§ 6.1. ДАВЛАТДОРИИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ЗАМОНИ ҚАДИМ, АСРҲОИ МИЁНА ВА ДАВРАИ НАВ

Анъанаи давлатдории тоҷикон таърихи беш аз дуюнимҳазорсола дорад, ки таърихшиносон онро шартан ба замони қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҷудо кардаанд.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, ҳанӯз дар ҳазорсолаи III пеш аз милод дар ҷанубу ғарби Эронзамин давлати Элом вуҷуд дошт, ки дар қатори давлатҳои тараққикардаи замони қадим – Бобил (Вавилон) ва Ошур (Ассирия) меистод. Дар асри ХVI пеш аз милод дар саргаҳи дарёҳои Даҷла ва Фурот давлате бо номи Митан, дар асри ХII пеш аз милод дар шимолу ғарби Эронзамин давлати Мод (Мидия) ба вуҷуд меоянд. Дар яке аз сарчашмаҳои муътамади адабиву таърихии халқи тоҷик – Авесто мафҳумҳои «даҳю» ба мазмуни вилоят ва «даҳюсасти» ба маънии иттиҳоди вилоятҳо дучор мешавад. Манбаъҳои асотирӣ пайдоиши аввалин нишонаҳои маъмурияти давлатиро ба давраи Кайқубод нисбат медиҳанд.

Дар асрҳои Х – IХ пеш аз милод подшоҳии Бохтар бо иқтидори иқтисодиву ҳарбиаш дар радифи давлатҳои Мод ва Ошур қарор дошт. Давраи мушаххаси ташаккули аҷдоди халқи тоҷик дар ҳазораи якуми то солшумории мо, пеш аз ҳама, дар қаламрави аввалин давлати умумиэронии Ҳахоманишиён (соли 550 пеш аз милод) ҷараён ёфтааст. Дар ин давлат тамоми халқиятҳои қадими эронӣ, ки баъдан халқи тоҷик ташаккул ёфт, – суғдиён, бохтариҳо, тахориҳо, хоразмиҳо, марғониён, портҳо, сакҳо ва ғайра зиндагӣ мекарданд ва асосгузорони ин давлат – Куруши Кабир ва Доро буданд. Ин давлат минтақаи хеле васеъро аз Халиҷи Форс дар ҷануб то дарёи Сир дар шимол, дар шарқ аз Бадахшон ва дар ғарб то баҳри Хазар ва Шарқи Наздик дар бар мегирифт. Мақсади лашкаркашиҳои Куруши Кабир, тавре ки таърихшиносон хулоса кардаанд, на мақсади истилогарона, балки дар ҳайати як давлати мутамарказ муттаҳид намудани халқият- ҳо ва қавму қабилаҳои эронинажод буд. Сохти давлатдории империяи Ҳахоманишиён барои ҳамон давра намунаи олии давлатдорӣ ба ҳисоб мерафт.

Ҳокимияти олӣ дар дасти шоҳаншоҳ буда, ҳукми ӯ тағйирнопазир ва иҷрои он ҳатмӣ буд. Шурои машваратӣ вуҷуд дошт, ки масъалаҳои фавқулодаи давлатдорӣ, аз қабили эълони ҷангу сулҳ ва интихоби вориси тахту тоҷро ҳал мекард. Артиши доимамалкунандаро бевосита худи шоҳ идора мекард. Идораи маъмурӣ аз се девон ё вазорат: девони молия, суд ва артиш (корҳои ҳарбӣ) иборат буда, сарварони онҳоро худи шоҳ таъин менамуд. Тамоми қаламрав ба воҳиди марзиву маъмурӣ тақсим мешуд, ки онҳоро хшатрапия ё сатрапияҳо меномиданд. Чунин сохтори сиёсиву маъмурӣ хеле самаранок буда, ба туфайли он империяи Ҳахоманишиён 200 сол арзи вуҷуд кардааст.

Нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар ба Куруши Кабир тааллуқ дорад, ки таърихи 2500-сола дорад. Маҳз дар ҳамин санади қадимаи ҳуқуқӣ бори нахуст арзишҳои башарӣ, аз қабили манъ будани ҷабру ситам, барҳам додани ғуломӣ, бе пардохти арзиши воқеӣ нагирифтани моли каси дигар, озодии интихоби дину мазҳаб, фардияти ҷиноят ва ҷазо, ҳуқуқи озодона интихоб намудани ҷойи зист, хусусияти инфиродӣ доштани амали ҷинояткорона ва сазовори ҷазо эътироф намудани танҳо шахси содирнамудаи ҷиноят ва ғайра инъикос шудаанд, ки то ҳол қимати худро гум накардаанд. Меъёрҳои ин Эъломия бо ибораҳои «ман то рӯзе, ки зинда ҳастам» ё «то рӯзе, ки подшоҳ ҳастам» оғоз ёфта, сипас андешаҳои арзишманди марбут ба ҳуқуқи инсон ифода карда мешаванд. Иқтибоси зерин аз матни Эъломияи Куруши Кабир ифодакунандаи моҳияти низоми демократии давлатдорӣ аст: «Ман эълон мекунам, ки ҳар кас озод аст, ҳар дину оинро, ки майл дорад, баргузинад (интихоб кунад) ва дар ҳар ҷо ки мехоҳад, сукунат намояд. Ва ҳар касбу кореро, ки мехоҳад интихоб намояд, танҳо ба шарте ки ҳаққи касеро поймол накунад ва зараре ба ҳуқуқи дигарон нарасонад».

Дар ин меъёр се арзиши демократӣ – озодии дину мазҳаб, озодии интихоби ҷойи зист, поймол накардани ҳаққу ҳуқуқи каси дигар инъикос ёфтааст. Ин меъёрҳо мундариҷаи асосии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз 10уми декабри соли 1948-ро ташкил додаанд, ки барои тамоми кишварҳои узви СММ сарчашмаи арзишҳои инсонӣ ва раҳнамои ҳуқуқӣ ба шумор мераванд.

Аз ҷумлаи давлатҳои қадими аҷдодони мо Бохтар буд, ки дар асрҳои VII–VI пеш аз милод вуҷуд дошта, қисми ҷанубии Тоҷикистони имрӯза ва вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон, шимоли Афғонистон, хулоса, беш аз 27 шаҳр – давлатҳои хурдро дар бар мегирифт. Кишти ғалладона, боғу токпарварӣ, оҳангарӣ, заргарӣ, бофандагӣ ва обёрии сунъӣ шуғли асосии бохтариҳои қадим буданд.

Бохтар ба музофотҳои хурд-хурд тақсим шуда, ҳокимони он дар масъалаҳои идора соҳибихтиёр буданд, аз номи худ пул сикка мезаданд ва дастаҳои ҳарбӣ низ доштанд. Дар асри IV пеш аз милод Бохтар аз ҷониби Искандари Мақдунӣ забт карда шуд ва дар ҳудуди он давлати Юнону Бохтар ба вуҷуд омад.

Тахминан дар як замон бо давлати Бохтар, яъне то аввалҳои асри VI пеш аз милод дар ҳудуди имрӯзаи Осиёи Миёна давлати Суғд арзи вуҷуд дошт, ки то асри IХ милодӣ побарҷо буд. Ин давлат дар ҳавзаҳои рӯдҳои Зарафшон ва Қашқадарё воқеъ гардида, пойтахташ Мароқанд (Самарқанд) ба шумор мерафт. Шакли давлатдории Суғд конфедеративӣ буд, яъне Суғд аз иттиҳоди шаҳр - давлатҳое иборат буд, ки дар атрофи як марказ муттаҳид шуда буданд, ба монанди Мароқанд, Бухоро, Насаф, Панҷакат, Яғноб, Масҳо (ҳозира Мастчоҳ), Шош (Тошканд), Марғиён (Марғелон), Дизак ва ғайра. Шоҳи тамоми Суғдро ихшид меномиданд. Тарзу усули давлатдорӣ дар Суғд хеле пешқадам буд. Ташкили корҳои идорӣ ва хоҷагӣ дар асоси қонунҳои умумидавлатӣ сурат мегирифт. Тамоми фаъолияти идораҳо, чи дар марказ ва чи дар маҳалҳо ба қайд гирифта мешуд, ҳуҷҷатҳои давлатӣ дар хазинаҳои махсус – бойгониҳо нигоҳ дошта мешуданд.

Қонунгузории ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои вазнин ва дуздӣ ҷазоҳои сахтро пешбинӣ мекард. Масалан, барои куштор на фақат худи ҷинояткор, балки тамоми авлоди ӯро ба қатл мерасониданд, барои дуздӣ дасту по мебуриданд ва ё бадарға мекарданд. Аз кӯҳи Муғ (ҳудуди ноҳияи имрӯзаи Айнӣ) бисёр ҳуҷҷатҳо пайдо карда шудаанд, ки мувофиқи хулосаи таърихнигорон, онро ҳокими Панҷакент – Деваштич ҳангоми ҳуҷуми арабҳо бо мақсади аз нобудшавӣ эмин доштан, ба он ҷо бурдааст. Яке аз намунаҳои аҳднома эмин доштани никоҳ, ки дар садаи ХХ дастоварди муҳимми ҳуқуқи оила ба шумор меравад, аз ҳамин кӯҳи Муғ дарёфт шудааст. Эҳсоси ватанхоҳӣ ва ҷасорати суғдиён ба дараҷае буд, ки ҳатто Искандар бо лашкари бешумораш натавонист онро тасхир кунад. Оқибат, ӯ духтари яке аз ашрофони бонуфузи Суғд Оксиарт – Рухшонаро ба занӣ гирифта, қаҳрамони мардумӣ Спитаменро ба воситаи як гурӯҳ массагетҳои хоин ба қатл расонид ва соли 327 Панҷакент – охирин паноҳгоҳи суғдиёнро ишғол кард.

Дар радифи Бохтар, Суғд, Хоразм ва Марғиён – Уструшана (Сурушана, Истаравшан) низ давлати қадими аҷдодони тоҷик ба шумор мерафт, ки дар Авесто ҳамчун кишвари дурахшон зикр шудааст. Ин давлат аз қадим аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар чорсӯйи корвонгузар воқеъ гардида, дар давоми 1500 сол самти шимолии «Роҳи абрешим» аз ҳудуди он мегузашт.

Давраи муҳимми таърихи давлатдории тоҷикон ба замони Сосониён (солҳои 226 – 651 милодӣ) рост меояд, ки 425 сол давом кардааст. Ин империяи бузург аз Халиҷи Форс то рӯди Ому доман паҳн карда буд. Дар замони Сосониён муносибатҳои ҷамъиятӣ дар асоси “Қонунномаи Сосониён” ё “Қонуни мадании зардуштиён”, ки аз 44 фасл иборат буд, ба танзим дароварда мешуд.

Давраи аввалини ташаккули забони адабии имрӯза – форсии дарӣ ва ташаккули халқи тоҷик дар қаламрави давлати Сосониён сурат гирифтааст. Шаҳрҳои Бухорову Самарқанд, Хуҷанду Марв, Балху Ҳирот гаҳвораи ташаккули халқи тоҷик, забон, адабиёт, фарҳанг ва давлатдории миллӣ ба шумор мерафтанд.

Маҳз дар ин давра Борбади Марвазӣ, ки соли 1990-ум 1400-солагии зодрӯзаш дар кишварамон бошукӯҳ қайд карда шуд, гули сари сабади дарбори Сосониён буд. Матни пурраи Авесто низ дар ҳамин давра тартиб дода шудааст.

Давлати Сомониён нахустин давлати мутамаркази тоҷикон (солҳои 819 – 999) ба шумор меравад. Саромади ин сулолаи ҳукмрон – Сомонхудот буда, набераҳои ӯ: Нуҳ дар Самарқанд, Аҳмад дар Фарғона, Яҳё дар Чочу Истаравшан ва Илёс дар Ҳирот солҳои 819 – 820 ҳоким таъин шуда буданд. Ташаккул ва ба авҷи баланд расидани ин давлатдорӣ бо номи Исмоили Сомонӣ (Исмоил ибни Аҳмад (849 – 907) алоқаманд аст. Маҳз тавассути маҳорати баланди давлатдорӣ, адолат-пешагӣ ва донишу заковат Исмоил тавонист, ки солҳои 892 – 907 давлати бузургеро барпо намояд, ки ба ҳайати он Мовароуннаҳру Хуросон, ҳавзаи дарёҳои Ому, Зарафшону Сир (аз Афғонистони Марказӣ ва Хуросони Эрон дар ҷануб, Хоразму Исфиҷобу Ҳафтрӯд дар шимол, дар ғарб то баҳри Хазар, дар шарқ то Помиру Олой) ворид гаштанд.

Сомониён дастгоҳи мутамаркази давлатиро бунёд карда буданд, ки иборат аз 10 девон буда, идора соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, корҳои шаҳрвандию ҳарбӣ, хазинаи давлатӣ, алоқа ва ғайраро дар бар мегирифт. Сарвари девонҳоро «Ҳоҷиби бузург» меномиданд. «Савон-ул-ҳикмат» – китобхонаи бузурги аҳди Сомониён шуҳрати ҷаҳонӣ дошт. Зиндагӣ ва эҷодиёти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ Сино, Фирдавсӣ, Балъамӣ, Берунӣ, Закариёи Розӣ, Муҳаммади Хоразмӣ ва даҳҳо шахсиятҳои барҷастаи илму адаби тоҷик дар ҳамин айём сипарӣ гаштааст. Забони давлатӣ забони форсии дарӣ (тоҷикӣ) буда, ҳатто баъди таназзули давлати Сомониён то асри ХIХ низ дар давлатҳои дигар ҳамчун забони коргузории давлатӣ мавриди истифода қарор дошт.

Реклама