Давраи дигари давлатдории тоҷикон аз нимаи дуюми асри ХIХ то соли 1991– марҳалаи нави эҳёи давлати миллии тоҷиконро фаро мегирад. То замони ҳамроҳ шудан ба Русияи подшоҳӣ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ се давлати истибдодии феодалӣ – аморати Бухоро, хонигариҳои Қӯқанд ва Хива вуҷуд доштанд ва аҳолии ду давлати авваларо, асосан, тоҷикон ташкил медоданд. Дар нимаи дуюми асри ХIХ Русияи подшоҳӣ ба забти сарзаминҳои Осиёи Марказӣ машғул шуда, хонигарии Қӯқандро барҳам дод, Аморати Бухоро ва хонигарии Хиваро вассали худ эълон намуд.
Соли 1867 дар қаламрави мазкур генерал-губернатории Туркистон таъсис дода шуд. Ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон ва қисми зиёди Помир дар вилоятҳои Самарқанду Фарғонаи генерал-губернаторӣ муттаҳид шуда, Бухорои Шарқӣ ва қисмати ғарбии Помир ба ҳайати аморати Бухоро ворид карда шуданд. Баъди шикасти Империяи Русия ва ғалабаи Инқилоби Октябр масъалаи эҳёи давлати миллии тоҷикон бо сабаби вазъи мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ, ҷанги дурударози шаҳрвандӣ ва афзалияти сиёсати пантуркистӣ, бесаводии қисми зиёди сокинони ин сарзамин ва паст будани худшиносии иҷтимоӣ зери хатари ҷиддӣ қарор гирифта буд.
Дар ҳудуди Осиёи Марказӣ соли 1918 аввал Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Туркистон ва соли 1920 ҷумҳуриҳои Халқии Шуравии Бухоро ва Хоразм таъсис ёфтанд. Моҳи октябри соли 1924 Иҷлосияи дуюми Кумитаи иҷроияи марказии ИҶШС қарор кард, ки дар ин сарзамин бо мақсади ташкили ҷумҳуриҳои миллӣ тақсимоти милливу ҳудудӣ гузаронида шавад.
Дар натиҷаи ин марзбандӣ, бо қарори КИМ ИҶШС аз 27-уми октябри соли 1924 дар қаламрави Осиёи Марказӣ ҶШС Ӯзбекистон, ҶШС Туркманистон, Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Қазоқистон, Вилояти Мухтори Қароқирғиз (Қирғизистон) дар ҳайати ҶШС ФР ва Вилояти Мухтори Қароқалпоқистон дар ҳайати ҶМШС Қазоқистон таъсис дода шуданд.
Ҳамин тавр, санаи таъсиси ҶМШС Тоҷикистон 27-уми октябри соли 1924 мебошад. Ба ҳайати он вилоятҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Кӯлоб, Панҷакент, Ӯротеппа, Ғарм (водии Рашти имрӯза) ва ВМКБ дохил шуданд ва ҳамон вақт аҳо-лии ҶМШС Тоҷикистон 739,5 ҳазор нафар ва масоҳаташ 135,6 ҳазор километрро ташкил медод.
Бояд гуфт, ки дар ин марзбандии милливу ҳудудӣ дар масъалаи ба назар гирифтани манфиат ва талаботи воқеии тоҷикон ба давлати миллӣ ва шумораи аслии тоҷикон ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ дода шуд. Сиёсати нодурусти миллӣ ба дараҷае буд, ки ҳатто Комиссариати корҳои миллии ҶМШС Туркистон барои амалӣ намудани тақсимоти миллӣ ба ҷуз шуъбаҳои ӯзбекиву туркманӣ, қирғизӣ ва миллатҳои хурд ташкили шуъбаи тоҷикиро раво надид.
Ҳамагӣ се рӯз пеш аз ҳалли тақдири миллати тоҷик бо овози машваратӣ Ч. Имомов, А. Ҳоҷибоев ва М. Саид- ҷонов ба комиссияи тақсимот дохил карда шуданд ва ба намояндагони тоҷикон аз ҷониби пантуркистон фишори зиёд оварда мешуд.
26-уми ноябри соли 1924 дар Тошканд мақоми роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Мухтор – Кумитаи инқилобӣ дар ҳайати раис – Нусратулло Махсум ва муовинонаш – Б. Додобоев ва Р. Бобоҷонов таъсис ёфт ва Душанбе пойтахти ҷумҳурӣ интихоб карда шуд.
Дар таърихи давлатдории нави тоҷикон санаи 28-уми апрели соли 1929 бо қабул шудани нахустин Конститутсияи ҶМШС Тоҷикистон хотирмон аст. Инчунин дар моҳи сентябри соли 1929 бо қарори Анҷумани III Шуроҳои ҶШС Ӯзбекистон округи Хуҷанд бо ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодому Ашт ва Исфара ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон дохил карда шуд ва бо ҳамин шумораи аҳолӣ ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар расид, ки ин барои таъсиси ҷумҳурии мустақили иттифоқӣ асос гардид. 16-уми октябри соли 1929 Анҷумани сеюми фавқулодаи Шуроҳои Тоҷикистон дар бораи ташкили ҶШС Тоҷикистон қарор ва изҳорот қабул намуд ва ниҳоят, бо қарори Aнҷумани VI Шуроҳои ИҶШС моҳи марти соли 1931 Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии иттифоқӣ ба ҳайати ИҶШС пазируфта шуд.
Аз моҳи октябри соли 1929 то рӯзи эълон шудани Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24-уми августи соли 1990 – марҳалаи инкишофи Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ буд. Бо вуҷуди набудани истиқлоли давлатӣ дар ин давра, ҳама соҳаҳои ҳаёти кишвар – илму маориф, фарҳанг, иқтисоду иҷтимоиёт, сохтмон, тиб ва ғайра инкишоф ёфтанд. Таҳлили муфассали ин давраро шумо метавонед аз китобҳои таърих мутолиа кунед. Аз ислоҳоти давра ба давраи ҳуқуқ танҳо ҳамин далел шаҳодат медиҳад, ки вобаста ба давраҳои тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии ИҶШС дар Тоҷикистон 4 маротиба – солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978 Конститутсия қабул шудааст.
Дар оғози солҳои 90-ум дар саросари Иттиҳоди Шуравӣ ҷунбиши истиқлолхоҳӣ ва мубориза барои бунёди давлатҳои миллӣ авҷ гирифт ва ҷомеаи Тоҷикистон низ аз ин ҳаракати умумииттифоқӣ дар канор намонд. Тоҷикистон бештар ба давлатдории нав эҳтиёҷ дошт.
Ҳамин тавр, таърих имкони хубе фароҳам овард, ки тоҷикон дубора соҳиби давлати миллии худ шаванд ва имрӯз мову шумо дар чунин давлати соҳибистиқлол, ки номаш Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, зиндагӣ мекунем.
Реклама