Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳони имрӯза ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол ва дорои ҳамаи аломату рукнҳои давлатдорӣ – умумияти забону ҳудуд ва фарҳанг, халқи дорои тамаддуни оламшумул, рамзҳои давлатӣ: Суруди миллӣ, Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ, пойтахт, пули миллӣ – сомонӣ ва яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ дар Машриқзамин арзи ҳастӣ дорад, ки ин боиси ифтихори ватандории ҳар яки мову шумо мебошад.
Қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ғарб ба шарқ ба масофаи 700 км ва аз шимол ба ҷануб ба масофаи 350 км тул кашидааст. Дар шимол Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва қисман бо Ҷумҳурии Қирғизистон, дар ҷанубу шарқ бо дарозии 430 км бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 1030 км бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамсарҳад аст. Масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон 141,4 ҳазор км2 (километри мураббаъ) буда, 93% (дарсад)-и онро кӯҳсор ва танҳо 7 дарсадашро водиҳо ташкил медиҳанд.
Аҳолии Тоҷикистон зиёда аз 10 млн нафар ва пойтахти он шаҳри Душанбе мебошад. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикист ва беш аз 90 дарсади аҳолии кишварро тоҷикон ташкил медиҳанд. Шакли идоракунии Тоҷикистон ҷумҳурии президентӣ буда, сарварии давлатро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад, ки аз тарафи шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихоботӣ интихоб гардидааст.
Дар сатҳи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқ нуфузу эътибори хосса дошта, аз ҷониби беш аз 192 давлати ҷаҳон ба расмият шинохта шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 узви Созмони Милали Муттаҳид буда, дар аксари давлатҳои хориҷӣ намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳо дорад ва дар ҳудуди кишвар намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои тахассусии СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ фаъолият доранд.
Аз ин маълумоти мухтасар маълум аст, ки Тоҷикистон имрӯз як давлати комилан мустақил аст ва роҳу равиши тараққиёт, самтҳои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона муайян мекунад.
Аввалин санади ҳуқуқие, ки истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард, Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки 24-уми августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон (даъвати 12-ум) қабул шудааст. Дар моддаи 1-уми Эъломия таърифи мафҳуми Истиқлолияти давлатӣ – «ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ» сабт гардид. Ин таърифи истиқлол қадами ҷиддие ба сӯйи мустақилияти комил буд. Бо вуҷуди он, ки дар Эъломия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати ИҶШС ва дар доираи салоҳияти он тасаввур мешуд, андешаҳое баён гардиданд, ки моҳиятан ифодакунандаи давлати озоду мустақил буданд. Чунончи, ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба сарватҳои миллӣ, замин ва сарватҳои зеризаминӣ, низоми бонкӣ, мустақилона муайян кардани сиёсати молия, қарз, нарх ва ғайра. Инчунин ҳама ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳаракатҳои оммавӣ баробарҳуқуқ эълон шуданд. Бори нахуст андешаи таҷзияи ҳокимият ба шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ баён гардид.
Ҳодисаҳои моҳи августи соли 1991 дар пойтахти ҳамон- вақтаи ИҶШС – шаҳри Москва, рух додани табаддулоти давлатӣ бо номи «ГКЧП» (Кумитаи давлатии вазъи фавқулода) ва шикасти он ҳама ҷумҳуриҳои ҳамонвақтаи ИҶШС-ро водор намуданд, ки масъалаи истиқлолияти худро бо дарназардошти шикасти воқеии ИҶШС аз нав баррасӣ намоянд.
Ҳамин тариқ, Изҳороти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии ҶТ 9-уми сентябри соли 1991 қабул гардида, тавассути ин санад Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуд. Баъд аз ин Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарори махсус қабул кард, яъне изҳороти мазкур бо Қарори Шурои Олии ҶТ қонунӣ гардонида шуд.
Худи ҳамон рӯз, яъне 9-уми сентябри соли 1991 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии) Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, истиқлоли воқеии Тоҷикистон дар сатҳи меъёри конститутсионӣ расмӣ гардонида шуд.
Муҳимтарин меъёрҳои ҳуқуқии Эъломияи Истиқлолияти давлатии ҶТ ҳамчун санади нахустини ҳуқуқии давлати тозабунёди Тоҷикистон аз инҳо иборат буданд:
Ҳамин тариқ, дар таърихи давлати Тоҷикистон санаи 9-уми сентябри соли 1991 ҳамчун рӯзи Истиқлоли давлатӣ ва рӯзи бунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст. Ҳар сол дар ин рӯзи муборак аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ҷашни Истиқлолро бо шукӯҳу шаҳомати хосса қайд мекунад ва ин рӯз тибқи қонун рӯзи истироҳат эълон шудааст.
Маънии Истиқлолиятро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқ шарҳ додаанд: «Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад».
§ 6.4. ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: АСОСҲОИ СОХТОРИ КОНСТИТУТСИОНӢ ВА РУКНҲОИ ДАВЛАТДОРӢ
Аз соли 1991 – соли бунёди Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон то соли 1994 – қабули нахустин Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон вазъи сиёсиву иҷтимоии мамлакат хеле мураккаб буд. Нахустин бор 30-юми ноябри соли 1990 Қаҳҳор Маҳкамов дар интихоботи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. 24-уми ноябри соли 1991 бори аввал дар таърихи Тоҷикистони давраи нав – раъйпурсии умумихалқӣ барои интихоби Президенти кишвар баргузор шуд ва Раҳмон Набиев аз ҷониби кулли шаҳрвандони мамлакат ба ҳайси сарвари давлат интихоб гардид.
Дар назари аввал чунин менамуд, ки ҳокимияти сиёсӣ мувофиқи талаботи демократия барқарор ва суботи сиёсӣ дар кишвар таъмин шудааст, аммо муқовимати сиёсӣ хеле авҷ гирифта, гирдиҳамоиҳои моҳҳои апрел-майи соли 1992, таъсиси Ҳукумати муросои миллӣ, силсилаи зӯровариҳо ва фишорҳо ба Сарвари давлат ва вакилони халқ, задухӯрдҳои дохилӣ оқибат боиси сар задани ҷанги гражданӣ гардиданд. Моҳҳои май-ноябри соли 1992 Тоҷикистон дар ҳолати буҳрони шадиди сиёсиву иҷтимоӣ қарор гирифта, бесомониву беқонунӣ ҳукмфармо гардид.
Ниҳоят, 16-уми ноябри соли 1992 дар Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ шуруъ кард ва тавассути ҳамин иҷлосияи сарнавиштсоз барои хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ замина гузошта шуд. Рӯзи 19-уми ноябри соли 1992 дар ҳамин иҷлосия интихоботи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки бо тарафдории 186 депутат аз 197 депутат (вакил)-и ҳузурдошта Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ ва Сарвари давлати Тоҷикистон интихоб гардид.
Мардуми шарифи Тоҷикистон савганди Эмомалӣ Раҳмонро дар он лаҳзаҳои таърихӣ бо мароқи тамом шуниданд: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Мо ҳама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…»
Натиҷаи фаъолият ва ҷонбозиҳои содиқонаи Эмомалӣ Раҳмон буд, ки сулҳу субот ва ризояти миллӣ дар кишвар пойдор гардида, давлат аз хавфи нобудӣ наҷот дода шуд. Тавассути ҷасорату заковат ва хираду адолатпешагии Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки баъди он кишвар ба маҷрои ҳаёти осоишта ва созандагӣ қадам ниҳод.
Воқеан, асосҳои сохти конститутсионӣ гуфта, чиро дар назар дорем? Инҳо принсипҳо ё усулҳои роҳбарикунандае мебошанд, ки фаъолияти ҷомеа ва давлат дар асоси онҳо ба роҳ монда мешавад. Принсипҳои демократизм, ҷумҳурият, волоияти қонун, иқтисоди бозорӣ, давлати иҷтимоӣ, дунявӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ ба ҷумлаи ин принсипҳо дохил мешаванд.
Муҳимтарин хусусиятҳои Тоҷикистон ҳамчун давлат дар моддаи 1-уми Конститутсия зикр шудаанд: соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва ягона. Маънои соҳибихтиёрӣ хеле васеъ аст, яъне он ҳам ба халқ ҳамчун сарчашмаи ҳокимият тааллуқ дорад. Соҳибихтиёрии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ – роҳу усулҳои тараққиётро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, қонуният ва ғайра, дар сиёсати хориҷӣ роҳу усулҳои муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ва умуман ҷомеаи ҷаҳониро мустақилона муайян менамояд.
Дар масъалаи соҳибихтиёрии халқ бояд дар ёд дошт, ки халқ баёнгари соҳибихтиёрист ва ҳокимияти худро бевосита (яъне дар раъйпурсӣ ва овоздиҳӣ) ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Мафҳуми халқ дар қисми сеюми моддаи 6-уми Конститутсия шарҳ дода шудааст, яъне тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, сарфи назар аз миллаташон халқи Тоҷикистон ҳисоб меёбанд. Соҳибихтиёрии халқ боз дар он ифода меёбад, ки аз номи вай танҳо Президент, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд. Чаро? Сабаб ин аст, ки Сарвари давлатро тамоми шаҳрвандон бо тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мекунанд, яъне ӯ ба маънии пуррааш вакили олии халқ аст. Вакилони парламентро низ халқ тавассути овоздиҳии умумихалқӣ интихоб менамояд. Раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ифодаи олии ҳокимияти бевоситаи халқ аст.
Акнун дар хусуси демократия сухан меронем. Демократия калимаи юнонӣ буда, маънояш ҳокимияти халқ аст. Ҳокимияти халқ дар ду шакл зоҳир мегардад: дар шакли демократияи бевосита, яъне қабули қарору қонунҳо ё ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим дар интихобот ва раъйпурсиҳо ва дар шакли демократияи намояндагӣ, яъне ба воситаи мақомоти аз тарафи халқ бевосита интихобшудаи намояндагӣ.
Яке аз шаклҳои дигари демократия ҳамин аст, ки шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳо, ассосиатсияҳо, маҳфилҳо, гурӯҳҳо ва ғайраҳо муттаҳид шаванд ва ба ин восита дар амалӣ гардонидани ҳокимият иштирок намоянд.
Маънои давлати ҳуқуқбунёд низ хеле васеъ аст. Чунин тарзи давлатдорӣ орзуи ҷомеаи инсонӣ аз қадимулайём аст. Давлати ҳуқуқбунёд чунин давлатест, ки фаъолияти ҳама – ҳам давлату мақомоти он ва ҳам кулли шаҳрвандон ба ҳуқуқ тобеъ мебошад. Ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд эътироф шудани Тоҷикистон маънои ба ҳуқуқ ва пеш аз ҳама, ба Конститутсия тобеъ будани фаъолияти мақомоти давлатиро дорад.
Аломатҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд инҳоянд: бартарии ҳуқуқ ва волоияти қонун, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва кафолати он, таҷзияи ҳокимият ва масъулияти байниҳамдигарии давлат ва шахсият. Ин аломатҳо дар боби аввали Конститутсия ва дар бисёр қонунҳои дигар инъикос ёфтаанд.
Маънои дунявӣ чандон душвору мураккаб нест. Давлати дунявӣ чунин давлатест, ки дар он ягон дину мазҳаби аз ҷониби давлат эътирофшуда вуҷуд надорад ва ҳеҷ як дину мазҳаб ҳатмӣ ё худ афзалиятнок ҳисобида намешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон дини расмӣ вуҷуд надорад, ҳама дину мазҳабҳо аз ҳуқуқи баробари вуҷуд доштан бархӯрдоранд. Шаҳрвандони Тоҷикистон, сарфи назар аз он ки ба кадом дин пайравӣ мекунанд, комилан баробарҳуқуқ мебошанд. Дар ягон ҳуҷҷати давлатӣ диндор будан ё набудани шахс қайд карда намешавад. Дар Тоҷикис- тон бо вуҷуди он ки беш аз 90 дарсади шаҳрвандон дини исломро пайравӣ мекунанд, ин дин аз ҷониби давлат ҳамчун дини асосӣ ё расмӣ эътироф намешавад. Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд ва ҳуқуқи ба кори давлат дахолат карданро надоранд. Тамоми муносибатҳои вобаста ба ташкилотҳои диниро Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ба танзим медарорад.
Тоҷикистон давлати ягона мебошад. Маънои ягона будани Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки мақомоти олии намояндагӣ, иҷроия ва судии барои тамоми кишвар умумӣ дорад, як Конститутсия, як низоми қонунгузорӣ ва шаҳрвандии ягона дорад. Дар Тоҷикистон низоми ягонаи пул, сиёсати ягонаи қарз ва андоз ҷорист. Ғайр аз ин, қисмҳои таркибии давлати ягона (вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо) дорои ҳуқуқи соҳибихтиёрӣ буда наметавонанд. Вобаста ба тобеият аз мақомоти марказӣ, давлатҳои ягона – мутамарказ ва ғайримутамарказ мешаванд. Тоҷикистон аз ин ҷиҳат давлати мутамаркази ягона аст, зеро сарварони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз марказ таъин карда мешаванд. Масалан, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Президент таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси дахлдори вакилони халқ пешниҳод менамояд. Мувофиқи моддаи 7 Конститутсия, Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст. Дигар хусусияти давлати ягона аз он иборат аст, ки қувваи мусаллаҳи ягона дорад, ки аз ҷониби мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ идора карда мешавад.
Тоҷикистон дар қисми 3 моддаи 1 Конститутсия давлати иҷтимоӣ эътироф шудааст. Хусусияти иҷтимоӣ доштани давлати Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки сиёсати дохилии он ба фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шахсият нигаронида шудааст. Таъмини некуаҳволии ҷамъият дар асоси адолати иҷтимоӣ – принсипи асосии давлати иҷтимоӣ ташаккул меёбад. Мафҳуми некуаҳволии ҷамъият дар муҳайё кардани шароит барои кор ва гирифтани музди сазовор барои кор, вазъи хуби манзил ва ғизо, ба ҳама дастрас будани ёрии тиббӣ, маориф, шаклҳои гуногуни иттилоот ва ғайра ифода меёбад.
Дигар хусусияти сохти конститутсионии Тоҷикистон дар гуногун будани равияҳои сиёсӣ ва мафкуравист. Ҳеҷ як мафкура ҳамчун мафкураи ҳукмрон ё мафкураи давлатӣ эътироф шуда наметавонад. Гуногунии мафкуравӣ маънои онро дорад, ки ҳар як шахс, гурӯҳи иҷтимоӣ, ҳизби сиёсӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ метавонад назария ва ақидаҳои сиёсии худро бемонеа таҳия ва инкишоф диҳад, онҳоро тарғибу ташвиқ намояд. Ҳамон мафкурае роҳ дода намешавад, ки миллатгароӣ, нажодпарастӣ, бадбинӣ ва хусумат, зӯран сарнагун кардани сохти конститутсионии Тоҷикистонро тарғиб намояд.
Намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар парламент низ фаъо- лият мекунанд, онҳоро мардум аз рӯйи ақидаҳои сиёсӣ ва мавқеашон дар ҷомеа ба сифати вакил интихоб кардаанд. Аз ин рӯ, онҳо ҳуқуқи комил доранд, ки манфиати интихобкунандагони худро ба воситаи ваколатҳое, ки қонун ба онҳо додааст, ҳимоя ва пешбарӣ кунанд.
Ниҳоят, яке аз хусусиятҳои дигар – принсипи иқтисоди бозаргонист. Баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳама шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ асоси ин принсипро ташкил медиҳад.
Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ – рамзҳои истиқлол ва соҳибихтиёрии давлат буда, симои воқеӣ ва таърихии онро дар шакли ба худ хос инъикос менамоянд. Онҳо рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ ба шумор мераванд. Бо дидани Парчаму Нишон ва шунидани Суруди миллӣ ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан боло мегирад. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон нисбат ба рамзҳои давлатӣ садоқату эҳтиром нишон дода мешавад. Беэҳтиромӣ нисбат ба рамзҳои давлатӣ тибқи қонуни ҷиноятӣ сазовори ҷазо дониста мешавад.
Рамзҳои давлатӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва низомномаҳои дахлдор инъикос ёфтаанд, ки онҳоро Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст. Тибқи Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Маҷлиси Олии ҶТ аз 11-уми декабри соли 1999 тасдиқ шудааст, Парчами давлатӣ матои росткунҷаест, ки дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯйи рахи сафед, дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тансиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст.
Парчами давлатӣ дар биноҳое афрохта мешавад, ки дар онҳо намояндагони ҳар се шохаи ҳокимияти давлатӣ фаъолият мекунанд, чунончи қароргоҳи расмии Президенти ҶТ, Маҷлиси Олии ҶТ, Ҳукумат, судҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, инчунин дар давраи гузаронидани иҷлосияҳои Маҷлиси Олӣ, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ва маҷлисҳои намояндагони ҷамоатҳо. Низомномаи мазкур истифодаи тасвири Парчамро ба мақсади ороишӣ низ иҷозат додаст, ба шарте ки ороиши он ба асли тасвири Парчам мувофиқат кунад ва нисбат ба он беҳурматӣ зоҳир карда нашавад.
Нишони давлатӣ аз тасвири тоҷи тансиқшуда ва нимдоира аз 7 ситорае, ки бо нурҳои офтоби аз паси кӯҳҳои барфпӯш тулуъкунанда рӯйи онро гирифтааст ва бо чанбаре оро ёфтааст, ки атрофашро аз тарафи рост хӯшаҳои гандум ва аз тарафи чап шохаҳои пахтаи шукуфон иҳота кардаанд, иборат мебошад. Болои чанбара бо тасмаи сераха печонида шуда, дар қисми поён рӯйи курсӣ китоби боз ҷой гирифтааст. Нишон ранга буда, тоҷ, офтоб, кӯҳҳо, хӯшаҳои гандум, китоб, лавҳ бо зарҳал тасвир ёфтаанд, появу баргҳои ниҳолҳои пахта сабз, рахҳои тасмаҳо сурх, сафед ва сабз, муқоваи китоб сурх аст. Бояд гуфт, ки мавриди истифодаи Нишони давлатӣ нисбат ба Парчаму Суруди миллӣ васеътар аст, чунончи шиносномаҳои ҳар яки мову шуморо маҳз Нишони давлатӣ оро медиҳад, инчунин дар ҳама муҳру бланкҳои ҳуҷҷатҳои мақомоти давлатӣ тасвири Нишон ҷой дода шудааст.
Агар Парчаму Нишони давлатӣ танҳо ба дидан ҳисси эҳтиром ва ифтихори моро бедор намоянд, шунидани Суруди миллӣ ҳаяҷони касро дучанд мегардонад. Суруди миллӣ рамзи давлатдории миллӣ аст. Тибқи Низомномаи Суруди миллӣ, ки он бо Қарори Маҷлиси Олии ҶТ аз 11 декабри соли 1999 тасдиқ шудааст, эҳтироми Суруди миллӣ ва азёд донистани он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар мебошад.
Ҳар кишваре, ки соҳиби истиқлоли давлатӣ аст, соҳиби пойтахт низ мебошад. Пойтахт маркази ҷойгиршавии мақомоти олии ҳокимият, фарҳанг ва инчунин макони ҷойгиршавии намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ба шумор меравад. Мувофиқи Конститутсияи ҶТ шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва шаҳри дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ҳисоб меёбад.
Оиннома ва Нишони пойтахт аз мавқеи махсус доштани он дар ҳаёти кишвар гувоҳӣ медиҳад.
Забон муқаддастарин рукни давлатдории ҳар миллати дунёст. Маҳз бо шарофати Истиқлол ва худшиносии миллӣ забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо кард ва дар Конститутсияи Тоҷикистон (моддаи 2) ба сифати забони давлатӣ эътироф гардид. Ёдовар шудан лозим аст, ки халқи тоҷик аз ҷумлаи халқҳоест, ки забони хеле қадима дорад. Давраи ниҳоии ташаккули забони тоҷикӣ ба асрҳои IХ–Х рост меояд. Бо вуҷуди набудани давлатдорӣ, дар тули асрҳои зиёд забони тоҷикӣ дар аксар кишварҳои Шарқ ба сифати забони коргузории давлатӣ истифода мешуд ва бузургтарин дастовардҳои илму адаби дорои шуҳрати ҷаҳонӣ бо ҳамин забон офарида шудаанд. Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба эҳёи фарҳанги нави давлатдорӣ мусоидат кард.
Дар Қонуни мазкур манфиати миллатҳои ғайритоҷик дар истифодаи забони модариашон ба эътибор гирифта шуда, забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо эътироф шудааст.
Пули миллӣ – сомонӣ нишони дигари устувории Истиқлоли давлатист. Пули миллӣ ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат карда, муносибатҳои ин соҳаро ба танзим медарорад. Вазъи муътадили иқтисодии кишвар дурустии иқдоми Сарвари давлатро дар хусуси ба муомила баровардани асъори миллӣ – сомонӣ собит мекунад.
Савол ва супориш:
Реклама