Барпо намудани давлати демократии ҳуқуқбунёд мақсад ва вазифаи ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Мақсади аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба танзим даровардани ҳаёти ҷамъиятӣ низ аз он иборат аст, ки ҳуқуқ ва демократияро ба ҳам пайваста, давлати ҳуқуқӣ бунёд карда шавад. Ташкили чунин давлат орзуи деринаи бисёр мутафаккирони ҷаҳон мебошад, вале ин роҳ душвор буда, паймудани он вақти зиёдро металабад. Барои ин ба вуҷуд овардани заминаҳои муайяни сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ зарур аст. Бе баланд бардоштани сатҳи иқтисодиву иҷтимоии ҳаёти ҷамъият, муҳайё намудани шароит барои ривоҷи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва кафолати риояи онҳо, масъулияти давлат дар назди шаҳрванд ва шаҳрванд дар назди давлат, барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд аз имкон берун аст. Дар ҷомеае, ки ҳуқуқи шаҳрвандон поймол карда мешавад, зӯроварӣ ва таҳдид ба ҳаёти шаҳрвандон ҷой дорад, ҳеҷ гуна давлати ҳуқуқбунёд сохтан мумкин нест.
Барои бунёди давлати ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, ба вуҷуд овардани заминаи ҳуқуқӣ зарур аст. Дар кишвари мо Кон- ститутсия ва як қатор қонунҳо қабул карда шудаанд, ки онҳо барои инкишофи муносибатҳои озодонаи шаҳрвандон ва ташкилотҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ва барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд роҳ мекушоянд. Ба ин гурӯҳ, пеш аз ҳама, Кодекси маданӣ, Кодекси меҳнат, Кодекси мурофиавии маданӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» ва монанди инҳо дохил мешаванд. Асоси ҳуқуқии барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ дар асоси он қабул карда шуда, бояд ба талаботи он мувофиқ бошанд.
Нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд инҳо мебошанд:
Фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, судӣ ва мақомоти дигар низ бояд дар доира ва андозае, ки қонун иҷозат додааст, амалӣ карда шавад. Волоияти қонун ҳамчунин маънои онро дорад, ки ҳама дар назди қонун баробаранд. Қонун дар давлати ҳуқуқбунёд ифодакунандаи мақсаду мароми аъзои ҷамъият мебошад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ шуда, мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии ҳокимияти давлатиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин карда мешаванд. Давлат ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд (моддаҳои 5 ва 14 Конститутсия).
Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аз лаҳзаи таваллуд ба худи ӯ тааллуқ дошта, аз тарафи давлат офарида намешаванд. Ҳеҷ гуна шахси мансабдор чунин ҳуқуқу озодиҳоро ба инсон дода наметавонад. Давлат онҳоро дар Конститутсия, қонунҳо ва дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ фақат мустаҳкам менамояд. Кафолати амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳоро давлат бояд ба зиммаи худ гирад. Агар ҳуқуқу озодиҳои инсон пурра дар ихтиёри давлат ё ягон шахси мансабдори давлат бошад, дар ин сурат онҳо дахлнопазир шуда наметавонанд. Зеро дар чунин ҳолат давлат ё шахси мансабдор офаринандаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мешаванд, ки ин боиси маҳдуд гардидани онҳо мегардад. Таъмини ҳимояи ҳуқуқии шахсият вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Дар баробари ин барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд ҳарчи бештар ба мувофиқ омадани манфиати давлат ва шахс мусоидат менамояд, зеро ҳамаи шаҳрвандон дар ташкил намудани ҳокимияти давлатӣ иштирок менамоянд. Шаҳрвандон худро соҳиби ҳақиқии давлат ҳис намуда, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳоро интихоб мекунанд. Фаъолияти мақомот ва шахсони мансабдор барои хизмат намудан ба ҷамъият ва шаҳрвандон равона карда мешавад.
Ҳамин тариқ, доираи амали мақомоти давлатӣ, суд ва прокуратура ва дигар мақомот низ дар доираи қонун маҳдуд карда шудааст. Онҳо мисли ҳамаи шаҳрвандон ба қонун итоат менамоянд ва барои рафтори зиддиҳуқуқии худ дар назди қонун ҷавобгаранд. Ҳамзамон шаҳрванд низ барои рафтори зиддиҳуқуқии худ дар назди дигар шахсон, давлат ва ҷомеа ҷавобгар мебошад. Ӯ низ вазифадор аст уҳдадориҳое, ки Конститутсия ва дигар қонунҳо муқаррар намудаанд, риоя ва иҷро намояд. Риояи Конститутсия ва дигар қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи дигарон, ҳифзи Ватан, пардохти андозҳо ва ғайра аз ҷумлаи уҳдадориҳои шаҳрванд мебошанд, ки барои риоя накардани он шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Фаъолияти мақомоти зикршуда дар доираи қонун ба роҳ монда мешавад ва ин ба онҳо имкон намедиҳад, ки аз ҳадди муқаррарнамудаи қонун берун бароянд. Ҳар як шохаи ҳокимият вазифаҳоеро иҷро менамояд, ки ба доираи салоҳияти он дохил мешаванд. Ҳамаи се шохаи ҳокимият муҳимманд. Онҳо ба ҳамдигар таъсир расонида, барои барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд хизмат мекунанд. Ҳокимияти қонунгузор аз тарафи халқ интихоб шуда, истиқлоли давлатро ифода менамояд. Ҳокимияти иҷроия бо амалӣ намудани қонунҳо ва фаъолияти хоҷагию идоракунӣ машғул мешавад. Ҳокимияти судӣ ба сифати кафили барқароркунандаи ҳуқуқҳои вайронкардашуда баромад намуда, барои ҳама гуна суиистеъмолкунӣ ҷазо таъин мекунад. Дар давлати ҳуқуқбунёд фақат суд метавонад ҳама гуна баҳсҳои байни шаҳрвандон ва ҳокимиятро баррасӣ намояд. Суд танҳо ба қонун такя намуда, фаъолияти худро ба амал мебарорад.
Реклама