§ 7.6. КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РУШДИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДӢ

Истиқлоли давлатӣ ва аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият даровардани он, дар пешрафт ва ташаккули минбаъдаи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ нақши калидӣ ва ҳалкунанда бозид. Тоҷикистон дар робита бо ин раванд самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бо дарназардошти манфиатҳо ва хусусиятҳои миллӣ муайян намуд. Дар навбати аввал бунёд намудани давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳадафи асосӣ ва муҳим муайян карда шуд. Татбиқи амалии ҳадафи мазкур зарурати андешидани чораҳои зарурӣ ва фароҳам овардани заминаи мустаҳками ҳуқуқиро талаб мекард.

Дар ҳамин радиф Эъломияи Истиқлол ва қабули Кон- ститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи аввалин ва марказии расидан ба чунин ҳадаф гардиданд. Эъломия унсурҳои аввалиндараҷаи барқарории давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуда, дар бандҳои гуногун ба онҳо ҳукми қонунӣ дод. Аз ҷумла бандҳои 1, 2 Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатиро дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда, аз ҷониби халқи Тоҷикистон бевосита ё бавоситаи мақомоти намояндагӣ амалӣ шудани ҳокимияти давлатиро муқаррар кард. Эъломия ҳамчунин дар бандҳои 3, 8 падидаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ – таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, гуногунақидагии сиёсиро кафолат дод. Ин муқаррарот минбаъд дар Конститутсия инъикоси худро пайдо кард. Моддаи 6 Конститутсия халқро ба сифати баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ муайян намуда, бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ гардидани ҳокимияти давлатиро муқаррар кард. Моддаи 8 Конститутсия дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятиро кафолат дод.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз арзишҳои умумибашарӣ – гуногунандешии сиёсӣ сабт шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVIII Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала як нуктаи басо муҳимро таъкид намуда буданд: «Табиист, ки давлати тозабунёди тоҷикон, агар он дар қатори давлатҳои мутараққӣ ва мутамаддин ҷой гирифтанӣ бошад, бояд аз арзишҳои умумибашарӣ пуштибонӣ кунад. Гуногунандешии сиёсӣ аз ҷумлаи чунин арзишҳост, ки мо онро қабул дорем».

Қабул гардидани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ» ва дигар қонунҳо шаклҳои гуногуни ташаккули равияҳои сиёсӣ ва мафкуравиро муқаррар намуда, ҷалб гардидани халқро ба идоракунии давлатӣ ва татбиқи принсипи гуногунандешии сиёсӣ пешбинӣ кард. Вобаста ба ин сиёсат дар як вақт мустақилиятро соҳиб буда, ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ – иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг таъсир мерасонад. Агар сиёсати давлатӣ манфиати на омма, балки манфиати гурӯҳҳои алоҳидаи одамонро дар бар гирад, ҳадафи асосии он дар даст нигоҳ доштани ҳокимият ба шумор меравад. Дар чунин ҳолат сиёсат нисбат ба иқтисодиёт ба манфиати нигоҳ доштани ҳокимият аз ҷониби гурӯҳҳои алоҳидаи одамон бартарият пайдо намуда, муносибатҳои рушдкардаи иқтисодӣ ҳамчун унсури марказии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ нақши дуюмдараҷаро мебозанд. Аз ин рӯ вазифаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва идоракунии давлатӣ дар он зоҳир мегардад, ки таносуби рушди низоми иқтисодӣ, иҷтимоӣ, унсурҳои таркибии он нигоҳ дошта шуда, сохторҳои кӯтоҳмуддати ташкилии субъектҳои хоҷагидор ба самти ҳаллу фасли вазифаҳои стратегӣ равона карда шаванд. Муносибати мазкур мавзуи сиёсати амалӣ ва воқеиро ташкил медиҳад.

Дар асоси Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ эълон гардид. Моҳияти муҳимми давлати демок- ратӣ таъмини иштироки васеи шаҳрвандон дар идоракунии корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Рушди демократия ва падидаҳои демократӣ, эълон доштан ва барқарории гуногунандешӣ дар Тоҷикистон ба васеъ шудани иштироки шаҳрвандон дар идоракунии корҳои давлатию ҷамъиятӣ ва умуман ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.

Ҷомеаи шаҳрвандии муосир натиҷаи ташаккули тулонии таърихӣ буда, имрӯз дар радифи давлати демократӣ барои дар якҷоягӣ ба зимма гирифтани ҳалли масъалаҳои давлативу ҷамъиятӣ сиёсатро мушаххас менамояд. Дар ҷомеаи шаҳрвандии ташаккулёфта шарафи инсон, эҳтиром ба шахсият ва оила ба сифати пояи асосии сохтори ҷамъиятиву сиёсӣ ва давлатӣ эътироф карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар кишвари мо дар даврони сохти гузашта ибораи «ҷомеаи шаҳрвандӣ» қариб ки истифода намегардид ва ба он таваҷҷуҳ карда намешуд. Ташаккули таълимоти ҷомеаи шаҳрвандӣ асосан дар кишвари мо баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, яъне замоне ки арзишҳо ва ниҳодҳои демократӣ фаъолона зуҳур карда, дар сатҳи Конститутсия дарҷ гардиданд, ба миён омад.

Конститутсияи Тоҷикистон муносибатҳои ташаккулёбандаи судманди ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро бо давлат таъмин намуда, вазифаи мақомоти давлатиро дар хусуси хизмат ба манфиати ҷомеа ва шахс муқаррар менамояд. Ҳамзамон бо ин, Конститутсия вазъи ҳуқуқии аъзои ҷомеаи шаҳрвандиро таъмин намуда, тавассути кафолати ҳифз ва амалишавии бемамониати он ба муттаҳид намудани ҷомеа мусоидат менамояд.

Барои ташаккул ва фаъолияти озоди ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар асоси Конститутсия имрӯз дар кишвар тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, эътирофи ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва диниву фарҳангии ҳар шахс ҷузъи таркибии сиёсати пешгирифтаи давлат мебошад ва онҳо пайваста такмил дода мешаванд. Барои бемамониат фаъолият намудани ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар қонунҳои зиёд, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шудаанд.

Конститутсия ҳуқуқи ҳар шахсро ба озодии сухан, нашр, истифодаи воситаҳои ахбори омма, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, муттаҳид шудан, иштирок дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ихтиёран дохил шудан ва баромадан аз онҳо, муроҷиат намудан ба мақомоти давлатӣ ва дигар ҳуқуқҳои инсонро таҳким бахшида, кафолати таъмин ва амалишавии онҳоро аз ҷониби тамоми мақомоти давлатӣ муқаррар кардааст.

Дар ҳамин радиф баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар асоси конститутсия барои таъсиси ниҳодҳои демократӣ замина гузошта шуда, механизми ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин гардид, ки ин иқдом ба густариши минбаъдаи ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳалли проблемаҳои ҳаётӣ ва рушди андешаи давлатдории миллӣ мусоидат намуд. Дар заминаи Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ташкилотҳои гуногун таъсис дода шуда, фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар шароити озод ва гуногунандешӣ пеш бурда мешавад ва мустақилияти ҳизбҳои сиёсӣ кафолат дода шуда, худидоракунии маҳаллӣ ҳамчун принсипи муҳимми демократӣ эътироф карда шудааст.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар маҷлиси Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 январи соли 2017 иброз доштанд: «…Ҷомеаи шаҳрвандӣ зодаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунёявӣ мебошад ва дар навбати худ ҳар қадаре ки ҷомеаи шаҳрвандӣ инкишоф ёбад, давлати демократӣ ҳам ба ҳамон андоза пеш меравад.

… Ҳоло дар мамлакат 7 ҳизби сиёсӣ ва қариб дуюним ҳазор созмони ҷамъиятӣ бо дархосту пешниҳодҳои созандаи худ таъсиргузор буда, дар доираи талаботи оинномавии худ ба хотири пешрафти соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат саъю талош мекунанд».

Дар шароити муосир нақш ва мавқеи ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дарназардошти арзишҳои миллӣ дар таҳкими ғояи давлати демокративу озод аз ҳарвақта бештар муҳим мебошад.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳалли масъалаҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, барои тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида, риояи арзишҳои миллӣ ва демокративу умумибашарӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳо, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини фаъолнокии сиёсии аҳолии ҷумҳурӣ саҳми арзанда дорад.

Дар шароити муосир дар асоси умумияти манфиату ақидаҳо ва эътирофи ҳадафҳо шаҳрвандон ба идоракунии корҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ ҷалб карда мешаванд. Масалан, дар асоси таъсис ва ташкили фаъолияти мақомоти худфаъо- лиятии ҷамъиятӣ – кумита ва шуроҳои маҳаллӣ муттаҳид гардидани шаҳрвандон ва бо ҳамин роҳ идора гардидани масъалаҳои аҳаммияти маҳаллидошта аз ҷониби худи онҳо.

Воқеан, ҷавобгӯйи демократия будани ин ё он конститутсия аз мундариҷаи демократӣ доштани он бармеояд. Қабл аз ҳама, конститутсия бояд ба рушди мунтазаму устувори ниҳодҳои бунёдии демократӣ мусоидат кунад, ки интихоботи озоду шаффоф, интихобӣ будани шахсони мансабдор, озодии ақида, дастрасӣ ба сарчашмаҳои алтернативии иттилоот, ҳуқуқҳои умумии шаҳрвандӣ, мухторияти иттиҳодияҳо (ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳҳо аз рӯйи манфиат, ҷамъиятҳои шаҳрвандон ва ғ.) ба онҳо шомиланд. Ғайр аз ин ҳуқуқҳои асосӣ, мувозинати манфиатҳо, ҳисоботдиҳӣ, намояндагӣ, идоракунии пурсамар, баровардани қарорҳои босалоҳият, шаффофият ва ошкорбаёнӣ омилҳое мебошанд, ки аз рӯйи сабт ва кафолати таъмини онҳо дар қонунҳои асосӣ инкишофи демократӣ бебозгашт хоҳад шуд. Ҳатто аз рӯйи ин назария метавон бо гузашти солҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон баҳои мусбат дод.

Новобаста ба муҳлати хеле кӯтоҳи баъди қабули Кон- ститутсия сипаришуда, ниҳодҳои бунёдии демократӣ дар Тоҷикистон рушди муътадил пайдо кардаанд, чунончи, интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо иштироки нозирони дохиливу хориҷӣ мегузаранд. Озодии ақида тавассути шабакаи васеи воситаҳои ахбори омма ва матбуоти хусусӣ сурат гирифта, сензура ва таъқиб барои танқид тибқи Конститутсия манъ карда шудааст (м. 30 Конститутсия).

Савол ва супориш:

  1. Конститутсия чист?
  2. Моҳияти конститутсия чиро ифода мекунад?
  3. Вазифаҳои конститутсия кадомҳоянд?
  4. Конститутсия дар кадом замон пайдо гардидааст?
  5. Дар аввал кадом санадҳо конститутсия номида мешуданд?
  6. Конститутсия ба маънои имрӯза кай пайдо шуд?
  7. Конститутсия чӣ гуна ҳуҷҷат аст?
  8. Кадом муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятӣ аз ҷониби конститутсия ба танзим дароварда мешаванд?
  9. Конститутсия бо кадом хусусиятҳояш аз дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фарқ мекунад?
  10. Принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ бори аввал дар кадом санади ҳуқуқӣ дарҷ карда шуд?
  11. Тартиби қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна сурат мегирад?
  12. Тафовути Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз конс- титутсияҳои қаблӣ дар чӣ ифода меёбад?
  13. Хусусиятҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?
  14. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати баёнгарисоҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ кӣ эътироф гардидааст?

15 Кадом боби Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст ва онҳо дар чанд модда инъикос гардидаанд?

  1. Ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандро, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардидаанд, ба чанд гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст?
  2. Нақши конститутсия дар ташаккули давлатдории миллӣ чӣ гуна аст?
  3. Конститутсия ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро чӣ гуна кафолат медиҳад?
  4. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом солҳо тағйиру иловаҳо ворид карда шуд?
  5. Моҳияти муҳимми давлати демократӣ дар чӣ зоҳир мегардад?
  6. Ақидаи ҷомеаи шаҳрвандӣ бори аввал кай ва дар куҷо пайдо шудааст?
  7. Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ибтидо ба кадом маъно истифода мегардид?
  8. Кадом унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандиро медонед?

Реклама