Маҷлиси миллӣ – палатаи болоии Парламенти ҷумҳурӣ мебошад. Фаъолияти он ба монанди Маҷлиси намояндагон дар шакли иҷлосия мегузарад. Тавре дар боло қайд кардем, фаъолияти Маҷлиси миллӣ даъватӣ буда, соле на камтар аз 4 маротиба аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллӣ даъват карда мешавад. Дар давраи байни иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияҳои ғайринавбатии онро даъват менамояд. Дар ин иҷлосияҳо масъалаҳое баррасӣ мешаванд, ки боиси даъвати ин иҷлосияҳо гардидаанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» салоҳияти Маҷлиси миллиро ба таври зайл муайян кардааст:
Яке аз ҷиҳатҳои муҳимми фаъолияти Маҷлиси миллӣ ҳамин аст, ки он қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро дар сурати бо Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накарданашон, бекор мекунад.
Инчунин, Маҷлиси миллӣ ҳуқуқ дорад маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳоро дар сурати Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро мунтазам иҷро накардани онҳо пароканда намояд.
Шурои Маҷлиси миллӣ мақоми ҳамоҳангсоз ва ҳисоботдиҳандаи Маҷлиси миллӣ ба шумор меравад ва фаъолияти он мутобиқи Конститутсия, Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дастури Маҷлиси миллӣ сурат мегирад.
Маҷлиси миллӣ кумитаҳо ва комиссияҳои дахлдори худро таъсис медиҳад. Номгӯй ва ҳайати кумитаҳо ва комиссияҳоро Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ муайян мекунад. Раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ ба муҳлати салоҳияташон бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ, бо овоздиҳии кушод ва тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб мешаванд.
Маҷлиси миллӣ ҳангоми зарурат комиссияҳои муваққатӣ низ таъсис медиҳад. Салоҳият ва тартиби фаъолияти комиссияҳо аз тарафи Маҷлиси миллӣ ҳангоми таъсис ёфтанашон муайян карда мешавад.
Реклама