқулода эълон намуда, фармонро дар ин хусус фавран ба тасдиқи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, инчунин ба Созмони Милали Муттаҳид ирсол менамояд. Барои хизматҳои шоиста шахсони масъулро ба унвонҳои олии ҳарбӣ сарфароз мегардонад.
  3. Ҳалли масъалаҳои додани паноҳгоҳи сиёсӣ, додани шаҳрвандӣ ва бахшиши ҷазо. Президент ҳақ дорад, ки масъ- алаи шаҳрвандиро ҳал намояд, яъне шахсони алоҳидаро ба шаҳрвандии Тоҷикистон қабул намояд, шаҳрванди фахрии ҷумҳурӣ эълон кунад, инчунин аз шаҳрвандии Тоҷикистон маҳрум гардонад.

Ҳалли масъалаҳои бахшиши ҷазо низ дар салоҳияти Президент аст. Ӯ бо фармони худ ба шаҳрвандони хориҷие, ки гирифтори вайронкунии ҳуқуқи инсон гаштаанд, паноҳгоҳи сиёсӣ дода метавонад. Ин ваколати Президент аз санадҳои умумиэътирофшудаи байналмилалӣ бармеояд.

  1. Мукофотонидани шаҳрвандон. Президент мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои Тоҷикистон шаҳрвандонро бо мукофотҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз мегардонад.

Президент тибқи моддаи 58 Конститутсия ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дорад. Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доштан маънои онро дорад, ки Президент дар тайёр намудани лоиҳаи қонунҳо иштирок мекунад ва онҳоро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунад. Мувофиқи моддаи 70 Конститутсия дар бораи вазъи мамлакат ба Маҷлиси Олӣ маълумот медиҳад ва масъалаҳои муҳимро ба муҳокимаи Маҷлиси Олӣ пешниҳод менамояд.

Бояд қайд кард, ки ваколатҳои мазкур ҳамаи ҳуқуқҳои Президентро дар бар намегиранд. Дар қонунҳои Тоҷикис- тон боз ваколатҳои дигари Президент пешбинӣ шудаанд, ки аз вазъи конститутсионии ӯ бармеоянд. Масалан, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» аз 28 июни соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин салоҳият дорад: роҳбарии умумии фаъолияти мақомоти таъмини амният, самтҳои асосии амнияти дохилӣ ва беруниро муайян мекунад, амалҳои мувофиқашудаи ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар соҳаи ҳифзи манфиатҳои кишвар таъмин менамояд, кафили таъмини амнияти инсон ва шаҳрванд, ҷамъият ва давлат мебошад, мақомоти ваколатдори давлатии таъмини амниятро ташкил, таъсис ва барҳам медиҳад, афзалиятҳои ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳимми объектҳои амниятро муайян мекунад ва ғайраҳо.

Реклама