Моддаи 64
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.
Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Моддаи 65
Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба муҳлати 7 сол интихоб менамоянд.
Шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад, забони давлатиро донад ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад.
Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд.
Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад.
Маҳдудияти дар қисми чоруми ҳамин модда пешбинигардида нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ намегардад. Вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.
Моддаи 66
Интихоботи Президент вақте боэътимод шумурда мешавад, ки дар он аз нисф зиёди интихобкунандагон ширкат варзида бошанд.
Номзаде Президент интихобшуда ҳисоб меёбад, ки ба тарафдории ӯ бештар аз нисфи интихобкунандагони ширкатварзида овоз дода бошанд.
Тартиби интихоби Президентро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.
Моддаи 67
Президент пеш аз шуруи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад:
«Ман, ҳамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Кон- ститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам, ба халқ содиқона хидмат менамоям».
Ваколати Президент баъд аз савганд ёд кардани Президенти нав қатъ мегардад.
Моддаи 68
Президент наметавонад вазифаи дигарро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул шавад.
Моддаи 69
Салоҳияти Президент:
Моддаи 70
Президент дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад, дар бораи вазъи кишвар ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон маълумот медиҳад, масъалаҳоеро, ки заруру муҳим мешуморад, ба муҳокимаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд.
Моддаи 71
Ҳангоми вафот, истеъфо ва ғайри қобили амал донис- тани Президент вазифаи ӯ то ба вазифааш шуруъ намудани Президенти нав ба зиммаи Раиси Маҷлиси миллӣ мегузарад. Дар ин маврид ваколати Раиси Маҷлиси миллӣ ба зиммаи муовини якуми ӯ мегузарад.
Дар ҳолатҳои зикршуда дар муҳлати се моҳ интихоботи Президент гузаронида мешавад.
Ваколатҳои Президент дар ҳолате, ки ӯ дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар бораи ба истеъфо баромаданаш хабар медиҳад, бо тарафдории аксарияти аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, қатъ карда мешавад.
Дар сурате, ки Президент бинобар беморӣ вазифаҳои худро иҷро карда натавонад, ҳар ду Маҷлис дар ҷаласаи якҷояи худ дар асоси хулосаи комиссияи тиббии давлатии ташкил кардаашон, дар бораи пеш аз муҳлат аз мансаб озод намудани Президент бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи овозҳои шумораи умумии аъзо ва вакилони ҳар яке аз Маҷлисҳо қарор қабул мекунанд.
Таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.
Моддаи 72
Президент ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад.
Дахлнопазирии Президент дар сурати аз тарафи ӯ содир шудани хиёнат ба давлат дар асоси хулосаи Суди конститутсионӣ ва бо тарафдории аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, ки ҳар яке аз онҳо дар алоҳидагӣ овоз медиҳанд, бекор карда мешавад.
Реклама