§ 3.1. МАФҲУМ, НИШОНА ВА НАВЪҲОИ ТАЪРИХИИ ҲУҚУҚ

Инсон дар муносибат бо ҷамъият ва дигар одамон умр ба сар мебарад, зеро дар ҷамъият зиндагӣ карда, берун аз он ҳаёт ба сар бурдан мумкин нест.

Дар вақти таҳсил, ҳаёти оилавӣ ва ҷамъиятӣ, дар ҷараёни фаъолияти корӣ бо ташкилоту муассисаҳо, инчунин дар вақти додугирифти байни созмонҳо алоқаҳои байниҳамдигарии мустаҳкам ба вуҷуд меоянд. Ҳама гуна муносибат ва фаъолияте, ки дар байни онҳо ба вуҷуд меояд, ба воситаи қоидаҳои рафтор танзим мегардад. Аксари ин муносибатҳо ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешаванд. Мо дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ бо калимаи «ҳуқуқ» зуд-зуд дучор мешавем, ки ин бесабаб нест. Ҷомеа ва мардум ҳамеша кӯшиш менамоянд, ки ҳуқуқро бо мафҳумҳои ҳақиқату инсоф алоқаманд кунанд. Моҳияти ҳуқуқ низ дар ҳамин ифода меёбад.

Ҳуқуқ моҳияти умумииҷтимоӣ дошта, беистисно ба манфиати ҳамаи одамон хизмат мекунад, ҷиҳатҳои ташкил кардан, ба тартиб овардан, устувор намудан ва инкишоф ёфтани робитаҳои иҷтимоиро таъмин менамояд. Ҳамзамон моҳияти умумииҷтимоии ҳуқуқ ба таври мушаххас дар фаҳмиши он ҳамчун меъёри озодӣ ифода меёбад. Инсон дар доираи ҳуқуқҳои худ озодона амал мекунад ва қонун озодии инсонро аз ҳама гуна суиқасд ҳифз менамояд. Маҳз тавассути ҳуқуқ некӣ меъёри ҳаёт гардида, бадӣ натиҷа ё оқибати вайрон кардани ин меъёр ба ҳисоб меравад.

Ҳуқуқ дар давлати ҳуқуқбунёд ҷавҳари ҳама гуна муносибатҳои ҷамъиятӣ ва мазмуни ҳамаи қонунҳоро ташкил медиҳад. Бинобар ин дарк кардани моҳият ва фарқи ҳуқуқ ва қонун моҳияти баланди инсондӯстӣ дорад, зеро ҳуқуқ ҳамчун меъёри муайянкунандаи сифати қонун ва муқарраркунандаи он мебошад, ки қонун ҳуқуқи инсон, манфиат ва талаботи ӯро то чӣ дараҷа ҳифз менамояд.

Ҳуқуқ дар ҷомеа ба таври воқеӣ вуҷуд дорад ва вазифаи давлат аз он иборат аст, ки ҷиҳатҳои гуногуни онро муайян карда, дар шакли қонунӣ расмӣ гардонад. Ин ҷо формулаи «ҳуқуқро ҷомеа офаридааст ва қонунро давлат» фарқи ҳуқуқ ва қонунро дақиқ ифода менамояд. Ҳамзамон вақте ки мо дар бораи «ҳуқуқ» ва «қонун» сухан меронем, мо на танҳо ягонагии мазмуни ҳуқуқӣ ва шакли ҳуқуқӣ, балки мухолифати байни онҳоро низ дар назар дорем. Мазмуни ҳуқуқие, ки дар қонун ифода наёфтааст, кафолати амалӣ шуданро надорад. Аз ин рӯ, ба маънои пурраи калима ҳуқуқ намебошад. Дар давлати ҳуқуқбунёд қонунҳои ҳуқуқӣ нақши муҳим мебозанд. Қонунҳо мумкин аст ғайриҳуқуқӣ шаванд, агар мазмуни онҳоро суиистеъмоли ҳокимияти давлатӣ ташкил диҳад. Инро амалия ва таърихи давлатдории муосир низ нишон медиҳад. Дар баъзе мавридҳо давлат аз қудрати худ суиистеъмол карда, қонунҳои зиддиҳуқуқӣ қабул менамояд. Чунин қонунҳо зоҳиран мумкин аст ҳамчун ҳуқуқ баҳо дода шаванд, вале онҳо танҳо шаклан, на мазмунан ҳуқуқӣ мебошанд.

Вазифаи асосии ҳуқуқ танзими рафтори одамон, созмонҳо ва муносибатҳои байни онҳо мебошад. Ин қоидаҳои рафтор барои ҳама ҳатмӣ мебошанд. Онҳо аз тарафи давлат қабул, муқаррар ва тасдиқ карда мешаванд. Яъне ҳуқуқ низоми қоидаҳои ҳатмии рафтор буда, аз тарафи давлат қабул, муқаррар ва тасдиқ карда мешавад ва муносибатҳои муҳимми ҷамъиятиро ба танзим медарорад.

Дар таърихи инсоният замоне буд, ки на дастгоҳи маҷбуркунӣ ва на меъёрҳои ҳуқуқӣ мавҷуд буданд. Муносибатҳои байни одамон дар асоси тартибот ва қоидаҳои махсуси ахлоқӣ ба танзим дароварда мешуданд. Урфу одат, таомул, анъана, обрӯ ва эҳтироми якдигар асоси муносибатҳои аъзои ҷомеаро ташкил мекард. Ин давраи инкишоф ба ҷомеаи ибтидоӣ тааллуқ дошт. Дар ин ҷомеа баробарӣ, ҳамфикрӣ ва ҳаёти дастаҷамъона ҳукмрон буд, бинобар ин ба меъёрҳои ҳуқуқӣ низ эҳтиёҷ набуд.

Пайдоиши синфҳо, моликияти хусусӣ ва давлат боиси ба вуҷуд омадани меъёрҳои ҳуқуқӣ гардид. Акнун синфи ҳукмрон ба воситаи дастгоҳи махсуси маҷбуркунӣ, ки «давлат» ном дошт, қонун ва меъёрҳои ҳуқуқро қабул менамуд. Иҷрои онҳо барои ҳама ҳатмӣ буд ва бо маҷбуркунии давлатӣ таъмин карда мешуд. Алоқамандии зичи давлат ва ҳуқуқ аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Ҳамин тавр, давлат ва ҳуқуқ ба якдигар зич алоқаманданд.

Ҳуқуқ бо як қатор нишонаву аломатҳояш аз дигар қои- даҳои рафтор (масалан, меъёрҳои ахлоқ, воситаҳои таъсиррасонии идеологӣ ва ғайра) фарқ мекунад.

Якум, ҳуқуқ маҷмуи қоидаҳои ҳатмии рафтори одамон мебошад. Он аз меъёрҳои одоб ва ахлоқ, ки ихтиёран иҷро карда мешаванд, фарқ дорад. Ҳар гуна қоидаҳои рафтор меъёрҳои ҳуқуқӣ буда наметавонанд. Меъёрҳои ҳуқуқӣ аз тарафи давлат муқаррар карда мешаванд ва иҷрои онҳо барои ҳама ҳатмӣ мебошад.

Дуюм, ҳуқуқ низоми меъёрҳои ба ҳама баробар мебошад. Он ба ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз мансабу вазифа, миллат, нажод, синну сол ва мансубияти синфиашон баробар тааллуқ дорад. Ҳамаи онҳо уҳдадоранд, ки талаботи меъёрҳои ҳуқуқиро иҷро намоянд.

Сеюм, иҷрои талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ бо маҷбурияти давлатӣ таъмин карда шудааст. Дар сурати ихтиёран иҷро накардани талаботи меъёрҳои ҳуқуқӣ давлат ба вайронкунандагони меъёрҳои ҳуқуқ таъсир мерасонад ва иҷрои онро ба воситаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҷбуран таъмин менамояд. Кафолати давлатии иҷрои ҳуқуқ дар ҳамин ифода меёбад.

Вобаста ба зербинои иқтисодӣ ва иродаи кадом синфро ифода намуданаш, ҳуқуқ ба навъҳои муайян ҷудо мешавад. Навъҳои таърихии ҳуқуқ бо навъҳои таърихии давлат мувофиқ мебошанд ва чунонки гуфтем, ба муносибатҳои истеҳсолӣ вобастагӣ доранд.

Навъҳои таърихии ҳуқуқ чунинанд: навъи ҳуқуқи ғуломдорӣ, феодалӣ, буржуазӣ ва сотсиалистӣ. Ҳар як навъи таърихии ҳуқуқ вобаста ба мазмуни синфӣ, зербинои иқтисодӣ ва рӯбинои сиёсии худ аз навъи дигар фарқ мекунад.

Дар ҳаёти воқеӣ ҳуқуқ вазифаи дорои хислати духеларо иҷро менамояд. Ҳуқуқ, аз як тараф воситаи ҳукмронии сиёсӣ буда, аз тарафи дигар, воситаи танзимкунандаи умумииҷтимоӣ, воситаи муқарраркунандаи тартибот дар ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, таъиноти асосии ҳукуқ таъмини тартибот дар ҷомеа бо дарназардошти манфиатҳои гуногуни табақа ва гурӯҳҳо бо роҳи ноил шудани ризоият ва созиш мебошад. Ҳамзамон ҳуқуқ функсияҳои муайянро низ иҷро менамояд. Дар зери мафҳуми функсияи ҳуқуқ самтҳои асосии таъсири ҳуқуқ фаҳмида мешавад. Функсияҳои ҳуқуқро ба функсияҳои асосӣ ва иловагӣ ҷудо менамоянд. Функсияҳои танзимнамоӣ ва муҳофизатӣ функсияҳои асосии ҳуқуқ буда, ба функсияҳои иловагӣ функсияҳои тарбиявӣ, идеологӣ, иттилоотӣ ва ғайра дохил мешаванд.

Функсияи танзимнамоӣ барои батартибдарорӣ ва банизомоварии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва муқаррар намудани қоидаҳои рафтори одамон равона карда шудааст. Ба воситаи функсияи мазкур ин ё он варианти рафтор муқаррар карда шуда, таъиноти асосии ҳуқуқ, ки батартибдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад, амалӣ карда мешавад. Функсияи муҳофизатӣ ба ҳифз ва ҳимояи муносибатҳои ҳаё- тан муҳимми ҷомеа равона карда шудааст. Ҳуқуқ чунин муносибатҳоро дахлнопазир эълон намуда, муносибатҳои ба ҷамъият бегонаро маҳдуд намуда пеши онҳоро мегирад. Вазифаи ин функсия таъмини талаботи қонунҳо ва муқаррар намудани низоми қонуният дар ҷомеа мебошад.

Вазифаи функсияи тарбия дар таъсири ҳуқуқ ба ирода, шуури одамон ва тарбияи онҳо дар руҳияи эҳтиром ба ҳуқуқ таҷассум меёбад. Дар ҳаёти ҷомеа ҷорӣ намудани ғояи инсондӯстӣ, бартарии ҳуқуқ ва озодии инсон, демократия мазмуни функсияи идеологиро ташкил медиҳад. Функсияи иттилоотӣ имкон медиҳад, ки одамон оид ба талаботи, рафтори шахс он объектҳое, ки давлат муҳофизат менамояд, кадом рафтор ва амал ба ҷамъият фоидаовар ё бархилофи манфиати ҷамъият эътироф карда мешавад, огоҳ шавад.

Барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ бо дарназардошти шароити ҳозира такмили танзими муносибатҳои ҳуқуқиро талаб менамояд. Бе инкишофи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ давлати ҳуқуқӣ бунёд кардан имконнопазир аст. Васеъ шудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳимояи ҳаматарафаи ҳуқуқии онҳоро талаб мекунад. Дар баробари ин, дигаргуниҳое, ки дар соҳаҳои иқтисодиву сиёсӣ сурат мегиранд, ба осонӣ амалӣ намегарданд. Ин дигаргуниҳо дар назди ҳуқуқ талаботи нав ба нав мегузоранд. Ҳуқуқ бояд барои амалӣ гардидани онҳо шароити муътадил муҳайё намояд. Қонунҳои қабулшаванда барои ҳавасмандии моддии шаҳрвандоне, ки бо заҳмати ҳалоли худ ба натиҷаҳои ниҳоӣ сазовор мешаванд, бояд шароити мусоид фароҳам оранд. Дар ин самт ба ҳама гуна усулҳои идораи маъмурию фармондеҳӣ, ки дар соҳаи иқтисод вуҷуд доранд, хотима гузошта, мустақилият ва ташаббускории одамонро васеъ ва дастгирӣ намудан аз ҷумлаи заруратҳои замони нав аст. Чунин талабот дар моддаи 12-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, ки мутобиқи он озодии фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ аз тарафи давлат кафолат дода мешавад.

Давлати ҳуқуқбунёд барои васеъшавии ҳуқуқҳои сиёсӣ низ имконоти мусоид фароҳам меорад. Ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсии шаҳрвандон дар боби дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 18, 19 ва 20-уми Эъломияи умумии ҳуқуқи башар оид ба изҳори озодонаи фикр ва ақида, озодона дар маҷлисҳо ва иттиҳодияҳо ширкат намудан ва ғайра ифода шудаанд. Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки ҳеҷ гуна ҳуқуқ бе уҳдадорӣ вуҷуд дошта наметавонад. Ин принсип дар навбати худ масъулияти шаҳрвандонро бобати дарки оқибатҳои рафтори онҳо баланд мебардорад.

Реклама