Моддаи 98
Тағйиру иловаҳои Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад.
Раъйпурсиро Президент ва ё Маҷлиси намояндагон бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилон таъин мекунанд.
Моддаи 99
Тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия Президент ё ҳадди ақал аз се як ҳиссаи умумии аъзо ва вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод мекунанд.
Пешниҳоди тағйиру иловаҳои Конститутсия се моҳ пеш аз раъйпурсӣ дар матбуот чоп мешавад.
Моддаи 100
Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд.
Муқаррароти интиқолӣ
- Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз эълони натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ ва аз рӯзи интишори расмиаш эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунанд.
- Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки то ворид намудани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекарданд, дар он қисме, ки ба тағйиру иловаҳо мухолиф нестанд, амал мекунанд.
- Интихоби пайдарпайи Президент барои ду муҳлат, ки дар қисми чоруми моддаи 65 пешбинӣ шудааст, баъд аз ба охир расидани ваколати Президенти амалкунанда оғоз меёбад.
- Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Ҳукумат баъд аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия ва қонунҳои конститутсионӣ савганд ёд мекунанд.